Sunday, October 1, 2023

Бузургмеҳр Ёров ҳамчун адвокати зери хатар эътироф шуд

Ба гузориши “Аздо тв” ва ба нақл аз (camerepenali.it), Анҷумани адвокатҳои ҷиноии Итолиё Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷикро зери ҳимояи худ қарор додаст.

Гианлука Константин дар Твиттер менависад, ки Анҷумани вакилони ҷиноии Итолиё Бузургмеҳр Ёровро ҳамчун вакили зери хатар ва таҳдид эътироф кардааст ва ӯро зери чатри ҳимояти худ қарор додааст.

Дар бахши “Танзи cиёсӣ”-и вебгоҳи “channeldraw” карикатураи Бузургмеҳр Ёров нашр шудааст ва дар он чунин навишта шудааст:

“Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон ҳамчун вакили мудофеи зери хатар дониста мешавад. Ин тарҳ аз ҷониби Анҷумани вакилони ҷиноии Итолиё роҳандозӣ ва ҳимоят мегардад”, – омадааст дар ин гузориши кӯтоҳ.
Баёнияи Анҷумани вукалои ҷиноии Итолиё рӯзи 10 июн ба нашр расидааст. Тарҳи “ҳимоят аз вакилони зери хатарбуда” аз ҷониби ин созмони ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.

Сурат: camerepenali.it
Дар баёнияи ин созмон омада, ки “дифоъ аз ҳуқуқҳои бунёдии адвокатҳо барои анҷоми фаъолияти касбияшон ҳақи онҳо мебошад, аммо на ҳамеша вакилон аз чунин ҳуқуқҳое бархӯрдоранд. Мушоҳида мешавад, ки дар бисёр мавридҳо ҳамкорони мо (адвокатҳо) ба хотири анҷоми фаъолияти касбияшон мавриди таъқибу фишор қарор мегиранд, гоҳо зиндонӣ ва ҳато кушта мешаванд”.

Ҳамчунин қайд гардида, ки адвокатҳои зери хатар қарордошта аксаран мунзавӣ ва фаромӯш мешаванд. Идомаи ҳимоятҳои модӣ ва маънавӣ аз вакилони зери хатар қарордошта чи аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чи аз ҷониби ҳамкоронашон боиси тақвияти руҳияи онҳо гашта ва ба идомаи муборизаи онҳо кумак хоҳад кард.

Анҷумани адвокатҳои ҷиноии Итолиё тасмим гирифт, тарҳи наверо бо номи “Адвокатҳои зери хатар қарордошта” роҳандозӣ кунад. Ин тарҳ аз ҷониби Федерико Чапеллети, Никола Канестрини, Эзио Мензионе ва Ҷорҷиё Чигала мудирият хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ин тарҳ ҳимоят аз адвокатҳоест, ки ҷонашон зери хатар қарор дорад. Ин созмон тасмим дорад дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои ҳомии ҳуқиқ адвокатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳуқуқи аз дастрафтаи адвокатҳо ҳимоят кунад, омадааст дар ин баёния.

Бузургмеҳр Ёров танҳо вакили зиндонӣ аз Тоҷикистон ва минтақа мебошад, ки номаш дар листи вакилони зери хатари Анҷумани вакилони ҷиноии Итолиё ворид гаштааст.

https://azda.tv/buzurghmiekhr-iorov-khamchun-advakati-zieri-khatar-etrof-shud/?fbclid=IwAR3cQowtnXoc6JFX9m6qE5nhb77hVrEicLdP-63mmfbAmh3b9eBZrvUda0A

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights