Tuesday, January 31, 2023

БО МОДДАИ МАВҶУДНАБУДА ЗИНДОНӢ КАРДААНД

“Ҳаитов М.Р. дар мақолаи худ “Бурду бохти ҲНИТ дар соли 2011 аз назари соҳибназарон” дар шумораи №1 рӯзномаи “Наҷот” аз 04.01.2012 сол мақомоти олии қонунбарори кишвар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти номустақил ном бурда, аксари қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ- ро зиддимардумӣ ва воқеъият ва ҷомеаи Тоҷикистон мувофиқ набуда ҳисобида, байни мардум кинаю адовати сиёсӣ ва идеологиро барангехтааст.” (аз фикри айбдоркунии Маҳмадалӣ Ҳаит)

Дар ин мисоли оддӣ, ки аз фикри айбдории Маҳмадалӣ Ҳаит чун иқтибос оварда шудааст, ва мазҳ ба он суд ҳангоми таъини ҷазо такя кардааст бо пурраги беасос ва ғайрикуонуни будани ҳабси Маҳмадалӣ Ҳаит исбот мекунад.

Якум ин ки, Сарқонуни Тоҷикистон озодии баён ва ақидаро эълон кардааст ва аз ҳамин лиҳоз ҳар шахс ҳуқуқи баёни фикру ақидаи худ оиди фаъолияти мақомоти қонунбарорро дорад. Барои ин ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини нашудааст, ҳарчанде ақидаи у ба фикри қонунбарорҳо ва ё мақомоти қудратӣ мувофиқ ҳам набошад.

Дуюм. Прокуратураи генералӣ дар фикри айбдоркунӣ овардааст, ки Маҳмадалӣ Ҳаит бо ин амалаш, яъне бо нашри фикру ақидааш дар нашрияи ҳизбӣ, байни мардум кинаю адовати сиёсӣ ва идеологиро барангехтааст. Вале ин кинаю адоват дар куҷо, чи гуна ва дар байни кадом қишри аҳолии кишвар пайдо ва зуҳур карда, чӣ оқибатҳоро овардааст чизе наменависад. Агар ин гуна кинаву адоват ҳам барангехта шуда бошад, прокуратура чӣ гуна вобастагии онро аз нашри мақолаи Маҳмадалӣ Ҳаит муайян кардааст?

Сеюм, ва аз ҳама муҳимаш!

Прокуратураи генералӣ дар ин маврид барои барангехтани кинаву адовати сиёсӣ ва идеологӣ нисбати Маҳмадалӣ Ҳаит бо банди “а” қисми 3 моддаи 189 кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз кардааст. Акнун ба матни ҳамин модда назар андозед:

Моддаи 189 КҶ ҶТ “ Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”

1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) такроран;

б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) ба зўран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;

г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи мазкур барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ҷавобгариро пешбинӣ намудааст, на ин ки барои барангехтани кинаву адовати сиёсӣ ва идеологӣ.

Умуман, дар қодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати сиёсӣ ва идеологӣ ягон намуд ҷавобгарӣ нест. Ин мафҳум ва ин намуди ҷазоро маҳз прокурори генералӣ Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баровардааст.

Ин фақат яке аз мисолҳои бешуморе аз парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаит буд, ки сохта, ғайриқонуни, ғаразнок ва ҷинояткорона будани ҳукм нисбати уро тасдиқ мекунад.

Ҳабс намудани шаҳрванд барои кирдоре, ки ҷиноят ҳисоб намешавад, нодида гирифтани ин ҷинояти прокуратура зидди адолати судӣ аз ҷониби судҳои баррасикардаи парванда шаҳодати возеҳи маҳбуси сиёсиӣ будани Маҳмадалӣ Ҳаит ва рафиқони у мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон бояд Маҳмадалӣ Ҳаитро фавран ва бе ягон шарт озод намояд. Тамоми ашхоси дастдошта дар нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои Маҳмадалӣ Ҳаит, новобаста аз мақоми хизматиашон бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights