Tuesday, January 31, 2023

АҲДНОМАИ НИКОҲ

Аҳдномаи никоҳ ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки асосан  байни никоҳшавандагон баста мешавад. Қонун  иҷозат додаст, ки чунин  аҳднома  баъди  никоҳ низ,  дар давраи заношӯӣ баста шавад.

Моддаи 40  Кодекси Оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳдномаи никоҳро чунин  шарҳ медиҳад:  созишномаи шахсоне, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар  давраи заношӯӣ ва ( ё ) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

Бастани аҳдномаи никоҳ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрист. Вале талаботи қисми 2 моддаи 41 Кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон бастани аҳдномаи никоҳро ҳангоми яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванд будан ҳатмӣ муқаррар кардааст.

Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад. 

Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати  молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад.

Ҳамсарон  ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар мавриди:

– таъминоти якдигар;

– тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар;

– тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо;

– хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкиеро муайян намоянд, ки дар сурати  бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад.

            Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мӯҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.

Ҳарчанде , ки бастани шартҳои алоҳидаи   аҳдномаи никоҳ  ихтиёрӣ мебошанд, вале дар умум муқаррароти аҳднома  наметавонад

– қобилияти ҳуқуқӣ ё амалии зану шавҳар;

– ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон;

– танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии байни зану шавҳар;

– ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад;

– ва  ё муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну мӯҳтавои қонунҳои оила бошанд.

Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои  никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:

– муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо  оид ба молу мулк;

– ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;

– бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;

– нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд. 

Аҳдномаи никоҳро ба монанди дигар шартномаҳои  шаҳрвандӣ  метавон тағйир ва ё бекор кард.  Чунин тағйирот ва бекоркунӣ иштироки дутарафаро дар назар дорад,  ба якҷониба рад намудани аҳднома иҷозат дода намешавад. Албатта, дар ҳолатҳои пайдо шудани баҳс тарафҳои аҳднома метавонанд барои ҳалли баҳси пайдошуда ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин қонунгузор  кафолати ҳуқуқи кредиторонро ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ ба инобат гирифта, ба онҳо иҷозати бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо додааст (к.2 м.47 Кодекси Оила ҶТ)

            Аҳдномаи никоҳ ягона асосе барои ба танзим даровардани муносибатҳои молу мулкии ҳамсарон шуда наметавонад. Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадя, хариду фурӯш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила  ба миён меоянд, мутобиқи  қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. 

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights