Tuesday, January 31, 2023

МУРОҶИАТИ ҲАМСАРИ МАҲМАДАЛӢ ҲАИТ БА МАҚОМОТИ ТОҶИК

Савринисо Ҷурабекова, ҳамсари маҳбуси сиёсии тоҷик, пас аз муроҷиатҳои чандинкаратина ба унвони сардори муассисаи тафтишотии ЯТ 9\1 ва Сардори СРИҶҶ ВА ҶТ Мансурҷон Умаров оиди равшанӣ андохтани масъалаи радди вохурӣ бо ҳамсараш ба Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон ва ба Прокуратураи генералӣ бо ариза муроҷиат намуд.

Аз тамоми дӯстон, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шахрвандии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ин муроҷиат ва қазияро расонавӣ кунед. Масъала сиёсӣ нест – он сифр қонунист, сухан дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқуи инсон меравад.

Матни аризаи мазкур дар поён оварда мешавад:

Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Умед Бобозода,

Ба Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо

дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии

Прокуратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз номи ҳамсари маҳбуси сиёсӣ

Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович

Ҷӯрабекова Савринисо Қурбоновна

Суроға: ш. Душанбе, Алишери Навоӣ 17/4

АРИЗА

Дар баробари пешниҳод намудани аризаи худ ба маълумоти Шумо мерасонам, ки шавҳари ман, Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, ки соли 2016 дар суд паси дарҳои баста, бо якчанд моддаҳои ҷиноятӣ гунаҳгор ҳисобида шуда буд, айни замон дар муассисаи тафтишотии ЯТ 9/1 Вазорати адлия нигоҳ дошта мешавад. Аз сабаби оне, ки ба ӯ ҷазои аз ҳама вазнинтарин – ҳабси абад таъин карда шудааст, мулоқоти ман бо ӯ фақат дар шаш моҳ як маротиба сурат мегирад.

24-уми ноябри соли ҷорӣ ман бояд бо шавҳарам вохурӣ медоштам, вале роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ ба ман иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарамро надоданд. Гӯё ӯ тартиботи муассисаро вайрон намуда, бо қарори раҳбарияти ин муассиса аз вохӯрӣ маҳрум шудааст. Муроҷиатҳои ман ба муассиса ва сардори СРИҶҶ ВА ҶТ Мансурҷон Умаров барои иҷозаи вохӯрӣ ягон натиҷа надод.

Бояд қайд кард, ки ду рӯзи аввал на дар СРИҶҶ ва на дар муассиса ягон маълумоти аниқ, ки шавҳарам кадом тартиботи дохилӣ ва чӣ гуна онро вайрон кардааст ба ман гуфта натавонистанд. Вақте ба онҳо суол дода мешуд, барои гирифтани посух манро аз муассиса ба сарраёсат ва аз онҷо ба муаасиса равон мекарданд.

Билохира рӯзи 27-уми ноябр баъд аз мулоқот бо Мансурҷон Умаров манро ба муассиса равон карданд ва сардори муассисаи ислоҳӣ як сабаби номақбул ва шубҳанокеро, ки гӯё он асос барои маҳрум кардан аз вохурӣ шудааст, баром гуфт. Он сабаб ин буда, ки гӯё шавҳарам чанд маротиба гаштугузори рӯзонаро рад кардааст.

Тибқи талаботи моддаҳои 120 ва 122-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, набаромадан ба гаштугузор ин ашаддӣ вайрон намудани тартиботӣ дохилии муассиса ба ҳисоб намеравад. Одам хоҳад меравад ба гаштугузори рӯзона нахоҳад не.

Чунин далели беасос пеш овардани сардори муассиса шубҳа ва нигарониҳои манро нисбати вазъи саломатии шаваҳарам зиёд кардааст. Ҳоло суол ин аст, агар сабаб ҳамин бошад, ки раиси муассиса пеш овард, пас чаро ҳангоми муроҷиати аваалам онро ба ман нагуфтанд? Ман аз он хавотирам, ки шавҳарам Маҳмадалӣ Ҳаит шиканҷа шудааст ва ҳолати саломатии ӯ намегузорад, ки бо ман вохӯрад. Шояд аломатҳои шиканҷаву азоб дар симояш вуҷуд дорад ва кормандони муассиса барои фош нашудани он иҷозаи вохӯриро намедиҳанд.

Ман ҳатто намедонам, ки шавҳарам дар қайди ҳаёт ҳаст ё не. Хоҳишамро, ки ақалан иҷозат бидиҳанд шавҳарамро аз дурӣ бинам, низ аз тарафи масъулони боздоштгоҳ рад карда шуд.

Аз ин лиҳоз, ба Шумо муроҷиат дорам, ки дар ин қазия дахолат кунед ва сабабҳои аслии манъи вохӯриро муаяйн кунед ва барои ман иҷозат дода шавад, ки шавҳарамро бинам ва боварӣ пайдо кунам, ки саломат аст ва дар зиндон шиканҷа нашудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ин ҷо нафақат ҳуқуқҳои Маҳмадалӣ Ҳаит ба вохурӣ бо оила ва пайвандонаш вайрон шудааст, балки ҳуқуқи конститутсионии ман низ вайрон шудааст.

Умедворам, ки Шумо муроҷиати манро ҳарчи тезтар дида мебароед ва дар ин қазия саҳми муфиди худро мегузоред.

Бо эҳтиром Ҷурабекова С.Қ

29.11.2021

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights