Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистии тоҷик чӣ бояд кунад барои журналистони боздоштшуда.
Имрӯз ё пагоҳ бояд мурофиаи судии журналистон Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ баргузор гардад. Бояд гуфт, ки ин мурофиа мурофиае нест, ки дар он гунаҳгор будан ва ё набудани онҳоро дар айбҳои пешниҳоднамуда баррасӣ кунад. Ин мурофиа барои татбиқи чораи пешгирӣ гузаронида мешавад. Чораи пешгирӣ бошад ин амалҳои маҷбурие ҳисоб мешаванд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё ҳаракатҳои халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд ( қ.1 м.101 КМҶ ҶТ). Ва аз ҳама чораи вазнинтарин, ки ба Абдулло Ғурбатӣ ва Далер Имомалӣ таҳдид мекунад ин ҳабс аст. Ҳабс ба муддати то 2 моҳ то анҷоми тафтишоти пешакии парвандаҳояшон.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ҳатто ашхоси алоҳида метавонад, ки барои бартараф кардани чунин таҳдид ба ин журналистон мадад расонанд. Гап фақат дар ҷасорати шумост!
Бо пешниҳоди дархост ба суде, ки мурофиаро мегузаронад шумо метавонед хоҳиши татбиқи дигар чораи пешгириро дархост кунед. Дархостро метавонед шахсан ва ё ба воситаи адвокаташон ба суд пешниҳод намоед. Дар поён талаботи ду модда аз кодекси мурофиавии ҷиноятӣ барои маълумот ба Шумо пешниҳод мешавад, ки онҳоро метавонед истифода баред.
Моддаи 106 КМҶ. Кафолати шахсӣ
Кафолати шахсӣ аз тарафи шахси ба боварӣ сазовор қабул кардани ўҳдадории хаттӣ аст, ки гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда ҳангоми дар озодӣ будан аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ё баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷиноятӣ машғул намешавад. Шумораи кафилон бояд аз ду нафар кам набошад.
Кафолати шахсӣ бо дархости хаттии кафилон ва ризои шахсе, ки ба ў кафолат дода мешавад, татбиқ мегардад.
Кафилон забонхат дода, тасдиқ мекунанд, ки моҳияти гумонбар ё айбдор кардани шахсе, ки ба вай кафолат медиҳанд ва масъулияти кафил ба онҳо фаҳмонда шудааст.
Дар сурати аз ҷониби кафил иҷро накардани ўҳдадориҳояш ў мутобиқи моддаи 117 Кодекси мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 109 КМҶ. Гарав
Гарав аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва суде, ки ин чораи пешгириро татбиқ мекунад, вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, вазъи молумулкии гаравгузор, вале на камтар аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян менамояд. Гарав ба шарте татбиқ карда мешавад, ки товони зарари моддии бо ҷиноят расонидашуда пурра баргардонида шуда бошад. Гарав нисбат ба шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин гумонбаршуда ё айбдоршуда татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 03.07.12с., №864)
Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо ризои прокурор татбиқ мекунанд.
Ба гаравгузор, агар ў гумонбаршуда ё айбдоршаванда набошад, моҳияти гумонбарӣ ё айбдоркунии шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда фаҳмонида, бо имзои шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда, гаравгузор ва шахси мансабдори ин чораи пешгириро татбиқнамуда тасдиқ карда мешавад. Нусхаи қарор, таъинот барои супоридани гарав ба гаравгузор дода мешавад.
Дар сурати саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд чораи пешгирӣ иваз карда, маблағи гарав тибқи талаботи моддаи 118 Кодекси мазкур дар асоси қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
Дар дигар ҳолатҳо суд зимни ҳукм ё таъинот (қарор) баровардан дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъалаи ба гаравдеҳ баргардонидани маблағи гаравро ҳал менамояд. Ҳангоми қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давраи тафтиши пешакӣ маблағи гарав ба гаравдеҳ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё муовини ў баргардонида мешавад.
Бори дигар хоттирасон мекунем, ки тамоми амалҳои мурофиавӣ дар асоси талаботҳои Кодекси мурофиавии ҷиноӣ баргузор мегарданд, ва ин қонун дар моддаи 102-аш овардааст, ки мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ТАНҲО дар ҳолате чораи пешгириро татбиқ карда метавонанд, Агар:
- далелҳои аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъ овардашуда асоси кофӣ диҳанд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда метавонанд аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон шаванд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ё баррасии он аз тарафи суд мамониат кунанд, аз ҷумла маводи барои парванда аҳамиятдоштаро пинҳон ё сохтакорӣ кунанд ё бо роҳи ғайриқонунӣ ба шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда таъсир расонанд, бе сабабҳои узрнок бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳозир нашаванд, ҷинояти дигарро содир намоянд, ба иҷрои ҳукм монеъ шаванд.
Ҳангоми зарурати татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда хусусияти гумонбаркунӣ ё айбдоркунӣ, шахсият, синну сол ва вазъи саломатии онҳо, намуди машғулият, вазъи оилавӣ ва молумулкӣ, мавҷудияти ҷои доимии истиқомат ва ҳолатҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.