Monday, January 30, 2023

Кортҳои ёддоштӣ бо таманниёти нек аз адвокатҳои “Lawyers for Lawyers” ба Бузургмеҳр Ёров

Гуруҳи адвокатҳо аз созмони ҳуқуқии “Lawyers for Lawyers”, ки мақараш дар Ҳоланд аст, бо омода намудани кортҳои ёддоштӣ ба Бузургмеҳр Ёров адвокати шинохта ва зиндонии сиёсии тоҷик таманниёти нек намудаанд.

Дар паёме Leroy Niekoop корманди созмони “Lawyers for Lawyers” ба Бунёди “Бузургмеҳр” хабар дод, ки барои Бузургмеҳр Ёров як қатор кортҳоро бо таманниёти нек омода намудаанд ва мехостаанд онро ба Тоҷикистон равон кунанд. Аммо почтаҳои Ҳоланд ба хотири вазъи COVID-19 дар ҷаҳон имкони фиристодани ин кортҳоро ба Тоҷикистон надоштааст.

Дар идома Leroy Niekoop чанд аксро аз ин кортҳо равон карда, гуфт ки бо бартараф шудани ин мушкилот кортҳоро ҳатман ба Тоҷикистон мефиристанд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights