Tuesday, January 31, 2023

Ҳимоятгар

Дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ ба сифати ҳимоятгар адвокатҳо ва ҳамчунин дар асоси қарори судя, муфаттиш ва ё таҳқиқбаранда мумкин аст, ки хешовандони наздик ва намояндагони қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба  пешбурди парванда роҳ дода шаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки адвокат ин ҳуқуқшиноси касбӣ мебошад, вале хешовандони наздик ва ё намояндаи қонунӣ гуфта Қонун чиро дар назар дорад шояд на ҳама донанд.

Намояндагони қонунӣ ин падару модар, фарзандон, васиён, парасторони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё ҷабрдида, намояндагони муассиса ва ташкилот, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё ҷабрдида таҳти парастории онҳо қарор дорад метавонанд шаванд.  Ашхоси номбаркардашуда метавонанд дар мурофиа ҳимоятгари ноболиғон шаванд.

Хешовандони наздик бошад ин падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар ҳисобида мешаванд.

Дар асоси талаботи моддаи 50 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон шахсони дар боло зикршуда аз ҷониби дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо супориш ё ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват карда мешавад.

Яке аз ҳуқуқҳои  шахсони зери тафтишон қарор дошта ин ҳуқуқи даст кашидан аз ҳимоятгар мебошад (м.52 КМҶ ҶТ).

Дар қисми якуми моддаи 52 КМҶ оварда шудааст, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳзаи пешбурди парванда бо ташаббуси худ, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, аз хизмати ҳимоятгар дар ҳузури ў даст кашанд. Яъне ин маънои онро дорад, ки боздоштшудаҳо ҳатман аввал бояд бо ҳимоятгар во хуранд ва баъд ариза оиди даст кашидан аз хизмати ҳимоятгарро нависанд. Он усуле, ки дар тафтишоти имруза маъмул аст, ки дар он боздоштшуда аллакай дар рузҳои аввали оғози парванда бе иштироки ҳимоятгар аз хизмати ӯ даст мекашад ғайриқонунӣ аст.

Даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар надоштани маблағ барои пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгар шаҳодат медиҳанд, иҷозат дода намешавад. Агар шахс ва хншовандони  наздики боздоштшуда маблағ барои гирифтани адвокат надошта бошанд, онҳо бояд ба муфаттиш, судя, таҳқиқбаранда бо аризаи таъмини адвокат муроҷиат кунанд. Ва ё ба ягон коллегия адвокатҳо хаттӣ оиди расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ бояд муроҷиат кард.

Ҳарчанде, ки ба шахс ҳуқуқи даст кашидан аз ҳимоятгар дода шуда бошад ҳам, вале ҳолатҳое ҳастанд, ки иштироки  ҳимоятгар дар мурофиа ҳатмист.

Мутобики талаботи қисми 1 моддаи 51 КМҶ ҶТ : 

Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳо ҳатмист, ба шарте ки:

– дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда бинобар камбудиҳои ҷисмонию рўҳӣ ҳуқуқи худашонро оид ба ҳимоя  мустақилона амалӣ карда натавонанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонанд;

– судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ намояд;

– айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ кунад .

– шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад.

Даст кашидан аз ҳимоятгар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро аз ҳуқуқи дар оянда изҳор кардани дархост доир ба роҳ додани ҳимоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ маҳрум намесозад.  Яъне, ки шахс метавонад дилхоҳ маротиба аз хизмати ҳимоятгарон даст кашад ва онҳоро дубора ҳам даъват кунад. Инчунин набояд фаромуш кард, ки  Қонун низ шумораи ҳимоятгарони дар мурофиа даъватшударо маҳдуд накардааст.  

Маълумоти дар боло оварда шуда барои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, ҳамчунин барои наздикони онҳо баҳри  дуруст интихоб намудани ҳимоятгар, даъват  ва  ивази он  хело муфид хоҳад буд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights