Friday, April 19, 2024

ЗОДРӮЗ МУБОРАК ҚИЁМИДДИНИ АВАЗ!

Имрӯз яке аз зиндониёни сиёсии тоҷик, Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович зодрӯз дорад. Мутаасифона, ӯ низ, ин санаи муборакро дар зиндонҳои Тоҷикистон пешвоз мегирад.
Сентябри соли 2015 ӯро фақат барои аъзои Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва сардори бахши шуъбаи ҲНИТ дар ш.Душанбе буданаш ҳабс карданд ва ягон асос барои боздошти ӯ набуд.

Дар рафти мурофиаи судӣ тамоми он айбҳое, ки дар асоси талаботи моддаи 14 Кодекси ҷиноятӣ нисбаташ пешниҳод шуд, якеаш ҳам тасдиқи худро наёфт. Бояд қайд кард, ки ин аст яке аз сабабҳои асосии дар шакли пушида ва пинҳонӣ гузаронидани парвандаи ӯ ва дигар аъзоёни РО ҲНИТ.

Барои мисол иқтибос аз Ҳукми судиро аз санаи 02.06.2016 сол пешкашатон мекунем:
“Авазов Қ.Қ. дар мусоҳибааш дар рӯзномаи Наҷот №28 аз 10-уми июли соли 2014 “Ҳифзи сулҳ ба ваҳдат рабт дорад” сиёсати ба ваҳдат равонашудаи давлатро бардуруғ ва аз ваҳдат дуркунанда маънидод намудааст”
Фақат ҳамин мисол басанда аст то бидонем, ки дар Тоҷикистон норозӣ будан аз сиёсати давлат ва ошкоро мавқеъи худро иброз доштан чӣ гуна хатар дорад.

Бунёди “Бузургмеҳр” ба Қиёмиддин Авазов ва аҳли хонаводаи ӯ саломатӣ, устуворӣ, комёбиҳо дар зиндагӣ ва албатта озодии ҳарчи зудтар аз зиндонро таманно дорад.
Умедворем, ки миллати азиз, муҳри хомушӣ ва тарсро ба наздикӣ хоҳанд шикаст ва овози худро баҳри озод намудани мардуми бегуноҳи маҳкумшуда баланд хоҳанд кард.
Бо камоли эҳтиром, Бунёди “Бузургмеҳр”.

Қиёмиддин Авазов кист?

Қиёмиддин Авазов сиёсатмадор ва фаъоли ҷавон, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе, собиқ раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб, собиқ корманди Дастгоҳи ҳизб ва мутахассиси забони арабӣ аст.
Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Қиёмиддин 24-уми июни соли 1973 дар деҳаи 1 -уми Майи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Таҳсил

Ӯ пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 2002 Донишкадаи исломии Либиро дар риштаи забон ва адабиёти араб хатм кардааст. Қиёмиддин сипас дипломи магистратураи факултаи иқтисод ва идораро аз ДДМТ дарёфт намудааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Қиёмиддин аз даврони ҷавонӣ ба ҲНИТ пайваст ва пас аз итмоми таҳсилоти олӣ, аз соли 2003 то 2005 ҳамчун масъули бойгонии Дастгоҳи ҲНИТ фаъолият кардааст.
Ӯ аз соли 2006 то 2007 ёвари раиси Дастгоҳи ҳизб ва сипас аз 2008 то 2012 раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ будааст.

Қиёмиддин соли 2012 ба ҳайси муовини раиси шуъбаи ҳизб дар Душанбе интихоб шуда, сипас аз ибтидои 2014 то кунун раиси бахши мазкур фаъолият карда аст.
Қиёмиддин донандаи забонҳои англисӣ ва арабӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights