Friday, March 29, 2024

Зодрӯз муборак бошад, Раҳматуллои Раҷаб!

Имрӯз 05.06.2022 сол, 64-умин солгарди мавлуди яке аз зиндониёни сиёсии тоҷик – Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб аст.
Чӣ тавре, ки ҳамагон медонанд, дар натиҷаи дасисаҳои сиёсӣ ва парвандаи фармоишӣ ӯ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ-ро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳукумати Тоҷикистон зиндонӣ кардааст. Раҳматуллои Раҷабро ба 14 моддаи Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам намуда ӯро ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд. Алакай 6 солу 9 моҳ мешавад, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар зиндон умр ба сар мебарад.
Номбурдаро ҳатто дар зиндон чандин маротиба зери шиканҷа қарор доданд, то аз додхоҳияш даст бардорад ва ба фазои зиндон тан бидиҳад. Бори охир санаи 01.11.2021 сол ӯ ва Зубайдуллои Розиқ ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон нома навишта дархости аз сари нав баррасӣ намудани парвандаҳояшонро намуда, хоста буданд, ки парвандаашон дар Суди кушода бо иштироки намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон ба таври одилона бозбинӣ шавад. Аммо аз тарафи кормандони муассисаи ислоҳӣ ин ду маҳбуси сиёсиро ба ШИЗО ё худ утоқи ҷаримавӣ интиқол доданд. Пайвандонаш мегӯянд, айни ҳол Раҳматулло дар зиндон хеле лоғар шудааст, аммо вазъи саломатияш хуб аст ва бо ҳамон иродаи қавӣ мушкилиҳои зиндонро паси сар дорад.
Дар ин рӯзи фархунда Бунёди “Бузургмеҳр” Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва тамоми аҳли хонаводаи ӯро табрик намуда, ҳарчӣ тезтар озод шудани ӯро таманно дорад. Ба ин зиндонии сиёсӣ, марди наҷиб ва қавиирода умри дароз, саломатӣ ва истодагарӣ дар ин рӯзҳоро ба ӯ таманно дорем.
Фаромӯш накунед, ки шумо танҳо нестенд. Мардуми озодандеш ва ватандӯсти Тоҷикистон шуморо фаромӯш накардаанд. Ҳамагон орзуӣ ҳарчӣ тезтар озод шудани шумо ва дигар маҳбусони сиёсиро доранд ва умедвор ҳастем, ки ба наздикӣ тантанаи Адолат барои ҳамагон дар кишвари азизамон Тоҷикистон барпо мегардад.
Зодрӯз муборак бошад, Раҳматуллои Раҷаб!

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights