Tuesday, January 31, 2023

Зодрӯзи Муҳаммадалии Файзмуҳаммад муборак!

БУНЁДИ “БУЗУРГМЕҲР” имрӯз яке аз маҳбусони сиёсии Тоҷикистон, Маҳаммадалии Файзмуҳаммадро бо зодрӯзаш табрик ва таҳният гуфта ба ӯ сиҳатию саломатӣ, сабру тоқат ва озодии ҳарчӣ тезтарро таманно мекунад.

Мо сидқан боварии комил дорем, ки АДОЛАТ рӯзе барқарор мешавад ва ашхоси сабабгори ранҷу азияти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва садҳо касони дигар дар назди Қонун ва миллат ҷавоб хоҳанд гуфт.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро дар қатори дигар аъзоёни баландпояи ҲНИТ сентябри соли 2015 ба ҳабс гирифтанд ва дар натиҷаи тафтишоти ғайриқонуниву мурофиаи судии пинҳониву фармоишӣ ӯро ба муҳлати 23 сол аз озоди маҳрум намудаанд. Бояд қайд кард, ки Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва дорандаи ордени “Дӯстӣ” аст, ки бо он уро президенти Тоҷикистон 18.08.1998 сарфароз гардонидааст.

Таҳлили рафти тафтишоти гузаронидаи прокуратураи генералӣ, мурофиаи судӣ онро нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро метавон “маҳбуси сиёсӣ” ном бурд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо боварии оне, ки на маводҳои парванда ва на Ҳукму рафти мурофиаи судӣ ошкор нахоҳанд шуд, аз аввал то охири мурофиаи ҷинояти нисбати Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва дигарон ба хатогиҳо, ҷиноятҳо даст задааст. Аз маводҳо парванда дида мешавад, ки на прокуратура ва на суд мақсади татбиқи Адолатро надоштанд. Мақсад фақат ҷазо додан буду халос.

Бингаред ба матни аёби эълоншуда нисбати Муҳаммадалии Файзмуҳаммад :

– “ М. Файзмуҳаммад бошад, ҳамчун руҳонии маъруф дар сафҳои ҲНИТ барои тарбияи ғоявии аъзоёни иттиҳоди ҷиноятии мазкур ва бо силоҳ таъмин намудани ҷузъу томҳои иттиҳоди ҷиноятии созмондодаашон саҳми шахсӣ гузоштааст. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ ва нақшаҳои тарҳрезӣ намудаашон М.Файзмуҳаммад масъули тақсимкунандаи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба аъзоёни ҷузъи иттиҳоди ҷиноятӣ, яъне ба гурӯҳи Абдуллоев З.Қ., аз пинҳонгоҳи махфии дар манзили истиқоматии аъзои иттиҳоди ҷиноятии Абдулов А., таъин гардидааст. Ӯ ҳамчун раиси комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Раёсати олии ҲНИТ аз миёнаҳои моҳи марти соли 2015 баъди аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани Раиси ҲНИТ Кабирӣ М. дар роҳандозии ҳама амалиётҳои ҷинояткоронаи ба нақша гирифтаи ҳизб бо Муовини Раиси ҲНИТ Ҳисайнов У.Ф. ва дигарон иштирок намуда,бо дастуру супоришҳои бевоситаи Кабирӣ М. амал намуда, барои иҷрои нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тарҳрезӣ кардаашон чораҷӯӣ кардааст” ;

– “Ҳангоми кофтуков аз манзилҳои истиқоматии Муҳаммадалии Файзмуҳаммад …. теъдоди зиёди адабиётҳои динӣ, аз он ҷумла китоби «Ваҳдат ва амнияти миллӣ дар партави вилоят», ва фиттаҳо бо сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ ёфта гирифта шудааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси комплекси забоншиносӣ, равоншиносӣ, диншиносӣ ва сиёсатшиносии мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2015, китоби «Ваҳдат ва амнияти миллӣ дар партави вилоят» бинобар сабаби доштани ақидаҳои шиъӣ, дар он барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ҷой доранд.

Муҳаммадалии Файмуҳаммад бо истифода аз мақоми хизматиаш ҳамчун аъзои Раёсати олии ҲНИТ ва раиси Комиссияи тафтишотии ин ҳизб аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигар созмондиҳандагони иттиҳоди ҷиноятӣ дар ҳар гуна маъракаву ҷамъомадҳои ғайрирасмии динӣ ҳамчун шахси рӯҳонии маъруф бо истифода аз китоби “Ваҳдат ва амнияти миллӣ дар партави вилоят” ба тариқи оммавӣ баромаду суханронӣ намуда, дар байни аҳолӣ кинаву адовати диниро аз нигоҳи мансубияти мазҳабӣ барангехтааст”

Ин аст сатҳи тафтишоти тоҷик! Ба ғайр аз суханони умумию беасос дигар ягон далели воқеъи дар парванда вуҷуд надорад, ки айби Муҳаммадалии Файмуҳаммадро собит кунад. Ҳатто он шоҳиди ягона, Абдулов А., ки гӯё тибқи нишондоди у Муҳаммадалии Файмуҳаммад масъули тақсимкунандаи силоҳ буд, дар мурофиаи судӣ уро нашинохт. Касе дигар суханони уро тасдиқ натавонист карда, ягон нишондоди дигаре ва ё ҳуҷҷате ба суд пешниҳод нашуд барои исботи ин айб. Тафтишот менависад, ки “М. Файзмуҳаммад бошад, ҳамчун руҳонии маъруф дар сафҳои ҲНИТ барои тарбияи ғоявии аъзоёни иттиҳоди ҷиноятии мазкур ва бо силоҳ таъмин намудани ҷузъу томҳои иттиҳоди ҷиноятии созмондодаашон саҳми шахсӣ гузоштааст”. Вале барои исботи ин бофтаашон ҳатто ягон далелро ҳам сохта карда ба суд пешнизод накардаанд. Чӣ гуна саҳми шахсӣ гузоштааст Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба касе маълум нест. Ин ҳамааш аз боварии комили қудратиҳо бармеояд, ки касе ба қазияи ин ашхос диққат намекунад, аз Ҳукм шикоят намекунад, маълумоти суду тафтишот фош намешаванд, ва бо ҳамин роҳ метавон дилхоҳ шахсро бо ҳаргуна ҷурм зиндонӣ кард.

Инак, аллакай зиёда аз панҷ сол мешавад, ки Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад бо чунин айби беасосу бепоя дар маҳбас аст.

Аз даргоҳи Худованд барои тамоми маҳбусони сиёсии Ватанамон сабр, сиҳатию саломатӣ ва озодиро талабгорем.

Ягон маҳбуси сиёсии Тоҷикистон фаромӯш нашудааст, ва мо ҳарчӣ аз дастамон барои озодиашон меояд мекунем.

Бунёди “Бузургмеҳр”.

03.01.2021

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights