Иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои бегона. То қуҷо ин амал қонунӣ буда ва оқибати он чӣ мешавад? Ин мавзӯи барномаи имрӯзаи мо мебошад.
Иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ метавонад ду намуд шавад – бо подош ва бе музд, аз рӯи ақида, қасос ва дигар омилҳои ба маблағ вобаста набуда, бо подош, яъне зархаридӣ (наёмник). Вобаста ба ҳамин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи махсус аст, ки иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандиро дар чунин амалиётҳо манъ кардааст.