Tuesday, January 31, 2023

Конвенсияи зидди шиканҷа

Давлатҳои иштирокчии ин Конвенсия, бо назардошти он ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи ҳуқуқҳои баробар ва ҷудонопазирӣ ҳамаи аъзои оилаи инсон асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умумӣ мебошад;

бо эътирофи он ки ин ҳуқуқҳо аз шаъну шарафи хоси шахсияти инсон бармеоянд,

бо назардошти ӯҳдадориҳои давлатҳо мутобиқи Оиннома, аз ҷумла моддаи 55, мусоидат намудан ба эҳтиром ва риояи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 7 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро, ки ҳар ду пешбинӣ менамоянд, ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода шавад, ба инобат гирифта,

ҳамчунин бо назардошти Эъломияи ҳифзи ҳама шахсон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки онро Ассамблеяи Генералӣ 9 декабри соли 1975 қабул намудааст,

бо майлу хоҳиши баланд бардоштани самаранокии мубориза зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар тамоми ҷаҳон, ба аҳду паймони зайл расиданд:

ҚИСМИ 1

Моддаи 1

  1. Дар ин Конвенсия мафҳуми “шиканҷа” ба маънои зерин омадааст:

“ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонда мешавад, то ки аз ӯ ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гиранд ё ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ӯро барои амалҳои содирнамудаи ӯ ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани амали ҷиноӣ ҷазо диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, дар сурате ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомӯшонаи онон расонида мешавад”. Ба ин мафҳум дард ё азобҳое, ки танҳо дар натиҷаи муҷозоти қонунӣ, муҷозоти шабеҳ ё аз ҷониби онҳо тасодуфан рӯйдиҳанда бармеоянд, дохил намешаванд.

  1. Ин модда ба ягон шартномаи байналмилалӣ ё ягон қонунгузории миллӣ, ки муқаррароти истифодаи васеътар дорад ё метавонад дошта бошад, зиён намерасонад.

Моддаи 2

  1. Ҳар як Давлати узв барои пешгирии амалҳои шиканҷа дар тамоми қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта, тадбирҳои самарабахши қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва ғайра меандешад.
  2. Ҳеҷ гуна ҳолати мустасно, хоҳ ҳолати ҷанг ё таҳдиди ҷанг, ноустувории дохилии сиёсӣ ё ҳама гуна дигар ҳолати фавқулодда, наметавонад шиканҷаро асоснок созанд.
  3. Фармони сардори болоӣ ё мақомоти давлатӣ наметавонад шиканҷаро асоснок созад.

Моддаи 3

  1. Ҳеҷ як Давлати узв набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад (refouler) ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо истифодаи шиканҷа ба ӯ таҳдид мекунад.
  2. Барои муайян намудани чунин асосҳо мақомоти салоҳиятдор тамоми ҳолатҳои ба парванда марбутбударо ба инобат мегиранд, аз ҷумла дар ҳолатҳои дахлдор, дар давлат вуҷуд доштани таҷрибаи доимии поймолкунии дағалона, тоқатнопазир ва оммавии ҳуқуқи инсонро.

Моддаи 4

  1. Ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки тамоми ҳодисаҳои шиканҷа мутобиқи қонунгузории ҷиноии он ҳамчун ҷиноят арзёбӣ гарданд. Ин ба кӯшиши шиканҷа додан ва амалҳои ҳама гуна шахси ҳамшарик ё шарик дар шиканҷа низ дахл дорад.
  2. Ҳар як Давлати узв барои чунин ҷиноятҳо бо назардошти вазнин будани онҳо ҷазои муносиб муқаррар менамояд.

Моддаи 5

  1. Ҳар як Давлати узв чораҳое меандешад, ки метавонанд барои муқаррар намудани доираи ҳуқуқии он нисбати ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида дар ҳолатҳои зерин зарур бошанд:
  1. дар сурате ки ҷиноятҳо дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта ё дар киштӣ ё ҳавопаймои дар ин давлат бақайдгирифташуда содир гардида бошанд;
  2. дар сурате ки ҷинояткори эҳтимоли шаҳрванди ин давлат мебошад;
  3. дар сурате ки ҷабрдида шаҳрванди ин давлат бошад ва агар ин давлат инро зарур ҳисобад.
  1. Ҳар як Давлати узв ба таври шабеҳ чунин тадбирҳое меандешад, ки метавонанд барои муқаррар намудани доираи ҳуқуқии суд нисбати чунин ҷиноятҳо дар ҳолатҳое, ки ҷинояткорӣ эҳтимоли дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта бошад ва он (давлат) ӯро мутобиқи моддаи 8 ба ҳама гуна давлатҳои дар банди 1 ин модда зикргардида намесупорад, зарур бошанд.
  2. Ин Конвенсия анҷом додани ягон доираи ҳуқуқии ҷиноиро мутобиқи қонунгузории дохилӣ манъ намекунад.

Моддаи 6

  1. Пас аз баррасии маълумоти дар ихтиёраш буда давлат боварӣ ҳосил кунад, ки вазъият онро талаб мекунад, ҳар як Давлати узв, ки дар қаламрави он шахси дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида гумонбаршуда қарор дорад, ӯро ба даст мегирад ё дигар тадбирҳои ҳуқуқие меандешад, ки ҳозир будани ӯро таъмин кунанд. Ба ҳабс гирифтан ва дигар чораҳои шабеҳ мутобиқи қонунгузории ин давлат анҷом дода мешаванд, вале метавонанд танҳо дар доираи вақте ки барои андешидани амалҳои ҷиноӣ- мурофиавӣ ё амалҳои супурдан зарур аст, анҷом пазиранд.
  2. Чунин Давлат фавран тафтиши пешакии далелҳоро доир мекунад.
  3. Ба ҳама гуна шахси ҳабсшуда дар асоси банди 1 ин модда дар фавран барқарор намудани робита бо наздиктарин намояндаи дахлдори давлате, ки ӯ шаҳрвандӣ он мебошад ё агар ӯ шахси бешаҳрвандӣ бошад, бо намояндаи ҳамон давлате, ки ӯ одатан дар он истиқомат мекунад, кӯмак расонда мешавад.
  4. Ҳангоме ки давлат мутобиқи ин модда ягон шахсро ҳабс мекунад, он фавран давлатҳоеро, ки дар банди 1 моддаи 5 зикр гардидаанд, дар бораи дар ҳабс будани чунин шахс ва ҳолатҳое, ки барои боздоштани ӯ асос шудаанд, огоҳ менамояд. Давлате, ки тафтишоти пешакии дар банди 2 ин модда зикргардидаро анҷом медиҳад, давлатҳои дар боло зикргардидаро аз маълумотҳои гирифтааш фавран огоҳ месозад ва нишон медиҳад, ки оё он мақсад дорад доираи ҳуқуқии худро амалӣ намояд.

Моддаи 7

  1. Давлати узве, ки дар қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта шахси дар содир намудани ҳама гуна ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида гумонбаршуда ошкор шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5, агар он ҷинояткорро насупорад, ин парвандаро ба мақомоти салоҳиятдори худ барои таҳқиқоти судӣ ирсол менамояд.
  2. Ин мақомот ҳамон тавре ки дар ҳолати ҷинояти муқаррарии ҷиддӣ мутобиқи қонунгузории ин давлат қарор қабул карда мешавад, қарор қабул менамояд. Дар ҳолатҳои дар банди 2 моддаи 5 номбаршуда, талаботе, ки нисбати далелҳои барои таҳқиқи судӣ ва маҳкумкунӣ зарур буда пешниҳод карда мешаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд нисбат ба он талаботе, ки дар ҳолатҳои дар банда 1 моддаи 5 зикргардида тақозо мегарданд, сабуктар бошанд.
  3. Ба ҳама шахсе, ки нисбати ӯ бинобар ҳама гуна ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида таҳқиқоти судӣ анҷом дода мешавад, муомилаи одилона дар тамоми марҳалаи таҳқиқот (тафтишот) кафолат дода мешавад.

Моддаи 8

  1. Ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида, ҷиноятҳое ҳисобида мешаванд, ки бояд ҳамчун ҷиноятҳое, ки супурдани ҷинояткорро пешбинӣ менамоянд, ба ҳама гуна шартномаи супурдани ҷинояткори байни давлатҳои аъзо мавҷудбуда ворид карда шаванд. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд чунин ҷиноятҳоро ҳамчун ҷиноятҳое, ки супурдани ҷинояткорро пешбинӣ менамоянд, ба ҳама гуна шартномаи оид ба супурдани ҷинояткор, ки байни онҳо баста мешавад, ворид намоянд.
  2. Агар Давлати узве, ки супурдани ҷинояткорро ба мавҷуд будани шартнома шарту қайд мекунад, дар хусуси супурдани ҷинояткор аз дигар Давлати узв, ки бо он дар хусуси супурдани ҷинояткор шартнома надорад, дархост гирад, он метавонад ин Конвенсияро нисбати чунин ҷиноятҳо ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои супурдани ҷинояткор арзёбӣ намояд. Супурдани ҷинояткор мутобиқи дигар шартҳои пешбининамудаи қонунгузории давлате, ки супурдани ҷинояткор аз он дархост шудааст, сурат мегирад.
  3. Давлатҳои аъзое, ки супурдани ҷинояткорро бо мавҷудияти шартнома қайду шарт накарданд, дар муносибатҳои байни худ чунин ҷиноятҳоро мутобиқи шартҳои пешбининамудаи қонунгузории давлате, ки супурдани ҷинояткор аз он дархост шудааст, ҳамчун ҷиноятҳое, ки супурдани ҷинояткорро пешбинӣ менамояд, арзёбӣ мекунанд.
  4. Чунин ҷиноятҳо бо мақсади супурдани ҷинояткор байни Давлатҳои аъзо тавре арзёбӣ мегарданд, ки онҳо на танҳо дар ҷои содиргардидаашон содир шуда бошанд, балки ҳамчунин дар қаламрави давлатҳое, ки бояд доираи ҳуқуқии худро мутобиқи банди 1 моддаи 5 муқаррар намоянд, содир гардидаанд.

Моддаи 9

  1. Давлатҳои аъзо бинобар амалҳои ҷиноӣ-мурофиавие, ки нисбати ҳама гуна ҷиноятҳои дар моддаи 4 номбаргардида, аз ҷумла пешниҳоди тамоми далелҳои мавҷудаи барои тафтиши суди зарурбуда анҷом дода шудаанд, ба ҳамдигар кӯмаки ҳамаҷониба мерасонанд.
  2. Давлатҳои аъзо ӯҳдадориҳои худро мутобиқи банди 1 ин модда ва тибқи ҳама гуна шартномаҳои оид ба кӯмаки мутақобилаи ҳуқуқӣ, ки метавонанд байни онҳо баста шаванд, иҷро менамоянд.

Моддаи 10

1. Ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки маводи таълимӣ ва иттилоотӣ дар бобати манъи шиканҷа пурра ба барномаҳои омӯзиши ҳайатӣ (персоналӣ) мақомоти ҳуқуқ истифодабаранда, ғайринизомӣ ё низомӣ, ҳайати (кормандони) тиббӣ, шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони дигаре, ки метавонанд ба нигоҳдорӣ дар ҳабс ё пурсиши шахсони дар ҳама гуна шакл ҳабсшуда, боздоштшуда ё дар ҳабсхона қарордошта ё муомила бо онҳо ягон хел муносибат дошта бошанд, дохил карда шаванд.

2. Ҳар як Давлати узв ин манъро ба қоидаҳо ё дастурамалҳои марбут ба вазифаҳо ва функсияҳои ҳама гуна чунин шахсон ворид менамояд.

Моддаи 11

Ҳар як Давлати узв мунтазам қоидаҳо, дастурамалҳо, усулҳо ва таҷрибаи марбут ба пурсиш, инчунин шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс ё муомила бо шахсони дар ҳама гуна шакл ҳабсшуда, боздошта ё дар ҳабсхона дар ҳама гуна қаламравӣ дар доираи ҳуқуқии он қарордоштаро бо мақсади роҳ надодан ба ягон ҳодисаи шиканҷа баррасӣ менамояд.

Моддаи 12

Ҳар як Давлати узв таъмин мекунад, ки мақомоти салоҳиятдори он дар сурати мавҷуд будани далели кофӣ дар мавриди он, ки шиканҷа дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта истифода гардидааст, тафтиши фаврӣ ва беғаразона гузаронанд.

Моддаи 13

Ҳар як Давлати узв ба ҳар шахсе, ки дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии ин давлат қарордошта таҳти шиканҷа қарор гирифтани худро тасдиқ мекунад, ҳуқуқи ба мақомоти салоҳиятдори ин давлат пешниҳод намудани шикоят ва аз ҷониби онҳо зуд ва беғаразона баррасӣ гардидани чунин шикоятро таъмин менамояд. Барои таъмини ҳимояи даъвогар ва шоҳидон аз ҳама шаклҳои муомилаи бад ё таҳдид бинобар шикояти ӯ ё ҳама гуна гувоҳии шоҳиди тадбирҳо андешида мешавад.

Моддаи 14

1. Ҳар як Давлати узв дар системам ҳуқуқии худ таъмин мекунад, ки ҷабрдидаи шиканҷа ҷуброн гирад ва ба талофии одилона ва муносиби қонунан муқарраршуда ҳақ дошта бошад, аз ҷумла маблағ барои офияти (реабилитатсияи) пурратар. Дар сурати марги ҷабрдида дар натиҷаи шиканҷа ҳуқуқ ба талофи ба нонхӯрони ӯ дода мешавад.

2. Ҳеҷ чиз дар ин модда ба ягон ҳуқуқи ҷабрдида ё дигар шахсон ба талофи, ки метавонад мутобиқи қонунгузории миллӣ вуҷуд дошта бошад, халал намерасонад.

Моддаи 15

Ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки ҳама гуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти суди ҳамчун далел истифода нагардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он (баёнот) ба муқобили шахси дар содир намудани шиканҷа гунаҳгоршаванда ҳамчун далели он истифода мешавад, ки ин баёнот дода шуда буд.

Моддаи 16

  1. Ҳар як Давлати узв ӯҳдадор мешавад дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта дигар амалҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки таҳти мафҳуми шиканҷаи дар моддаи 1 шарҳдодашуда қарор намегиранд, пешигирӣ намояд, ҳангоме ки чунин амалҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ё дигар шахси расмӣ, ё бо шӯрангезии (таҳрикӣ) онҳо ва ё бо огоҳӣ ё розигии хомӯшонаи онҳо содир мегарданд. Аз ҷумла, ӯҳдадориҳои дар моддаҳои 10, 11, 12 ва 13 зикргардида бо иваз намудани таъкидот оид ба шиканҷа ба таъкидот оид ба дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф истифода мешаванд.
  2. Муқаррароти ин Конвенсия ба муқаррароти ҳама гуна дигар шартномаҳои байналмилалӣ ё қонунгузории миллӣ, ки муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро манъ мекунанд ё ба супурдан ё бадарға кардан дахл доранд, зиён намерасонанд.

ҚИСМИ II

Моддаи 17

1. Кумитаи зидди шиканҷа (минбаъд Кумита номида мешавад) таъсис дода мешавад, ки вазифаҳои дар поён пешбинигардидаро иҷро менамояд. Кумита аз даҳ эксперти (коршиноси) дорои сифатҳои олии ахлоқӣ ва салоҳиятнокии эътирофгардида дар соҳаи ҳуқуқи инсон иборат мебошад, ки онҳо ҳамчун шахси алоҳида баромад мекунанд. Экспертҳоро Давлатҳои аъзо интихоб менамоянд, зимнан таваҷҷӯҳ ба тақсимоти одилонаи ҷуҷрофӣ ва зарурати иштироки якчанд шахси дорои таҷрибаи ҳуқуқӣ дода мешавад.

2. Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки Давлатҳои аъзо пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як Давлати узв метавонад аз ҷумлаи шаҳрвандони худ як номзадро пешбарӣ намояд. Давлати узв зарурати пешбарии шахсонеро, ки ҳамчунин аъзои Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсонӣ мутобиқи Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъсисдодашуда мебошанд ва хоҳиши дар Кумитаи зидди шиканҷа кор карданро доранд, ба эътибор мегиранд.

  1. Аъзои Кумита дар маҷлисҳои машваратии Давлатҳои аъзо, ки Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид як маротиба дар ду сол даъват менамояд, интихоб карда мешаванд. Дар ин маҷлисҳои машваратӣ, ки кворуми онҳо аз се ду ҳиссаи Давлатҳои аъзоро ташкил медиҳад, аъзоёни ба Кумита интихобгардида номзадҳое мебошанд, ки миқдори зиёдтари овозҳо ва шумораи мутлақи овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ ширкатнамудаи Давлатҳои аъзои Конвенсияро гирифтаанд.
  2. Интихоботи ибтидоӣ на дертар аз шаш моҳи пас аз санаи эътибор пайдо намудани ин Конвенсия доир мегардад. Ақаллан чор моҳ пештара санаи интихоботи навбати Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба Давлатҳои аъзо мактуб фиристода хоҳиш менамояд, ки дар мӯҳлати се моҳ номзадҳои худро пешниҳод кунанд. Котиби генералӣ рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбоӣ ҳамаи шахсони бо ҳамин тариқ пешбаригардида ва Давлатҳои аъзои онҳоро пешбаринамуда зикр карда мешаванд ва ин рӯйхатро ба Давлатҳои аъзо пешниҳод менамояд.
  3. Аъзои Кумита ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд. Онҳо ҳақ доранд дар сурати такроран пешниҳод гардидан аз нав интихоб карда шаванд. Вале, мӯҳлати ваколатҳои панҷ аъзои дар интихоботҳои аввала интихобшуда дар охири давраи дусола ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввала номҳои ин панҷ аъзо ба тариқи қуръапартоӣ аз ҷониби раиси маҷлиси машваратӣ, ки дар ин бора дар банди 3 ин модда сухан меравад, муайян карда мешаванд.
  4. Дар сурати вафот ё ба истеъфо баромадани узви Кумита ё бо ягон сабаби дигар дар Кумита иҷро карда натавонистани вазифаҳои худ Давлати узве, ки номзадии ӯро пешбарӣ кардааст бо ризоияти аксарияти Давлатҳои аъзо барои мӯҳлати боқимонда аз ҷумлаи шаҳрвандони худ дигар экспертро таъин менамояд. Номзад дар сурате маъқул дониста мешавад, ки агар нисф ё бештари Давлатҳои аъзо дар давоми шаш ҳафтаи пас аз гирифтани иттилоот аз Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба таъиноти пешбинигардида ҷавоби манфӣ надода бошанд.
  5. Давлатҳои аъзо хароҷоти аъзои Кумитаро дар давраи дар Кумита адои вазифа намудани онҳо ба зиммаи худ мегиранд.

Моддаи 18

1. Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб менамояд. Онҳо метавонанд такроран интихоб карда шаванд.

2. Кумита қоидаҳои расмиёти худро муқаррар менамояд, вале дар ин қоидаҳо, аз ҷумла инҳо бояд пешбини карда шаванд:

  1. шаш аъзо кворумро ташкил медиҳанд;
  2. қарорҳои Кумита бо аксарияти овозҳои аъзоёни ҳузурдошта қабул карда мешаванд.
  1. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок иҷро гардидани вазифаҳои Кумита мутобиқи ин Конвенсия ҳайат ва шароити зарури фароҳам меорад.
  2. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҷлиси нахустини машваратии Кумитаро даъват менамояд. Пас аз маҷлиси нахустини машваратии худ Кумита дар фосилаи мӯҳлатҳое гирд меояд, ки қоидаҳои расмиёти он пешбини менамоянд.
  3. Давлатҳои аъзо хароҷоти доир намудани маҷлисҳои машваратии Давлатҳои аъзо ва Кумита, аз ҷумла ҷуброни ҳама гуна хароҷоти Созмони Милали Муттаҳидро, ба монанди пардохти ҳайат ва шароите, ки Созмони Милали Муттаҳид мутобиқи банди 3 ин Конвенсия таъмин менамояд, ба зимма мегиранд.

Моддаи 19

1. Давлатҳои аъзо ба воситаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси тадбирҳои андешидаи онҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ мутобиқи ин Конвенсия дар мӯҳлати як соли баъд аз эътибор пайдо намудани ин Конвенсия барои Давлати дахлдори узв ба Кумита гузориш пешниҳод менамоянд. Минбаъд Давлатҳои аъзо дар чор сол як маротиба доир ба ҳама гуна тадбирҳои нави андешидашуда гузоришҳои иловагӣ, инчунин дигар гузоришҳоеро, ки Кумита метавонад дархост намояд, пешниҳод мекунанд.

2. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин гузоришҳоро ба ҳама Давлатҳои аъзо мефиристад.

  1. Ҳар як гузориш аз ҷониби Кумита, ки метавонад доир ба гузориш фикру мулоҳизаҳои умумии зарурдонистаи худро баён намояд, баррасӣ мегардад ва онҳоро ба Давлати узви дахлдор равон менамояд. Ин Давлати узв метавонад ҷавобан ба Кумита ҳама гуна фикру мулоҳизаҳои зарурдонистаи худро пешниҳод намояд.
  2. Кумита мувофиқи салоҳдиди худ метавонад ҳама гуна фикру мулоҳизаҳои мутобиқи банди 3 ҳамин модда баённамудаи худро якҷоя бо фикру мулоҳизаҳои оид ба онҳо, ки аз Давлати дахлдори узв гирифтааст, ба гузориши солонаи худ, ки мутобиқи моддаи 24 таҳия мегардад, ворид намояд. Бо хоҳиши Давлати дахлдори узв Кумита метавонад ҳамчунин нусхаи маърӯзаи мутобиқи банди 1 ҳамин модда пешбинигардидаро ворид намояд.

Моддаи 20

1. Агар Кумита иттилооти боэътимоде гирад, ки ба ақидаи он ин иттилоот дорои маълумоти комилан асоснок оид ба истифодаи мунтазами шиканҷа дар қаламрави ягон Давлати узв мебошад, он гоҳ Кумита ба ин Давлати узв пешниҳод менамояд, ки дар баррасии ин иттилоот ҳамкорӣ намояд ва бо ин мақсад мулоҳизоти худро нисбати ин иттилоот пешниҳод кунад.

2. Бо назардошти ҳама гуна фикру мулоҳизаҳое, ки метавонанд аз ҷониби Давлати дахлдори узв пешниҳод гарданд, ҳамчунин ҳама гуна дигар иттилооти марбут ба масъала, ки дар ихтиёри он мебошад, Кумита метавонад, агар онро зарур шуморад, як ё якчанд аъзои худро барои доир намудани Тафтишоти махфӣ ва фавран ба Кумита пешниҳод намудани гузориши дахлдор таъин намояд.

  1. Агар мутобиқи банди 2 ин модда тафтиш доир гардад, Кумита кӯшиш мекунад бо Давлати дахлдори узв ҳамкорӣ ба роҳ монад. Бо розигии ин Давлати узв чунин тафтиш метавонад боздид аз қаламрави онро низ дар бар гирад.
  2. Пас аз баррасии натиҷаҳои доирнамудаи ин узв ё аъзоёни тафтишот, ки мутобиқи банди 2 ҳамин модда пешниҳод гардидаанд, Кумита ин натиҷаҳоро якҷоя бо ҳама гуна фикру мулоҳизаҳо ё пешниҳодҳое, ки дар ин ҳолат зарур ҳисобида мешаванд, ба Давлати дахлдори узв равон менамояд.
  3. Тамоми кори Кумита, ки дар бандҳои 1-4 ин модда зикр гардидаанд, хислати махфӣ дошта, дар тамоми марҳалаҳои ин кор бояд ба ҳамкорӣ бо Давлати узв саъй намуд. Пас аз анҷоми чунин кор нисбати тафтишоти мутобиқи банди 2 доиргардида, Кумита метавонад баъд аз машварат бо Давлати дахлдори узв доир ба ворид намудани ҳисоботи мухтасар оид ба натиҷаҳои ин кор ба гузориши ҳарсолаи худ, ки мутобиқи моддаи 24 таҳия мегардад, қарор қабул намояд.

Моддаи 21

  1. Мутобиқи ин модда ҳама гуна Давлати узви ин Конвенсия метавонад ҳар вақт изҳор намояд, ки он салоҳияти Кумитаро доир ба гирифтан ва баррасӣ намудани маълумоти марбут ба изҳороти як Давлати узв дар хусуси он, ки дигар Давлати узв ӯҳдадориҳои худро аз рӯи ин Конвенсия иҷро намекунад, эътироф менамояд. Чунин маълумотҳо метавонанд мутобиқи расмиёти дар ин модда баёнгардида танҳо дар сурате қабул ва баррасӣ гарданд, ки агар онҳо аз ҷониби Давлати узве пешниҳод гардида бошанд, ки он дар бораи эътироф намудани салоҳияти Кумита нисбати худ изҳорот карда бошад. Кумита маълумотҳоро аз рӯи ин мода баррасӣ намекунад, агар онҳо ба он Давлати узве дахл дошта бошанд, ки чунин изҳоротро накарда бошад. Маълумотҳое, ки мутобиқи ин мода гирифта шудаанд, мувофиқи расмиёти зерин баррасӣ мегарданд:

a) агар ягон Давлати узв чунин шуморад, ки дигар Давлати узв муқаррароти ин Конвенсияро иҷро намекунад, он гоҳ он метавонад ба тариқи мактуб ин масъаларо ба маълумоти Давлати зикргардидаи узв расонад. Дар муддати се моҳи пас аз гирифтани чунин мактуб Давлате, ки онро гирифтааст, ба Давлати ин мактубро фиристода баённома ё дигар изҳороти шарҳи ин масъаларо пешниҳод менамояд, ки дар он бояд ҳатталимкон ва ба қадри зарурӣ ишора ба расмиёти дохилӣ ва тадбирҳои андешидашуда, тадбирҳое, ки андешида хоҳанд шуд ё метавонанд доир ба ин масъала андешида шаванд, зикр гарданд;

b) агар масъала дар муддати шаш моҳи баъди аз ҷониби давлати гирандаи мактуби аввала гирифта шудани мактуб барои ҳар ду Давлати дахлдори узв қаноатбахш ҳал нагардад, ҳар яке аз ин давлатҳо ҳақ дорад дар ин бобат Кумита ва дигар давлатро огоҳ намуда, ин масъаларо ба Кумита ҳавола намояд;

  1. Кумита масъалаи мутобиқи ин модда ба он ҳаволагардидаро танҳо пас аз боварӣ ҳосил кардан дар он хусус, ки тамоми тадбирҳои имконпазири дохилӣ дар ин ҳолат мутобиқи принсипҳои эътирофи умумӣ ҳуқуқи байналмилалӣ истифода гардидаанд, баррасӣ менамояд. Ин қоида дар он ҳолатҳое амал намекунад, ки истифодаи ин тадбирҳо беасос тӯл мекашад ё дар гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Конвенсия кӯмаки самарабахш расонад;
  2. ҳангоми баррасии хабарҳо тибқи ин модда Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир менамояд;
  3. бо риояи муқаррароти зербанди с) Кумита ба Давлатҳои дахлдори аъзо бо мақсади ҳалли рафиқонаи масъала дар асоси эҳтироми ӯҳдадориҳои дар ин Конвенсия пешбинигардида хизматҳои нек мерасонад. Бо ин мақсад Кумита метавонад дар мавриди зарурат комиссияи махсуси мувофиқа таъсис диҳад;
  4. аз рӯи ҳама гуна масъалаи мутобиқи ин модда ба Кумита ҳаволагардида он метавонад аз Давлатҳои дахлдори аъзои дар зербанди d) зикргардида талаб намояд, ки ҳама гуна иттилооти ба ин масъала марбутбударо пешниҳод намоянд;
  5. Давлатҳои дахлдори аъзои дар зербанди d) зикргардида ҳақ доранд ҳангоми баррасии масъала ба Кумита пешниҳод гарданд ва дар шакли шифоҳӣ (даҳонӣ) ва ё хаттӣ пешниҳодҳо ирсол намоянд;
  6. Кумита дар муддати дувоздаҳ моҳи пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома мутобиқи зербанди d) маълумот пешниҳод менамояд:
  7. агар дар доираи муқаррароти зербанди е) мувофиқа ба даст ояд, Кумита дар маълумоти худ далелҳои мухтасар ва мувофиқаи бадастомадаро зикр менамояд;

ii) агар қарор дар доираи муқаррароти зербанди е) ба мувофиқа расонида нашавад, он гоҳ Кумита хабари худро бо баёни мухтасари далелҳо маҳдуд месозад; пешниҳодоти хаттӣ ва навиштаи баёнияҳои шифоҳӣ, ки аз тарафи Давлатҳои дахлдори аъзо пешниҳод мегарданд, ба хабар замима карда мешаванд. Аз рӯи ҳар як масъала хабар ба Давлатҳои дахлдори аъзо фиристода мешавад.

  1. Муқаррароти ин модда ҳангоме, ки панҷ Давлати узви ҳамин Конвенсия мувофиқи банди 1 ҳамин модда баёния интишор медиҳанд, эътибор пайдо мекунанд. Чунин баёнияҳоро Давлатҳои аъзо барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаҳои онро ба Давлатҳои дигари аъзо ирсол менамояд, месупоранд. Баёния мумкин аст, ки ба воситаи ирсоли огоҳинома ба унвони Котиби Генералӣ ҳар лаҳза бозпас гирифта шавад. Ин гуна бозпас гирифтани баёния ба баррасии ҳар кадом масъалаи мавриди хабардиҳӣ, ки мувофиқи ин модда аллакай фиристода шудааст, набояд зарар расонад; ҳеҷ кадом хабари баъдии ҳар кадом Давлати узв тибқи ҳамин модда баъди аз тарафи Котиби Генералӣ гирифта шудани огоҳинома дар хусуси бозпас гирифтани баёния, агар Давлати дахлдори узв баёнияи нав содир накарда бошад, пазируфта нахоҳад шуд.

Моддаи 22

  1. Давлати узви ҳамин Конвенсия ҳар вақт метавонад мувофиқи ин модда эълон намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро оид ба гирифтан ва баррасӣ кардани хабарҳои шахсҳое, ки дар доираи ҳуқуқии он қарор доранд ва тасдиқ мекунанд, ки онҳо ҷабрдидаи поймол кардани муқаррароти Конвенсия аз тарафи Давлати узв мебошанд ё аз ин қабил хабарҳое, ки аз номи онҳо мерасад, эътироф менамояд. Кумита ин гуна хабарро қабул намекунад, агар онҳо ба Давлати узве, ки чунин баёния содир накардааст, мансуб бошанд.
  2. Кумита ҳар гуна хабарро, ки беном фиристода шудааст ё аз нуқтаи назари вай иборат аз сӯиистифодаи ҳуқуқи пешниҳоди чунин хабарҳо аст ва ё бо муқаррароти ин Конвенсия носозгор мебошад, тибқи ин модда ғайри қобили қабул ҳисоб мекунад.
  3. Бо назардошти муқаррароти банди 2 Кумита ҳар гуна хабари ба он пешниҳодшударо тибқи ин модда ба иттилои Давлати узви ин Конвенсия, ки тибқи банди 1 баёния содир намуда аст ва гӯё ин ё он муқаррароти Конвенсияро вайрон мекунад, мерасонад. Дар давоми шаш моҳ Давлати узв иттилоотро гирифта ба Кумита баёноти хаттӣ ё ариза пешниҳод карда, дар он ба масъала ва ҳар кадом тадбире, ки аз тарафи ин Давлат мумкин аст анҷом дода шавад, равшанӣ меандозад.
  4. Кумита хабари дар партави ҳамаи ин иттилоот тибқи ин модда гирифташударо, ки аз тарафи шахси дахлдор ё аз номи ӯ ва Давлати дахлдори узв пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад.
  5. Кумита ҳеҷ гуна хабарро аз ҳар кадом шахс тибқи ин модда баррасӣ намекунад, агар боварӣ надошта бошад, ки:
  1. ин масъала аз рӯи ягон дигар расмиёти тафтишот ё танзими байналмилалӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ нашуда истодааст;
  2. ин шахс тамоми тадбирҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқиро истифода кардааст; ин қоида дар ҳолатҳое амал намекунад, ки татбиқи ин чораҳо беасос тӯл кашида мешавад ё гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Конвенсия кӯмаки самарабахш расонад.
  1. Ҳангоми баррасии хабарҳо аз рӯи ин модда Кумита маҷлиси пӯшида мегузаронад.
  2. Кумита нуқтаи назари худро ба Давлати дахлдори узв ва шахси дахлдор мефиристонад.
  3. Муқаррароти ин модда ҳангоме, ки панҷ Давлати узви ҳамин Конвенсия мувофиқи банди 1 ҳамин модда баёния интишор медиҳанд, эътибор пайдо мекунанд. Чунин баёнияҳоро Давлати узв барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаҳои онро ба Давлатҳои дигари аъзо ирсол менамояд, месупоранд. Баёния мумкин аст, ки ба воситаи ирсоли огоҳинома ба унвони Котиби Генералӣ дар ҳар лаҳза бозпас гирифта шавад. Ин гуна бозпас гирифтани баёния ба баррасии ҳар кадом масъалаи мавриди хабардиҳӣ, ки мувофиқи ин модда аллакай фиристода шудааст, набояд зарар расонад; ҳеҷ кадом хабари баъдие, ки ҳар гуна шахс ё аз номи ӯ фиристода мешаванд, тибқи ҳамин модда баъди аз тарафи Котиби Генералӣ гирифта шудани огоҳинома дар хусуси бозпас гирифтани баёния, агар Давлати дахлдори узв баёнияи нав содир накарда бошад, пазируфта нахоҳад шуд.

Моддаи 23

Аъзои Кумита ва комиссияҳои махсуси миёнарав, ки метавонанд мувофиқи зербанди е) банди 1 моддаи 21 таъин карда шаванд, ба имтиёзу масунияти экспертҳое (коршиносоне), ки бо супориши Созмони Милали Муттаҳид амал мекунанд, ба тарзе, ки дар фаслҳои дахлдори Конвенсия дар бораи афзалиятҳо ва масунияти Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ доранд.

Моддаи 24

Кумита ба Давлатҳои аъзо ва Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид гузориши солонаро дар бораи фаъолияти худ тибқи ҳамин Конвенсия пешниҳод мекунад.

ҚИСМИ III

Моддаи 25

  1. Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо боз аст.
  2. Ин Конвенсия бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

Моддаи 26

Ин Конвенсия барои ҳамроҳшавии ҳамаи давлатҳо боз аст. Ҳамроҳ шудан аз тариқи ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдорӣ супоридани ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 27

1. Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.

2. Барои ҳар як Давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷати бистум дар хусуси ҳамроҳшавӣ, ҳамроҳ мешавад, ҳамин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдорӣ супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии худи он давлат, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 28

1. Ҳар кадом Давлат ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани ин Конвенсия ё ба он ҳамроҳшавӣ, метавонад изҳор намояд, ки вай салоҳиятҳои Кумитаро, ки моддаи 20 муайян кардааст, эътироф намекунад.

2. Ҳар кадом Давлати узв, ки қайде тибқи банди 1 ин модда ворид кардааст, метавонад дар ҳар лаҳза он қайди худро бо огоҳ кардани Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус бозпас гирад.

Моддаи 29

1. Ҳар кадом Давлати узви ин Конвенсия метавонад ислоҳот пешниҳод кунад ва онро ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид баъд ислоҳоти пешниҳодшударо ба Давлатҳои аъзо ирсол намуда хоҳиш менамояд, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи Давлатҳои аъзо бо мақсади баррасии ин пешниҳод ва овоздиҳӣ оид ба он ҳастанд ё не.

Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи фиристода шудани чунин нома ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи Давлатҳои аъзо барои баргузории чунин конференсия овоз диҳанд, Котиби Генералӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид конференсияро даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои Давлатҳои аъзои дар конференсия ҳозирбуда ва дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мешавад, аз ҷониби Котиби Генералӣ барои тасдиқ ба ҳамаи Давлатҳои аъзо пешниҳод карда мешавад.

2. Ислоҳоти тибқи банди 1 ҳамин модда қабулшуда баъди он ки аз се ду ҳиссаи шумораи Давлатҳои аъзои ин Конвенсия ба Котиби Генералӣ дар бораи мутобиқи расмиёти конститутсиониашон қабул карда шудани онҳо огоҳинома мефиристанд, эътибор пайдо мекунад.

  1. Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунад, иҷрои онҳо барои Давлатҳои аъзое, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мегардад, барои дигар Давлатҳои аъзо муқаррароти ҳамин Конвенсия ва ҳар ислоҳоти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шуда буданд, ҳатмӣ хоҳад буд.

Моддаи 30

1. Ҳар кадом ихтилоф байни ду ё бештаре аз Давлатҳои аъзо дар мавриди тафсир ё татбиқи ҳамин Конвенсия, ки аз тариқи гуфтушунид наметавонад ҳаллу фасл гардад, бо хоҳиши яке аз онҳо ба суди ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар давоми шаш моҳ аз таърихи супоридани дархост ба суди ҳакамӣ тарафҳо натавонанд, ки дар бораи баргузории суди ҳакамӣ ба мувофиқат расанд, пас бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо ихтилоф мумкин аст, ки вобаста ба мақоми Суд ба Суди Байналмилалӣ равон карда шавад.

2. Ҳар кадом давлат ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани ин Конвенсия ё дар ҳоли ҳамроҳшавӣ ба он, метавонад изҳор намояд, ки вай худро пойбанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда ҳисоб намекунад. Дигар Давлатҳои аъзо дар муносибат бо ҳар кадом Давлати узв, ки чунин изҳорот медиҳад, пойбанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда нахоҳанд буд.

  1. Ҳар кадом Давлати узв, ки мувофиқи банди 2 ҳамин модда изҳорот додааст, метавонад ҳар замон бо огоҳ намудани Котиби Генералӣ изҳороти худро бозпас гирад.

Моддаи 31

1. Ҳар кадом Давлати узв метавонад ҳамин Конвенсияро аз тариқи огоҳиномаи хаттӣ фиристодан ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид якҷониба бекор кунад. Якҷониба бекор кардан баъди гузаштани як сол пас аз огоҳинома гирифтани Котиби Генералӣ эътибор пайдо мекунад.

2. Ин гуна якҷониба бекор кардан Давлати узвро аз ӯҳдадориҳояш марбут ба ҳамин Конвенсия барои ҳар амале ё камбуде, ки то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба воқеъ гардида буд, озод намекунад, ҳамчунин якҷониба бекор кардан ба ҳар масъалае, ки баррасиаш давом дорад ва он аз тарафи Кумита то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ба ҳеҷ ваҷҳ зиён намерасонад.

  1. Баъди таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба барои ягон Давлати узв, Кумита баррасии масъалаҳои навро марбут ба Давлати дахлдор оҷоз намекунад.

Моддаи 32

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид маълумотро ба ҳамаи Давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи давлатҳои ҳамин Конвенсияро ба имзо расонда ва ё ба он ҳамроҳшуда дар хусусӣ:

a) имзо кардан, тасдиқ кардан ва ҳамроҳшавӣ мутобиқи моддаҳои 25 ва 26;

b) таърихи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия мутобиқи моддаи 27 ва таърихи эътибор пайдо кардани ҳар гуна ислоҳот мутобиқи моддаи 29;

  1. якҷониба бекор кардан мутобиқи моддаи 31 мерасонад.

Моддаи 33

1. Ҳамин Конвенсия, ки матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавиаш бо ҳам баробар аст, барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.

2. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Конвенсияро ба ҳамаи давлатҳо мефиристонад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights