Thursday, April 18, 2024

Ба Ораз Вазирбеков хатари истирдод ва зиндон таҳдид мекунад

Ба Ораз Вазирбеков, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикистониёни муқими Русия, хатари истирдоди ғайриқонунӣ ва зиндон таҳдид мекунад.

Чӣ хеле, ки пештар Pamir Daily News дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дода буд, айни ҳол мақомоти қудратии Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои истирдод ва оғози парванда нисбати Ораз Вазирбеков дида истодааст.

Ораз Вазирбеков яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зодаи шаҳри Хоруғ буда, зиёда аз 23 сол мешавад, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад. Ӯ шаҳрвандии ин давлатро низ дорад. Вазирбеков баъд аз ҳодисаҳои 25-28 ноябри соли гузашта дар Хоруғ, ба монанди дигар фаъолон, аз амалҳои кормандони мақомоти қудратии тоҷик танқид ва талаби баррасии одилонаи ин қазияро карда буд.

Мақомот барои хомӯш кардани эътирози мардум бо «Гурӯҳи 44» ба мувофиқа омада, ваъда дода буд, ки қазияи куштори Гулбиддин Зиёбеков, Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбековро пурра,ҳаматарафа ва объективӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Вале баръакс, бар ивази ин мақомот алайҳи тамоми фаъолоне, ки талаби адолати судӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткоронро карда буданд бо ҳар баҳона парванда оғоз карда, онҳоро паси панҷара равона карда истодааст. Дар рафти баррасии парвандаи ин ашхос дар бораи адолати судӣ, дастрасӣ ба маълумот ва ҳимояи баландсифати ҳуқуқӣ сухан ҳам намеравад.

Айни ҳол чунин амалҳо нисбати Ораз Вазирбеков низ татбиқ шуда истодаанд. Моҳи феврали ҳамин сол Ораз Вазирбеков дар як баёниааш гуфта буд, ки мақомоти тоҷик бо дархорст барои истирдоди ӯ ба Русия муроҷиат кардаанд ва агар ӯ баногоҳ дар Тоҷикистон пайдо шавад, пас ин маънои онро дорад ки ӯро рабудаанд.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз ҳолати ба вуҷуд омада хело нигарон буда, аз мақомоти дахлдори Русия ва Тоҷикистон талаб дорад то онҳо даст аз таъқиби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои худро ба таври қонунӣ ҳимоят кардаанд, бардоранд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights