Tuesday, January 31, 2023

Паймони байналхалқии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ 

Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генералї 16 декабри соли1966 қабул  шудааст ва ҷиҳати имзо, тасвиб ва ҳамроҳшавӣ боз аст.  Мутобиқи моддаи 27 аз 3 январи соли 1976 эътибор пайдо кардааст.

МУҚАДДИМА 

ДАВЛАТҲОИ ШИРКАТКУНАНДАИ ҲАМИН ПАЙМОН 

Бо дарназардошти ин, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали  Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи ба ҳамаи аъзои оилаи инсон хос ва  ҳуқуқи баробар ва мусаллами онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳӣ умум аст, бо эътирофи ин, ки ин ҳуқуқ аз шарафи хоси шахсияти инсонӣ бармеоянд, бо эътирофи ин, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар идеали шахсияти  озоди инсонии озод аз тарс ва эҳтиёҷ танҳо дар ҳамон сурат амалӣ шуда  метавонад, ки агар шароите фароҳам оварда шаванд, ки дар он ҳар кас тавонад аз  ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ҳамон тавр истифода намояд, ки аз  ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсии худ истифода мебарад, 

бо дарназардошти ин, ки мувофиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳо вазифадоранд аз тарафи умум эҳтиром ва риоя гардидани ҳуқуқ ва  озодии инсонро ташвиқ намоянд, 

бо дарназардошти ин, ки ҳар як инсони алоҳида дар муносибат бо одамони дигар  ва ҷамъияте, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, ӯҳдадор буда, бояд барои ташвиқ ва риояи  ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эътирофшаванда кӯшиш намояд, доир ба моддаҳои  зерин ба мувофиқа расиданд: 

ҚИСМИ I 

Моддаи 1 

1. Ҳамаи халқҳо ба таъини сарнавишти худ ҳақ доранд. Дар асоси ҳамин ҳақ онҳо  мақоми сиёсии худро озодона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона таъмин менамоянд. 

2. Ҳамаи халқҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавонанд сарват ва  захираҳои табиии худро бидуни расонидани зарар ба ягон навъ ӯҳдадориҳое, ки  аз ҳамкории байналхалқии иқтисодии бар пояи фоидаи тарафайн асосёфта ва ҳуқуқи байналхалқӣ бармеоянд, ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳеҷ як халқро ба ҳеҷ ваҷҳ аз  

воситаҳои зисте, ки ба вай тааллуқ доранд, маҳрум кардан мумкин нест. 3. Ҳамаи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон, аз ҷумла онҳое, ки барои  идораи қаламравҳои ѓайрихудидора ва таҳти васоят масъулият доранд, бояд  мутобиқи муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардидани  ҳуқуқро барои таъини сарнавишти худ ташвиқ кунанд ва ин ҳуқуқро эҳтиром  намоянд.

ҚИСМИ I 

Моддаи 2 

1. Ҳap як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешавад, ки ба тарзи  инфиродӣ ва ба тартиби кӯмак ва ҳамкории байналхалқӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои  иқтисодӣ ва техникӣ дар ҳудуди аъзамии захираҳои мавҷуда тадбирҳое андешад,  ки ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эътирофшаванда тадриҷан бо ҳамаи усулҳои  лозима, аз ҷумла бо роҳи қабули асноди қонунгузорӣ, пурра амалӣ гарданд. 

2. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд кафолат диҳанд,  ки ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эълоншуда бидуни ягон навъ табъиз дар мавриди  нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё  иҷтимоӣ, таваллуд ё ҳолати дигар амалӣ хоҳанд шуд. 

3. Кишварҳои дар ҳоли рушд метавонанд бо дарназардошти лозимаи ҳуқуқи  башар ва хоҷагии халқи худ муайян намоянд, ки онҳо ҳуқуқи иқтисодии дар  ҳамин Паймон эътирофшударо барои ашхосе, ки шаҳрвандони онҳо намебошанд,  ба кадом андоза кафолат хоҳанд дод. 

Моддаи 3 

Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки ҳаққи истифодаи баробарро аз ҳамаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дар ҳамин Паймон пешбинишуда барои мардон ва занон таъмин намоянд. 

Моддаи 4 

Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки дар мавриди  истифодаи он ҳуқуқе, ки онҳоро ин ё он давлат мутобиқи ҳамин Паймон таъмин  менамояд, ин давлат метавонад танҳо чунин маҳдудиятҳои ин ҳуқуқро муқаррар  кунад, ки тавассути қонун муайян карда мешаванд ва танҳо ба андозае, ки ин бо  моҳияти ҳуқуқи мазкур мувофиқ аст ва мутлақан бо мақсади мусоидат ба  некӯаҳволии умумӣ дар ҷомеаи демократӣ муқаррар карда мешавад. 

Моддаи 5 

1. Ҳеҷ нуқта дар ҳамин Паймон наметавонад ба маъние тафсир дода шавад, ки  ягон давлат, ягон гурӯҳ ё ягон шахс ҳақ дорад бо ягон фаъолияте машѓул шавад ё  ягон амале содир намояд, ки ба маҳв намудани ягон ҳуқуқ ё озодии дар ҳамин  Паймон эътирофшуда ё ба маҳдуд сохтани онҳо зиёда аз андозае, ки дар ҳамин  Паймон эътироф гардидааст, нигаронида шудааст. 

2. Ҳеҷ гуна маҳдудият ё камтар кардани ягон ҳуқуқи асосии башар, ки дар ягон  кишвар эътироф шудаанд ё дар асоси қонун, Конвентсияҳо, қоидаҳо ё расму одат  вуҷуд доранд, ба далели ин, ки чунин ҳуқуқ дар ҳамин Паймон эътироф  намегарданд ё онҳо дар ҳамин Паймон ба андозаи камтар эътироф мегарданд,  мумкин нест. 

ҚИСМИ III

Моддаи 6 

1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқро ба меҳнат, ки иборат аст аз  ҳаққи ҳар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндагӣ тавассути  меҳнате, ки ӯ онро озодона интихоб мекунад ё ӯ ба иҷрои он озодона розӣ мешавад, эътироф мекунанд ва ҷиҳати таъминӣ ин ҳуқуқ тадбирҳои лозима  меандешанд. 

2. Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои дар ҳамин Паймон ширкаткунанда бо  мақсади пурра амалӣ намудани ин ҳуқуқ андешида шаванд, барномаҳои таълим  ва тарбияи касбию техникї, роҳҳо ва усулҳои ноил шудан ба рушди устувори  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва шуѓли пурраи маҳсулнокро дар шароите, ки  озодии асосии сиёсӣ ва иқтисодии инсонро кафолат медиҳанд, дар бар мегиранд. 

Моддаи 7 

Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар касро ба шароити одилона  ва мусоиди меҳнат эътироф мекунанд, аз ҷумла: 

a) подоше, ки ҳадди ақал барои ҳамаи меҳнаткашон шароити зеринро таъмин  месозад: 

i) маоши одилона ва подоши баробар барои меҳнати баробарқимат бидуни ягон  навъ фарқгузорӣ, зимнан барои занон бояд шароити меҳнате, ки барои мардон  муҳайё карда шудааст, бо музди баробар барои кори баробар кафолат дода  шавад; 

ii) зиндагии қаноатбахш барои онҳо ва оилаи онҳо мутобиқи муқаррароти ҳамин  Паймон; 

b) шароити кор, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯй аст; c) имконияти баробар барои хама дар таъин ба зинаи болотар дар кор мутлақан  дар асоси собиқаи корӣ ва лаёқат; 

d) истироҳат, фароѓат ва маҳдудияти оқилонаи вақти кори ва рухсатии давра ба  давраи музднок, ҳамчунин подош барои рӯзҳои ид. 

Моддаи 8 

1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки ҳуқуқи  зеринро таъмин мекунанд: 

 a) ҳуқуқи ҳар як инсон дар бобати таъсис додани иттиҳодияҳои касаба бо  мақсади амалӣ намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии  худ ва шомил шудан ба чунин иттиҳодияҳо бо интихоби худ ба шарти ягона  риояи қоидаҳои созмони дахлдор. Истифода аз ҳуқуқи мазкур таҳти ягон навъ  маҳдудият қарор намегирад, ѓайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ 

шудаанд ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти давлатӣ ё  тартиботи ҷамъиятӣ ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд;  b) ҳуқуқи иттиҳодияҳои касаба дар бобати ташкил додани федератсия ё  конфедератсияҳои миллӣ ва ҳуқуқи федератсия ё конфедератсияҳои милли дар  хусуси таъсис додани созмонҳои байналхалқии касаба ё пайвастан ба чунин  созмонҳо;

 c) ҳуқуқи иттиҳодияҳои касаба дар бобати фаъолияти бемамониат бидуни  ягон навъ маҳдудият, ѓайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд ва  дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти давлатӣ ё тартиботи  ҷамъиятӣ ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд; 

 d) ҳуқуқ барои корпартоӣ ба шарти амалӣ намудани он мутобиқи қонунҳои  ҳар як кишвар. 

 2. Ҳамин модда барои ҷори намудани маҳдудиятҳои қонунӣ дар бобати истифода аз ин ҳуқуқ барои ашхосе, ки ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ, полис ё  маъмурияти давлат шомиланд, монеъ намегардад. 

 3. Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин модда ба давлатҳои ширкаткунандаи Конвентсияи  соли 1948 Созмони байналхалқии меҳнат дар мавриди озодии ассосиатсияҳо ва  ҳифзи ҳуқуқи ташкил ҳуқуқ намедиҳад асноди қонунгузорие қабул  намоянд, ки бар зарари кафолатҳои дар Конвентсияи мазкур пешбинишаванда  бошанд ё қонунро тарзе истифода намоянд, ки ба ин кафолатҳо халал ворид  гардад. 

 Моддаи 9  

 Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро  батаъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суѓуртаи иҷтимоӣ эътироф мекунанд.  Моддаи 10  

 Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки:  1. Барои оила, ки ҷузъи табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, ба андозаи имкон бояд  муҳофизат ва кӯмаки ҳамаҷониба ва пурвусъат, хусусан ҳангоми ташкили он  ва дар ҳоле, ки оила масъулияти ѓамхорӣ ба атфоли ѓайримустақил ва тарбияи  онҳоро ба зимма дорад, фароҳам оварда шавад. Никоҳ бояд бо ризоияти  озодонаи ашхоси ба ақди никоҳ дароянда сурат гирад. 

 2. Модарон бояд дар давоми давраи қобили қабул то таваллуд ва баъди он бо  ѓамхории махсус фаро гирифта шаванд. Дар давоми ин давра ба модароне, ки  кор мекунанд, бояд рухсатии музднок ё рухсати бо кӯмакпулии кофии  таъминоти иҷтимоӣ дода шавад. 

 3. Дар мавриди кӯдакон ва наврасон бидуни ягон навъ табъиз аз рӯи асли  хонавода ё аз рӯи аломати дигар бояд тадбирҳои махсуси муҳофизат ва кӯмак  андешида шаванд. Кӯдакон ва наврасон бояд аз истисмори иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ ҳифз карда шаванд. Истифодаи меҳнати онҳо дар соҳае, ки ба ахлоқ  ва саломатии онҳо зарар мерасонад ё барои ҳаёти онҳо хатарнок аст ё метавонад  ба инкишофи мӯътадили онҳо зарар расонад, бояд тибқи қонун манъ карда  шавад. Ғайр аз ин, давлатҳо бояд ҳадди ниҳоии синну солро, ки поёнтар аз он  истифодаи меҳнати муздноки кӯдакон манъ аст ва тибқи қонун ҷазо дода  мешавад, муқаррар намоянд. 

 Моддаи 11 

 1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як фардро ба сатҳи  кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилаи ӯ, ки хӯроки кофӣ, либос ва манзилро дар  бар мегирад ва ҳуқуқ ба беҳбуди мунтазами шароити зистро эътироф мекунанд.  Давлатҳои ширкаткунанда бо эътирофи аҳамияти муҳими ҳамкории  байналхалқӣ, ки ба ризоияти озодона асос ёфтааст, доир ба таъмини амалӣ 

шудани ин ҳуқуқ тадбирҳои лозима меандешанд. 

 2. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон бо эътирофи ҳуқуқи асосии  ҳар як инсон ба озод будан аз гуруснагӣ бояд ба таври инфиродӣ ва ба тартиби  ҳамкории байналхалқӣ тадбирҳои зарурии дарбаргирандаи иҷрои барномаҳои  мушаххасро андешанд, ки: 

 a) усулҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ бо роҳи  истифодаи васеи донишҳои техникӣ ва илмӣ, пахши донишҳо доир ба  принсипҳои хӯрокхӯрӣ ва такмил ё ислоҳотӣ низоми кишоварзӣ, бо мақсади  ноил шудан ба азхудкуни ва истифодаи ҳарчи пурсамари захираҳои табиӣ беҳтар  карда шаванд; 

 b) тақсимоти одилонаи захираҳои хӯроквории ҷаҳон мутобиқи талабот ва бо  дарназардошти проблемаҳои кишварҳои чӣ воридкунанда ва чӣ содиркунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин карда шавад. 

Моддаи 12  

 1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро басатҳи  олитарини дастраси саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ эътироф мекунанд.  2. Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи Паймонбарои  пурра амалӣ шудани ин ҳуқуқ андешида шаванд, чорабиниҳоеро дар бар  мегиранд, ки ба хотирӣ: 

 а) таъмини камшавии таваллуди атфоли мурда ва фавти кӯдакон ва инкишофи солимӣ кӯдак; 

 b) беҳбуди ҳамаи ҷиҳатҳои гигиенаи муҳити зист ва гигиенаи меҳнат дар  саноат; 

 c) пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда, маҳаллӣ, касбӣ ва бемориҳои дигар ва мубориза бар зидди онҳо; 

 d) ташкили шароит ҷиҳати таъмини ҳама бо кӯмаки тиббӣ ва нигоҳубини  тиббӣ ҳангоми беморӣ заруранд. 

Моддаи 13  

 1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таҳсил  эътироф мекунанд. Онҳо мувофиқ ҳастанд, ки таҳсил бояд ба рушди пурраи  шахсияти инсон ва дарки шарафи вай нигаронида шавад ва бояд эҳтиромро ба  ҳуқуқ ва озодии асосии инсон таҳким бахшад. Онҳо ҳамчунин мувофиқ ҳастанд,  ки таҳсил бояд ба ҳама имконият диҳад, ки ширкаткунандагони муфиди  ҷомеаи озод бошанд, ба ҳусни тафоҳум, муросо ва дӯсти миёни ҳамаи миллатҳо 

ва ҳамаи гурӯҳҳои нажодӣ, этникӣ ва динӣ мусоидат намояд ва ба кори Созмони  Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи сулҳ кӯмак расонад. 

 2. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки барои  пурра амалӣ шудани ин ҳуқуқ: 

 a) таҳсили ибтидоӣ бояд барои ҳама ҳатмӣ ва бепул бошад; 

 b) таҳсили миёна бо ҳамаи шаклҳои он, аз ҷумла таҳсили миёнаи касбию  техникӣ бояд бо роҳи андешидани томами тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла тадриҷан  ҷорӣ намудани таҳсили бепул, озод ва дастрас бошад; 

 c) таҳсили олӣ бояд барои ҳама дар асоси қобилияти ҳар кас бо роҳи  андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла тадриҷан ҷорӣ намудани  таҳсили бепул, дастрас бошад; 

 d) таҳсили аввалия ба андозаи имкон барои онҳое, ки давраи пурраи таҳсили  ибтидоии худро нагузаронидаанд ё хатм накардаанд, бояд ташвиқ гардад ва  суръат бахшида шавад; 

 е) инкишоф додани шабакаи мактабҳои ҳамаи зинаҳо бояд фаъолона сурат  гирад, бояд низоми қаноатбахши мададмаош муқаррар карда шавад ва бояд  шароити моддии ҳайати омӯзгорон мунтазам беҳтар сохта шавад.  3. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки озодии  волидайн ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро дар бобати барои  фарзандони худ интихоб намудани на танҳо мактабҳои аз тарафи ҳокимияти  давлатӣ таъсисгардида, балки мактабҳои дигаре, ки ҷавобгӯи ҳадди ақали  талабот ба таҳсил, ки метавонад аз ҷониби давлат муқаррар ё тасдиқ карда  шавад, мебошанд ва озодии онҳоро дар бобати таъмини тарбияи динӣ ва  ахлоқии фарзандони худ мутобиқи ақидаи шахсии худ 

эҳтиром намоянд. 

 4. Ҳеҷ як қисми ин модда набояд ба маънии камтар кардани озодии ашхос ва  муассисаҳои алоҳида дар бобати таъсиси муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ба  онҳо ба шарти риояи ҳатмии принсипҳои дар банди 1 ҳамин модда баёншуда  ва талабот дар ин хусус, ки таҳсили дар чунин муассисаҳо додашаванда  ҷавобгӯи он ҳадди ақали талаботе бошад, ки метавонад аз тарафи давлат  муқаррар гардад, тафсир дода шавад. 

Моддаи 14  

 Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон, ки ҳангоми ба ҳисоби ширкаткунандагон шомил шудани худ дар қаламрави метрополияи худ ё дигар  қаламравҳое, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарор дорад, таҳсили ибтидоии  ҳатмии бепулро муқаррар карда натавонистааст, ӯҳдадор мешавад, ки дар  давоми ду сол нақшаи муфассали чорабиниҳоро барои дар муддати қобили  қабул, ки бояд дар ин нақша зикр карда шавад, тадриҷан амалӣ намудани  

принсипи таҳсили ҳатмии ҳамагонии бепулро таҳия ва қабул намояд.   

 Моддаи 15

 1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба:  a) ширкат дар ҳаёти фарҳангӣ; 

 b) истифода аз дастовардҳои пешрафти илмӣ ва татбиқи амалии онҳо;  c) истифода аз ҳимояи манфиатҳои моддӣ ва маънавие, ки аз ҳама гуна осори  илмӣ, адабӣ ва бадеии офаридаи ӯ бармеоянд, эътироф мекунанд.  2. Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон  барои пурра амалӣ намудани ин ҳуқуқ андешида мешаванд, чорабиниҳоеро  дар бар мегиранд, ки барои ҳимоя кардан, инкишоф додан ва пахш намудани  дастовардҳои илм ва фарҳанг заруранд. 

 3. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд озодиеро,  ки беқайду шарт барои таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ зарур аст, эҳтиром  мекунанд. 

 4. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон фоидаеро, ки аз ташвиқ ва  инкишофи робитаҳои байналхалқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва фарҳанг  ҳосил мешавад, эътироф мекунанд. 

ҚИСМИ IV 

Моддаи 16  

 1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки мутобиқи ҳамин қисми ин Паймон дар бораи тадбирҳои аз тарафи онҳо андешидашаванда ва доир ба пешрафт дар роҳи расидан ба риояи ҳуқуқи дар  

ҳамин Паймон эътирофшаванда маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд.  2. а) ҳамаи маърӯзаҳо ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид фиристода мешаванд ва ӯ нусхаҳои маърӯзаҳоро мутобиқи муқаррароти ҳамин  Паймон ба баррасии Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ ирсол менамояд;  b) Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба муассисаҳои махсусгардонидашуда нусхаҳои маърӯзаҳо ё ҳар қисми дахлдори маърӯзаҳои давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймонро, ки низ аъзои ин муассисаҳои махсусгардонидашуда мебошанд, мефиристад, зеро чунин маърӯзаҳо ё қисмҳои ин маърӯзаҳо мансуб ба ҳар гуна масъалаҳое мебошанд, кимутобиқи  асноди конститутсионии онҳо ба доираи вазифаҳои муассисаҳои мазкур шомиланд. 

 Моддаи 17  

 1. Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон маърӯзаҳои худро марҳила ба  марҳила мутобиқи барномае, ки бояд аз тарафи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ дар давоми як соли баъди эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон аз рӯи  машварат бо давлатҳои ширкаткунанда ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи манфиатдор муқаррар карда шавад, пешниҳод мекунанд. 

 2. Дар маърӯзаҳо метавонанд омилҳо ва мушкилоте, ки ба дараҷаи иҷрои  ӯҳдадориҳо аз рӯи ҳамин Паймон таъсир мерасонанд, зикр карда шаванд.

 3. Агар иттилооти дахлдор аз тарафи ягон давлати ширкаткунандаи ҳамин  Паймон пештар ба Созмони Милали Муттаҳид ё ягон муассисаи махсусгардонидашуда расонида шуда бошад, он гоҳ ба такрори ин иттилоот зарурат нест ва истинод намудан ба иттилооти бо ҳамин тартиб расонидашуда кофист. 

 Моддаи 18  

 Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ аз рӯи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид  дар соҳаи ҳуқуқи башар ва озодии асоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад бо муассисаҳои махсусгардонидашуда дар бораи ба Шӯрои мазкур  аз тарафи онҳо пешниҳод карда шудани маърӯзаҳо доир ба пешрафт дар роҳи  расидан ба риояи муқаррароти ҳамин Паймон, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо  шомил аст, ба мувофиқа расад. Ин маърӯзаҳо метавонанд тафсилоти қарорҳои  аз тарафи мақомоти босалоҳияти онҳо қабулшаванда ва тавсияҳоро дар хусуси  чунин амал дар бар гиранд. 

 Моддаи 19  

 Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад ба Комиссияи оид ба ҳуқуқи башар  барои баррасӣ кардан ва додани тавсияҳои умумӣ ё дар ҳолатҳои дахлдор  барои иттилоот маърӯзаҳоро дар бораи ҳуқуқи башар, ки аз тарафи давлатҳо  мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 пешниҳод карда мешаванд ва маърӯзаҳоро дар  бораи ҳуқуқи башар, ки аз тарафи муассисаҳои махсусгардонидашуда  мутобиқи моддаи 18 пешниҳод карда мешаванд, ирсол намояд. 

 Моддаи 20  

 Давлатҳои манфиатдори ширкаткунандаи ҳамин Паймон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда метавонанд ба Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ мулоҳизотро доир ба ҳама гуна тавсияҳои умумӣ мувофиқи моддаи 19 ё аз рӯи  истинод ба чунин тавсияҳои умумӣ дар ҳама гуна маърӯзаи Комиссияи оид ба  ҳуқуқи башар ё дар ҳама гуна санаде, ки ба он дар он ҷой истинод карда  мешавад, пешниҳод намоянд. 

 Моддаи 21  

 Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад вақт ба вақт ба Ассамблеяи Генералӣ  маърӯзаҳоро бо тавсияҳои дорои хислати умумӣ ва бо шарҳи мухтасари  иттилооте, ки аз давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ва аз муассисаҳои  махсусгардонидашуда дар бораи тадбирҳои андешидашуда ва натиҷаҳои  ҳосилшуда дар соҳаи таъмини риояи умумии ҳуқуқи дар ҳамин Паймон  эътирофшаванда мерасанд, пешниҳод намояд. 

 Моддаи 22  

 Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ метавонад таваҷҷӯҳи дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти ёрирасони онҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашударо, ки бо масъалаҳои расонидани кӯмаки техникӣ машѓуланд, ба ҳамаи масъалаҳое, ки вобаста бо маърӯзаҳои дар ҳамин қисми  

ин Паймон зикршаванда ба вуҷуд меоянд ва метавонанд ба ин мақомот  ҳангоми дар ҳудуди салоҳияти худ аз ҷониби ҳар кадомашон баровардани  қарор дар мавриди мувофиқи мақсад будани тадбирҳои байналхалқие, ки  метавонанд ба татбиқи пурсамар ва тадриҷии ҳамин Паймон мусоидат  расонанд, ҷалб намояд. 

 Моддаи 23  

 Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон мувофиқ ҳастанд, ки ба қатори  чорабиниҳои байналхалқие, ки ба амалӣ намудани ҳуқуқи дар ҳамин Паймон  эътирофшаванда мусоидат мекунанд, истифодаи чунин воситаҳо, аз қабили  имзои Конвентсияҳо, қабули тавсияҳо, расонидани кӯмаки техникӣ ва доир  намудани маҷлисҳои минтақавӣ ва маҷлисҳои техникӣ бо мақсади машварат,  ҳамчунин таҳқиқоте, ки якҷоя бо ҳукуматҳои дахлдор ташкил карда шудаанд,  мансубанд. 

 Моддаи 24  

 Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин Паймон набояд ба маънии камтар кардани аҳамияти  муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки вазифаҳои дахлдорӣ мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо доир ба масъалаҳои мавриди назари ҳамин Паймон муайян мекунанд, тафсир дода шавад. 

 Моддаи 25  

 Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин Паймон набояд ба маънии камтар кардани ҳуқуқи мусаллами ҳамаи халқҳо дар бобати ихтиёрдорӣ ва истифодаи пурра ва озодонаи сарват ва захираҳои табии худ тафсир дода шавад. 

 ҚИСМИ V 

 Моддаи 26  

 1. Ҳамин Паймон барои имзо аз ҷониби ҳар давлати узви Созмони Милали  Муттаҳид ё узви ҳар як аз муассисаи махсусгардонидашудаи он,ҳар давлати  ширкаткунандаи Статути Суди Байналхалқӣ ва ҳар давлати дигаре, ки аз 

тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ширкат дар  ҳамин Паймон даъват карда шудааст, боз аст. 

 2. Ҳамин Паймон бояд ба тасвиб расонида шавад. Тасвибномаҳо дар ихтиёри  Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нигоҳдорӣ мешаванд.  3. Ҳамин Паймон барои ҳамроҳ шудани ҳар давлате, ки дар банди 1 ҳамин  модда зикр шудааст, озод аст. 

 4. Ҳамроҳ шудан бо роҳи барои нигоҳдорӣ ба ихтиёри Myниши умумии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшави сурат мегирад. 

 5. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Паймон имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси ба нигоҳдорӣ қабул шудани ҳар як тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ хабардор месозад.   

 Моддаи 27  

 1. Ҳамин Паймон баъди се моҳ аз рӯзи ба ихтиёри Муншии умумии Созмони  Милали Муттаҳид ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё  санад дар бораи ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад. 

 2. Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Паймонро ба тасвиб мерасонад ё ба он  баъди ба нигоҳдорӣ қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё санад дар бораи  ҳамроҳшави ҳамроҳ мешавад, ҳамин Паймон баъди се моҳ аз рӯзи ба нигоҳдорӣ  қабул шудани тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавии худи он давлат  эътибор пайдо мекунад. 

 Моддаи 28  

 Муқаррароти ҳамин Паймон дар тамоми қисмҳои давлатҳои федеративӣ бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд. 

 Моддаи 29  

 1. Ҳар давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон метавонад ислоҳот пешниҳод  кунад ва онҳоро ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур  намояд. Муншии умумӣ сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба давлатҳои  ширкаткунандаи ҳамин Паймон ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар  диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои ширкаткунанда  бо мақсади баррасии ин пешниҳодот ва доир намудани овоздиҳӣ оид ба онҳо  ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як қисми 

давлатҳои ширкаткунанда чунин конференсияро ҷонибдорӣ кунанд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои ширкаткунандаи дар овоздиҳӣ дар он конференсия ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.

 2. Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду қисми давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор пайдо мекунанд. 

 3. Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунанд, иҷрои онҳо барои давлатҳои  ширкаткунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мешавад ва барои дигар  давлатҳои ширкаткунанда иҷрои муқаррароти ҳамин Паймон ва ҳамаи ислоҳоти  қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шудаанд, ҳатмӣ боқӣ мемонад. 

 Моддаи 30  

 Сарфи назар аз хабарҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 26 анҷом дода мешавад,  Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳоеро, ки дар банди 1  ҳамон модда сухан дар бораи онҳо меравад, доир ба нукоти зерин хабардор  месозад: 

 а) имзо кардан, ба тасвиб расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 26;  b) санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Паймон мувофиқи моддаи 27 ва санаи  эътибор пайдо кардани ҳама гуна ислоҳот мувофиқи моддаи 29.   

 Моддаи 31  

 1. Ҳамин Паймон, ки асли матнҳои англисӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии  он бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдорӣ ба бойгонии Созмони Милали  Муттаҳид супорида шавад. 

 2. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Паймонро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 26 зикр шудаанд, ирсол  менамояд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights