Friday, March 29, 2024

Бо баҳонаи “Рӯзи адвокатура” дар Тоҷикистон, ёде аз адвокатҳои қаҳрамон

Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи адвокатураро ҷашн мегиранд. Ҷамшед Ёров адвокати паноҳанда дар Аврупо дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки Адвокатура дар Тоҷикистон то ба Истиқлолият расидан иди касбӣ надошт, санаи таъсисёбии он низ номуайян буд.

Ду адвокат, Бузургмеҳр Ёров ва Румиев Ғолибшо дар натиҷаи ҷустуҷӯ дар бойгониҳо ин санаро муайян намудаанду 26 май Рӯзи адвокатураи тоҷик эътироф шудааст.

Ба нвиштаи ин ҳомии ҳуқуқ, имрӯз 99-умин солгарди таъсисёбии адвокатураи тоҷик мебошад. Бо вуҷуди он ки Ёров ҳамкасбонашро ба ин рӯз табрик гуфта, аммо ҳамзамон нигарониҳое дар ин табрикот ҷой дорад.

Ҷамшед Ёров аз заҳмати ҳамкасбонаш таҳсин мекунад, вале ёдовар мешавад, ки адвокатҳо дар шароити хело вазнин ва пурхатар фаъолият карда истодаанд. Ба гутфаи ӯ, намояндагони мақомоти қудратӣ адвокатҳоро “халалрасони фаъолияташон” мешуморанду ба ҳар гуна роҳу восита монеъи фаъолияти касби адвакатон мешаванд.

“Боварии комил дорем, ки аз ин пас шумо бештар ва хубтар, на фақат ҳуқуқҳои мизоҷонатонро, балки аз ҳуқуқҳои худ низ дифоъ хоҳед кард ва ҳаргиз ҳамкасбони худро, ки дар роҳи Адолат ва Ҳақикат зиндонӣ, шаҳид ва ё ба ҳар гуна воситаҳои ғайриқонунӣ аз фаъолияти касбӣ барканор шудаанд фаромуш нахоҳед кард”,- менависад Ҷамшед Ёров.
Бо вуҷуди эътироф шудани рӯзи 26 -уми май ҳамчун ҷашни адвокатҳо дар Тоҷикистон мудофеони ҳуқуқ барои таҷлили ин рӯз асоси зиёде надоранд: Ба навиштаи созмони Авфи байналмилалӣ ё (Amnesty International) дар Тоҷкистон “ин ҷашн ба вақте рост меояд, ки кишвар торафт аз ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун рӯй мегардонад ва вакилони дифоъ ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд. Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан ҳомии ҳуқуқи инсон будан маънои бо хатарҳои бемисл рӯбарӯ шуданро дорад”.

Тули шаш соли ахир ҳамаи мудофеони ҳуқуқ, ки парвандаҳои сиёсӣ ва ё ҳассосро гирифтаанд, дар иҷрои фаъолияти қонунии касбиашон зери фишор қарор гирифта дар охир ё зиндонӣ ё тарки кишвар кардаанд. Зайд Саидов собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар соли 2013 зиндонӣ шуд ва ҳама вакилони дифои ӯро мавриди таъқибу фишор қарор дода, пас аз муҳокимаҳои судӣ ба муҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон карданд.

Адвокатҳо Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ҳарду бо иттиҳоми ҷиноятҳои мухталиф зиндонӣ шуданд. Исҳок Табаров адвокати сеюми Зайд Саид дар пайи боздошт ва зиндонӣ шудани ду писараш дуччори сактаи қалбӣ шуда даргузашт. Худи ӯ боздошти писаронашро фишори мақомот ба ӯ барои дифои Зайд Саидов гуфта буд.

Соли 2015 дар пайи шӯриши нокоми генерал Назарзода мувони вақти вазири дифои Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ дар сентябри ҳамон сол раҳбарони ҲНИТ-ро ба  ҷурми ҳамдасти бо Назарзода боздошт ва дар пайи он ҲНИТ аз ҷониби додгоҳи Олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шуд. Раҳбарияти ҲНИТ ин итиҳомотро рад мекунад ва онро баҳонае барои саркӯби аҳзоби сиёсӣ ва мухолифин медонад.

Дар пайи мамнӯъ шудани ин ҳизб қисме аз раҳбарону аъзои ин ҳизбро боздошт карданд. Адвокати ягонае, ки розӣ шуд парвандаи ҳизбро бар уҳда бигирад, Бузургмеҳр Ёров буд. Ӯ аз тарафи полис санаи 28 сентябри соли 2015 бо иттиҳомоти қаллобӣ ва сохтакорӣ дастгир карда шуд. Аммо ба навиштаи “Amnesty International” ҳангоми дастгиркунӣ полис бо вайрон кардани имтиёзи вакил ва муштарӣ, ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаи ҲНИТ-ро бо худ бурд.

Моҳи октябри соли 2015 вакили дифои Бузургмеҳр Ёров Нуриддин Маҳкамов низ боздошт шуд. Моҳи декабри соли 2015 нисбати Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов иттиҳомоти нави марбут ба экстремизм эълон шуданд.

Дар соли 2016 суди шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро пас аз мурофиае ба 23 ва 21 сол аз озодӣ маҳрум кард. Созмонҳои байнамаллиалии ҳуқуқи инсон мурофиаи судии ин ду адвокатро ноодилона медонанд ва Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ озодии фаврии Бузургмеҳр Ёровро талаб дорад.

Дар соли 2016 Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ки яке аз вакилони дифоъ дар парвандаи аъзои ҲНИТ буд, бо иттиҳоми “ифшо кардани сирри давлатӣ” дастгир шуд. 26 август додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ӯро маҳкум ба зиндон кард ва дертар бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҷамшед Ёров ҳимояи муштариёни худро дар парвандаи ҲНИТ идома дод ва ба озори мақомоти амниятӣ рӯбарӯ гардид. Дар ниҳоят, ӯ маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк кунад.

Муаззамахон Қодирова ягона вакили дифоъ, ки парвандаҳои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба душ гирифт низ зери фишори мақомот тарки кишвар кард. Парвандаи ин ду адвокатро аз тарси интиқоми мақомот касе ҳозир нашуд ба душ бигирад.

Моҳи марти соли 2015 Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”-ро қабул кард ва моҳи ноябри соли 2015 ба ин қонун тағйирот ворид карда шуд.

Тағйиру иловаҳое, ки моҳи ноябри соли 2015 ворид карда шуданд, бо ташкили Комиссияи тахассусӣ дар назди Вазорати адлия назорати додани мақоми адвокатро ба дасти шохаи иҷроияи ҳокимият доданд. Чизе, ки боиси нигаронии коршиносон ва вакилони дифоъ шуд. Чун ба гуфтаи коршиносон баъзе нукоти ҳамчун тағйирот воридшуда ба мустақилияти вакилони дифоъ таҳдид карда, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқиро зери суол бурд.

Назорати додани “мақоми адвокат” ба дасти шохаи иҷроияи ҳокимият дар ҳоле дода шуд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ин салоҳиятро Иттифоқи адвокатҳо бояд медошт.

Ба гуфтаи коршиносон  қонуни ахир дар зиёда аз панҷоҳ фисад кам шудани шумораи адвокатҳои касбӣ сабаб шуд. Дар натиҷа дастрасии мардум дар Тоҷикистон ба адвокатҳо маҳудуд шуд ва барои нафароне, ки бо парвандаҳои сиёсӣ боздошт мешванд қариб, ки нмомукин шуд.

Тибқи иттилои “Amnesty International” то моҳи маи соли 2017 танҳо қариб нисфи онҳое, ки пеш мақоми адвокатро доштанд, тавонистанд, ки аз рӯи низоми нав ин мақомро соҳиб шаванд. Алҳол Тоҷикистон барои аҳолии зиёда аз ҳашт миллион тақрибан 600 адвокат дорад, яъне тақрибан як адвокат барои 13,000 аҳолӣ бояд хидмат кунад.

https://azda.tv/bo-bakhonai-ruzi-advokatura-dar-tochikiston-iodie-az-advokatkhoi-kakhramon/?fbclid=IwAR3JUujc9IbhWWczsonSKmkoS9kc300oFHgTp3BxQtCWfFue0igs0KNkHOg

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights