Friday, April 19, 2024

Боз як нафари дигар гуфтаҳои Ҳасан Ҳасановро тасдиқ кард

Ба унвони Бунёди “Бузургмеҳр” номаи навбатие аз номи Авезов Исматулло Бобоҳасанович ворид шудааст, ки дар ин нома ӯ низ гуфтаҳои зиндонии тоҷик Ҳасанов Ҳасанро дар бораи рӯйпуш кардани ҷиноятҳо (аз қабили куштор, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар) аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ, шарикӣ дар ҷиноятҳо ва умуман дар бораи амалу кирдори гурӯҳи ҷиноятии муташаккили трансмиллиро тасдиқ намуда, аз нақшаи ҷисман нобуд намудани Ҳасанов Ҳасанро дар дохили зиндон хабар додааст.
Ба иддаои Авезов то ҳол саркардагони ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.
Чаро саркардагони ин гурӯҳ то ҳол дар назди қонун ҷавоб надодаанд ва боз ба чӣ корҳое даст зада истодаанд дар зер бихонед.

Бунёди “Бузургмеҳр” ин номаро бидуни таҳрир нашр мекунад.

Шакли комили нома:

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Исфара, вилояти Суғд, ҷамоати Ворух

Ман, яке аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯзномаи “Самак” ва намоишҳои телевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум мактубҳои Ҳасанов Ҳасан, арзи доди ӯ, инчунин дигар иштирокчии гурӯҳи ҷиноятии трансмиллӣ Эминов Дилшод Абдусаломовичро хондам, омӯхтам ва аз сабаби он, ки ман низ яке аз ҳаммаслакони ин гурӯҳи ҷиноятӣ мебошам, пурра суханони Эминов Дилшод ва Ҳасанов Ҳасанро дастгирӣ менамоям.

Бинобар ин, ба ҳамаи мардуми бинандаву хонанда маълум менамоям, ки он суханҳое, ки онҳо нашр намуданд, ҳамаашон пурра дуруст мебошад ва онҳо гурӯҳи муташаккили трансмиллии ҷиноятиро пурра ошкор намуданд. Дар ҳолате, ки ин гурӯҳ саркардагонаш ва дигар аъзоёнаш дар назди қонун, дар назди ҷомеа, дар назди халқу Ватан ҷавобгар мебошад ва барои ҷиноятҳояшон бояд маҳкум шаванд. Роҳбарии ин гурӯҳи ҷиноятиро воқеан Зоидов Баҳравар, Бобоумаров Меҳроҷ, собиқ корманди низоми прокуратура, Зоидов Муллоносир, Сангинов Мустақим, Қаландаров Порсо, Давронов Даврон ва дигарон роҳбарӣ менамоянд. Шахсан худи ман дар ин бора гуфтаниям, ки Ҳасанов Ҳасан ба Эминов Дилшод дуруст ва сари вақт ин гурӯҳро ошкор карданд.

Илова, фақат ман гуфтаниам, ки соли 2011 ман дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия ба тиҷорат машғул будам. Падарам Ҳомидов Бобоҳасан ба тариқи вагони роҳи оҳан барои ман бори хушки мевагӣ равон мекард. Ман бошам ҳар моҳ бори хушки мевагиро қабул намуда, савдои хуб тиҷорат мекардам. Охирон маротиба 27 августи соли 2011 дар стансияи роҳи оҳани Исфара аз даруни халтаҳои меваҳои падарам барои интиқол додан ба Россия бор карда буд аз дарунаш 15 кг героинро кормандони гумрук пайдо намуда, падарам Ҳомидов Бобоҳасанро дастгир мекунанд. Падар дар ҳайрат монда, ба кормандони мақомоти гумрук мегӯяд, ки ман аз ин  ҳодиса хабар надорам. Иҷозат диҳанд, ба писарам Ҳомидов Исматулло ба тамос бароям. Шояд ӯ аз ин ҳолат чизе донад. Дар ҳақиқат падарам хабар надошт, аз маводи мухаддир. Хулоса, кормандони гумрук бо ҳамроҳии падарам ба ман занг заданд. Ман дар бозори ш.Барнаул ба савдо машғул будам. Ногоҳ телефони мобилиамро бардоштам, ки падарам бо овози ларзону тарсон аз ман пурсид ва хабар дод, ки чӣ ҳолат ӯро интизор аст. 15 кг маводи мухаддир аз халтаҳои меваҳои хушк кормандони милитсияи роҳи оҳан пайдо намуданд. Ин чӣ сирест ӯ пурсид аз ман? Ва илова намуд, ки кормандони милитси ӯро дастгир намуданд. Ман аз тарсу ваҳм ростӣ ҳамаи сирро ошкор намудам, ки мавод аз он нафароне, ки бори хушкро аз онҳо қабул мекарданд, ба онҳо тааллуқ дорад. Ба мисли Бобоев Беҳрӯз ва Қаландаров Носирхон, ки онҳо ба шумо меваи хушкро бо мошини боркаши “Газел” меоварданд. Шумо ҳамеша аз онҳо қабул менамудед, пас телефонро хомуш карда, аз бозор баромада, ба ҷое пинҳон шудам. Дилам қарор нагирифт, ором намегузошт. Боз телефонамро гирён кардам, медидам, ки киҳо ба ман занг зада истодаанд. Зеро барои падарам хавотир будам, ки ӯ дар кадом ҳолат аст. Ва ба дилам тасмим гирифтам, ки агар падарамро ба ҳабс гиранд, беҳтараш Тоҷикистон рафта, худамро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорам. Ҷинояти содиршударо ба душам мегирам ва падарамро бо ин роҳ халос менамоям.

Хулоса, рӯзе аз хоб бедор шудам, саросема ва ҳайратзада, ки телефони мобилиам беист занг мезад. Маҷбур телефонро бардоштам, ки яке аз саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ Зоидов Баҳравар ба ман хабар дод, ки язнааш Бобоев Беҳрузро дастгир кардаанд ва дигар ҳаммаслакон бо тарс дар ҳар ҷо пинҳон шудаанд. Барои наҷот намудани онҳо маблағи калон лозим аст, то ин маблағро ба кормандони прокуратура ва милитсия пора диҳем, то онҳоро халос намоем. Ва маро таъкид намуд, ки дар муддати 24 соат дар тамос бошам, телефонамро хомӯш накунам. Аз ин мобайн 3-4 рӯз гузашт. Зоидов Баҳравар ба ман маълумот дод, ки язнааш Бобоев Беҳрӯз ҳамаи ҷиноятро ба душаш мегирад. Боқимондаҳо бояд маблағи калон ҷамъ намоянд. Барои аз тафтишот наҷот ёфтан ва маро таъкид кард, ки 2 млн.рубли русӣ, ки тахминан 30-40 ҳазор доллар мешуд, зуд ҷамъ ораму биёрам ва ба онҳо диҳам. Вагарна, падарамро озод намекунанд ва маро ба кофтукоби ҷиноятӣ эълон менамоянд. Ман, ки дигар илоҷ надоштам, маблағро ҷамъ намуда, ба ӯ хабар додам. Зоидов Баҳравар ду нафар шогирдашро вобаста намуд, ки маблағро аз дасти мо гиранд. Ҳасанов Ҳасан ва Каримов Малҳам бо амаку тағоям вохурда, ин маблағро гирифта, ба Зоидов Баҳравар расониданд. Дар ҳақиқат, ҳафтае тул накашида падарамро озод карданд. Ва ҳамаи боқимонда нафарон низ аз тафтишот наҷот ёфтанд. Худи Бобоев Беҳруз ҳамаи ҷиноятро бо фармони Зоидов Баҳравар ба уҳдаи худ гирифта, аз озодӣ маҳрум гашт. Лекин нисбати ман онҳо ваъдахилофӣ карда, прокурори нақлиётии вилояти Суғд ба парвандаи ҷиноятии Бобоев Беҳруз маро ҳамроҳ карда, ба кофтукоби ҷиноятӣ эълон намуданд. Расми маро дар тамоми идораву деворҳои биноҳои ҶТ, милитсия, суд ва прокуратура овезон намуданд. Аз соли 2011 инак 11 сол мешавад, ки ман метарсам ва ба Ватан нарафта истодаам. Ба ҳамин аз байн моҳу солҳо гузаштанд.

Ҳасанов Ҳасанро боз ба корҳои ғайриқонунӣ онҳо маҷбур мекарданд, ки шарики ҷиноятиашон бошад. Ҳасанов Ҳасан аз ҷиноят даст кашида, дигар намерафт. Зоидов Баҳравар нисбаташ душманиву бадбинӣ изҳор карда, Ҳасанов Ҳасанро бо ҳар роҳу макру ҳила маблағу молу амволашро гирифтанд ва баъдан ба воситаи язнааш Бобоев Беҳруз аз зиндони вилояти Суғд, ки адои ҷазо намуда истода буд барои ҳамин гуна ҷиноятҳо бо маслиҳати хешу таборонаш Зоидов Баҳравар, Зоидов Муллоносир ва Сангинов Мустақим ва бо шиносашон корманди прокуратураи нақлиёт Қурбонализода Низом ариза ташкил намуда, Ҳасанов Ҳасанро ба ҳабс мегиранд. Соли 2018 аз рӯи нақшаи кашидаашон Ҳасанов Ҳасанро ба гумроҳи бурда, тамоми молу мулк ва маблағҳояшро гирифта, аввал 21 сол аз озодӣ маҳрум мекунанд. Аз байн соле нагузашта, ҷинояте, ки дар соли 2010 содир шудааст ва ин ҷиноятро дар асл ҳаммаслакони Бобоев Беҳруз, Давронов Даврон ва дигарон содир намудаанд. Авезов Осим, ки бо ин ҷиноят дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор дошт, ба ӯ маблағи калон дода, Авезов Осим амакписари Бобоев Беҳруз буд, хешон боз танҳо нисбати Ҳасанов Ҳасан нишондодҳои туҳматомез дода, ӯро боз ба болои 21 сол 5 соли барзиёд, яъне ба муддати 26 сол аз озодӣ маҳрум намуданд, ки 26 сол маҳрум намудан аз озодӣ ин худ баробари ҷазои ҳукми абад мебошад. Ҳамаи ин корҳоро онҳо бо ёрии муфаттиш Қурбонализода Низом аз прокуратураи нақлиётии вилоят Суғд, ки худро хеши Рустами Эмомалӣ – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст, ташкил намудаанд. Авезов Осимро, ки ӯ дар Россия қарор дошт, пешакӣ ба тамос баромада, ӯро дархост мекунанд ва ҳамаи туҳматҳоро пешакӣ нисбати Ҳасанов Ҳасан дуруст мекунанд. Бо Авезов Осим ҳамкорӣ карданд. Ҳасанов Ҳасанро ба муддати 26 сол аз озодӣ маҳрум мекунанд. Хулоса, ба ҳамаи мо хонандагону бинандагон маълум шуд, ки Ҳасанов Ҳасан як хел арзу дод намуда, тамоми ҷиноятҳоро ошкор намуд. Ба Эминов Дилшод ҳам дар ин бора арзу шикоят намуд, вале ягон натиҷа аз тарафи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон нест. Мо ва дигар шаҳрвандон аз рафтору кирдори ҳаммаслаконамон розӣ нестам, виҷдонамон рӯз аз рӯз моро азоб медиҳад, моро нафасгир карда истодааст. Ва сохтакории мақомоти қудратии Тоҷикистронро дида, моро ба хуруш овард. Хостем, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ шикоят кунем. Чунки аз рӯзи аввал аз ҳама ин ҷиноят огоҳӣ, шоҳид будем ва дар он фаъолона иштирок намудем. Барои чӣ прокурори нақлиётии вилояти Суғд тафтишотро ба гумроҳӣ бурда, мактуби ба маълумоти Ҳасанов Ҳасан равонкашаашро гӯё, ки нисбати ҳаммаслакон тафтишотро мавриди баррасӣ қарор додааст. Пас ин тавр бошад, барои чӣ ному насаби шахси вуҷуднадоштаро ба мактуб ҳамроҳ кардааст. Дар он ҷо номи Маҳмудов Э. навишта мешуд. Ин шахсро умуман мо намешиносем ва бо ӯ муносибате надорем ва ӯ аз куҷо пайдо шудааст, ба мо маълум нест. Гӯё прокурори нақлиёт ба ин васила дар асоси аризаҳои Ҳасанов Ҳасан кор бурда истодааст. Ман худ аз соли 2011 дар кофтукоби ҷиноятӣ мебошам, ба арзу шикояти Ҳасанов Ҳасан ман таалуқ надорам. Барои он ки аз рӯзи аввал дар кофтукоб қарор дорам. Инчунин нисбати дигар саркадаҳои гуруҳи ҷиноятӣ Шоманзилов Асадулло, Зоидов Баҳравар, Бобоев Бунёд, Қаландаров Носир, Бобоев Абдулаҳад, Давронов Даврон, Қаландаров Порсо, Каримов Малҳам, Давронов Хусрав, Шодиев Зоир, Шодиев Қаҳрамон, Бобоумаров Меҳроҷ, Амонов Мирзо сокини ноҳияи Мастчоҳ ва дигарон умуман ҷораҳо андешида нашудааст ва касе чорае андешиданӣ нест. Барои чӣ дар мактуб номҳои дигар ҳаммасалаконро ҳамроҳ намекунанд? Ҳол он, ки Ҳасанов Ҳасан дар аризааш дар матбуот, дар мурофиаи судӣ нисбати зиёда аз 20 нафар шахсони ҷинояткор маълумоту нишондод медиҳад. Прокурори нақлиётии вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳусейнзода барои чӣ дигар ҳаммасалаконро ба кофтукоби ҷиноятӣ намедиҳад. Дар мактуби охиронаш гуфтааст, ки ҳангоми ба миён омадани зарурият ва аз нав сар кардани тафтишоти пешакӣ иловагӣ мавриди тафтишот қарор дода хоҳад шуд.

Ҳусейнзода М. чӣ заруриятро дар ин ҷо нишон доданӣ аст, маълум нест. Ҳол он ки як қатор шахсони ҷинояткор дар вилояти Суғд озодона рафту омада карда истода, дар маҳбасҳо калонияи ислоҳии сукунати СРИҶҶ ВАҶТ қарор доранд, яъне онҳоро дастгир карданд ва ба Ҳасанов Ҳасан пурра рӯ ба рӯ кардан мумкин аст. Барои чӣ Прокурори генералии ҶТ нисбати қисми ҳаммаслакон қарорро аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қатъ кардааст, ки ин тамоман ғайриқонунӣ кор бурдааст ва дар мактубаш як нафар шахси набударо ҳамроҳ кардааст Самизода Р. Ин шахсро мо умуман намешиносем, дар байни мо ин гуна шарики ҷиноятӣ вуҷуд надошт. Он шахсоне, ки нисбаташ қарорро аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кардаанд, онҳо сардори гурӯҳи муташаккили ҷиноятии мо мебошад. Ин корро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои Сардори раёсат, мушовири адлияи дараҷаи 1 Содиқзода Р. тамоман ғайриқонунӣ ва беасос қарор баровардаст. Ин қарори баровардашуда бар ивази 100 ҳазор доллари ИМА пораҳое, ки аз мо ҷамъ намуда буданд ва ба воситаи шахсон ба ӯ доданд, ба фоидаи саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ бароварда шудааст. Чаро кормандони мақомоти Тоҷикистон Ҳасанов Ҳасанро ба воситаи оилааш маҷбур карданд, аз нишондодҳояш даст кашад. Аз ҳар тараф фишор меоварданд, хонаводаи ӯро таҳдид карда истодаанд, худи ӯро таҳдид карда истодаанд, тарсонда истодаанд, ки чаро кирдорҳои онҳоро фош намудааст ва дар матбуот мавқеи дурусти Ҳасанов Ҳасанро дастгирӣ намудааст. Чаро мақомоти тафтишотӣ тарс дар дохили муассисаи ислоҳи Ҳасанов Ҳасанро дода истодаанд, ки нисбати як қисми шахсони ҷинояткор нишондод надиҳанд, ки ин корро муфаттиш Турсунов содир намудааст. Сабабгори ин ҳама сохтакориҳо Қурбонализода Низом мебошад. Ӯ бо ин рафтораш обрӯи мақомоти миллати тоҷикро мерезонад, ба ҳамаи ин шикоятҳо худи ӯ гунаҳкор мебошад. Ӯ хост, ки бо роҳи тағобозиву шиносбозиаш шиками худро аз порахӯрӣ сер карда, тафтишоро аз рӯзи аввал ғайриқонунӣ гирифт. Ин гуна шахсонро ба мақомотҳо умуман роҳ додан мумкин нест, чунки онҳо ба ин тариқ хиёнат ба Ватан содир менамоянд. Саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ фикр мекунанд, ки онҳо хуҷаинони ҶТ ҳастанд ва бо пораҳои додаашон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба манфиати онҳо кор менамоянд. Ба мо маълум аст, ки мақомотҳои қудратӣ ба судҳои ҶТ шаҳрванди ҶТ Раҳматов Фирузро, ки сокини Бадахшони кӯҳӣ буд, барои ғайриқонунӣ муомилот намудани зиёда аз 60 кг маводи героин барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ барои коҷоқи маводи мухаддир бо дастгирии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Мо низ шаҳрвандони ҶТ мебошем, то кай аз Ватан тарсону ҳаросон дар Русия мегардем? Мо тарс инчунин аз саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ дорем, зеро ин саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ бо ин тарзу бо ин усул мехоҳанд, ки пеш аз ҳама аввал Ҳасанов Ҳасанро несту нобуд намоянд, баъди он навбат ба навбат моро нест мекунанд. Ин ҳолатҳоро мо дар маҳбасхонаҳои ҶТ бисёр дидагӣ ҳастем, ба доди мо кӣ мерасад? Саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятиро, ки дар ҶТ бо ёрии кормандони милисаву суду прокуратура бархеашон коррупсионер мебошанд, гашта истодаанд. Онҳоро дастгир карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Мо тайёр ҳастем, ки ба ҶТ омада, нисбати онҳо нишондод диҳем. Онҳо то ҳоло ба ҳаҷми 300 ҳазор доллари амрикоӣ ба Ҳасанов Ҳасан зарар расонда, молу мулкашро кашида гирифтаанд. Умуман, дар ҳаҷми 800 ҳазор доллари амрикоӣ ба Ҳасанов Ҳасан зарар расонданд. Моли муъмин, хуни муъмин мегӯянд. Зарари ба Ҳасанов Ҳасанро бояд ки барқарор намуд. Инак, 11 сол мешавад, ки имкони ба Тоҷикистон омаданро надорад. Ин аз ҳама ҷазои вазнинтарин барои ман мебошад. Нисбати ман Эминов Дилшод, Ҳасанов Ҳасан бо дастгирии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ чи тавре, ки Раҳматов Фирузро 3 сол аз озодӣ маҳрум намуданд, бо дарназардошти он ки мо кормандони милисаву суду прокуратура судҳои коррупсионерро бе парвандаи Ҳасанов Ҳасан фош намуда истодаем, аз 10 сол поёнтар ҷазо таъин намоянд. Нисбатамон қонунҳои ҶТ “Дар бораи авф” аз соли 2011 ва 2019 татбиқ намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолати мавҷуда нисбати мо бахшиши ҷазоро татбиқ намояд. Агар ин омилҳо шаванд, пас тамоми аҳли оилаи мо, кӯдакони мо, мардуми минтақаи Ворухи Исфара аз ин иқдоми ҳукуматдорон хеле шод мешаванд, обрӯи мақомотҳои давлатӣ хеле баланд мешавад. Суханҳое, ки Ҳасанов Ҳасан дар матбуот ва телевизион дарҷ дорад, ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар суди ш.Исфара вақте, ки судя Раҳимов А. мурофиаи судӣ мебурд, гуфта буд, ки зиёда аз 20 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии трансмиллиро ошкор менамояд. Ман сабти ин мурофиаи судиро худам шунидам. Суд бояд, ки парвандаи ҷиноятиро ба тафтишоти иловагӣ равона менамуд. Зеро бе ба ҷавобгарӣ кашидани саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ ва аъзоёни дигари гурӯҳи ҷиноятӣ Ҳасанов Ҳасанро маҳкум кардан мумкин набуд. Аммо судя Раҳимов А. бо саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ робита дошт ва фақат таъиноти хусусӣ барои ҷамъ намудани диққати прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд ба як қисми тафтишот равона менамояд. Дар он номи ягон саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятиро нишон намедиҳад, то ҳатто судя Раҳимов А. нусхаи таъинотро дар ҳоле, ки вазифадору ӯҳдадор аст, ки ба Ҳасанов Ҳасан диҳад, онро намедиҳад. Вақте ки Ҳасанов Ҳасан аз судя талаби гирифтани он нусхаҳоро менамояд, судя дар ҷавоби мактубаш ӯро таҳқир менамояд, нусхаи таъиноти судиро намедиҳад. Аммо ҳамаи судяву прокурору муфаттиш бо воситаи саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ ба ивази пулҳои калон ба мо нухсаи ҳуҷҷатҳои мурофиаро месупориданд. Аз рӯи он мо дида истодаем, ки дар зери қаноти ин муфтхӯрони давлатӣ, порахӯрони давлатӣ чи тавр касе пишаки ӯро пиш намегӯяд. Фақат вақте ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанов Ҳасан муроҷиат намуда, оиди ҳаракатҳои ғайриқонунии судя Раҳимов А. маълумот медиҳад, нусхаи таъиноти кайҳо дар дасти мо буд, ба дасти ӯ медиҳанд. Ин гуна судяҳо умуман аз системаи судӣ пеш карда шавад. Дигар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятиро ба муддаи 13-14 сол маҳкум карда бошанд, Ҳасанов Ҳасанро аз рӯи дархости саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ ба муддати 26 сол аз озодӣ маҳрум намуданд, ки ба ин тариқ мисли ҳукми абад мебошад. Мо ба телевизион як қатор ҳуҷҷатҳое, ки бар ивази пули калон додаам, пешниҳод менамоям. Аз рӯи он дида мешавад, ки аз беаҳамиятии роҳбарон муфаттиши прокуратура кор карда истодаанд ва хуни халқро макида истодаанд. То кай Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ба ин қазия диққат намедиҳад. Ё ин ки дар ҳақиқат муфаттиш Қарбонализода Низом хеши онҳост, ки нисбати ӯ касе чорае намеандешад. Дар тамоми баромадҳои оммавиашон Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ оиди мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сухан мегӯянд, аммо аробаи ӯ чи хеле ки дар масали нависандаи рус Крылов дида мешавад: Ароба дар ҳамон ҷо истодааст ва он наҷунбида истодааст.

Ба ман маълум аст, Ҳасанов Ҳасан нисбати дигар саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ Амонов Мирзо, ки сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошад, умуман нишондод намедиҳад. Борҳои калонро маҳз аз дасти Мирзо мегирифтем. Барои чӣ дар ин мурофиаи судӣ Ҳасанов Ҳасан нисбати зиёда аз 25 шарикони ҷиноятӣ ошкор намуда, нишондод медиҳад, ҳамаи онҳоро фош мекунад, аммо судя Раҳимзода А. дар таъиноти хусусии худ номи онҳоро ҳамроҳ намекунад. Шахсан ин сабтро ба мо пешниҳод намуданд ва мо гӯш кардем. Судяҳо бояд одилона мардумро суд кунанд ва фурӯхта нашаванд. Ногуфта намонад, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо ҳамроҳии мақомотҳои қудратӣ судяву прокурорҳо забон ёфта, нисбати Ҳасанов Ҳасан ҷабру зулм карда, 26 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Ин муҳлати додаашон фишор ба оилаву кӯдакони ноболиғаш мебошад. Мақомотҳои тоҷик судяву прокурор одами бекасро ёбанд, имону виҷдонашонро фурӯхта, мисли Ҳасанов Ҳасан ҷазои тӯлонӣ ва ғайриқонунӣ медиҳанд. Ин фишор ба хона, ҷудоӣ боиси бетарбия мондани кӯдакон мегардад. Чаро саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ шахсоне, ки пеш аз Ҳасанов Ҳасан аз озодӣ маҳрум шудаанд, муҳлати ҷазоро каму ба Ҳасанов Ҳасан муҳлати зиёдтар ҷазо додаанд. Ҳасанов Ҳасан одами оддӣ буд, бекас буд дар ин гурӯҳ. Дигар шахсон тайёр ҳастанд, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванд, ҷамъ шаванд ё ин ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ арзу доди худро расонад. Вагарна байни мо худкушиву оташзаниву дигар корҳо мешавад. Давронов Даврон, Зоидов Баҳравар ва дигар шахсон, ки се-чор кушторҳои мудҳиш зоҳир намудаанд, ки онҳоро Эминов дар аризаи пештарааш дарҷ карда буд. Ба ҳамаи  сохтакориҳои Қурбонализода Низом бояд, ки хотима дода шавад. Дар урфият мегӯянд, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Дар Тоҷикистон ягон мақомоте ёфт шавад, чун Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва парвандаи онҳоро ба истеҳсолоти худ гирад ва боварӣ дорам, ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Дар охир гуфтаниам, яке аз ҳаммасалакони мо Авезов Осимро, ки дар зиндони вилояти Суғд 2 соли охир адои ҷазо намуда истода буд, сардори гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо пешниҳоди муаллими расм Давронов Даврон дар аввали моҳи майи соли 2022 ба ҳалокат расониданд. Зеро Авезов Осим баъди дар рӯзномаи “Самак” шинос шудан бо нишондодҳои Ҳасанов Ҳасан тасмим гирифт, ки бегуноҳии Ҳасановро тасдиқ менамояд ва чи тавр ӯро туҳмат намудааст, иқрор мешавад. Инчунин сӯхтору  куштори дигар ҷиноятҳои Давронов Даврон, Зоидов Баҳравар, Сангинов Мустақим, Бобоумаров Меҳроҷ, Қаландаров Порсоро ошкор менамояд. Зоидов Баҳравар корманди милиса мебошад, дар ШВКД ш.Исфара кор мекунад. Бо воситаи Бобоев Беҳруз, ки язнаи ӯ буда, дар ҳабс мебошад, ба Авезов Осим заҳр медиҳанд. Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо ин рафтори ваҳшиёнаашон моро тарсонда истодаанд, ки  минбаъд Ҳасанов Ҳасанро низ дар маҳбас бо чунин роҳ нобуд менамоем.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights