Tuesday, December 5, 2023

“Эътироф”-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов чӣ мушкил дорад?

Муаллифони филм бар он таъкид мекунанд, ки Мамадшоева ва ҳамсари собиқаш Холбаш Холбашов барои гузаронидани тазоҳурот омодагӣ дида буданд.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва муассиси “Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, дар ин маврид ҳеч иқдоми ғайриқонунӣ мушоҳида намешавад, ҳатто агар созмон додани тазоҳурот барномарезӣ шуда бошад.

“Ҳеч як иқдоми эътрозӣ ё таҷаммӯи ғайриқонунӣ набояд боис ба кушта шудани муътаризон шавад, то он даме ки онҳо таҳдиде барои ҷомеа, амволи давлатӣ, ҳаёт ва саломатии кормандони интизомӣ ва ё шаҳрвандони мулкӣ намегарданд. Дар ин мавриди хос чизе ба ин монандро намебинем. Аз ин рӯ, суоле ба миён меояд, ки чаро нерӯҳои интизомӣ алайҳи шаҳрвандони норозӣ оташ кушонданд?”-зикр мекунад Ёров.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, шоҳидӣ бар зидди худ бо қонунгузории Тоҷикистон дар таноқуз нест. Бо вуҷуди ин, маълум нест, чунин шоҳидӣ таҳти кадом шароите муяссар шудааст. Биноан, тибқи қонун ниёз ба фароҳам шудани далелҳои воқеӣ аст.

https://www.ozodi.org/a/31873596.html?fbclid=IwAR0R49BfRAUSKfW8X49K8TUC_n9BU9uMldW5UKN-oCBL2PqcF6y4eDV3Jbo

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights