Monday, January 30, 2023

Шиканҷа дар рафти тафтишот

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистон яке аз усули маъмули «кушодашавии ҷиноятҳо» ин истифодаи шиканҷа аст. Шиканҷа асосан дар рафти тафтишоти пешакӣ барои гирифтани нишондоди зарурӣ аз боздоштшудагон истифода бурда мешавад. Ҳарчанде, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ истифодаи шиканҷаро эътироф мекунад, вале механизмҳои пешгирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон қаноатбахш нестанд.

Баррасии парвандаҳо вобаста ба ҳолатҳои шиканҷа дуру дароз тул мекашанд ва одатан ё ба қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба набудани аломати ҷиноят ва ё бо ҷурми «берун баромадан аз ваколатҳои хизматӣ» нисбати гумонбаршудаҳо ба итмом мерасанд. Аз сабаби он, ки аҳолӣ ба адолати судӣ боварӣ надорад бисёриҳо оиди шиканҷа шикоят намекунанд, чунки шикоят метавонад боиси вазнин шудани ҳолати онҳо гардад.

Мисол метавонам парвандаи Зайдуллоев Ш.С.-ро оварам, ки аз рӯзи марги ӯ дар бинои Агентии мубориза зидди маводҳои нашъадор моҳи апрели соли 2015 дар натиҷаи шиканҷа ба ҳалокат расида буд. ҳарчанде, ки аз тарафи Прокуратураи генералӣ парванда вобаста ба истифодаи шиканҷа оғоз карда шуда буд, вале то ҳол ин қазия ҳалли худро наёфтааст. Муддати зиёда аз се сол мешавад, ки волидайни марҳум Зайдуллоев Ш. дар чустучуи хакикат мебошанд.

Дар маърузаи худ прокурори генералии Тоҷикистон дар Женева гуфта гузашт, ки дар давраи ҳисоботӣ факат ба се нафар бо қарори суд ҷубронпулб барои расонидани зарари маънавии дар натиҷаи шиканҷа таъин карда шудааст. Ин дар он ҳолест, ки шиканҷа дар Тоҷикистон хело васеъ истифода бурда мешавад. Ҷавоби Омбудсмени Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба шиканҷаро ман қаноатбахш ва асоснок ҳисоб намекунам.

Нисбати Бузургмехр Ёров дар хакикат шиканча истифода бурда мешуд. Оиди он, ки холо истифода бурда мешавад ё не чизе гуфта наметавонам, чунки ягон маълумоти дакике надорем. Хислати Бузургмехр чунин аст, ки у хеч гох оиди шиканча нисбати худ шикоят намекард. Вале дар бораи шиканча шудани у ман аллакай хангоми дар муассисаи тафтишоти буданам соли 2016 аз нафароне, ки хамрохи у дар як хучра нигох дошта мешуданд огох будам. Ин шиканчахо дар намуди лату куб бо «дастачуби резини», соатхои тулони рост истодан, надодани имконияти дамгири дар руз, дашному хакоратхою тахдид ва пурра луч кардану соатхои тулони рост истодан, бе асосхои конуни ба мухлатхои тулони ба карцер чой кардани у, надодани лавозимоти хоб, мачбуран дар руи фарши бетони шабро руз кардан ва гайра ифода меёфтанд. Холати охирон ки ба мо маълум шуд, тирамохи соли гузашта буд. Хангоми вохурии модарам ба Бузургмехр дар муассисаи тафтишотии СРИЧЧ Вазорати Адлияи Точикистон №1 шахри Душанбе, Бузургмехр худ оиди истифодаи шиканча накл кард. Модарам низ аломатхои шиканчаро дар симои Бузургмехр дида буд. Бояд кайд кард, ки пеш аз ин модарам чанд маротиба ба Бузургмехр во хурда буд, ва агар ягон аломат ва ё изи шиканчаро медид ба мо мегуфт. Барои хамин ягон асосе нест, ки мо ба суханони Бузургмехр ва модари худ бовар накарда, онхоро дуруг хисобида, мавкеъи намояндахои макомоти кудратиро, ки дар муассисахои ба онхо таалукдошта соле чандин нафарон дар натичаи шиканчахо вафот мекунанд бовар кунем. Факат баъди вокунишхои чомеаъи шахрвандии Точикистон ва ташкилотхои байналмиллалии хифзи хукуки башар оиди ин ходиса намояндагони макомоти кудратии Точикистон аз Бузургмехр ду баёноти якхела мегиранд, ки гуё нисбати у ягон шиканча истифода бурда нашудааст. Баёноти якум бо дасти каси дигар навишта шуда факат навиштачоти «баёнотро хондам, он аз суханои ман навишта шудааст» ва имзо бо хусни хати Бузургмехранд. Аввали баёноти дигар ки хаммазмуни баёноти аввала аст бо дасти шахси бегона навишта шудааст, давомаш ки дар он оиди истифода нашудани шиканча ва хуб будани шароити нигохдошт сухан меравад дар хакикат бо хусни хати Бузургмехр аст. Савол ба миён меояд, ки чи зарурият буд барои гирифтани ду баёнот ба унвони сардори СРИЧЧ Вазорати Адлия Ш. Изатулло? Барои чи баёнотхо пурра ба дасти Бузургмехр Ёров навишта нашудаанд? Оё Бузургмехр тарзи навиштани баёнотро фаромуш кардааст? Ба фикри ман дар холати махдудияти муошират ба адвокат, дарки бенатича будани даъво оиди шиканча ва шароити нигохдории махбусон, рози шудан ба чунин тарз навиштани баёнот ин як воситаи мебошад, ки бо он Бузургмехр оиди зери фишор навистани баёнотхои мазкур ба мо ишора мекунад. Албатта, Омбудсмен суханони манро дар ин бора рад хохад кард. Барои хамин аз у таклиф дорам, ки ин баёнотхоро барои тасдики он, ки нисбати Бузургмехр шиканча истифода бурда нашудаанд ва суханони ман дуруг мебошанд расонави кунад.

Даъвои дигари беасос ва бесаводонаи Ваколатдор оиди хукуки инсон дар Точикистон он аст, ки гуё даъвохоро оиди шиканчаро хешу табори Бузургмехр сохтаанд ва онхо беасос мебошанд. Ба акидаи Омбудсмен агар даъво оиди шиканча аз тарафи хешу табори чабрдида ворид гардад он асос надорад. Ба гайр аз чабрдидаи шиканча ва хешу табори у даъворо ки метавонад нависад, магар намояндахои макомоти кудрати худ нисбати худ ариза оиди истифодаи шиканча менависанд? Дар ин чо савол ба миён меояд, оё Омбудсмен бо ташабуси худ ягон тафтиш вобаста ба истифодаи шиканчаро огоз кардааст, ва агар огоз карда бошад он ба чи ончом додааст?

Оиди шиканчахо нисбати Махмадали Хаит ва дигар аъзоёни махкумшудаи ХНИТ хаминро гуфтаниям, ки ин холатро ман ба Махмадали Хаит мухокима кардем. Бинобар сабаби яктарафа ва фармоиши будани парвандаи у тасмим гирифтем, ки оиди ин холат даъвое накунем. Чунки даъвои мазкур метавонист холати уро хангоми тафтишоти пешаки ва мурофиа суди бадтар кунад. Барои хамин хам ман, чун вакили дифои Махмадали Хаит, вобаста ба шиканчахо ариза нанавистам. Ваколатдор оид ба хукки инсон дар Точикистон ё дар бораи конунгузории чинояти тасавурот надорад ва ё мутобики дигар кодекси мурофиавии чиноятии ба мо номаълум амал мекунад. Хангоме, ки дар воситахои ахбори омма (интернет) Махмадали Хаит вобаста ба лату куб ва шиканча бо овардани ному насаб ва рутбаи чинояткорон сухан меронад, аризаи адвокати у барои огози тафтиш лозим нест. Оё Прокуратураи генерали ва Омбудсмен вобаста ба нишондоди Махмадали Хаит ягон амалро ичро карданд? Чаро Омбудсмен бо ташабуси худ маълумот оиди шиканча шудани Махмадали Хаитро насанчид. Хол он, ки мутобики моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

-Ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.

Оё Ваколатдор оид ба хукуки инсон ягон маълумот оиди он оварда метавонад, ки у бо ташабусси худ вобаста ба холатхои шиканча ягон вокуниш ё амале ичро карда бошад?

Ё ин ки мисоли дигар, дар рафти мурофиа судии Махмади Хаит ва дигарон намояндаи Омбудсмен як чанд руз иштирок дошт. Дар ин мурофиа шохидон оиди шиканча нисбати худ барои гирифтани нишондоди лозима гуфта гузаштанд. Чаро Омбудсмен ягон вокуниш нишон надод барои санчидани холати истифодаи шиканча?

Хамин тарик , хангоме, ки Омбудсмен мустакилияти ва бегаразии худро гум кардааст ва рисолати худро софдилона ва нотарсона ичро карда наметавонад оё мо метавонем ба суханони у оиди истифода нашудани шиканча нисбати махбусони сиёси бовар кунем? Харгиз не!

Вобаста ба он, ки чаро адвокатхои аъзоёни махкумшудаи ХНИТ оиди шиканча нисбати зерхимояхояшон даъво накарданд, метавон гуфт, ки дар шароити овакта ва хатто имрузае, ки адвокатураи точик карор дорад, пешниходи чунин даъво барои худи адвокат хатари чидди дошт ва дорад. Факат пас аз он, дар Точикистон маком ва мартабаи адвокатура ба дарачаи лозима оварда шавад, мустакилияти он пурра таъмин карда, кафолатхои фаъолияти адвокати риоя шавад, хукуки адвокат пурра ва бетаъхир риоя карда шавад, факат он гох Омбудсмен метавонад даъво кунад, ки «шиканча набуд, чунки адвокати боздоштшуда шикоят накардааст».

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights