Monday, January 30, 2023

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 

ПЕШГУФТОР 

 Бо дарназардошти ин, ки эътирофи қадру қимат ба ҳамаи аҳли башар хос  буда, ҳуқуқи баробар ва дахлнопазири онҳо асоси озоди, адолат ва сулҳи умум  аст; 

 бо дарназардошти ин, ки таҳқиру беэътинои ба ҳуқуқѕи башар боиси сурат  гирифтани аъмоли ваҳшиёнае гардидааст, ки виҷдони башариятро сахт озурда  мегардонад ва эҷоди чунин дунёе, ки дар он одамон дар сухан ва ақида озод ва  аз тарсу эҳтиёҷ фориҷ бошанд, ҳамчун волотарин орзуи одамон эълон  гардидааст; 

 бо дарназардошти ин, ки ҳуқуқи башар бояд бо ҳукми қонун ҳимоят карда  шавад, то башар ҳамчун охирин илоҷ ба қиёми зидди зулму истибдод маҷбур  нагардад; 

 бо дарназардошти ин, ки ба густариши муносибатҳои дӯстонаи миёни халқҳо  мусоидат намудан зарур аст; 

 бо дарназардошти ин, ки халқҳои Милали Муттаҳид имони худро ба ҳуқуқи  асосии башар, шараф ва қимати шахсияти инсонию баробарии ҳуқуқи марду зан  дар Оиннома эълон кардаанд ва қарор додаанд, ки ба пешрафти иҷтимоӣ 

мусоидат карда ва дар муҳити озодтар вазъи зиндагии беҳтаре ба вуҷуд оваранд;  бо дарназардошти ин, ки давлатҳои аъзо ӯҳдадор шудаанд ба эҳтироми  риояи воқеии ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ бо Созмони Милали Муттаҳид  ҳамкорӣ намоянд; 

 бо дарназардошти ин, ки ҳусни тафоҳуми умумӣ дар мавриди ин ҳуқуқу  озодиҳо дар иҷрои пурраи ин ӯҳдадори аҳамияти бузург дорад,   

 Ассамблеяи Генерали 

 ин Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро ҳамчун вазифаи тамоми халқҳо ва тамоми давлатҳо эълон медорад, то ҳар фард ва ҳар мақоми давлатӣ онро доиман  дар мадди назар дошта бошад ва ҷидду ҷаҳд намояд, ки тавассути омӯзишу  таълим ва бо тадбирҳои пешрафтаи миллию байналмилали эътирофу иҷрои  умумию самарабахши онҳоро чи дар миёни халқҳои давлатҳои узви Созмон ва  чи дар миёни халқҳои қаламрави таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарордошта ба  эҳтироми ин ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини онҳо мусоидат намояд. 

Моддаи 1 

 Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё  меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона  дошта бошанд. 

Моддаи 2 

Ҳap як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли милли ё иҷтимоӣ, 

вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошад. 

 Ғайp аз ин дар заминаи мақоми сиёсӣ, ҳуқуқи ё байналмилалии кишвар ё  қаламраве, ки фард ба он таалуқ дорад, сарфи назар аз он, ки оё ин қаламрав  мустақил аст, таҳти васоят қарор дорад, худидора намебошад ё истиқлолияти  он бо ягон тарз маҳдуд гардонида шудааст, набояд тафовуте гузошта шавад. 

Моддаи 3 

Ҳap як инсон ба ҳаёт, озоди ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад. 

Моддаи 4 

Ҳеҷ кас набояд дар ѓуломи ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дотшта шавад; ѓуломи ва ѓуломфурӯши дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст. 

Моддаи 5 

Ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ѓайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи тарафи ӯ қарор дода шавад. 

Моддаи 6 

Ҳap як инсон, дар ҳар куҷое, ки қарор дошта бошад, ба эътирофи ӯ ҳамчун субъекти ҳуқуқи ҳақ дорад. 

Моддаи 7 

Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробари ҳуқуқҳуқуқи ҳақ доранд. Њамаи одамон дар муқобили ҳар гуна  табъиде, ки хилофи хамин Эъломия мебошад ва таҳдиди табъиз аз ҷонибе, ки  набошад, ба ҳимояи баробар ҳақ доранд. 

Моддаи 8 

Ҳap як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти милли ҳақ дорад. 

Моддаи 9 

Ҳеҷ касро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарѓа кардан мумкин нест.   

Моддаи 10 

Ҳap як инсон барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш ва муқаррар  кардани асоснокии айбномаи ҷиноятие, ки ба дӯши ӯ гузошта шудааст, ба таври баробарии комил ҳуқуқ дорад, ки парвандаи ӯро суди мустақилу бетараф ошкоро ва бо риояи талаботи адолат баррасӣ намояд. 

Моддаи 11 

1. Ҳap як инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад, ҳақ дорад то замоне бегуноҳ дониста шавад, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои  судие, ки дар он барои ҳимояи ӯ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд,  бо тартиби қонунӣ исбот нагардидааст. 

 2. Ҳеҷ касро барои содир кардани кирдоре ё беамалие, ки дар вақти содир шудани онҳо мувофиқи қонунҳои миллӣ ё ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиноят ҳисоб намегардид, маҳкум кардан мумкин нест. Ҳамчунин нисбат ба ҷазое, ки метавонист дар вақти содир шудани ҷиноят дода шавад, ҷазои сахттар додан мумкин нест. 

Моддаи 12 

Ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ӯ ҳеҷ як фард дахолати худсарона намудан ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, шараф ва обрӯи ӯ худсарона суиқасд кардан мумкин нест. Њap як инсон ҳуқуқ дорад, ки дар мавриди чунин мудохила  ё суиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд. 

Моддаи 13 

1. Ҳap як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳудуди ҳар як давлат озодона рафтуомад кунад ва ба худ маҳалли зист интихоб кунад. 

 2. Њap як инсон ҳақ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк кунад  ва ба кишвари худ бозгардад. 

Моддаи 14 

1. Ҳap як инсон ҳақ дорад, ки аз таъқибот дар дигар кишварҳо паноҳгоҳ ҷӯяд ва аз ин паноҳгоҳ истифода намояд. 

 2. Дар мавриде, ки таъқибот воқеан дар асоси ҷинояти ѓайрисиёсӣ ё кирдори  мухолифи мақсаду усулҳои Созмони Милали Муттаіид бошад, аз ин ҳақ истифода намудан мумкин нест. 

Моддаи 15 

1. Ҳap як инсон ба шаҳрванди ҳақ дорад. 

 2. Ҳеҷ касро худсарона аз шаҳрвандӣ ё аз ҳаққи таѓйири шаҳрвандӣ маҳрум  кардан мумкин нест.

Моддаи 16 

1. Мардон ва заноне, ки ба синни балоѓат расидаанд, ҳақ доранд бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё динӣ издивоҷ кунанд ва оила бунёд намоянд.  Онҳо дар мавриди ақди никоҳ дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми  бекор кардани он баробарҳуқуқанд. 

 2. Ақди никоҳ метавонад танҳо дар сурати ризоияти озодона ва пурраи  ҳарду тарафи ба ақди никоҳ дароянда баста шавад. 

 3. Оила рукни табий ва асосии ҷамъият буда, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳақ дорад. 

Моддаи 17 

 1. Ҳар як инсон ҳақ дорад амволро чи шахсан ва чи якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд. 

 2. Ҳеҷ кас набояд аз амволи худ худсарона маҳрум карда шавад.   

Моддаи 18 

Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ аз таѓйири озодонаи дин ва эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфироди ва чи якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусуси, дар таълим гирифтан, ибодат намудан ва расму оинҳои динӣ ва маросимиро иҷро кардан иборат аст. 

Моддаи 19 

 Ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳадоти давлатӣ, ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту ѓояҳоро дар бар мегирад. 

Моддаи 20 

 1. Ҳар як инсон ҳаққи озодии ҷамъомадҳои осоишта ва иттиҳодияҳоро дорад.  2.Ҳеҷ як инсон наметавонад ба ягон иттиҳодия маҷбуран ҷалб карда шавад.   

Моддаи 21 

1. Ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шуданд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд.  2. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад.  3. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад; ин ирода бояд ба  воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакори, ки дар сурати 

мавҷудияти ҳаққи интихоботи умумӣ ва баробар бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё  тавассути шаклҳои дигари баробар, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд,  ба амал бароварда мешавад. 

Моддаи 22 

Њар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ва татбиқи ҳуқуқ барои нигаҳдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ӯ дар соҳаи иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба воситаи саъю кӯшиши миллию ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи сохтор ва имкониятҳои ҳар як давлат ҳақ дорад. 

Моддаи 23 

 1. Ҳар як инсон дорои ҳаққи меҳнат, интихоби озодонаи кор ва шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳаққи ҳимоя аз бекорист. 

 2. Ҳар як инсон бидуни ягон табъиз барои кори баробар ба музди баробар ҳақ дорад. 

 3. Ҳар як коргар ба музди одилонаю қаноатбахш, ки зиндагии сазовори ҳар  як инсон ва аҳли оилаи ӯро таъмин кунад, дар сурати зарурат бо дигар  воситаҳои таъминоти иҷтимоӣ пурра гардонида шавад, ҳақ дорад.  4. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки иттифоқҳои касаба созмон диҳад ва барои  ҳимояи манфиатҳои худ ба иттифоқҳои касаба дохил шавад. 

Моддаи 24 

 Ҳар як инсон ба истироҳату фароѓат, аз ҷумла маҳдудияти оқилонаи рӯзи кор ва рухсатии пулакии даврӣ ҳақ дорад. 

Моддаи 25 

1. Ҳар як инсон бa чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил,  нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию  некӯаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ,  беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз 

воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ бa вуҷуд меоянд, ҳақ дорад.  2. Модарону кӯдакон ба васоят ва кӯмаки махсус ҳақ доранд. Њамаи кӯдаконе,  ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии  баробар истифода намоянд. 

Моддаи 26 

1. Ҳар як инсон ҳуқуқ и таҳсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва миёна бояд  бепул бошад. Таҳсили ибтидоӣ бояд ҳатмӣ бошад. Таълими техникӣ ва касбӣ 

бояд дастраси ҳамагон бошад. Таҳсили олӣ бояд мувофиқи қобилияти ҳар кас  ба ҳама як хел дастрас бошад. 

 2. Мақсади таълим бояд рушди хамаҷонибаи шахсияти инсон, афзоиши  эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Таълим бояд ба ҳусни тафоҳум,  бурдборию дӯстии миёни тамоми миллатҳо, гурӯҳҳои нажодӣ ва мазҳаби ва  ҳамчунин ба вусъати фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар роҳи ҳифзи  сулҳ мусоидат намояд. 

 3. Волидайн дар бобати интихоби навъи таълим барои фарзандони хурдсол  ҳаққи аввалият доранд. 

Моддаи 27 

 1. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз ҳунар баҳра барад, дар пешрафти илм саҳм гирад ва аз дастовардҳои он истифода намояд. 

 2. Ҳар як инсон ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии худ, ки самараи  корҳои илмӣ, адабӣ ё ҳунарии ӯ мебошанд, ҳақ дорад. 

Моддаи 28 

 Ҳар як инсон ба тартиботи иҷтимоию байналмилалӣ, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Эъломия зикршуда комилан амалӣ шуда метавонанд, ҳақ дорад.   

Моддаи 29 

 1. Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, ӯҳдадор мебошад. 

 2. Ҳар як инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст. 

 3. Татбиқи ин ҳуқуқу озодиҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд хилофи мақсаду усулҳои  Созмони Милали Муттаҳид бошад. 

Моддаи 30 

Ҳеҷ як аз муқаррароти ҳамин Эъломия набояд барои ба давлате, гурӯҳе ё фарде додани ҳуқуқе тафсир шавад, ки ба ягон фаъолият ё кирдоре, ки  мақсад аз он бекор кардани ҳуқуқу озодиҳои дар ҳамин Эъломия баён шуда бошад, асос гардад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights