Tuesday, December 5, 2023

Номаи хешу наздикони маҳбусони сиёсӣ ба мақомотҳои расмӣ

Як қатор аз наздикон ва хешовандони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон санаи 17 марти соли ҷорӣ ба мақомотҳои расмӣ оиди вайрон шудани ҳуқуқ ва озодиҳояшон ва ҷустуҷуӣ роҳи ҳалли ин қазия муроҷиат намуданд. Инак як ҳафта паси сар шуд, вале на аз идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, на аз ВКД, КДАМ ва прокуратураи генералӣ ҷавобе ба онҳо дода нашудааст.

Нусхаи муроҷиати наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон ба суроғаи Бунёди Бузургмеҳр Ёров расидааст.

Мӯҳтавои ариза аз он иборат аст, ки бинобар хешу табор ва аъзои оилаи маҳбусони сиёсӣ будан, кормандони мақомотҳои қудратӣ, корхонаҳою идораҳои давлатию хусусӣ бо роҳҳои гуногун ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро ба меҳнат, шуғлу касб маҳдуд мекунанд. Бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи кормандони мақомоти қудратӣ ба онҳо тамғаи “оилаҳои хоинони миллат”, “хешу табори экстремисту террорист” ва ғайра зада шудааст, ки ин бениҳоят ҳам вазъияти танги иқтисодиву иқтимоии онҳоро бадтар карда истодааст.

Ҳамчунин дар ариза ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи қазияи Дониёр Набиев ва Асрориддин Розиқов, ки барои ёрдам ба онҳо зиндонӣ шудаанд, диққат дода шудааст. Қайд карда шудааст, ки бинобар яктарафа, нодуруст ва мақсаднок тафсиру таҳлил ва расонавӣ кардани ин парвандаҳо аз тарафи мақомотҳои қудратӣ сабаби он гаштааст, ки гӯё мадад ба оилаҳои маҳбусони сиёсӣ ин амали ҷиноятӣ буда он тибқи қонун ҷазо дода мешавад. Аз ҳамин лиҳоз шахсоне, ки нияти расонидани кумакро доранд аз ин кор худдорӣ карда истодаанд.

Аз ҳамин хотир муроҷиати хешовандон ва наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон маҳз барои ҳамин лозим шудааст, ки тарафҳои ҳуқуқии чунин ёрдамҳои башардустонаро мақомотҳои дахлдор шарҳ диҳанд, ки ин амал ҷиноят аст ё не? Оё барои ёрдам ба оилаҳои маҳбусон (чӣ сиёсӣ ва чӣ ғайрисиёсӣ) ягон намуд ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст ё не?

Бунёди Бузургмеҳр Ёров ин муроҷиати хешовандони маҳбусони сиёсии Тоҷикистонро зери назорати хосса қарор хоҳад дод ва инчунин қайд кардани аст, ки як қатор чорабиниҳо барои бартараф намудани тамоми ҳуқуқвайронкуниҳою таъбизҳо нисбати наздикон ва хешутаборони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон андешиданист.

Бо эхтиром, Раёсати Бунёди Бузургмеҳр

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights