Sunday, October 1, 2023

ПУРСИШ

Дар зиндагии  инсон шояд ҳолатҳое шавад, ки ӯро ба мақомотҳои қудратӣ, милитсия, прокуратура ва суд барои пурсиш даъват мекунанд. Донистани қонуну қоидаи даъватшавӣ, тарзу усули гузаронидани пурсиш, доштани маълумот оиди ҳуқуқҳои худ ва ваколатҳои даъваткунанда ва инчунин чӣ гуна рафтор намудан ҳангоми пурсиш,  метавонад ба шумо, наздикони шумо хизмати хубе расонад ва аз баъзе ҳолатҳои ногувор эмин нигоҳ дорад. 

 Мавзӯи суҳбати имрӯзаи мо “урсиш” аст.

Инак, пурсиш ин амали тафтишотие мебошад , ки барои муаяйн карани ягон ҳолати ба парванда аҳамият дошта равона карда шудааст. Ба пурсиш шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ва айбдоршаванда даъват карда мешаванд.

Моддаи 198.  Тартиби даъват ба пурсиш 

  1. Шоҳид, ҷабрдида, ҳамчунин гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошанд, барои пурсиш тавассути даъватнома даъват карда мешаванд.  Дар даъватома бояд ба сифати  кӣ, ба назди кӣ, ба кадом суроға, вақти ҳозир шудан, оқибатҳои бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан қайд карда шавад. Даъватномае, ки яке аз ин талаботхоро доро нест чун хуччат хисоб намешавад ва шумо метавонед онро ба назар нагиред.
  • Даъватнома аз ду кисм иборат аст  ,яке барои даъватшаванда ва дигаре барои тасдики он ки шахс даъватшудааст ва даъватномаро гирифтааст. Агар даъватшавандаро дар сурогаи зисташ ёфтан мушкил бошад, онгох даъватномаро барои супорид ба яке аз аъзоёни болиги оилаи у месупоранд ва имзои уро низ мегиранд.  Ҳангоми набуд ани онҳо даъватнома ба ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ( домком, раиси махалла) ва ё маъмурияти ҷои кор супорида мешавад, ки онҳо вазифадоранд, онро ба шахси даъватшуда супоранд.  Конунгузор мукаррар кардааст, ки даъватшавандаро бо воситаҳои дигари алоқа низ даъват кардан мумкин аст. Дар ин чо гуфтаниям,ки  воситахои дигари алока гуфта чунин воситахоро дар назар доранд, ки холати даъвати шахс ба пурсиш  бояд  тасдикшаванда бошанд (телеграмма, телефонограмма, СМС)

Шахсеро ки ба пурсиш даъват кардаанд вазифадор аст, ки дар вакту соати мукарра шуда ба назди муфатиш хозир шавад. Агар ягон холати узрнок пайдо шавад ва шахс имконияти омаданро надошта бошад у метавонад дилхох вакт ба хуччатхои тасдикунандаи хозир нашуданаш ба назди муфатиш равад.  Дар холати бе сабахои узрнок хозир нашудан ба пурсиш нисбати шахс мумкин аст, ки чораи мачбуркунии мурофиави, яъне зуран ба пурсиш оварда шавад.

Ноболигон бошанд барои пурсиш бояд хатман бо хамрохии падару модар ё дигар намояндаи конуниашон ба пурсиш даъват карда шаванд, ва ин шахсон хатман бояд хангоми пурсиш  иштирок дошта бошанд.

Хулоса, даъват бояд ба тарики воситае  бошад, ки тафтиши он, тасдики аникии даъват барои пурсиш санчидашаванда бошад. Занги телефони, ки шуморо шахси ношинос ба  воситаи он барои пурсиш ба шуъбаи корхои дохили даъват мекунад  барои рафтан ба макомот асос хисобида намешавад. Шумо бояд дар даст хуччате дошта бошед, ки холати даъват ба макомотро тасдик кунад.

Пурсиш чи тавр мегузарад. Ваколатхои муфаттиш.

  1. Пурсиш асосн дар макомоти кудрати гузаронида мешавад, вале муфатиш хукук дорад, ки вобаста ба холатхои кор онро низ дар дигар чой ва ё махали истикомати шумо низ гузаронад.  Пеш аз пурсиш муфаттиш бояд маълумотро оид ба шахсияти пурсишшаванда муайян намояд. Шумо бояд бо худ хангоми ба пурсиш омадан ягон хуччати тасдиккунандаи шахсият дошта бошед.  Агар шумо забони давлатиро хуб надонед ва хохиши додани нишондодро бо забони модарии худ дошта бошед, муфатиш бояд шуморо бо тарчумон таъмин кунад.
  2. Пас аз он, ки шахсияти шумо муаяйн карда шуд Ба Шумо бояд  хабар дода мешавад, ки  ба ҳайси кӣ, аз рўи кадом парвандаи ҷиноятӣ пурсиш мешавад, ҳуқуқу ўҳдадориҳои Шумо, ки дар Кодекси мурофиавии чинояти пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад. Шахсоне, ки ба пурсиш ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват шудаанд, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда мешаванд. Гумонбаршудахо ва ё айбдоршавандахо бошанд  дар додани нишондод озод мебошанд ва барои саркаши кардан аз додани нишондод ва ё нишондоди бардуруг додан онхоро мумкин нест ба чавобгари кашидан.
  3. Пурсиш аз он оғоз мегардад, ки пурсишшаванда ҳолатҳои ба ў маълумбудаи парвандаро баён кунад.
  4. Баъди ба охир расидани нақли озод ба пурсишшаванда саволҳое додан мумкин аст, ки мақсад аз онҳо саҳеҳ ва пурра гардонидани нишондод бошад. Додани саволҳои раҳнамункунанда манъ аст.  Саволхои рахнамункунанда саволхое мебошанд, ки аллакай дар онхо чавоб мавчуд аст. МИсоли чанд аз чунин саволхо : муфатиш савол медихад: Шахсе, ки шуморо горат кард дар тан куртаи сурх дошт? Ба чои он, ки пурсад: шахси шуморо горат карда чи либос дошт ва ранги он чи гуна буд? Ё ин ки «Дуруст ки Шумо аз чои ходиса шумо гурехтани ду нафар шахси кадбаланро дидед?»
  5. Агар нишондод бо маълумоти рақамӣ ё маълумоти дигар вобаста бошад, ки дар хотир нигоҳ доштани онҳо мушкил аст, пурсишшаванда ҳуқуқ дорад аз ҳуҷҷатҳо ва сабтҳое, ки бо ташаббуси муфаттиш ва бо ризои ё бо хоҳиши пурсишшаванда метавонанд ба парванда дохил карда шаванд, истифода барад.
  6. Дар ҷараёни пурсиш муфаттиш метавонад ба пурсишшаванда далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳоро нишон диҳад ва баъди ба охир расидани нақли озод нишондодеро, ки дар маводи парвандаи ҷиноятӣ мавҷуданд, бихонад, сабти овоз ва видео ё маводи наворбардоришударо намоиш диҳад ва шарҳи онҳоро пурсад.
  7.  Муфаттиш хукук надорад,ки Пурсишро бе танаффус  4 соат ва давомнокии онро дар як рўз аз 8 соат зиёд кунад.
  1. Ҷараён ва натиҷаи пурсишро муфатиш бояд дар протоколи пурсиш кайд кунад. Нишондод аз забони шахси аввал ва аз рўи имкон айнан сабт карда мешавад. Саволҳо ва ҷавобҳои онҳо бо ҳамон тартибе, ки дар ҷараёни пурсиш сурат гирифтааст бояд  сабт гарданд. Дар протокол ҳамчунин бояд саволҳои шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд, саволҳое, ки аз тарафи муфаттиш дур карда шудаанд ё саволҳое, ки пурсишшаванда ба онҳо ҷавоб доданро рад намудааст, бо зикри сабабхояшон  инъикос ёбанд.
  2. Нишон додани далели шайъӣ ва ҳуҷҷат, хондани протокол ва намоиши сабти овоз, видео ва наворбардории амалҳои тафтишӣ, ҳамчунин нишондоде, ки вобаста ба он аз тарафи пурсишшаванда дода шудаанд, бояд ҳатман дар протокол инъикос ёбанд.
  3. Пурсишшаванда дар ҷараёни тафтиш метавонад тарҳ, нақша, расм, диаграмма тайёр кунад, ки онҳо ба протокол ҳамроҳ карда, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
  4. Баъди ба охир расидани нақли озод Шумо  ҳуқуқ доренд , ки нишондодатонро бо дасти худ нависад. Баъди бо дасти худ навиштани нишондод ва имзо гузоштани пурсишшаванда муфаттиш метавонад саволҳои пурракунанда ва дақиқкунанда диҳад.
  5. Баъди ба охир расидани пурсиш протокол барои хондан ба пурсишшаванда пешниҳод мешавад ё бо хоҳиши ў хонда мешавад. Талаби пурсишшаванда дар бораи ба протокол дохил намудани иловаҳо ва тасҳеҳот бояд ҳатман иҷро карда шавад.
  6. Барои тасдики он, ки  Шумо ба протоколи пурсиш шинос шудед ва он дуруст мебошаду дигар таъгироту илова надоред, шумо дар охири протокол имзо мегузоред. Хамчунин бояд хар сахифаи протокол  аз тарафи шумо имзо карда шавад.
  7. Агар дар пурсиш тарҷумон ва ё падару модари ноболиг иштирок кунанд, онхо  низ ҳар як саҳифа ва протоколро дар маҷмўъ имзо мекунад. Тарҷумон ба тарҷумаи нишондоди бо дасти худ навиштаи пурсишшаванда имзо мегузорад.
  8. Ҳамаи шахсоне, ки дар пурсиш иштирок карданд, дар протокол имзо мегузоранд.
  1. Муфаттиш вазифадор аст, ки мутобики талаботи моддаи 171 КМЧ пеш аз хар як амали тафтишоти ба шумо  ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо, инчунин тартиби пешбурди тафтишро мефаҳмонад.
  2. Гузаронидани пурсиш дар вакти шабона манъ аст.
  3. Ҳангоми пурсиш аз тарафи муфатиш ва ё тахкикбаранда  татбиқи зўроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин ба вуҷуд овардани хавф барои ҳаёт ва саломатии шахсони дар он ширкаткунанда мумкин нест.

Моддаи 172. Протоколи амали тафтишӣ

            Чи хеле, ки пештар гуфтем баъд аз пурсиш протоколи пурсиш тартиб  бояд тартиб дода шавад. Ин  протокол метавонад, ки даст ива ё ба тарики компютер навишта шавад ва ё бо истифодаи мошинкаи чопи.

Чи чизхо бояд дар протокол аз тарафи муфатиш кайд карда шаванд: Инхо

– маҳал (ҷой) ва санаи пешбурди пурсиш;

– вақти оғоз ва анҷоми он;

– вазифа ва ному насаби шахси тартибдиҳандаи протокол;

– ном, номи падари ҳар шахсе, ки дар амали тафтишӣ иштирок намудааст, инчунин суроғаи ў;

– амали мурофиавӣ бо ҳамон тартибе, ки онҳо ҷой доштанд;

– ҳолатҳои ҳангоми гузаронидани мурофиа ошкоршудаи барои парванда муҳим;

– арзи шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта.

– тасдиқи дурустии протокол, сабти овоз ва видео аз тарафи пурсишшаванда ва муфаттиш.

  • Протокол барои шиносоӣ ба ҳамаи шахсоне, ки дар пурсиш  иштирок доштанд, пешниҳод карда мешавад. Ба онҳо ҳуқуқи эродгирӣ, ки ба протокол бояд дохил карда шавад, фаҳмонда мешавад. Тамоми эроду иловаҳо ва ислоҳоти ба протокол дохил кардашуда, бояд пешакӣ мувофиқа ва бо имзои ин шахсон тасдиқ карда шаванд.
  • Ҳар як саҳифаи протокол аз ҷониби муфаттиш, шахси пурсидашуда, тарҷумон, имзо карда мешавад.

Моддаи 201. Истифодаи сабти овоз ва видео ҳангоми пурсиш

  1. Бо қарори муфаттиш ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида сабти овоз ва видео истифода шуда метавонад. Сабти овоз ва видео метавонад ҳамчунин бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида истифода гардад.
  2. Муфаттиш дар бораи сабти овоз ва видео қарор қабул мекунад ва дар ин бобат ба пурсишшаванда то оғози пурсиш хабар медиҳад.
  3. Баъди ба охир расидани пурсиш сабти овоз ва видео ба пурсишшаванда пурра шунавонида ва нишон дода мешавад. Баъди ба охир расидани намоиш ё шунидани сабт аз пурсишшаванда пурсида мешавад, ки оё ў гуфтаҳои худро пурра ё аниқ карда метавонад ва оё ў дурустии сабтро тасдиқ мекунад. Сабти овоз ва видео бо изҳороти пурсишшаванда, ки дурустии онро тасдиқ мекунад, ба охир мерасад.

Амалхои чоиз ва нолозима хангоми пурсиш

Донистани амалхое, ки ба шумо хангоми пурсиш зарар мерасонанд ва ночоиз, фикр мекунам,ки бароятон хело хам муфид хохад шуд. Шояд ин руйхати пешниход мекардаи мо пурра набошад, вале ба хар хол он чизе ки дар давоми сухбат гуфта мешавад хело мухим аст.

 Дар аввал, хангоми гирфтани даъватнома ва ба макомот хозир шудан хеч гох дагал ва бадрафтори нисбати кормандони  он накунед. Хар чанде, ки Шумо аз хукук ва озодихои худ огох хам бошед ,  вале лозим нест, ки  кормандони тафтишотиро аз лахзахои аввал бар мукобили худ кунед. Кормандони макомот одамоне, к ибо шиддат хукук ва озодихояшонро ба онхо мефахмонанд дуст намедоранд. Ба чои ин бо тамкин, хангоми агар хукукхои Шумо вайрон шавад ва ё агар муфатиш коре ки бояд ичро кунанд хангоми пурсиш ичро намекунад ва ё дигар хатоги рох медихад, ба он дикати уро калб кунеду талаби ислох ва дуругст гузаронидани амали тафтишотиро пурсон шавед.

Ин як сабаби мухим дорад. Чунки хек кас кафоли онро ба шумо намедихад, ки баъди чун шохид пурсида шуданатон Шуморо ба сифати гумонбаршуда напурсанду хабс накунанд. Дар бисёр холатхо махз чунин мешавад, пеш ах хабс шахс чун шохид ва баъдан чун гумонбаршуда пурсида шуда ба хабс гирифта мешавад. Муфатиш хам одам аст, ва мондашави, стресс, фишори  раисони болои ба психикаи у таъсир мерасонад. Ин пофишории ночои шумо метавонад уро водор кунад ки шуморо акалан ба муддати  то 72 соат  ба хаси пешаки гирад.

Хангоми пурсиш шумо метавонед, ки хамрохи адвокати худ ба макомот хозир шавед. Албатта муфаттиш шояд, ва тачриба нишон медихад, ких амин тавр хам хаст, адвокати шуморо ба пурсиш рох намедихад.  Ин ба ашхосе дахл дорад, ки чун шохид ва ё чабрдида ба рои пурсищ даъват шудаан. Вале ором бояд  аз муфатиш пурсон шудан лозим ки ичозати иштироки адвокати шуморо дар пурсиш дихад. Хамин тарик муфатиш аз доштани адвокат огох шуда, дар рафти пурсиш аз рафторхои ночо аз кабили дагали, мачбуркуни ва сохтакории нишондоди шумо худдори мекунад. Агар адвокати шуморо рох надиханд, он кас ро хохиш кунед то тамом шудани пурсиш шуморо  интизор бошад.

Агар ба саволе чавоб додани нестед ё тайер нестед ва ё шубха доред, ки чавоби додаи шумо бароятон ягон мушкили меорад хубтараш гуед, ки «дар ёдам нест».

Талаб кунед, ки нусхат протокол чоп карда шуда ба шумо супорида шавад, агар муфатиш гуядки  имконияти копия кардан ва ё дар принтер баровадани нусхаи протоколи пурсиш имкон надорад. Талаб ба таври хатти рубардор кардни онро кунед.

Пеш аз имзо гузоштан ба хар чои протокол аз  муфатиш пурсед, ки мохияти имзоро ба шумо фахмонад, то ки шумо донед, барои чи имзо гузошта истодаед. Дар поёни хар як вараки протокол имзо гузоред ва хамчунин дар чойхои холигии варак, то ин ки имконияти ягон чи илова кардан набошад. Махсусан ин ба протоколхои ба таври компютери чопшуда таалук дорад. Тезтар аз отдел бароям гуфта ба харч из имзо нагузоред.

 Фаромуш накунед, ки  мутобики талаботи моддаихои 351 ва 352 КЧ Точикистон шуморо метавонанд барои додани нишондоди бардуруг ва  ё саркаши кардан аз доданинишондод ба чавобгариичинояти кашанд. Муфатиш хам шояд бо ишора ба хамин моддаи шуморо барои додани нишондод мачбур кунанд. Дар хакакат чавобгари барои саркаши кардани додани нишондод ва нишондоди бардуруг мукарар карда шудааст. Ва чазохам кам нест.

Ба хар хол агар Шумо нишондоди бардуруг хам додед ва ё додани хастед конунгузор шуморо аз чавобгарии чинояти озод карда метавонад, ба шарте ки Шумо хангоми пурсишхои дигар ва ё дар рафти мухокимаи суди то баровардани карори суд оиди нишондоди бардуругатон гуфта гузаштед.

Ба гайр аз ин Хукук доред, ки мукобили худ ва ё хешони наздикатон нишондод надихед. (эзохи моддаи 352. Конуни ЧТ от 15.03.16 г., №1274)

Хешовандони наздик кихоянд 

Ба руйхати хешовандони наздик конун инхоро дохил кардааст : падару модар, фарзандон, бародарон ва хохарон, бобо ва биби, наберагон, хамса рва хамчунин фарзандхонон ва фарзандшудагон  ( Статья 6 УПК РТ)

  1. Шоҳид ва ҷабрдидае, ки аз рўи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ ва дар набудани дигар шоҳид ва ҷабрдида пурсиш карда мешаванд. Муфаттиш чора меандешад, ки шоҳидон ва ҷабрдидагони як парванда бо ҳамдигар гуфтугў карда натавонанд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755) (барои пешниходот)

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights