Tuesday, December 5, 2023

Баланд бардоштани нархи интернет дар Точикистон.

Мехостем каме дар бораи баланд бардоштани нархи Интернет дар Тоҷикистон бо Шумо суҳбат кунам. То кадом дараҷа қарори Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба манфиати мардум аст, оё он қонунист ё не, ва чӣ бояд кард.

Дар ин мавзӯъ аллакай  шаҳрвандон баромадҳою фикрҳои гуногун бо пешниҳодҳои мухталиф дар  шакабаҳои интернетӣ кардаанд. Тамоми гуфтаҳо ва далелҳои овардаи онҳо оид ба он ки қарори мазкур таъсири бад ба иқтисодиёт, соҳаи маориф, вазъи иҷтимоии Тоҷикистон мерасонад дуруст аст ва онҳоро низ ман дастгирӣ мекунам.

Мехостам аз ҷиҳати қонунӣ дар бораи таъсири ин қарор ба ҳуқуқ ва озодиҳои мо сӯҳбат кунам.

Дар шароити ҳозираи иқтисодии Тоҷикистон, ки қисми зиёде аҳоли дар сатҳи пасти молиявӣ қарор доранд, маоши паст мегиранд,  ва он ҳам сари вақт пардохт карда намешавад, ҷоёҳои кори нест қисми зиёди маблағи ба даст омадаи оилаҳои тоҷикистониён барои хариди  маводи озуқаворӣ ва пардохти хизматҳои комуналӣ сарф мешавад.

Дар натиҷаи баланд бардоштани нархи интернет шаҳрвандон маҷбур мешаванд, ки тарофаҳои арзонтарини операторони мобилиро истифода баранд, ки шумораи МБ-ҳои  он хело кам аст ва ё умуман аз истифодаи интернет даст кашанд. Дар ин ҳолат онҳо нисбат ба гузашта камтар бо хешу табор ва дӯстони худ дар алоқа мешаванд, камтар аз интернет маълумотҳои ба худ лозимаро барои омӯзиш, барои баланд бардоштани савияи дониши худ, ва ғайра мегиранд. Инчунин дастрасии онҳо ба Воситаҳои ахбори омма камтар мешавад.

Ҳамин тариқ, баланд бардоштани нархи интернет чунин ҳуқуқ ва озодиҳои моро аз қабили: ҳуқуқ ба муошират, ҳуқуқ ба гирифтани маълумот, ҳуқуқ ба мурочиат ба мақомоти давлатӣ ба воситаи алоқаи электронӣ, ҳуқуқ ба истироҳат ва ғайраро маҳдуд мекунад.

Мутобиқи  Моддаи 30 Сарқонуни Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Мутобиқи Моддаи 31 Сарқонун шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Мутобиқи Моддаи 37 бошад шаҳрванд ҳуқуқи истироҳатро дорад.

Моддаи 41 Сарқонун бошад ба  мо кафолати  ҳуқуқи таҳсилро додааст.

Дар замони муосир  танҳо бо истифодаи шабакаҳои Интернетӣ  ва алоқаҳои электронӣ аз ин  ҳуқуқҳо ва озодиҳо  пурсамартар истифода бурдан имкон дорад. Баланд бардоштани нархи Интернет ва алоқаҳои электронӣ боиси кам истифода бурдани онҳо гашта ҳуқуқҳои мазкурро маҳдуд мекунад.

Мутобиқи  талаботи Моддаи 14 Сарқонун маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. 

Акнун худатон хулоса бароред, ки кадом асосҳои дар ин моддаи овардашуда боиси он гашт ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Алоқа нархи Интернетро бардоштанд. Чӣ зарурият буд? Бо баланд бардоштани нархи интернет ва маҳдуди дастрасии он ба аҳолии кишвар чи гуна ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ таъмин карда мешаванд?

Ман ҳамчун милионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз баланд бардоштани нархи Интернет розӣ нестам.

Мо бояд Ҳукуматро маҷбур созем, ки ин қарори зиддӣ қонунии худро бекор кунад, чунки он на ба манфиати мост. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд. Яъне, тамоми қарору қонунҳои қабулшаванда бояд ба манфиати мардум бошад, на ин ки бар зидди онҳо.

Барои ҳамин  мо бояд чораҳоеро биандешем, ки ин Қарор бекор карда шавад. Навиштани мактубу муроҷиатҳои дастаҷаъмона ба Сардори давлат, роҳбарияти Хадамотҳои қабулнамудаи ин Қарор албатта зарур аст. Ҳамзамон бояд гуруҳе аз шаҳрвандон ва ё шахсони ҳуқуқӣ дар кишвар барои бекор кардани Қарори зиддимардумӣ ва зидди қонунӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии  мақомоти қабулкардаи қарор мурочиат кунад.

Мутобиқи муқаррароти боби 24 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси талаботи моддаҳои 254 ва 255 Кодекси мазкур шаҳрвандон ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар суд қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиро мавриди баҳс қарор диҳанд, агар чунин шуморанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо вайрон карда шудааст (м. 254 қ.1 КМГ ҶТ)

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights