Tuesday, December 5, 2023

ҲАБСИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ

28 сентябри соли 2015 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз тарафи кормандони ВКД Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд. Сабаби ҳабсро мақомот гӯё аз тарафи Бузургмеҳр содир кардани қаллобӣ ва тақаллубиӣ ҳуҷҷатҳо муаррифӣ кард. Вале ин дуруғи маҳз аст. Сабаби ҳабс умуман дигар чиз буд ва он алокаманд ва фаъолияти касби ва мавқеъи сиёсию ҷаъмиятии Бузургмеҳр алоқамандӣ дошт. Ҳоло бошад мо дар бораи ин сабабҳо ва ҳодсаҳои дар он руз гузашта ба шумо маълумот пешниҳод карданием.

Чӣ хеле, ки дар боло гуфтем мақомот сабаби ҳабсро ворид шудани аризаи ҷабрдидае оиди аз тарафи адвокат Бузургмеҳр Ёров содир кардани қаллобӣ ба ҷомеа муаррифӣ намуд. Ном ва насаби аризадиҳандаро намояндагони мақомот дар рузҳои аввал фош накарда будан, вале аз рӯи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ айни ҳол маълум аст, ки парванда дар асоси гуё аризаи воридшудаи Бозоров Комил, сокини вилояти Суғд оғоз карда шудааст. Барои чӣ мо калимаи “гӯё” -ро истифода бурдем ва ворид шудани аризаи Бозоровро зери шуъба мондем? Барои он, ки Бозоров Комил соли 2015 то ҳабс шудани Бузургмеҳр Ёров умуман нисбати ӯ ариза нанавишта буд. Бозоров солҳои 2010 ва 2014 бинобар бесавод ва гумроҳ буданаш оиди фаъолияти адвокат нисбати Бузургмеҳр якчанд аризаҳо менависад. Ва ин муроҷиатҳои ӯ дар прокуратураи генералӣ, Райёсати тафтишотии ВКД ҶТ, РВКД дар вилояти Суғд дида баромада шуда оиди он ҳамаи тарафҳоро пурсида, санҷида аризаи Бозоров бинобар беасос буданаш бе қаноат монда шуд.

Дар ҷилди 1 парванда саҳ. 44-45 нусхаи қарори собиқ ёрдамчии калони прокурори генералии ҶТ оид ба супоришхои махсус Ҷангиев Р. аз 02.09.2011 сол оид рад кардани аризаи Бозоров мавҷуд аст. Он ба қувваи қонуни даромадааст ва касе то 28 сентябри соли 2015 онро бекор накарда буд. Дар бораи даъвои Бозоров Комил дар инҷо шумо маълумоти бештаре хоҳед гирифт (https://youtu.be/87ZEENaG9UM).

Аз ин ру беасос оғоз кардани парванда нисбати Бузургмеҳр Ёров дар сурати мавҷуд будани қарори бегуноҳии у фармоиши будани таъқибҳоро нисбаташ нишон медиҳад.

Яъне, ки ягон сабаби қонунии боздошт ва ҳабси адвокат Ёров дар он лаҳза мавҷуд набуд.

Албатта, ҳабси Бузургмеҳр Ёров ғайричашмдошт набуд. Ин ҳодиса бояд, ки рузе не рузе ба вуҷуд меомад. Маҳз тарз ва усулҳои фаъолияти касбии Бузургмеҳр Ёров, муборизаи беамони у баҳри татбиқи қонуният ва адолат, устувориаш, принтсипнокиаш, дониш ва малакааш, ки маротибаҳо аз донишу малакаи кормандони мақомоти кудратӣ болотар буд ,метавон сабабҳои аслии ҳабси ӯ номид. Агар ӯ ба монанди бисёри адвокатҳои Тоҷикистон рафтор мекард ҳаргиз зери ҳадафи ҳукумату маҷомот гирифтор намешуд.

Иштирок дар парвандаҳои пурсару садои Тоҷикистон, ҳимоя аз мазлумин ва ҷабрдидаҳо, ки барои ҳаққи худ бо намояндагони олимақоми ҳокимият, аз он ҷумла бо хешу табори наздики президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мубориза мебурданд, бекор кардан ва ё таъғир додани ҳукму қарорҳои бешумори нодуруст қабулгаридаи мақомот муносибати кормандони баландпояи қудратиро бо Бузургмеҳр бад мекунад. Халал расонидан, расонавӣ кардани қазияи забти корхонаҳо, бозорҳо ва дигар амволи шаҳрвандон аз тарафи хусурбачаҳои президент Эмомалӣ Рахмон: Ҳасан Асадуллозода, Зоир Соҳибов , Саъдулоев Муҳибулло ва дигарон боз ҳам ин хусумати шахсӣ , бадбиниро зиёд мекунад.

Ҷои пинҳонӣ нест, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон дар зери таъсири бевоситаи хешовандони наздики Президенти кишвар мебошанд ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд. Ва аз ҳамин лиҳоз барои содиқии худро нишон додан ба онҳо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва прокурори генералии Тоҷикистон Рахмон Юсуф, ки ғарази шахсӣ нисбати Бузургмеҳр дорад аз фурсати муносиб, яъне ҳодисахои рухдодаи сентябри соли 2015 истифода намуда, бо ҳидоят ва розигии хусурбачаи президенти Тоҷикистон Соҳибов Зоир бо душмани худ Бузургмеҳр Ёров ҳисобӣ кардаанд.

Ба ғайр аз ин , ба шумо хоттирасон карданиям, ки чанд рӯз пеш аз ҳабсаш Бузургмеҳр эълони ташкили кумитаи ҷаъмиятии «Рафъ ва пешгирии боздошту дастгиршавиҳо, хабсҳои ғайриқонунию ғайримурофиавии шаҳрвандону амвол ва кофтукобҳои ғайриқонуниву ғайримурофиавӣ» намуда буд. Ба ғайр аз ин 26 сентябр, яъне ду рӯз пеш аз ҳабсаш оиди шиканҷа шудани ҷонишини якуми раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайни ҳангоми боздошт ва дар рафти тафтишоти пешакӣ маълумот расонавӣ карда буд.

Аз ҳамин хотир бартараф кардани чунин адвокате, ки барои татбиқи нақшаҳои Рамазон Раҳимзода, Раҳмон Юсуф, Зоир Соҳибов ва дигарон халал мерасонд, ва дорои ҷасорат буд, ки хатогиҳою ҷиноятҳои онҳоро расонавӣ кунад барои ин ашхос ягона илоҷ буд. Ва онҳо бо истифода аз таъсиррасониашон, мавқеъи хизматӣ ва сустии ҷомаеи шахрвандии Тоҷикистон истифода бурда Бузургмеҳрро бо туҳматҳо ба 28 сол зиндонӣ намуданд.

Акнун биёед шарҳи ҳодисаҳои онрӯзаро аз суханони худи Бузургмеҳр шунавем.

“17 ё 18 сентябри соли 2015, адвокат Бекматов Низомиддин дар Анҷумани якуми адвокатҳои ҶТ ба ман оиди он хабар дод, ки дар шаш моҳи наздик бо супориши Ҳукумат маро бояд хабс гиранд. 18.09.2015 сол Нуриддинов Саидбек – раиси феълии Иттифоқи Адвокатҳои ҶТ дар ҳамон анҷҷуман изҳор намуд, ки бо супориши Вазорати адлияи ҶТ вакилони Анҷумани адвокатҳо ғайриқонунӣ ба Вазорати Адлия даъват карда шуда, ба онхо таъкид карда шудааст, ки ба тарафдории адвокат Ёров Бузургмеҳр овоз надиҳанд зеро адвокат Ёров Б. мавқеъи зиддиҳукуматӣ дорад.

28.09.2015 сол дар ҷойи кор тахминан соати 12.00 ба ман Румиев Ғолибшоҳ оиди он маълумот дод, ки кормандони УБОП омада, ғайриқонунӣ бе ягон ҷарори судӣ нусхаи шартномаҳои бастаи маро бо хешовандони аъзоёни ҲНИТ гирифта бурдаанд. Соати 13.15 оиди он маьлумот доданд, ки кормандони УБОП тамоми шартномаҳое, ки дар соли 2014-2015 бо ман аз тарафи мизочон баста шуда буд, ғайриқонунӣ гирифтаанд. Ин вайрон намудани кафолати фаъолияти адвокатӣ ва мудохила кардан ба сирри адвокатӣ буд. Соати 13.20 дақиқа кормандони УБОП, ки яккеаш майор Давронов Фаридун буд, манро ба муддати 10 дақиқа ба бинои УБОП даъват намуданд. Дар ҳузури ӯ ва ба воситаи фейсбук ман дархол изҳорот оиди он пахш намудам, ки кормандони УБОП бо супориши ғайриҷонунии Ҳукумат ва ниятҳои ғаразноки Рахмон Юсуф ба таъкиби ман машғул шуда, маро ғайриқонунӣ ба ҳабс мегиранд. Барои нигоҳ доштани далелҳои бегуноҳиам ман компютерамро ба дасти Ёров Ҷамшед медихам. Минбаъд кормандони УБОП ва тафтишот онро аз дасти адвокат Ёров Ҷ. гирифта, то имруз ба талабу хоҳиши ман, ки далелҳои бегуноҳии ман дар он ҷойгир мебошан ва аз компютер гирифта шуда ба парванда ҳамроҳ шаванд беҷавоб мондааст. Тафтишот медонад, ки тамоми кори онҳо аз аввал то охир туҳмат мебошад. Пешниҳоди далелҳои бегуноҳии ман аз ин компютер, боз Рахмон Юсуфро шармандатар карда метавонад.

Дар бинои УБОП он руз ман бо ҷонишини сардори УБОП Ҳафизов суҳбат менамоям, ки мақсади даъват намудани маро ҳамчун санҷидани ахбороте, ки гӯе алоқамандии маро бо гуруҳи Ҳочи Ҳалим санҷиданӣ мебошанд, мегуяд. Аз соати 14.00 то соати 20.00 ман дар утоҷи кории Давронов Фаридун, ки дар ошёнаи дуюм, се чор метр дуртар аз утоқи сардори УБОП мебошад, баёнот медиҳам. Бо талаби ман ки чаро оиди муносибатҳои ман бо дигар роҳбарияти ҲНИТ савол намедиханд, Давронов Фаридун ҷавоб медиҳад, ки онҳо тули 3 соли охир ғайриқонунӣ бе ягон иҷозати судӣ, телефонҳои маро гуш кардаанд ва маълумот доранд, ки онҳо ба ман муносибате надоранд.

Баъди ин корманди дигари бесаводи Прокуратураи генералӣ Амиршоев С. пайдо мешавад. У баёнот дар хусуси он мегирад, ки чӣ тавр, чаро ва бо иҷозати кӣ ман Кумитаи ҷамъиятӣ ташкил кардаам.

Аз соати 20.00 то соати 23.30 ман зери назорати кормандони УБОП ғайриқонунӣ, дар ошёнаи якуми УБОП нигоҳ дошта мешавам. Соати 23.30 дақиқа муфаттиши Прокуратураи генерали бо номи Аскар дар асоси туҳмати майор Давронов Фаридун, ки гуё ман дар ҳузури Амиршоев С. пагонҳои уро канда бошам, аз ман баёнот мегирад. Ман оиди он нишон медиҳам, ки ба утоқи кории Давронов Ф. дар ҳузури ман ягон корманди УБОП, ва ҳато худи Давронов Фаридун, ки либоси милисаги надошт, надаромадаанд, ки пагони касе канда шавад. Талаб менамоям, ки навори аз камераҳои назоратии ошёнаи дуюм гирифта шавад, ки дар он ба утоқи кории Давронов Фаридун кӣ ва бо кадом либос даромадааст дида мешавад. Инчунин наворҳои даромадани мо ба бинои УБОП низ ҳамроҳ карда шавад.

Ваҷъ оиди он овардам, ки табулограммаи телефонҳои ман бардошта шавад, зеро ман ду маротиба бо наздикони худ аз утоқи кории Давронов Ф. ба восити телефони худ суҳбат намуда будам – ин суҳбатҳо то соати 19.30 доир шуда буданд. Ва агар ман пагони касеро мекандам, пас ҳеҷ вақт ба ман имкон дода намешуд, ки бо наздиконам бо телефон суҳбат намоям.

Баъдан дар ИВС ман дидам ки чӣ тавр бо туҳматҳои Ҳукумат ва Рахмон Юсуф даҳҳо-садҳо мардуми тоҷик, аз руи протоколҳои маъмурӣ, кӣ гӯё ба кормандони милиса муқобилият кардаанд, дар ИВС нигох дошта шуданд. То имруз вобаста ба туҳмати майор Давронов Фаридун дигар касе маро напурсидааст ва бо ӯ рубарӯ низ накардааст. Баъдан ба ман маълум шуд, ки ин ҳиллагарӣ барои нигоҳ доштани ман дар УБОП будааст, то ин ки прокуратураи генерали ягон айбе нисбатам бофта тайёр кунад. Ҳамаи ин таъкиби сиёсӣ ва сатҳи пасти тафтишоти тоҷик дар асри 21 мебошад.

Шаби 28 ба 29.09.15 сол ба пеши ман муфаттиш Файзиев Спитамен омад. У оиди он маълумот дод, ки нисбати ман дар асоси аризаи Бозоров К. 28.09.2015 сол бо м.247 к.4 б. «б»-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Бо он парванда то ҳатто ягон нафареро ба сифати шоҳиду ҷабрдида напурсида, якумин амале, ки гузаронида буданд, ин тартиб додани протоколи дастгиркунии ман буд. Ман ба Файзиев Спитамен фахмонидам, ки баёноти ман ва Сайфуддинова Гулнора дар прокуратураи Генералиӣ оиди ин қазия мавчуд аст, ки соли 2011 ба ман дар доираи қонуни адвокатура 2400 $ дода шудааст ва ин маблағ бозпас баргардонида шудааст, ва дар ин амал ҷинояте нест. Агар додани пул аз тарафи муштарӣ ва ё ваколатдиҳанда ба адвокат барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҷиноят бошад, пас шарики якуми ҷинояти ман Президент Эмомалб Раҳмон мебошад, зеро дар қонунҳои адвокатура таҳрири соли 1995 ва 2015 имзои у истодааст.

Файзиев Спитамен ба хотири дустиаш бо рафики ман, оиди он фахмонд, ки парвандаи Шумо парвандаи сиёсӣ мебошад. Шуморо Ҳукумат ва прокурори Генералӣ таъқиб намуда истодаанд. Минбаъд дар ҳузури адвокат Кассиров Бахтиер, намояндаи дигари тафтишот низ, ин ҳолатро тасдиқ намуд.

Аз сабаби зери таъқиби сиёсӣ буданам, ман муддати 44 руз умуман вохурии яка ба як ва бемаҳдудро бо адвокатам надоштам. Бо пешниҳоди намояндаи тафтишот, барои халос шудан аз таъқиби сиёсӣ – тасмими гуруснанишинии сиёсиро гирифам. Баъдан дар 44-ум руз иҷозати вохурии яка ба яка ва бемаҳдуд бо адвокатам дода шуд.»

Ҳамин тариқ дида мешавад, ки аллакай дар рӯзи аввали боздошт тамоми қувваи прокуратураи генерали баҳри сиёҳ намудани Бузургмеҳр равона карда шуда буд. То тайёр намудани аризаҳои бофтаашон барои бо ягон баҳона дар утоқҳои кориашон нигоҳ доштани Бузургмеҳр кормандони УБОП саҳначаи пагонканиро ташкил мекунанд. Прокурори генералӣ Рахмон Юсуф ҳатто намояндаашро барои тафтиш равон мекунад. Дар ин муддат кормандони Вазортаи корҳои дохила тамоми ҳуҷҷатҳои дорои сирри адвокатӣ доштаро, ки бе иҷозати судӣ аз Коллегияи адвокатҳои ҶТ “Сипар” гирифта буданд, тагу рӯ намуда ба тамоми мизоҷони Бузургмеҳр занг зада хоҳишу талаби навиштани ариза нисбаташро мекунанд. Бо фиребу найранг ва ваъдаҳои бардуруғ бовар мекунонанд, ки навиштани ариза муқобили Бузургмеҳр ба онҳо ва ё наздиконашон, ки дар маҳбас мебошанд ёрдам мекунад. Ба баъзеҳо пешакӣ ваъдаи пулию молӣ аз ҳисоби амволи мусодирашавандаи Бузургмеҳр медиҳанд.

Дар телевизионҳои давлатӣ навор тартиб дода онро мунтазам пахш мекунанду аз мардум даъвати навиштани аризаҳоро мекунанд.

Ҳамаи ин далели ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ, алалхусус сардорони баландпоя он, ба мисли Рахмон Юсуф, Раҳимзода Рамазон ва дигарон, ва инчунин бегуноҳӣ ва беасос ҳабс гардидани адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аст.

Buzurgmehr Yorov Foundation дар оянда мунтазам дар бораи ҳамаи паҳлуҳои парвандаҳои бофта нисбати Бузургмеҳр Ёров ба шумо маълумоти бештар хоҳад расонд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights