Маъмурияти зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки маҳбуси сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, на танҳо ҳангоми бемории вазнин ба ӯ кӯмаки тиббӣ намерасонад, балки бо ҳар роҳ ҳуқуқҳои қонунии ҳимояи судӣ ва шикоят овардан ба мақомоти давлатиро поймол ва маҳрум мекунад.
Раҳматуллои Раҷаб, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон соли 2016 розӣ нест, бо мақсади пешниҳоди шикояти кассатсионӣ ё назоратӣ, борҳо дархост намудааст, ки ба ӯ имконият диҳад, ки бо ҳукме, ки дар асоси он маҳкум шудааст, шинос шавад. Аммо маъмурияти зиндон талабҳои қонунии ӯро бо ҳар роҳ нодида мегиранд.
Чанде пеш маълум шуд, ки кормандони зиндони рақами 1 бори дигар бо баҳонаи он ки иҷрои чунин талабот ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад, ба Раҳматуллои Раҷаб ҷавоби манфӣ додаанд. Аммо онҳо ба ӯ маслиҳат доданд, ки бо хешовандонаш тамос гирад, то онҳо ҳукмро худашон ёфта, чоп карда ба зиндон оваранд. Хешовандон ин корро карданд, аммо ҳукм ба дасти Раҳматуллои Раҷаб нарасид. Инчунин, муроҷиатҳо, изҳоротҳо ва шикоятҳои сершумори Раҳматуллои Раҷаб ба унвони Суди Олии Тоҷикистон ва Президенти кишвар низ ҳатто аз дохили зиндон набаромадааст.
Маъмурияти зиндон ҳама гуна мукотибаи хаттии маҳбусон ва хешовандонашонро ба тариқи ҳамаҷониба саркӯб мекунад, алалхусус муроҷиати маҳбусони сиёсӣ ба судҳо ва ё президенти кишварро.
Бунёди Бузургмеҳр Ёров чунин амалҳои кормандони муассисаи ислохии № 1 ҳамчун вайрон кардани ҳуқуқи инсон ба ҳимояи судӣ, ҳуқуқи шиносоӣ бо маводи парванда ва гирифтани нусхаи ҳукм ва ҳуқуқи шикоят кардани шаҳрвандон арзёбӣ мекунад.
Маҳз ҳамин муносибати махсус нисбати Раҳматуллои Раҷаб бори дигар собит мекунад, ки ӯро дар ҷойҳои боздошт ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд.
Тоҷикистон як кишвари имзокунандаи Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар қисми 5 моддаи 14 ин санад пешбинӣ шудааст, ки ҳар касе, ки барои ҳар гуна ҷиноят маҳкум шудааст, ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи қонун суд ва ҳукми ӯро суди болоӣ бознигарӣ кунад. Бознигарии ҳукм бо ташаббуси маҳкумшуда бидуни шиносоӣ бо ҳукм ва маводи парвандаи ҷиноӣ ғайриимкон аст.
Бунёди “Бузургмеҳр” умедвор аст, ки мақомоти Тоҷикистон мефаҳманд, ки нақзи мунтазами ҳуқуқ ва озодиҳои маҳбусони сиёсӣ ба имиҷи давлат таъсири манфӣ мерасонад ва барои ҷазо додани шахсоне, ки ҳуқуқи Раҳматуллои Раҷаб ва дигар маҳбусонро барои мукотиба, тамос гирифтан бо мақомоти давлатӣ ва мустақиман шинос шудан бо ҳама ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд фавран чораҳо меандешанд.