Tuesday, January 31, 2023

Бузургмеҳр Ёров кист?

Бузургмеҳр Ёров Равшанович 09.07.1971 сол дар шаҳри Душанбе, ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Падараш Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, модараш Исҳокова Ҳуриниссо – хонашин.

Ӯ соли 1988 мактаби миёнаи №11 шаҳри Душанберо хатм намуда, аз соли 1988 то 1989 дар мактаби миёнаи №10 ш. Душанбе ба сифати сарпионервожатий кор кардааст.

Соли 1997 бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм мекунад. Соле чанд дар шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиш кор намудааст.

Дар баркарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ аз мохи марти соли 1993 то декабри соли 1996 иштирок намудааст.

Аз соли 1996 то соли 1998 ба сифати муовини директори нашриёти адабиёти кудакона «Афсона» вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи кор карда, аз 01.11.1998 то рӯзи боздошт шуданаш 28.09.2015 сол ба сифати ҳимоятгар , аввал дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 06.09.2007 сол ба сифати Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ва аз 15.05.2009 сол ба сифати Раиси Коллегияи адвокатхои Чумхурии Точикистон «Сипар» кору фаъолият дошт.

Инчунин солхои 1998-2007 дар шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ ба сифати муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ аз фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, психологияи ҳуқуқӣ ва этикаи судӣ дарс додааст.

Дар баррасии парвандахои зиёде иштирок намудааст. 12 маротиба ба Комитети СММ оид ба ҳуқуқи инсон, нисбати вайрон намудани ҳуқуқи шахсон аз тарафи Тоҷикистон муроҷиат намуда, 7 дархосташ қонеъ карда шуда, 1 тоаш рад карда шуда, 4 тои дигараш (дар холати 28.09.2017 сол) ҳоло мавриди омузиш карор дорад.

Дар хориҷи кишвар бо сафархои хизмати дар Эрон, Авғонистон, Руссия, Украина, Узбекистон, Туркманистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Олмон, Чин ва Арабистони Саудӣ буд.

Узви ҳизби социал-демократи Тоҷикистон. Аз соли 2011 узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ. Аз соли 2013 сардори шӯъбаи ёрии иҷтимоӣ-ҳуқуқии аҳолии ҲСДТ. Аз ҲСДТ дар интихоботи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда аст.

Оиладор сохиби 5 фарзанд.

28 сентябри соли 2015 бо ҷумрҳои беасос ва ғаразнок аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда, дар натиҷаи се мурофиаи судӣ ба 28 сол аз озоди маҳрум карда шудааст.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights