Tuesday, December 5, 2023

Нуриддин Маҳкамов кист ва чаро боздошт шуд?

Нуриддин Маҳкамов, адвокати тоҷик моҳи октябри соли 2015 аз тарафи мақомот боздошт шуд. Ӯро монанди Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ ва бар асоси моддаҳои 307 ва 307 қайди 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ барои “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” муттаҳам ва ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.

Маҳкамов баъди боздошти Бузургмеҳр Ёров ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ расонидааст. Қабл аз боздошт дар Коллегияи адвокатҳои «Сипар» ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият мекард. Дар навбати худ ният дошт, аз манфиатҳои ҳамтои боздоштшудааш Бузургмеҳр Ёров ҳимоят кунад, вале барои ҳимояташ ба ӯ ордер надоданд.

Бино ба гузориши “Радио Озоди” Маҳкамов иттиҳоми ифротгароиро рад карда рӯзи 20-уми сентябри соли 2016 дар суханронии охиринаш дар додгоҳи Душанбе изҳор дошт, ки бо иттиҳом розӣ нест, зеро ҳеҷ гоҳ ифротгаро набуда ва андешаҳояшро ҳамчун як шаҳрванди оддии кишвар дар шабакаҳо иҷтимоӣ баён кардааст. «Агар ифротгаро мебудам, бо Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дӯст намешудам. Бо кумаки Асадуллозода ман ба ҳаҷ рафтам”, – гуфт Нуриддин Маҳкамов.

Баъди мурофиаи судӣ Муаззама Қодирова, вакили мудофеи Ёров ва Маҳкамов, ки айни ҳол дар Урупо паноҳанда аст гуфта буд, бо изҳороти айбдоркунандаи давлатӣ, Рустам Такдирзода розӣ нест ва аз додгоҳ хост, ки нисбати зерҳимояҳояш ҳукми одилона содир кунанд. “Чӣ гуна метавон ду вакили маъруфро ба ду ифротӣ табдил дод ва муҷозоти сахт бигиранд?” Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни баррасии ин қазия ба иштибоҳҳои зиёд роҳ дода шуда, “таҳлили одилонаи қазияи муштариёнаш” сурат нагирифтааст.

СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар моҳи майи соли 2019 озодии ин маҳбуси сиёсиро аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуданд. Ин адвокати шинохтаи тоҷик айни ҳол дар зиндони низомаш сангини Муассисаи ислоҳи ЯС №3/1- Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТадои ҳукм мекунад.

Нуриддин Маҳкамов, ҳуқуқшиноси тоҷик соли 1955 дар оилаи деҳқон дар ноҳияи Б. Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии политехникии шаҳри Душанбе. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights