Tuesday, January 31, 2023

Зодрӯз муборак Ҳикматуло Сайфуллозода!

Бо “шарофати” амалҳои кормандони қудратии Тоҷикистон ҳар як нафари озодхоҳ ва ватандӯст, ки ҷуръати дар дохили Ватан баҳри ободию озодии аслии кишварамон сухане гуфта ва ё амалеро анҷом дода аст, ҳоло зиндонист. Бо зиндон кардани ин гуна афрод мақомот мехоҳад, ки суханонашон ва амалҳои неки онҳо фаромӯш шаванд.

Вале мо набояд касеро, ки дар ин роҳ ҳаёт, саломатӣ ва озодиашро қурбонӣ кардааст фаромӯш кунем. Ва ҳаргиз ҳам фаромӯш намекунем!

Имрӯз зодрӯзи маҳбуси сиёсии Тоҷикистон, собиқ аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи “Наҷот” Ҳикматуло Сайфуллозода аст.

Он кас имрӯз синни 71 солагиро пур мекунад.

Дуюми июни соли 2016 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода А. бо ҳукми худ Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо гунаҳгор ҳисобида, ба ӯ ҷазо ба муҳлати 16 сол таъин кард. Ва инак аллакай панҷуним сол мешавад, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ин ҷазои ғариқонунӣ ва фармоиширо мардонавор адо карда истодааст.

Дар ин рӯз ба ин марди ҷасур саломатӣ, устуворӣ ва пуртоқатиро таманно дорем.

Умедворем, ки мухолифини режим, новобаста аз мавқеъу ҳадафхои шахсияшон, ҳама якҷоя баҳри ҳарчӣ тезтар озод намудани тамоми маҳбусони сиёсии Тоҷикистон якҷоя амалҳоеро ба анҷом мерасонанд.

Зодрӯз муборак бошад устод Ҳикматулло!

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights