Tuesday, January 31, 2023

Номаи Бунёди “Бузургмеҳр” ба Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби президент, Бунёди Бузургмеҳр Ёров оиди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хело нигарон аст, алалхусус оиди вазъи ҳуқуқҳои маҳбусони сиёсӣ. Хабарҳои охирон аз кишвар боз як бори дигар ин нигаронии моро тақвият мебахшанд.

Эҳтимолан Шумо хабар надоред, ки барои ба унвонии Шумо бо ариза муроҷиат намудан ду маҳбуси сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқ ба ҷазои вазнинтарин дар маҳбасҳо  ғ ба ҷойгир намудани онҳо дар ШИЗО (мавқуҳгоҳи ҷаримавӣ) равон шуданд. Ҳол он,ки муроҷиати хаттӣ ба президент ва ё ягон ниҳоди дагари давлатӣ амали ғайриқонунӣ нест ва тибқи Сарқонун ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷозат дода шудааст.

Бунёди Бузургмеҳр Ёров боварии комил дорад, ки сабаби асосии муҷозот додани ин ду маҳбуси сиёсӣ маҳз муроҷиат ба номи Шумост. Чунки  намояндагони мақомот намехоҳанд,ки шумо  мактуби онҳоро баррасӣ кунед ва дар натиҷаи  баррасии он  хатогӣ ва ҷиноятҳои онҳо дар рафти тафтишот  ва мурофиаҳои судӣ ошкор шавад.

Мисоли одитарин ин дахолати Шумо дар қазияи пурсадусадои Мадина Маҳмадҷонова мебошад,ки маҳз пас  аз дахолати шахсии Шумо ва Раиси шаҳри Душанбе он аз нав дида баромада шуда, чандин  хатогӣ ва ҷиноят дар мавриди барасии он ошкор шуда, кормандони масъули мақомоти қудратӣ муҷозот шудаанд. Ин бори дигар исбот мекунад,ки дахолати шахсии Шумо ва ё дигар мақомдори болорутбаи давлатӣ албатта,ки хатогиҳои тафтишоту судро муайян мекунад.

Муроҷиати ду маҳбуси сиёсӣ ғ Раҳматуллои Раҷаб  ва Зубайдуллои Розиқ оиди аз сари нав баррасӣ намудани парвандаи онҳо ягон амали ғайриқоунӣ нест. Аз ин лиҳоз Бунёди Бузургмеҳр Ёров пурра дархости онҳоро дастгири менамояд.

Бунёди Бузургмеҳр Ёров  аз Шумо, чун сарвари кишвар ва кафили ҳуқуқи инсон, хоҳиш дорад,ки дар қазияи  Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдулло Розиқ саҳми бевоситаи худро гузоред. Мо боварии комил  дорем,ки маълумоти ба Шумо расонидаи прокуратураи генералӣ ва ё дигар мақомот нодуруст ва ғаразнок аст.  Ва маҳз  дахолати шахсии Шумо дар ин парванда ҳам адолати судӣ ва иҷтимоиро барқарор мекунад, ки ин боиси боз баландтар шудани обуруи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ хоҳад шуд.

Умедворем,ки мурочиати мо бе ҷавоб намемонад ва адолат суди дар Тоҷикистон барқарор мешавад.

Замима: мактуби маҳбусони сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб  ва Зубайдуллои Розиқ

Бо эҳтиром

Бунёди “Бузургмеҳр”

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights