Tuesday, January 31, 2023

Вазъи санитарию-эпидемиологии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон хело нигароникунанда аст

Бинобар маълумоти дастрас шуда вазъи санитарию-эпидемиологии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон хело нигароникунанда аст.

Дар муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 , воқеъ дар шаҳри Душанбе муддате чанд рӯз ҳаст, касалиҳои сирояткунандаи инфекционӣ хуруҷ карда истодаанд. Шумораи зиёди маҳбусон гирифтори касалиҳо роҳҳои нафас шудаанд. Ин дар ҳолатест, ки муассиса на дорои доруворӣ , лавозимоти тиббист ва на мутахасиси соҳавии тиббист. Маҳбусон барои дастрас намудани доруворӣ ба наздикони худ муроҷиат намуда истодаанд.

Ҳамчунин хотиррасон мекунем, ки тибқи маълумоти расмии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, санаи 17 ва 18 марти соли ҷорӣ Бобозода Умед аз муассисаҳои ислоҳӣ дидорбинӣ кардааст ва таъминоти муассисаҳоро бо доруворӣ хуб баҳо додааст. Ҳамин тариқ саволи мантиқӣ ба миён меояд, кӣ чаро ҳангоми бо доруворӣ ва табибон таъмин будани муассисаҳои ислоҳи, алалхусус муассисаи ислоҳии ЯС 3\1, шумораи беморони сироятии роҳҳои нафас дар ҳоли афзудан аст?

Бунёди Бузургмеҳр ба сардори муассисаи ислоҳии ЯС 3\1 ва сардори СРИҶҶ Вазорати адлия Умаров Мансурчон муроҷиат мекунад, ки баҳри ташхиси дуруст, таъмин бо доруворӣ, лавозимотӣ тиббӣ ва табобати маҳбусон тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights