Tuesday, January 31, 2023

Тафсири моддаи 305-и Кодекси ҷиноятӣ: Хиёнат ба давлат

Дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 305 вуҷуд дорад, ки номаш “ Хиёнат ба давлат” аст. Аз сабаби он, ки дар расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, дар шакабаҳои иҷтимоӣ ва дигар ВАО истифодабарии калимаи “хиёнат” ва ибораи “хоини Ватан” нисбати шахсон бисёртар ба назар мерасад, хостем, ки дар бораи маҳз ҳамин мафҳум аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба шумо маълумот диҳем.

Тибқи матни расмии моддаи 305 Кодекси ҷиноятӣ хиёнат ба давлат ин ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, расонидани ҳар гуна ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ва ё ба ягон намояндагони онҳо дар фаъолияти зидди давлатиашон, ки бар зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Тоҷикистон равона карда шудааст ҳисобида мешавад. Ва яке аз шартҳои асосии бо ин модда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ин ҳатман бояд, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доштан аст. Агар амалҳои дар боло номбаркардашударо ашхоси бешаҳрванд ва ё шаҳрванди хориҷӣ содир кунад, пас ӯро бо дигар моддаҳои кодекси ҷиноятӣ, ба мисоли моддаи 308 (ҷосусӣ) ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Моддаи 305 аз ду қисм иборат буда, тибқӣ қисми якуми он барои хиёнат ба давлат ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз дувозаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк муқаррар карда шудааст.

Тибқи қисми дуюм бошад агар амалҳои дар боло овардашуда такроран, аз ониби хизматчии ҳарбӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ, дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг, ва инчунин агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, пас ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан татбиқ карда мешавад.

Дар ин ҷо зарур аст, ки як чизро қайд кунем. Агар шахсе, ки ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 306 (ғасби ҳокимияти давлатӣ) ва 308 (ҷосусӣ) содир кардааст, агар ихтиёрӣ ва бо сари вақт огоҳонидани мақомоти ҳокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорҳои ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Тавре ки шумо мебинед, қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба хиёнат ба давлат хеле сангин аст. Азбаски парвандаҳо дар ин гурӯҳ ба сирри давлатӣ рабт доранд, онҳо нашр намешаванд ва мақомот ҷузъиёти онҳоро ифшо намекунанд.

Ҳоло биёед ба он амалҳое, ки шуморо тибқи онҳо ҳамчун хиёнаткор ба давлат эътирофу ба зиндон маҳкум карда метавонанд, дида бароем.

Хиёнат ба ватан чист? Аломатҳо ва шаклҳои хиёнат ба давлат чунинанд:

– Ҷосусӣ.

Одам маълумотеро, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад ё маълумоти дигарро ҷамъ мекунад, медуздад ё барои интиқол ба давлати хориҷӣ ё намояндагони он нигоҳ медорад. Маълумот бояд ҷамъоварӣ карда шавад, ки зидди амнияти Тоҷикистон истифода шавад.

Сарфи назар аз он, ки қонунгузор барои ҷосусӣ, ки танҳо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандро дар бар мегирад, масъулият ҷорӣ кардааст, ин маънои онро надорад, ки шаҳрванди Тоҷикистон барои чунин амалҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Вай на барои ҷосусӣ, балки барои хиёнат ба давлат ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бояд қайд кард, ки ҷазо барои ҷосусони хориҷӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мулоимтар аст. Барои ҷосус мӯҳлати ҳадди аксар ҳабс то 20 сол аст ва барои хоинони давлатии мо то якумра маҳрум сохтан аз озодӣ.

-Додани сирри давлатӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё намояндагони онҳо.

Дар барномаи алоҳидаи худ мо ба шумо дар бораи сирри давлатӣ маълумоти бештару муфассалтар пешниҳод хоҳем кард. Пеш аз додани сирри давлатӣ ба касе, мантиқан шумо бояд дастрасӣ ба маълумоти сиррӣ дошта бошед. Яъне,ки сирри давлати ба шахс бояд дар асоси фаъолият кардани он дар ягон мақомот ва ё идораи давлатӣ ба у дастрас бошад. Дар ин ҳолат, шахсе, ки маълумотро ба давлати хориҷӣ интиқол медиҳад, ба хубӣ дарк мекунад, ки ин маълумот ба сирри давлатӣ тааллуқ дорад. Чунки чунин маълумотҳою ҳуҷҷатҳо бо имзо супорида ва гирифта мешаванду дорои муҳр ва навиштаҷоти махсус мебошанд.

Аммо вазъияте низ метавонад ба амал ояд, ки шахс маълумоти махфиро аз дӯсти худ, шиносаш, ҳамкораш мешунаваду онро ба номаяндагони давлати хориҷӣ интиқол медиҳад. Инчунин мумкин аст, ки чунин маълумотҳои дорои сирри давлати ба роҳи ҷиноят ба даст оварда шаванд, яъне дуздида шаванд. Дар ин ҳолат, дастрасӣ ба сирри давлатӣ талаб карда намешавад. Агар шумо дар кӯча ҳуҷҷатҳои махфиро ёфта, ба намояндагони давлати хориҷӣ супоред, ин низ хиёнат ба давлат ба ҳисоб меравад. Чӣ хеле, ки мебинем дар ин ҷо усули гирифтан ва ё дастрасӣ ба маълумот нақше надорад – далели кофи ин интиқоли маълумоти дорои сирри давлатист.

– Расонидани кӯмак ба давлати хориҷӣ дар фаъолиятҳое, ки бар зидди амнияти Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Кӯмак дар ин ҳолат метавонад чунин бошад:

А). Молиявӣ. Он ҳамчун дастгирии молиявии ташкилотҳое, ки бар зидди Тоҷикистон фаъолият мекунанд, фаҳмида мешавад. Ба ин ташкилотҳо бешубҳа хадамоти махсуси хориҷӣ ва ҳама ташкилотҳои хориҷие дохил мешаванд, ки фаъолияташон дар ҷумҳуриямон манъ аст. Ҳолатҳое мумкин шаванд, ки шаҳрвандро барои расонидани кумак ба ягон ташкилоти байналхалқии ҳуқуқӣ ва ё экологӣ бо моддаи 305 ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар ин ҳолат дар мурофиаи судӣ бояд исбот карда шавад, ки чигуна ин маълумотҳо ва фаъолияти он ташкилот ба амнияти Тоҷикистон зарар метавонистанд расонанд.

Б). Моддӣ ва техникӣ. Дар ин ҷо имконоти зиёде мавҷуданд. Шумо метавонед намунаҳо ва ё маҳсулотҳое, ки барои ҷосусони хориҷӣ заруранд пешниҳод кунед, мошинро барои интиқоли онҳо супоред ва ғайра.

С). Машваратӣ. Дар ин маврид метавон ҳар гуна тавзеҳоте, ки шахс дар бораи фаъолияти дастгоҳҳо, асбобҳо, ташкилотҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, инчунин ҳаракати кушунҳо, ки шахс тасодуфан дар кӯча дидааст ва дигар далелҳоро фаҳмида шавад. Агар чунин маълумот бо мақсади истифодаи он бар зидди амнияти Тоҷикистон интиқол дода шавад, ин аллакай ҷиноят ҳисобида мешавад.

Д). Дигар. Дар ин категория кумакҳое фаҳмида мешаванд, ки ба гуфтаҳои боло дахл надорад, ва онҳо бевосита ё тавассути миёнаравҳо расонида шавад. Хусусияти муҳим ва фарқкунандаи чунин кумакҳо он аст, ки он дар мувофиқа бо як давлати хориҷӣ, як созмони хориҷӣ ё намояндагони онҳо содир карда шавад. Ва ин амалҳо бояд ҳатман бар зидди амнияти Тоҷикистон равона карда шаванд.

Хиёнат ба давлат ин ҷинояти барқасдона аст. Ҷавобгарӣ бо он аз синни 16 солаги оғоз мегардад. Ба дасти давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ва ё намояндагони онҳо расидани маълумоти зарури шарти муҳими ба ҷавобгарӣ бо моддаи 305 (хиёнат ба давлат) кашидани шахс нест. Муҳим он аст, ки шаҳрванд бо нияти интиқоли маълумоти махфӣ онро ҷамъ кардааст ва нигоҳ доштааст.

Барои фиристодани хаёлоту бофтаҳои худ, ки ба воқеият рост намеоянд ягон касро набояд ба ҷавобгарӣ кашид.

Ҳамин тариқ — хиёнат ба давлат ин ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, расонидани ҳар гуна ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ва ё ба ягон намояндагони онҳо дар фаъолияти зидди давлатиашон, ки бар зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Тоҷикистон равона карда шудааст ҳисобида мешавад. Чӣ хеле, ки аз тафсири моддаи 305 мебинем танқиди давлат, ягон ниҳоди он ва ё намояндагони он таркиби ҷиноятро ташкил намекунад, ва аз ин лиҳоз ин афроди танқидкунандаро “хоин” хондан нодуруст буда, фақат дараҷаи пасти дониши ҳуқуқии истифодабарандаи чунин ибораро нишон медиҳад.

Умедворем, ки маълумоти овардашуда барои шумо муфид буд ва якдараҷа ҳам донишҳои ҳуқуқии шуморо мукамалтар кард.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights