Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона, 11-уми феврали соли 2020 баъд аз баҳсу баррасӣ ва таҳқиқи парвандаҳои 11 нафар аз аъзои зиндонии ҲНИТ ба хулоса расид, ки боздошт ва маҳкум шудани Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматулло Раҷаб, Зубайдулло Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдулқаҳҳор Давлатов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Шариф Набиев ва Абдусамат Ғайратов ба муддатҳои дароз дорои ангезаи сиёсӣ буда, бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин ҳам СММ аз ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии Маҳмадрузӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадалӣ Ҳаитро низ талаб карда буд, ки то ҳол ҳукумати Тоҷикистон ин дархостро иҷро накардааст.