Tuesday, January 31, 2023

ФАВРӢ: ДАР ЗИНДОН БА САЙФУЛЛОЗОДА ҲАМЛА КАРДАНД!

Дирӯз, 29 сентябр зиндонии сиёсӣ ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бино ба иттилои манбаи Аздо тв, шоми дирӯз Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода бар асари як ҳамла аз ноҳияи сараш зарба хӯрда, пирамарди 70-сола дар беморхонаи зиндон бистарӣ шудааст.

Ҳамлагар бо чойник ба сари Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода зада, пешонии номбурда хуншор шуда, айни ҳол дар “Санчаст”-и зиндон бистарӣ мебошад.

Пайвандонаш мегӯянд, пеш аз ин ҳамла низ вай бемор буда, дар “Санчаст” нигаҳдорӣ мешуд ва як ҳафта мешавад, ӯ ҳеч тамосе барқарор накардааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони шинохтаи кишвар айни замон дар бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми сохтаи мақомот 6 сол пеш боздошт ва барои 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

https://azda.tv/favri-saifullozoda/?fbclid=IwAR1Deyd5cHh0Kw1viaYg8ud_4CfIt1-nCslKSC20PGAfN5k0nd7oLZbz4kY

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights