Tuesday, December 5, 2023

Зодрӯзи Саидумар Ҳусайнӣ муборак!

“Buzurgmehr Foundation” ба хотири ҳамагон мерасонад, ки имрӯз, 10 июн, зодрӯзи боз яке аз маҳбусони сиёсии кишварамон аст.

Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, ки бештар дар байни мардум ҳамчун Саидумар Ҳусайнӣ шинохта шудааст, имрӯз зодрӯз дорад. Чун дигар маҳбусони сиёсии Тоҷикистон ӯ низ ин санади муборакро дар паси панҷара мегузаронад. Ҳукумат ӯро дар мурофиаи бе асос, бе далел, бо тақаллубкорӣ ва пинҳонӣ ба ҷазои аз ҳама вазбини дар қонун муқарраршуда зиндонӣ кард. Ва ин ҳам сабабҳои худро дошт. Чунки ба ҳукумати имрӯза ва мақомоти репресивии Тоҷикистон дар озодӣ будани чунин ашхос, чун Саидумар Хусайнӣ дарди сар буд ва то айни ҳол ҳаст.

16 сентябри соли 2015 намояндагони мақомоти қудратӣ ӯро аз хатсайри Душанбе – Алма-ато фароварда кушиш карданд, ки ӯро ба ҳамкорӣ дар саҳнаи сиёҳ намудани ҲНИТ ва дигар фаъолони ҷомеъа истифода баранд. На таклифҳои вазифаҳои давлатию, на таҳдидҳо натиҷа надоданд. Пас аз ин мақомот ба шиканҷа даст зад, вале ин ҳам бе натиҷа буд. Фаъолиятҳои Саидумар Ҳусайнӣ ҳангоми вакили мардумӣ будан дар Парлумон, кирдору рафтораш ҳангоми ҳабсу ҳукми ғаразноки сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо шахсоне вуҷуд доранд, ки манфиатҳои миллиро аз шахсӣ волотар медонанд.

Дар ин рӯзи муборак “Buzurgmehr Foundation” Саидумар Ҳусайнӣ ва тамоми хешу наздикони ӯро табрику муборакбод намуда, дар аввал ҳарчӣ тезтар озод шудан, сиҳатӣ ва саломатӣ, барқароршавии адолат ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад!

Зодрӯз муборак бошад!

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights