Tuesday, January 31, 2023

Бунёди “Бузургмеҳр фаъолияташро оғоз мекунад

Бунёди «Бузургмеҳр» ташкилоти ҳуқуқӣ буда, берун аз Тоҷикистон аз ҷониби хешу наздикони маҳбусони сиёсии кишвар таъсис ёфтааст.

Маром ва мақсади Бунёди «Бузургмеҳр» баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии мардум, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ниёзмандон, баррасӣ ва расонавӣ кардани қазияҳои маҳбусони сиёсӣ ва афродe, ки таҳти таъқиб қарор доранд, инчунин мониторинги вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мебошад.

Дар сомонаи Бунёди «Бузургмеҳр» ҷузъиёти парвандаҳои пурсарусадо, баррасии тағйиру иловаҳо дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратҳои ҳуқуқӣ, барномаҳои видеоӣ-омӯзишӣ омода ва нашр мешаванд.

Бунёд ба хотири маҳбуси сиёсии тоҷик, дорандаи ҷоизаи “Homo Homini-2019”, ҷоизаи ба номи “Файзинисо Воҳидова-2019” ва дипломи “Ҷоизаи Ватслав Ҳавел -2019”, адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров номгузорӣ шудааст.

Шумо низ метавонед дар ин пружа бо мо саҳмгузор бошед!

Шиори мо: Тарвиҷ ва татбиқи волоияти ҚОНУН дар кишварамон Тоҷикистон аст.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights