Бунёди “Бузургмеҳр” аз ҳодисаҳои ахири фишору таҳдид, лату кӯб ва ба ҳар восита монеъ шудан ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Лату кӯб ва мусодираи ғайриқонунии таҷҳизоти кории хабарнигорони Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфзода, Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов, Насим Исамов, мусодираи худсаронаи телефону компютери хабарнигори «Азия-Плюс» Рамзия Мирзобекова, фишору таҳдид нисбати рӯзноманигор Далери Имомалӣ, ҳабси рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева ва боздошту беному нишон шудани блогер Хушом Ғулом аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти қудратии кишвар бар хилофи муқаррароти Сарқонун ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ амал намуда, дар Тоҷикистон сензураро ҷорӣ намуда истодаанд. Ҳамин тариқ дар кишвар монополияи давлатии иттилоот дар ҳоли афзоиш аст, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин кафолати давлатии озоди онро зери хатар мегузорад.
Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷиноят эътироф ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Мо ҳамраъйи “Изҳороти муштаракаи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон” аз санаи 6 июни 2022 сол мебошем.
Бунёди “Бузургмеҳр” беамалии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро нисбати чунин амалҳои ғайриқонунӣ бемасъулиятии онҳо дониста, хостори тафтишоти ошкоро ва ҳаматарафаи қазияҳои пешомада мебошад.