Ба унвони Бунёди “Бузургмеҳр” номаи Эминов Дилшод ворид шудааст, ки дар ин нома ӯ гуфтаҳои зиндонии тоҷик Ҳасанов Ҳасанро дар бораи рӯйпуш кардани ҷиноятҳо (аз қабили куштор, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар) аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ, шарикӣ дар ҷиноятҳо ва умуман дар бораи амалу кирдони гурӯҳи ҷиноятии муташаккили трансмиллиро тасдиқ мекунад. Инчунин Эминов Дилшод дар ин номааш аз нақшаи ҷисман нобуд намудани Ҳасанов Ҳасан дар дохили зиндон хабар додааст.
Бунёди “Бузургмеҳр” ин номаро бидуни таҳрир нашр мекунад.
Шакли комили нома:
Нафаҳмидам нагӯед, нашунидам нагӯед! Ҳолате, ки ман Эминов Дилшод Абдусаломович писари Файзиниссо, амакам Эминов Абдумутолиб мебошад, баён менамоям, ки тамоми мақомотҳои қудратии кишвар медонанд, аммо то имрӯз чора андешиданӣ нестанд ва чора андешиданӣ низ намебошанд. Зеро мақомотҳои қудратии Тоҷикистон бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллии Тоҷикистон алоқамандии зич дошта, ба ин тариқ аз онҳо муттаҳаму тобеъ буда, намехоҳанд, ки амалҳои худи онҳо оиди ҳамкориашон барои ба даст овардани фоидаи муфт аз гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар фош шавад. Барои ҳамин ҳамсинфи ман Ҳасанов Ҳасан Аҳтамович чанде пеш дар моҳи ноябри соли 2021 дар рӯзномаи “Самак” баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиони “ Тоҷикистон“ саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятии трансмиллӣ Зоидов Баҳравар, Сангинов Мустақим ва дигаронро фош намуд. Ман низ яке аз аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ буда, дурустии арзу шикоятҳои ӯ ва мақолаҳои дарҷшудааашро бори дигар тасдиқу такрор менамоям. Бо дигар аъзоёни фаъоли муташаккили ҷиноятӣ Давронов Даврон ҳамеша дар тамоси телефонӣ будам, ҳоло бошад ба ман маълум шуд, як қатор аризаҳое, ки тобистони соли 2021 Ҳасанов Ҳасан аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВАҶТ оиди баргардонидани амволҳои қонуниаш нисбати Давронов Даврон ба Прокуратураи генералии ҶТ навишта буд, барои баррасӣ ба шуъбачаи милисаи минтақаи Ваҳдати ШВКД дар ш.Исфара равона шуда буд. Аз рӯйи қонунҳои мурофиавӣ ҳар як ариза бояд дар муддати 3 рӯз баррасӣ шавад. Ба тариқи истисноӣ ин муҳлатҳо то 10 рӯз дароз шуда метавонад, аммо инак зиёда аз 9 моҳ гузаштааст, милисаи минтақаи Ворухи ш.Исфара чорае наандешида, муҳлатҳои мурофиавиро вайрон намуда, қароре қабул накарда, фақат ва фақат ба таҳқиру таҳдиди оилаи Ҳасанов Ҳасан гузаштааст, ки оилааш дар фикри худкушиаш мебошад. Аз ин амали онҳо ба тарсу даҳшат омада, моҳҳои дароз дар беморхона бистарӣ мебошад. Тамоми амалҳои ин милисаҳо ва саркардаҳои гуруҳи ҷиноятӣ ба он равона шуда истодааст, то ки ба Ҳасанов Ҳасан таъсири манфӣ расонанду дигар нишондод надиҳад. Нақшаи ҷисман нобуд намудани Ҳасанов Ҳасан дар дохили муассисаи ислоҳӣ тарҳрезӣ шуда истодааст. То ҳатто муфаттиш Турсунов корманди прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд, ки вазифаи робита бо аҳли ҷомеаро барои кушодани ҷиноятҳо дорад, рақамҳои телефониро намебардорад. Фақат баъди ба ҷомеа маълум шудани беамалии ӯ моҳи феврали соли 2022 ба пурсиши рӯякии Ҳасанов Ҳасан мераваду ӯро таҳдиду фишор намуда баргашта меояд.
Ман яке аз нафарони ҳаммаслакони Ҳасанов Ҳасан мебошам. Сабаби иқрору таслим шуданамро дар давоми навиштаҳоям ба шумо маълум менамоям. Барои ҳамаи хонандагону бинандагони матбуоту телевизионҳо маълум аст, ки Ҳасанов Ҳасан арзу шикоятҳояшро ба тамоми мақомотҳои қудратии Тоҷикистон карда, ҳатто ба матбуоту интернетҳо пахш кардааст, ки зиёда аз 20 нафар ҳаммаслаконашро ошкор намуда, ба гуноҳаш иқрор шуда, инчунин дигар ҷиноятҳоро фош намудааст, ки ин ҷиноятҳои трансмиллӣ мебошад. Дар ҳақиқат солҳои 2009-2017 бо роҳбарии сардори гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Зоидов Б., Бобоумаров Н., Бобоев Б., Сангинов М. бо маслиҳати пешакӣ барои аз байн бурдани Ҳасанов Ҳасан ё ба маҳбаси тулонӣ намудан нисбаташ нақшаҳо кашида, бисёр андешаҳои гуногун мекарданд, ки молу амволашро бо кадом роҳ соҳиб гарданд. Дар натиҷаи ин амалу рафтори ношоистаашон 2 майи соли 2018 амалӣ гардида, ба мақсади худ расиданд. Ҳасанов Ҳасанро мақомоти прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ба ҳабс гирифтанд, зиндонӣ карданд. Сардори гурӯҳи ҷиноятӣ Зоидов Б. ва Бобоумаров Н. аллакай тамоми нақшаҳоро кашида, адвокат ва муфаттишро барои Ҳасанов Ҳ. интихоб карда буданд. Адвокат Исохуҷа Зайниддинзода ва муфаттиш Қурбонализода Низом аз хати кашидаи Зоидов Б. ва Бобоумаров М. намебаромаданд. Тамоми молу амволи Ҳасанов Ҳасанро соҳиб шуда, ӯро аз озодӣ маҳрум намуданд, ки ин ҷиноят 7 сол пеш соли 2011 рух дода буд. Дере нагузашта, соли 2020 боз ба муассисаи ислоҳӣ нисбати Ҳасанов Ҳ. ариза ташкил намуда, ин дафъа ҷинояти соли 2010-ро фақат бар сари Ҳасанов Ҳ. туҳмат намуда, бо ҳамин мақомоту боз ҳамин шахсон 5 соли дигар муҳлати ҷазояшро дароз намуданд. Ин ҳама нақша барои асабонӣ кардани Ҳасанов Ҳасан равона шуда буд, ки ӯ ноумед шавад аз озодӣ ва ба дигар мақомотҳо муроҷиат накунад. Бо ҳамин роҳ мехостанд ӯро аз байн баранду ҷиноятҳои кардаашон фош нашавад ва онҳо ҷиноятҳояшонро боз давом диҳанд. Аз назари нуқтаи ман ин дафъа Ҳасанов Ҳасан ҳушёрӣ карда, адвокати бегона Шоевро даъват намуда, тамоми сиру асрорашонро дар мурофиаи судӣ фош мекунад. Нисбати мо ҳаммаслакон нишондод медиҳад. Судяҳо худ аз ҳоли кор бохабар буданду аммо намехостанд, ки Ҳасанов Ҳ. ин тавр мубориза барад. Вале аз рӯи ноилоҷии мо ҳаммаслакон судя таъиноти хусусӣ мебарорад. Барои ваҳҷҳои насанҷидани аъзоёни гуруҳҳои ҷиноятӣ ба мақомоти прокуратураи нақлиётӣ супориш медиҳад, ки аз нав тафтиш карда шавад. Дар ин маврид Ҳасанов Ҳасан ба мақомоти қудратӣ ариза ирсол мекунад. Аз он ҷумла ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат оиди ҳамаи мо ҷинояткорон бо аъзоёни гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ мо пинҳон мешавем дар ин вақт саркардаҳои гуруҳи ҷиноятӣ Даврон Даврон, Зоидов Б. ва дигарон аз мо пули калон талаб менамояд. Мо ҳамакаса 100 ҳазор доллари ИМА ҷамъ менамоем ва ба онҳо медиҳанд. Ҳоло ба ман Давронов Даврон хабар дод, ки прокурори нақлиётии вилояти Суғд Ҳусейнзода мактуби № 12/6М аз 21.02.2022 солро равона намуда ва хабар додааст, ки аз сабаби он ки касе дар Тоҷикистон нест истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ боздошта мешавад. Ҳол он ки прокурор бояд кофтукоби ҷиноятии моро эълон намояд. Моро дастгир намояд, ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Яъне дида мешавад, ки прокурор пули калонро гирифта, намехоҳад ки чора андешад. Шахсан ман ва дигар аъзоёни гуруҳи ҷиноятӣ аз додани пул ба кормандони прокуратура безор шудем. Хоҳиш менамоем, ки мақомотҳои қудратӣ кафолат диҳанд, ки моро шиканҷа намекунанд, мо ба тафтишот ҳозир мешавем. Дар назди қонун ҷавоб медиҳем. Хоҳиш менамоем, тафтиши парвандаро кормандони амният гиранд, то ки дар қатори мо прокуророни порахур, милисаҳои ришвагар ва дигар кормандони давлатиро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Илова бар замми ин Зоидов Баҳравар бо амакаш Сангинов Мустақим ду нафар аъзоёни гуруҳи муташаккили ҷиноятиашонро бо ҳар роҳҳои найрангу бофташуда дар шаҳри Кемироваи Федератсияи Русия тахминан солҳои 2010-2013 ба қатл расонданд. Аз ин ду нафари ба куштор дархостшудааш нисбати якеашон тирашон хато худ. Зеро иҷрочиёну ташкилотчиёни куштор ба ҷои куштани аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ як шахси бегуноҳ додари аъзои гуруҳи ҷиноятиро, ки ягон маълумоте надошт, ба дарёи Том партофта, ӯро дамгиру нафасгир карда, ваҳшиёна ба қатл расониданд ва барои пӯшонидани ин ҷинояташон кушторро овоза карданд, ки гӯё кори тасодуфӣ буд. Зеро ин ҳама дархости ҷиноии роҳбари гуруҳ Зоидов Б. бо нафарони наздикаш буд, то ки дигар аъзоёни гуруҳро тарсонанд ва онҳо аз тарс дар гуруҳи ҷиноятӣ фаъолияташонро қатъ нанамоянд ва дар ҳудуди Тоҷикистон низ фаъолияташонро давом диҳанд. Падари Бобоев Бунёд аз ин рафтори писар ва қудояшон Зоидов Баҳравар ба дод омада, аз шармандагиву нанги номуси халқ безорӣ ҷуста, мубориза мебурд, то ки мақомотҳои қудратӣ ин ҷинояткоронро ва дигар шахсони дар гирду атрофи онҳо бударо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, нисбаташон чораҳо андешанд ва онҳоро дастгиру маҳкум намоянд. Дар ин масъала зиддият байни падару писар қудояшон Зоидов Б. ва падари Зоидов Б. Муллоносир душманиву ҷангу ғавғоро оғоз менамоянд. Рӯзе дар ин мавридҳо бо фармони Зоидов Б. 50 кг героинро язнааш Бобоев Бунёд ва язнаи дигараш Бобоев Беҳруз ба хонаи Бобоев Бунёд ба анборхонааш барои қасди интиқоли қочоқ додани он ба Русия оварда, ғайриқонунӣ пинҳон мекунанд. Падари Бобоев Бунёд ин навбат огоҳӣ ёфта, тамоми маводи мухаддирро ба ҷое бурда, ҳамаашонро оташ мезанад, ки арзиши 50 кг героини нобудшуда дар ҳудуди Русия 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз ин ҳодиса Бобоев Бунёд огоҳӣ ёфта, ба додарарӯсаш Зоидов Баҳравар хабар медиҳад. Байни қудоҳо тезу тундиву душманӣ дар шакли нав авҷ мегирад. Хулоса, Зоидов Б. огоҳ мешавад, ки падари язнааш ба саҳрои таги кӯҳе дари Хоҷа Қорбобои деҳаи Исфара ба он ҷо рафта, огоҳӣ ёфта, дар онҷо онро ваҳшиёна ва бераҳмонона ба дор мекашанд, ки ин шахс тахминан 60 сола буд. Ин ҷинояти даҳшатангезро ҳама аз тарс рупуш мекунанд. Мегӯянд, ки амаки Бобо худашро ба дор овехт, то ки дигар силсила кушторҳо вуҷуд наояд. Вобаста ба сӯхтор қайд намуданиам, ки Бобоев Беҳруз бо ҳамшарики ҷиноятиаш Шоманзилов Асадулло аз сабаби дуздидани маводҳои мухаддир суханҳояшон тезу тунд шудан мегиранд ва хиёнати дутарафаашон ошкор мешаванд. Барои қассос гирифтан Бобоев Б. хонаи дуошёнаи Шоманзилов А.-ро пурра оташ зада, ба хок яксон мекунад. Ҳамзамон ӯ мақсад дошт, ки дар сӯхтор тамоми аҳли оилаи Шоманзилов А.-ро сӯзонда, бо ин роҳ куштори онҳоро амалӣ намояд. Аммо хушбахтона, мардум қисми сухторро хомӯш намуданд. Аз муроҷиатҳои Ҳасанов Ҳасан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаи “Самак” дида мешавад, ки ӯ талаб дорад, то нисбати аъзоён ва ташкилотчиёни ҷиноятӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ҳатто дар ин хусус ӯро мақомотҳои қудратӣ намепурсанд. То ҳатто таъиноти суди шаҳри Исфара оиди андешидани чораҳо аз моҳи декабри соли 2020 сарфи назар карда мешавад. Ман бо хешовандони Ҳасанов Ҳ. ба алоқа баромада, муайян намудам, ки муфаттишон Абдулмаҷидов Беҳруз ва Қурбонализода Низом ба Прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд ба нишондодҳои ӯ умуман аҳамияте намедиҳанд. Зеро барои ман ва дигарон аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ маълум аст, ки ин ҳама пораҳои додаи махсусан калон ба онҳо ба воситаи Зоидов Б. ва Бобоумаров ба кормандони Прокуратура ва Агентии назорати маводҳои нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамааш пеши роҳи Ҳасанов Ҳасанро гирифта истодаанд. Хулоса ин ҳама ҷиноятҳоро Ҳасанов Ҳасан аз аввал огоҳ буд ва Зоҳидов Б. шабҳо хобаш набурда, ба хулоса омад, ки ба воситаи язнааш Бобоев Беҳруз ва падару амакаш Сангинов М. ҳама дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд қарор дошта, аз ӯ қасос гиранд. Муфаттиш Қурбонализода Низом изҳор дорад, ки ӯ хеши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад ва ба ӯ касе кордор шуда наметавонад. Аз Шумо мардуми тоҷик хоҳиш менамоям, ки аз ин бедодгарӣ моро халос намоед, бигузор моро суд намоянд, аммо дар зиндон ҳам бошад мо дар Ватан бошем. То кай мо барои ин прокурорҳо пул ҷамъ мекунем.
Инчунин қайд карданиам, ки нафари дуюмро бо зарби латукуб аз тарафи шаҳрвандони Озарбойҷон дар шаҳри Кемирова ба қатл мерасонад, ки ин характери байналмилалӣ доштани гуруҳи ҷинояткоронро нишон медиҳад. Ҳамчунин онҳо дар шаҳри Хуҷанд буда, нақшаҳои ҷиноятӣ кашида ғайриқонунӣ мақсад доштанд, ки моро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Онҳо мегуфтанд, ки куштори Ҳасанов Ҳасанро ба воситаи корманди муассисаи ислоҳӣ бо номи полковник Файз амал мекунанд, вале чархи фалак Ҳасанов Ҳасанро аз ин нақшаи даҳшатноки ҷинояткоронаи онҳо халос намуд, зеро дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд ошуб ба вуҷуд омад ва полковник Файзро аз кор гирифтанд. Давронов Даврон нисбати ӯ тӯҳмату буҳтонро истифода мебарад ва аз рӯи нақшаи кашидаи Зоидов Баҳравар кор бурда истодааст. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ онҳо амал намуда, ба номи Ҳасанов Ҳасан бо имзои Ҳасанов Ҳасан маблағ гирифтанд ва ин маблағҳоро худашон сарф намуда, минбаъд ӯро ҳамчун қаллоб номбар намуданд. Аммо Ҳасанов Ҳасан ҷинояте содир накардааст. Ба маълумоти Ҳасанов Ҳасан гуфтаниам, ки Зоидов Б. Ҳасанов Ҳасанро аз рӯзи аввал сипари худаш истифода мебурд, тамоми ҷинояти ошкору шахсони дастгиршударо аввал бардуруғ ба сари Ҳасанов Ҳасан бор мекард ва натиҷа ки хуб мешуд ба Ҳасанов Ҳасан ваъда медод, ки ту дафъаи дигар ба фоида ҳамроҳ мешавӣ, кор ки бад мешуд маводҳои нашъаоварро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ошкор мекарданд. Фақат аз Ҳасанов Ҳасан маблағ талаб менамуд, ки характери ҳаракати шинондани ӯ ё ҳабс кардани Ҳасанов Ҳасанро мекашид. Дар вақти халос хурдани Ҳасанов Ҳасан аз ҷиноят ва ҷавобгарӣ маблағи калон тамаъ карда мегирифт.