Tuesday, January 31, 2023

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (1)

ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

ЗЕРФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

БОБИ I ҚОНУНҲОИ ГРАЖДАНӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд

1. Қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, асосҳои ба миён омадан ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёи, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро муайян намуда, ўҳдадориҳои шартномавӣ ва ўҳдадориҳои дигар, инчунин   муносибатҳои дигари молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ марбут ба онҳоро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Муносибатҳои оилавӣ, меҳнатӣ, муносибатҳои марбут ба истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро, ки дорои нишонаҳои дар сарсатри аввали ҳамин модда зикргардида мебошанд, агар дар қонунҳои оила, меҳнат, замин ва қонунҳои дигар махсус тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қонунҳои гражданӣ танзим менамоянд.

2. Иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда шаҳрвандон, давлат, шахси ҳуқуқӣ ва воҳидҳои марзию маъмурӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар мавриди муносибатҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахси бешаҳрвандӣ ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ низ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Қонунҳои гражданӣ муносибатҳои байни шахсони фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда ё иштироки онҳоро танзим менамоянд.

Соҳибкорӣ фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқаррар кардаи қонун ба қайд гирифта шудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурўши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

4. Қонунҳои гражданӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, нисбати муносибатҳои молу мулкие, ки ба тобеияти маъмурӣ ё бо тобеияти дигари омиронаи як тараф ба тарафи дигар асос ёфтааст, истифода намешаванд.

5. Муносибатҳои марбут ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои бегонанашавандаи инсон ва дигар неъматҳои ғайри моддӣ (муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкие, ки бо муносибатҳои молу мулкӣ алоқаманд нестанд) бо қонунҳои гражданӣ танзим карда мешаванд, зеро аз моҳияти ин муносибатҳо тартиби дигаре барнамеояд.

Моддаи 2. Санади қонунгузории гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Қонунҳои гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва аз санади дигари қонуние иборатанд, ки муносибатҳои дар қисмҳои 1, 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс зикргардидаро танзим менамоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Меъёрҳои қонунҳои граждание, ки дигар қонунҳо ва санади дигари қонунӣ дар бар гирифтаанд, бояд бо ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ тибқи ҳолатҳо ва дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва санади дигари қонунгузорӣ метавонанд санади танзимкунандаи муносибатҳои гражданиро нашр намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 3. Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ

1. Қонунҳои гражданӣ ба принсипҳои дахлнопазирии моликият, озодии шартнома, номумкин будани дахолати худсаронаи ҳар касе ба корҳои хусусӣ, зарурати татбиқи бемонеаи ҳуқуқи гражданӣ, таъмини барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардидаи гражданӣ ва ҳифзи судии онҳо асос меёбанд.

2. Шаҳрвандон (шахси воқеӣ) ва шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи гражданиро бо азму хоҳиш ва ба манфиати худ ба даст дароварда ва амалӣ менамоянд. Онҳо дар муқаррар намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ дар асоси шартнома ва муайян намудани ҳар гуна шартҳои хилофи қонунҳо набудаи шартнома озоданд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҳуқуқҳои гражданӣ метавонад бо мақсади ҳифзи маънавиёт, тандурустӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси дигар, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ҳифзи муҳити зист дар асоси қонун маҳдуд карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 4. Амали қонунҳои гражданӣ вобаста ба вақт

1. Санади қонунҳои гражданӣ қувваи бозгашт надоранд ва нисбати муносибатҳое истифода мешаванд, ки пас аз ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Амали қонун танҳо дар сурате нисбати муносибатҳои то ҷорӣ намудани он татбиқ мегардад, ки агар ин бевосита дар қонун пешбинӣ шуда бошад.

2. Нисбати муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани санади қонунҳои гражданӣ ба миён омадаанд, ин санад, ба истиснои муносиботи тарафҳои шартномаи то ҷорӣ намудани санади қонунгузории гражданӣ басташуда, нисбати ҳуқуқу ўҳдадориҳое татбиқ мегардад, ки пас аз ҷорӣ намудани он ба миён омадаанд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 5. Анъанаҳои муомилоти корӣ

1. Анъанаи муомилоти корӣ, сарфи назар аз сабт ёфтани он дар ягон ҳуҷҷат, қоидаи рафтори дар қонунҳо пешбининашудае эътироф мегардад, ки дар ягон соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ба миён омада, васеъ истифода бурда мешавад.

2. Анъанаи муомилоти корие, ки хилофи муқаррароти қонун ё шартномаи барои иштирокчиёни муносибати дахлдор ҳатмӣ мебошад, истифода намешавад.

Моддаи 6. Истифодаи қонунҳои гражданӣ аз рўи шабоҳат

1. Дар ҳолате ки муносибатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс бевосита бо қонунҳо ё созишномаи тарафайн танзим нашудаанду анъанаи дар ин маврид истифодашаванда вуҷуд надорад, нисбати чунин муносибот меъёри қонунҳои граждании танзимкунандаи муносиботи шабеҳ (шабоҳати қонун) истифода мешавад, зеро ин хилофи моҳияти онҳо намебошад.

2. Дар сурати номумкин будани истифодаи шабоҳати қонун дар ҳолатҳои зикргардида ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафҳо бо назардошти асосҳои умумию моҳияти қонунҳои гражданӣ (шабоҳати ҳуқуқ) ва талаботи бовиҷдонӣ, дурандешӣ ва адолат муайян карда мешаванд.

3. Аз рўи шабоҳат истифода намудани меъёрҳое, ки ҳуқуқи гражданиро маҳдуд сохта, масъулиятро муқаррар менамоянд, манъ аст.

Моддаи 7. Қонунҳои гражданӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Нисбати муносиботи дар қисмҳои 1 ва 5 моддаи 1 ҳамин Кодекс зикргардида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар асоси шартномаи байналхалқӣ барои истифодаи он қабули санади дохилидавлатӣ зарур аст, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бевосита истифода карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳои гражданӣ қоидаҳои дигаре пешбинӣ шуда бошанд, қоидаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

БОБИ 2 АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ГРАЖДАНӢ, АМАЛӢ НАМУДАН ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 8. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ

1. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ аз асосҳои пешбининамудаи қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ, инчунин аз амали шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба миён меоянд, ҳарчанд дар қонун ё чунин аснод пешбинӣ нашуданд , вале тибқи асосҳои умумӣ ва моҳияти қонунҳои гражданӣ ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданиро ба миён меоранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Мутобиқи ин ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ:

а) аз шартномаҳо ва аҳдҳои дигари пешбининамудаи қонун, инчунин шартномаҳо ва аҳдҳои дигаре, ки гарчанд дар қонун пешбинӣ нашуда бошанд ҳам, хилофи он нестанд;

б) аз санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар қонун ба сифати асоси ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

в) аз қарори суд, ки ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданиро муқаррар намудааст;

г) дар натиҷаи бунёд ва ба даст овардани молу мулк дар асоси пешбининамудаи қонун;

д) дар натиҷаи эҷоди асари илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, ихтироот ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ;

е) дар натиҷаи расонидани зиён ба шахси дигар;

ж) дар натиҷаи дорошавии беасос;

з) дар натиҷаи амалҳои дигари шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

и) дар натиҷаи ҳодисаҳое, ки қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ фаро расидани оқибатҳои ҳуқуқии гражданиро вобаста медонад, ба миён меоянд.

2. Агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ ба молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи бақайдгирии ин молу мулк ё ҳуқуқи дахлдор ба он ба вуҷуд меояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 9. Амалӣ намудани ҳуқуқи гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи граждании хешро бо салоҳдиди худ амалӣ менамоянд, аз ҷумла ихтиёрдорӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Даст кашидани шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ аз амалӣ намудани ҳуқуқи ба онҳо тааллуқдошта, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, боиси қатъи ин ҳуқуқҳо намегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 10. Ҳадди амали ҳуқуқҳои гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ба амали шаҳрвандои ва шахсони ҳуқуқӣ, ки бо нияти расонидани зарар ба шахси дигар иҷро карда мешавад, инчунин дар мавридҳои пешбининамудаи қонун суиистифода аз ҳуқуқ дар шакли дигар роҳ дода намешавад.

2. Ба истифодаи ҳуқуқҳои гражданӣ бо мақсади маҳдуд сохтани рақобат, инчунин суиистифода аз мавқеи афзалиятноки худ дар бозор роҳ дода намешавад.

3. Амалӣ намудани ҳуқуқҳои гражданӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи субъектҳои дигари ҳуқуқро вайрон намояд ва ба муҳити зист зиёни воқеӣ расонад.

4. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд оқилона, одилона ва боинсофона талаботи дар қонунгузорӣ дарҷ ёфтаро, принсипҳои ахлоқи ҷомеаро, соҳибкорон бошанд, қоидаҳои одоби касбиро риоя намоянд. Ин ўхдадорӣ набояд ба воситаи шартнома хориҷ ё маҳдуд карда шавад.

Амали оқилона, одилона ва боинсофонаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ дар назар дошта мешавад.

5. Дар ҳолати риоя накардани талаботи моддаи мазкур суд метавонад аз ҳифзи ҳуқуқи ба шахс тааллуқдошта даст кашад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 11. Ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ

1. Ҳифзи ҳуқуқҳои граждании вайронгардида ё мавриди баҳс қарор доштаро тибқи мансубияти бо қонунҳои мурофиавӣ муқарраршудаи парвандаҳо аз ҷониби суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ (минбаъд суд) ба амал бароварда мешавад.

2. Ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ аз тариқи маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба амал бароварда мешавад. Нисбати қароре, ки ба тариқи маъмурӣ қабул шудааст, метавон ба суд шикоят кард.

Моддаи 12. Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ

Ҳуқуқи гражданӣ бо тарзҳои зайл ҳифз мешавад:

– эътирофи ҳуқуқ;

– барқарор намудани вазъе, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд;

– беэътибор донистани аҳдҳои мавриди баҳс ва истифодаи оқибатҳои беэътибор донистани он, истифодаи оқибатҳои беэътибор донистани аҳдҳои беэътибор;

– беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ;

– худҳифозаткунии ҳуқуқ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– водор намудан ба иҷрои ўҳдадориҳо дар шакли асл (натура);

– рўёнидани товони зиён (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– ситонидани ноустуворона (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– ҷуброни зарари маънавӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– қатъ кардан ё тағйир додани муносиботи ҳуқуқӣ;

– аз ҷониби суд татбиқ нагардидани санади мухолифи қонун қабул намудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– бо роҳҳои дигари пешбининамудаи қонун.

Моддаи 13. Беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ

Санади ғайримеъёрии  мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин санади меъёриеро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халалдор месозанд, суд метавонад беэътибор эътироф намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар сурати санадро беэътибор донистани суд, ҳуқуқи вайронгардида бояд барқарор шавад ё ба тариқи дигари дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳифз гардад.

Моддаи 14. Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ

Худмуҳофизати ҳуқуқи гражданӣ роҳ дода мешавад. Роҳҳои худмуҳофизат бояд бо ҳуқуқвайронкунӣ мувофиқ буда, аз ҳадди амалҳое, ки барои пешгирии он заруранд, нагузарад.

Моддаи 15.Рўёнидани зиён

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, агар дар қонун ё шартнома рўёнидани зиён ба андозаи камтар пешбинӣ нашуда бошад, метавонад ҷуброни пурраи зиёни ба ў расонидашударо талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст рафтан ё хароб гардидани амволи ў (зиёни воқеӣ), инчунин даромади ба даст наомадае, ки ин шахс, агар ҳуқуқаш вайрон намегардид, дар шароити муқаррарии аҳдҳои гражданӣ метавонист ба даст оварад (фоидаи аз дастрафта).

Агар шахси вайронкардаи ҳуқуқ дар натиҷаи ин даромад ба даст оварда бошад, шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигар рўёнидани фоидаи аздастрафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 16. Руёнидани зиёни расонидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Зиёне, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

ЗЕРФАСЛИ 2 СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ

БОБИ 3 ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАХСИ ВОҚЕИИ ДИГАР

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 17. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ)

Таҳти мафҳуми шаҳрвандон (шахси воқеӣ) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои дигар, инчунин шахси бешаҳрвандӣ фаҳмида мешавад. Муқаррароти ҳамин Кодекс, агар дар қонун ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳамаи шаҳрвандон татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 18. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд

1. Қобилияти доштани ҳуқуқу ўҳдадории гражданӣ (қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ) нисбати ҳамаи шаҳрвандон ба андозаи баробар эътироф карда мешавад.

2. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд ёфтанаш ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад.

Моддаи 19. Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд

Шаҳрванд метавонад ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дорои ҳуқуқи моликият ба амвол, аз ҷумла асъори хориҷӣ бошад; молу мулкро мерос гирад ва васият кунад; дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона ҳаракат карда, ҷои зист интихоб намояд; ҳудуди ҷумҳуриро озодона тарк карда, ба қаламрави он баргардад; бо ҳар гуна фаъолияти манънакардаи санади қонунӣ машғул шавад; мустақилона ё якҷоя бо шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқии дигар шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад; ҳар гуна аҳдҳои бо санади қонунӣ манънашударо анҷом дода, дар ўҳдадориҳо иштирок намояд; дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба ихтироот, асари илмӣ, адабӣ, санъат ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ бошад; ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавиро талаб намояд; ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва шахсӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 20. Номи шаҳрванд

1. Шаҳрванд ҳуқуқу ўҳдадориҳоро, агар аз қонун ё анъанаҳои миллӣ тартиби дигаре барнаояд, бо номи худ, ки фамилия ва худи ном, инчунин номи падарро дар бар мегирад, ба даст меорад ва татбиқ менамояд.

Тибқи ҳолат ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун шаҳрванд метавонад аз тахаллус (номи сохта) истифода намояд.

2. Шаҳрванд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳақ дорад номи худро иваз кунад. Номи худро дигар кардани шаҳрванд барои қатъ ё тағйири ҳуқуқу ўҳдадориҳои бо номи қаблӣ бадастовардаи ў асос намебошад.

Шаҳрванд вазифадор аст, ки барои огоҳ намудани қарздорону кредиторони худ дар хусуси дигар кардани номаш чораҳои зарурӣ андешад ва хавфи оқибатҳоеро ба зимма дорад, ки бо сабаби огоҳӣ надоштани ин ашхос дар хусуси дигар кардани ном ба миён меоянд.

Шаҳрванде, ки номашро дигар кардааст, метавонад аз ҳисоби худ ба ҳуҷҷатҳое, ки бо номи қаблии ў ба расмият дароварда шуда буд, ворид намудани тағйироти дахлдорро талаб намояд.

3. Номе, ки ба шаҳрванд пас аз таваллудаш гузошта шудааст, инчунин дигар кардани ном бояд мувофиқи тартиби барои бақайдгирии санади ҳолати шаҳрвандӣ пешбинигардида ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Ба даст овардани ҳуқуқу ўҳдадориҳо ба номи шахси дигар роҳ дода намешавад.

5. Зиёне, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии номи ў расидааст, бояд мутобиқи ҳамин Кодекс ҷуброн карда шавад.

Дар сурати таҳриф ё истифодаи номи шаҳрванд бо тариқ ё дар шакле, ки шаъну шараф ё обрўи кории ўро халалдор месозад, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 174 ҳамин Кодекс истифода мешаванд.

Моддаи 21. Истиқоматгоҳи шаҳрванд

1. Истиқоматгоҳ маҳалле эътироф мегардад, ки шаҳрванд доимӣ ё бештар дар он истиқомат мекунад.

2. Истиқоматгоҳи ноболиғони то чордаҳсола ё шаҳрвандоне, ки таҳти васоят қарор доранд, истиқоматгоҳи намояндагони қонунӣ ё васиёни онҳо эътироф мегардад.

Моддаи 22. Қобилияти амали шаҳрванд

1. Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардан ва татбиқ намудани ҳуқуқи гражданӣ, барои худ муқаррар намудани ўҳдадорӣ ва иҷро намудани он (мукаллафияти гражданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ, ба миён меояд.

2. Агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан иҷозат бошад, шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида аз вақти издивоҷ карданаш пурра қобилияти амалро ба даст меорад.

Қобилияти амали дар натиҷаи издивоҷ бадастомада дар сурати бекор кардани никоҳ низ пурра боқӣ мемонад.

Дар сурати беэътибор донистани никоҳ суд метавонад дар хусуси аз лаҳзаи муайяннамудаи суд қобилияти пурраи амалро аз даст додани ҳамсари ноболиғ қарор қабул намояд.

Моддаи 23. Номумкин будани маҳрум сохтан ё маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрванд

1. Ба истиснои ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали ҳеҷ касро маҳдуд сохтан мумкин нест.

2. Риоя накардани шарту тартиби дар қонун муқарраргардидаи маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрвандон ё ҳуқуқи машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми дигаре мегардад, ки маҳдудиятҳои дахлдорро муқаррар намудааст.

3. Пурра ё қисман даст кашидани шаҳрванд аз қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал ва аҳдҳои дигар, ки ба маҳдуд сохтани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амал равона гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин аҳдҳоро қонун иҷозат додааст, эътибор надоранд.

Моддаи 24. Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон

 1. Шаҳрвандон метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

2. Нисбати фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад, агар аз қонунҳо ё моҳияти муносибати ҳуқуқӣ тартиби дигаре барнаояд, мутобиқан қоидаҳои ҳамин Кодекс истифода мешаванд, ки фаъолияти шахси ҳуқуқии ташкилотҳои тиҷоратӣ бударо танзим менамоянд.

3. Шаҳрвандоне, ки дар ҳайати хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд, аз бақайдгирии давлатӣ озод мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо вайрон намудани қисми 1 моддаи мазкур амалӣ менамоянд, ҳақ надоранд нисбат ба аҳдҳои бастаашон ба он истинод намоянд, ки онҳо соҳибкор намебошанд. Суд метавонад ба чунин аҳдҳо қоидаҳои Кодекси мазкурро оид ба ўҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад, татбиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, тартиби бақайдгирӣ ва андозбандии онҳо тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

Моддаи 25. Масъулияти молу мулкии шаҳрвандон

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Шаҳрванд аз рўи ўҳдадориҳои худ бо тамоми амволи ба ў тааллуқдошта, ба истиснои молу мулке, ки мутобиқи санади қонунгузорӣ аз он маблағ рўёндан манъ аст, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Номгўи амволи шаҳрвандонро, ки аз он маблағ рўёндан манъ мебошад, Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 26. Муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ

1. Соҳибкори инфиродие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оиди фаъолияти соҳибкорӣ қодир нест, бо қарори суд мумкин аст муфлис эътироф гардад. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани чунин қарор қайди ў ба сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор мегардад.

2. Ҳангоми иҷрои расму қоидаҳои муфлис донистани соҳибкори инфиродӣ кредиторони ў аз рўи ўҳдадориҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин метавонанд талаботи худро пешкаш намоянд. Талаботи чунин кредиторон, ки бо ҳамин тартиб арз накардаанд, баъди ба итмом расидани расму қоидаҳои муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ эътибори худро нигоҳ медоранд.

3. Талаботи кредиторони соҳибкори инфиродӣ дар сурати муфлис эътироф гардиданаш аз ҳисоби молу мулки ба ў тааллуқдоштае, ки мумкин аст бо тартиб ва навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ аз он маблағ рўёнида шавад, қонеъ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

4. Пас аз ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон соҳибкори инфиродии муфлис эътирофгардида аз иҷрои ўҳдадориҳои боқимондаи марбут ба фаъолияти соҳибкориаш ва талаботи дигаре, ки ҷиҳати иҷро пешниҳод гардида, зимни муфлис эътироф кардани соҳибкор ба назар гирифта шудаанд, озод карда мешавад.

5. Асос ва тартиби муфлис эътироф кардани соҳибкори инфиродиро суд ё дар хусуси муфлис эълон кардани ўро қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар менамояд.

6.  Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 27. Қобилияти амали ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола

1. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бо ризояти хаттии намояндагони қонунии худ – волидайн, фарзандхондагон ва парасторон, ба истиснои аҳдҳои дар қисми 2 ҳамин модда номбаршуда, аҳдҳои дигарро анҷом медиҳанд.

Аҳдҳои анҷомдодаи чунин ноболиғон, инчунин баъди минбаъд онро хаттӣ маъқул донистани волидайн, фарзандхондагон ва парасторони ў боэътибор мебошанд.

2. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола ҳуқуқ доранд, ки бидуни ризоияти волидайн, фарзандхондагон ва парасторонашон:

а) музди меҳнат, стипендия ва даромади дигари қонунии худро мустақилона ихтиёрдорӣ намоянд;

б) ҳуқуқи муаллифи асари илмӣ, адабӣ ё санъат, ихтироъ ё маҳсули дигари қонунан ҳифзшавандаи натиҷаи фаъолияти зеҳнии худро татбиқ намоянд;

в) мутобиқи қонун дар муассисаҳои кредитӣ амонат гузоранд ва онро ихтиёрдорӣ намоянд;

г) аҳдҳои хурди маишии дар қисми 2 моддаи 29 ҳамин Кодекс пешбинигардидаро анҷом диҳанд.

Ноболиғони ба синни шонздаҳсолагӣ расида ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонун дар бораи кооперативҳо узви кооператив бошанд.

3. Ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола аз рўи аҳдҳое, ки мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда анҷом додаанд, мустақилона масъулияти молу мулкӣ бар дўш доранд. Чунин ноболиғон барои зиёни расонидаашон мутобиқи ҳамин Кодекс масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ суд метавонад бо дархости волидайн, фарзандхондагон ё мақоми васояту парасторӣ ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсоларо, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ноболиғ мутобиқи қисми 2 моддаи 22 ё моддаи 28 ҳамин Кодекс қобилияти пурраи амалро ба даст овардааст, ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани музди меҳнат, стипендия ё даромади дигари ўро маҳдуд кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум созад.

Моддаи 28. Эмансипатсия

1. Агар ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ расида тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла аз рўи қарордод кор кунад ё бо розигии волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ў метавонад дорои қобилияти пурраи амал эълон карда шавад.

Дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболиғ бо розигии ҳардуи волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо қарори мақоми васояту парасторӣ ё дар сурати набудани чунин розигӣ бо қарори суд сурат мегирад.

2. Волидайн, фарзандхондагон ва парастор аз рўи ўҳдадориҳои ноболиғи дорои қобилияти пурраи амал (эмансипатсия) – шуда, аз ҷумла аз рўи ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зиёни расонидаи ў ба миён омадаанд, ҷавобгар нестанд.

Моддаи 29. Моддаи 29. Қобилияти амали ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Бар ивази ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида (хурдсолон) аз номи онҳо аҳдро, ба истиснои аҳди дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида, танҳо волидайн, фарзандхондагон ва васиёни онҳо анҷом дода метавонанд.

Нисбат ба аҳди намояндагони қонунии ноболиғон доир ба амволашон қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода мешаванд.

2. Ноболиғони аз шаш то чордаҳсола ҳуқуқи мустақилона бастани аҳдҳои зайлро доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247):

а) аҳди хурди маишӣ (харидани нон, китоб, қалам ва ғайра), ки ҳангоми бастан аз ҷониби худи онҳо анҷом дода мешаванд;

б) аҳде, ки барои бемузд ба даст овардани фоида равона гардида, тасдиқи нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб намекунанд;

в) аҳдҳои ихтиёрдорӣ кардани маблағҳое, ки намояндаи қонунӣ ё бо розигии ў шахси сеюм барои мақсади муайян ё барои ихтиёрдории озодона додааст.

3. Аз рўи аҳди ноболиғони ба синни чордаҳ нарасида, аз ҷумла аҳде, ки ў мустақилона анҷом додааст, масъулияти амволиро волидайн, фарзандхондагон ва васиён бар дўш доранд, агар исбот накунанд, ки ўҳдадорӣ бо гуноҳи онҳо вайрон шудааст. Ин ашхос ҳамчунин тибқи қонунгузорӣ барои зиёни расонидаи хурдсолон низ масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 30. Ғайри қобили амал донистани шаҳрванд

1. Суд шаҳрвандеро, ки дар асари бемории рўҳӣ ё камақлиаш аҳамияти амали худро дарк ё онро идора карда наметавонад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ ғайри қобили амал эътироф карда метавонад. Ў таҳти васоят қарор дода мешавад.

2. Аз номи шаҳрванде, ки ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳдро васӣ ба иҷро мерасонад.

3. Агар асосе, ки мутобиқи он шаҳрванд ғайри қобили амал эътироф гардида буд, аз миён бардошта шавад, суд ўро қобили амал эътироф мекунад. Дар асоси қарори суд васояти барои ў муқарраргардида бекор карда мешавад.

4. Агар суд аризаи ғайри қобили амал эътироф кардани шахсро қонеъ нагардонад ва муқаррар гардад, ки талабот мусоҳилакорона арз шудааст, шахсе, ки бо чунин амал ба ў зиёни рўҳӣ расонида шудааст, ҳақ дорад аз арзкунанда ҷуброни ин зиёнро талаб намояд.

Моддаи 31. Маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд

1. Суд метавонад қобилияти амали шаҳрвандеро, ки дар асари сўиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда худ ё оилаи худро дар вазъияти вазнини моддӣ қарор медиҳад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ маҳдуд созад. Ў таҳти парасторӣ қарор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Ў ҳуқуқ дорад мустақилона аҳдҳои хурди маишӣ бандад.

Барои анҷом додани аҳдҳои дигар, гирифтани музди меҳнат, нафақа ва даромади дигар ва сарф кардани он ў танҳо бо розигии парастор ҳуқуқ дорад. Вале чунин шаҳрванд барои аҳдҳои анҷомдода ва зиёни расонидааш мустақилона масъулияти молу мулкӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо қобилияти амали шаҳрванд маҳдуд гардида буд, аз миён бардошта шаванд, суд маҳдудияти қобилияти амали ўро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд парастории барои шаҳрванд муқарраргардида бекор карда мешавад.

Моддаи 32. Васоят ва парасторӣ

1. Васояту парасторӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта муқаррар мегардад. Васояту парастории ноболиғон ҳамчунин бо мақсади тарбияи онҳо муқаррар карда мешавад. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои марбутаи васиёну парасторонро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Васиёну парасторон бидуни ваколати махсус ҳуқуқу манфиатҳои шахси таҳти васоят ё парасториашонро дар муносибат бо ҳама гуна ашхос, аз ҷумла дар судҳо, ҳифз мекунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Васояту парастории ноболиғон дар сурати волидайн, падару модархонд надоштани онҳо, аз ҳуқуқи волидайн маҳрум гардонида шудани волидайнашон, инчунин дар ҳолатҳое, ки чунин шаҳрвандон бо сабабҳои дигар бидуни парастории волидайн мондаанд, аз ҷумла дар сурати аз тарбия ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон саркашӣ намудани волидайн муқаррар карда мешавад.

Моддаи 33. Васоят

1. Васоят барои хурдсолон, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд онҳоро дар натиҷаи бемории рўҳӣ ё камақлиашон ғайри қобили амал эътироф намудааст.

2. Васиён мутобиқи қонун намояндагони шахси таҳти васояташон буда, аз номи онҳо ва ба манфиаташон тамоми аҳди заруриро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 34. Парасторӣ

1. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола, инчунин шаҳрвандоне муқаррар карда мешавад, ки суд қобилияти амали онҳоро бо сабаби сўиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда маҳдуд сохтааст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

2. Парасторон барои анҷоми он аҳдҳое розигӣ медиҳанд, ки шаҳрвандони таҳти парасторӣ қарордошта барои мустақилона анҷом додани онҳо ҳуқуқ надоранд.

Парасторон ба шахси таҳти парасторӣ барои татбиқи ҳуқуқ ва иҷрои ўҳдадориҳояшон мусоидат менамоянд, инчунин онҳоро аз сўиистифодаи шахси сеюм (ғайр) ҳифз менамоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 35. Мақомоти васояту парасторӣ

1. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

2. Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рўзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд ё дар бораи маҳдуд сохтани қобилияти амали ў барои таҳти васоят ё парасторӣ қарор додани чунин шаҳрванд дар ин хусус ба мақоми васояту парастории маҳалли зисти ў хабар диҳад.

3. Мақоми васояту парастории маҳалли зисти шахси таҳти васояту парасторӣ қарордошта ба фаъолияти васиёну парасторони онҳо назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 36. Васиён ва парасторон

1. Васӣ ё парастор аз ҷониби мақоми васояту парастории маҳалли зисти шахси ба васоят ё парасторӣ эҳтиёҷдошта дар давоми як моҳи пас аз лаҳзае, ки мақомоти мазкур дар хусуси зарурати таҳти васоят ё парасторӣ қарор додани шаҳрванд огоҳӣ ёфтанд, муқаррар карда мешавад. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷолиби диққат васӣ ё парасторро мақоми васояту парастории маҳалли зисти васӣ (парастор) таъин карда метавонад. Агар барои шахси мўҳтоҷи васоят ё парасторӣ дар давоми як моҳ васӣ ё парастор таъин карда нашавад, иҷрои вазифаҳои васӣ ё парастор муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Шахси манфиатдор метавонанд нисбати таъини васӣ ё парастор ба суд шикоят намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Танҳо шаҳрвандони ба балоғат расидаи қобили амал васӣ ё парастор таъин шуда метавонанд. Шаҳрвандонеро, ки аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шудаанд, инчунин шаҳрвандонеро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ё парастор шуданашон манъ карда шудааст, васоят ва парастор таъин кардан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Шахсро танҳо бо розигии худаш васӣ ё парастор таъин кардан мумкин аст. Зимнан бояд одобу ахлоқ ва сифатҳои дигари шахсӣ, қобилияти иҷро кардани вазифаи васӣ ё парастор, муносибати байни ў ва шахси мўҳтоҷи васоят ё парасторӣ ва агар имкон бошад, хоҳиши шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта бояд ба назар гирифта шавад.

4. Васиён ва парасторони шаҳрвандони мўҳтоҷи васоят ё парасторие, ки дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаҳои дигари шабеҳ қарор доранд ё ҷойгир карда шудаанд, ин муассисаҳо ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 37. Вазифаи худро иҷро кардани васиён ва парасторон

1. Вазифаи васояту парасторӣ, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба таври ройгон иҷро карда мешавад.

2. Васиёну парасторони шаҳрвандони ноболиғ бояд бо шахси таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта якҷоя зиндагӣ кунанд. Ҷудо зиндагӣ кардани парастор бо шахси таҳти парастории ба синни шонздаҳ расида ба шарте бо иҷозати мақоми васояту парасторӣ иҷозат дода мешавад, ки ин ба тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахси таҳти парасторӣ таъсири манфӣ нарасонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Васиёну парасторон вазифадоранд, ки дар хусуси тағйир ёфтани маҳалли зисташон мақомоти васояту парасториро огоҳ созанд.

3. Васиёну парасторон вазифадоранд, ки шахси таҳти васояташон (парасториашон) қарордоштаро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомўзии ў ғамхорӣ зоҳир намоянд.

4. Вазифаҳои дар қисми 3 ҳамин модда номбаршуда ба зиммаи парасторони шаҳрвандони болиғе, ки суд қобилияти амалашонро маҳдуд сохтааст, гузошта намешаванд.

5. Агар асосҳое, ки мутобиқи онҳо шаҳрванд дар натиҷаи сўиистеъмолии машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардида буд аз миён бардошта шаванд, васӣ ё парастор вазифадор аст, ки дар хусуси қобили амал донистани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ва бекор кардани васоят ё парастории ў ба суд дархост пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 38. Ихтиёрдории амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ)

1. Даромади шаҳрванди таҳти васоят (парасторӣ), аз ҷумла даромади аз ҳисоби идораи амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ) ба ў тааллуқдоштаро, ба истиснои молу мулк, ки шахси таҳти васоят (парасторӣ) мустақилона ихтиёрдорӣ карда метавонад, васӣ ё парастор бо розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ танҳо ба манфиати шахси таҳти васоят (парасторӣ) сарф менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Бидуни розигии пешакии мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парастор ҳуқуқ дорад аз ҳисоби маблағе, ки бояд ба шахси таҳти васоят (парасторӣ) ҳамчун даромад пардохта шавад, маблағи заруриро ҷиҳати таъминоти шахси таҳти васоят (парасторӣ) харҷ намояд.

2. Васӣ бидуни ризоияти пешакии мақоми васояту парасторӣ барои анҷом додан ва парастор барои додани розигӣ ҷиҳати анҷоми аҳди фурўш, аз ҷумла иваз ё ҳадя кардани амволи шахси таҳти васоят, киро (иҷора), ба истифодаи ройгон додан ё ба гарав мондани он аҳде, ки боиси аз даст додани ҳуқуқи шахси таҳти васоят, тақсими амволи ў ё аз он ҷудо кардани ҳисса мегардад, инчунин ҳар гуна аҳди дигаре, ки боиси кам шудани амволи шахси таҳти васоят мегардад, ҳуқуқ надорад.

Тартиби идораи амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ) тибқи қонун муайян карда мешавад.

3. Васӣ, парастор, ҳамсарон ва хешовандони наздики онҳо барои бастани аҳдҳо бо шахси таҳти васояташон (парасториаш), ба истиснои ҳамчун ҳадя ё истифодаи ройгон ба шахси таҳти васоят (парасторӣ) додани амвол, инчунин барои намояндагӣ кардани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ҳангоми бастани аҳд ё пешбурди парвандаҳои судӣ байни шахси таҳти васояту (парасторию) ҳамсари васӣ ё парастор ва хешовандони наздики онҳо ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 39. Идоракунии ваколатии амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ)

1. Дар сурати ҷой доштани зарурати идоракунии доимии амволи ғайриманқул ва манқули қиматноки шахси таҳти васоят (парасторӣ) мақоми васояту парасторӣ бо мудир, ки ҳамин мақом муайян кардааст, дар хусуси идоракунии ваколатии чунин молу мулк шартнома мебандад. Дар ин ҳолат васӣ ё парастор ваколати худро нисбати амволи шахси таҳти васояташ (парасториаш), ки ба идораи ваколатӣ дода нашудааст, нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳангоми ваколатҳои идораи амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ)-ро иҷро кардани мудир амали қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 ҳамин Кодекс ба мудир дахл дорад.

2. Ихтиёрдории ваколатии амволи шахси таҳти васоят (парасторӣ) аз рўи асосҳое, ки қонун барои қатъи шартномаи идораи ваколатии молу мулк пешбинӣ намудааст, инчунин дар сурати қатъи васояту парасторӣ қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 40. Аз иҷрои вазифа озод ва дур кардани васиёну парасторон

1. Мақоми васояту парасторӣ дар ҳолати баргардонидани кўдак ба волидайнаш ё ба фарзандӣ қабул гардиданаш васӣ ё парасторро аз иҷрои вазифаҳояш озод мекунад.

Ҳангоми ба муассисаи дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаҳои дигари шабеҳ ҷойгир кардани шахси таҳти васоят (парасторӣ), муассисаи васояту парасторӣ, ба шарте ки ин хилофи манфиатҳои шахси таҳти васоят (парасторӣ) набошад, васӣ ё парастори қаблан таъиншударо аз иҷрои вазифаҳояш озод мекунад.

2. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок (беморӣ, тағйир ёфтани вазъи молу мулкӣ, набудани ҳамфикрӣ бо шахси таҳти васоят (парасторӣ) ва ғайра) васӣ ё парастор мумкин аст бо хоҳиши худ аз иҷрои вазифаҳояш озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар сурати вазифаҳояшро ғайриқаноатбахш иҷро кардани васӣ ё парастор, аз ҷумла дар ҳолати васоят ё парасториро ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани ў ё шахси таҳти васоятро (парасториро) бе назорат, бе кўмаки лозима гузоштанаш, инчунин дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, мақоми васояту парасторӣ метавонад васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифаҳо дур карда, ҷиҳати ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун ҷалб кардани шаҳрванди гунаҳкор тадбирҳои зарурӣ андешад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 41. Қатъ гардидани васояту парасторӣ

1. Васояту парасторӣ нисбати шаҳрвандони болиғ дар ҳолатҳои аз ҷониби суд қабул гардидани қарор дар бораи қобили амал эътироф намудани шахси таҳти васоят (парасторӣ) ё бекор кардани маҳдудиятҳои қобилияти амали ў дар асоси аризаи васӣ, парастор ё мақоми васояту парасторӣ қатъ мегардад.

2. Дар сурати ба синни чордаҳ расидани шахси таҳти васоят қарордошта васояти ў қатъ мегардад ва шаҳрванде, ки вазифаи васиро иҷро мекард, бидуни қарори иловагӣ дар ин хусус парастори ноболиғ мегардад.

3. Парастории ноболиғ дар сурати ба синни ҳаждаҳ расидани шахси таҳти парасторӣ, инчунин дар сурати издивоҷ карданаш ва дар ҳолатҳои дигари то ба балоғат расидан дорои қобилияти пурраи амал гардидани ў (қисми 2 моддаи 22 ва моддаи 28) қатъ мегардад.

Моддаи 42. Ҳимоя (патронажи) – и шаҳрвандони қобили амал

1. Бо хоҳиши шаҳрванди болиғи қобили амале, ки бо сабаби вазъи саломатиаш ҳуқуқи худро мустақилона татбиқу ҳимоя ва вазифаҳояшро иҷро карда наметавонад, мумкин аст барои ў парасторӣ дар шакли ҳомӣ (патронаж) муқаррар карда шавад. Муқаррар намудани ҳомӣ (патронаж) боиси маҳдудшавии ҳуқуқи шахси таҳти парасторӣ намегардад.

2. Парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амалро мақоми васояту парасторӣ танҳо бо ризоияти чунин шаҳрванд таъин карда метавонад.

3. Парастор (ёвар) амволи шахси болиғи қобили амали таҳти парасториаш тааллуқдоштаро дар асоси шартномаи супориш ё идораи ваколатӣ, ки бо шахси таҳти парасторӣ баста шудааст, ихтиёрдорӣ мекунад. Аҳдҳои маишӣ ва аҳдҳои дигареро, ки ба таъмин ва қонеъ гардонидани талаботи шахси таҳти парасторӣ равона гардидаанд, парастор (ёвари)-и ў бо ризоияти шахси таҳти парасторӣ анҷом медиҳад.

4. Ҳимоя (патронаж)-и мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муқарраргардидаи шаҳрванди болиғи қобили амал бо талаби шаҳрванди таҳти ҳимоя қарордошта қатъ мегардад.

Парастор (ёвар)-и шаҳрванди таҳти ҳимоя қарордошта дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 40 ҳамин Кодекс аз иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда озод карда мешавад.

5. Танҳо шаҳрвандони болиғи қобили амал, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ ё парастор шудани онҳоро манъ накардааст, парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амал таъин шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 43. Бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд

Агар дар тўли як сол дар ҷои истиқомати шаҳрванд дар хусуси бошишгоҳи ў маълумоте набошад, суд бо дархости шахси манфиатдор метавонад ўро бедарак ғоиб эътироф намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар сурати муқаррар карда натавонистани рўзи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб, оғози ҳисоби мўҳлат барои эътирофи бедарак ғоиб санаи аввали моҳе, ки пас аз моҳи расидани маълумоти охир дар хусуси шахси ғоиб фаро мерасад ва дар сурати муқаррар карда натавонистани ин моҳ, якуми январи соли минбаъда ҳисоб мешавад.

Моддаи 44. Оқибати бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд

1. Амволи шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида дар сурати зарурати муҳофизати он дар асоси қарори суд ба идораи ваколатии шахсе супурда мешавад, ки аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ муайян гардида, дар асоси шартномаи бо ин мақом басташуда дар бораи идораи ваколатӣ амал мекунад.

Идоракунандаи амволи шахси бедарак ғоиб эътирофгардида иҷрои вазифаҳои шаҳрвандро ба зимма гирифта, аз ҳисоби амволи шахси ғоиб қарзи ўро месупорад, ин молу мулкро  ба манфиати чунин шахс идора мекунад. Бо дархости шахси манфиатдор ба шаҳрвандоне, ки шахси бедарак мебоист онҳоро таъмин мекард, таъминотпулӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Мақоми васояту парасторӣ то сипарӣ шудани як соли пас аз расидани маълумот дар хусуси ҷои исти шаҳрванди бедарак низ метавонад барои ҳифзи амволи ў идоракунандаро таъин намояд.

3. 0қибати бедарак ғоиб эътироф намудани шахсро, ки дар ҳамин модда пешбинӣ нашудааст, қонун муайян менамояд.

Моддаи 45. Бекор кардани қарори бедарак ғоиб эътироф намудани шаҳрванд

1. Дар сурати ҳозир шудани шаҳрванди бедарак ғоиб эътирофгардида ё муайян гардидани ҷои исти ў суд қарорро дар бораи бедарак ғоиб эътироф намудани ўро бекор мекунад. Дар асоси қарори суд идораи амволи шаҳрванд бекор карда мешавад.

2. Агар баъди се соли таъин кардани идоракунанда қарори бедарак ғоиб эълон намудани шахс бекор нашуда, дар хусуси фавтида эътироф намудани шаҳрванд ба суд муроҷиате пешниҳод нагардида бошад, мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки бо аризаи фавтида эътироф намудани шаҳрванд ба суд муроҷиат кунад.

Моддаи 46. Фавтида эълон намудани шаҳрванд

1. Агар дар маҳалли зисти шаҳрванд дар давоми се сол аз ҷои исташ маълумоте набошад ва агар ў дар вазъияте бедарак ғоиб шуда бошад, ки хатари марг ба ҳаёташ таҳдид мекард ё ба гумони аз фалокат вафот кардани ў асос медиҳад, дар давоми шаш моҳ суд метавонад чунин шаҳрвандро фавтида эълон намояд.

2. Суд хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрванди дигари бо сабаби амалиёти ҷангӣ бедарак ғоибшударо танҳо баъди як соли пас аз анҷоми амалиёти ҷанг фавтида эълон карда метавонад.

3. Рўзи вафоти шаҳрванде, ки фавтида эълон шудааст, рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи фавтида эълон намудани ў дониста мешавад. Дар сурати фавтида эълон гардидани шаҳрванди дар вазъияте бедарак ғоибшуда, ки ба ҳаёти ў таҳдид мекард ё барои гумони дар натиҷаи фалокат вафот кардани ў асос медиҳад, суд метавонад рўзи тахминии вафоти ўро рўзи вафоти ин шаҳрванд эътироф намояд.

4. Фавтида эълон намудани шаҳрванд нисбати ҳуқуқу ўҳдадориҳои чунин шаҳрванд боиси оқибатҳое мегардад, ки вафоти ў сабаб шуда метавонист.

Моддаи 47. Оқибати ҳозир шудани шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд

1. Дар сурати ҳозир шудан ё ошкор гардидани маҳалли буду боши шаҳрванде, ки фавтида эълон шуда буд, суд қарори дахлдорро бекор мекунад.

2. Шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 323 ҳамин Кодекс, сарфи назар аз вақти ҳозир шуданаш метавонад аз ҳар шахс баргардонидани амволи маҳфузмондаеро талаб намояд, ки пас аз фавтида эълон гардидани шаҳрванд бемузд ба ихтиёри ин шахс гузашта аст.

Ашхосе, ки амволи шаҳрванди фавтида эълоншуда дар натиҷаи аҳдҳои бомузд ба ихтиёрашон гузаштааст, агар исбот гардад, ки ҳангоми харидани молу мулк онҳо зинда будани шаҳрванди фавтида эълоншударо медонистанд, вазифадоранд ин молу мулкро ба ў баргардонанд. Дар сурати баргардонида натавонистани худи молу мулк арзиши он ҷуброн карда мешавад. Агар амволи шаҳрванди фавтида эълоншуда аз рўи ҳуқуқи мерос ба ихтиёри давлат гузашта, бо риояи шартҳои дар ҳамин модда пешбинигардида фурўхта шуда бошад, пас аз бекор кардани қарори фавтида эълон намудани шаҳрванд ба ў маблағи аз фурўши молу мулк бадастомада баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Соҳиби бовиҷдон ҳуқуқ дорад беҳбудиҳои вориднамудаашро, ба шарте ки онҳоро бе зиён ҷудо кардан мумкин бошад, дар ихтиёри худ монад. Агар чунин ҷудо кардани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовиҷдон ҳуқуқ дорад ҷуброни маблағи барои беҳбудӣ харҷкардаашро, вале на зиёдтар аз андозаи арзиши амвол, талаб намояд.

БОБИ 4 ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

§1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 48. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ

1. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рўи ўҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ўҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Шахси ҳуқуқӣ бояд баланс ё сметаи мустақил дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Бо сабаби иштирок дар ташкили амволи шахси ҳуқуқӣ муассисони (иштирокчиёни) он метавонанд нисбати ин шахси ҳуқуқӣ ўҳдадорӣ ё ҳуқуқи амволи ба молу мулки он дошта бошанд.

Ба шахси ҳуқуқие, ки иштирокчиёнашон нисбати онҳо ҳуқуқи ўҳдадорӣ доранд, инҳо дохил мешаванд: ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ ва кооператсияи матлубот (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисони онҳо ба амволашон ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ доранд, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ, инчунин муассисаҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисонашон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи молу мулкӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд: иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ; фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахси ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 49. Қобилияти ҳуқуқдории шахси хуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқӣ метавонад мутобиқи мақсадҳои фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он пешбинигардида ҳуқуқи гражданӣ ва вобаста ба ин фаъолият ўҳдадорӣ дошта бошад.

Ташкилотҳои тиҷоратӣ, ба истиснои корхонаҳои воҳид ва намудҳои дигари ташкилотҳои пешбининамудаи қонун метавонанд ҳуқуқу ўҳдадориҳое дошта бошанд, ки барои татбиқи ҳар намуди фаъолияти бо қонун манънашуда заруранд. Шахси ҳуқуқӣ бо намудҳои алоҳидаи фаъолияте, ки номгўи онҳо бо қонун муайян карда мешавад, танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул шуда метавонад.

2. Ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун метавонад маҳдуд карда шавад. Нисбати қарори маҳдуд кардани ҳуқуқ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

3. Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи таъсиси он (қисми 2 моддаи 51) ба миён омада, дар лаҳзаи ба охир расидани он ( қисми 8 моддаи 64) қатъ мегардад.

Ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи фаъолияте, ки барои машғул шудан ба он гирифтани иҷозатнома (литсензия) зарур аст (қисми 1 ҳамин модда), агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, аз лаҳзаи гирифтани чунин иҷозатнома (литсензия) ё дар мўҳлати дар он зикргардида ба миён омада, бо гузаштани мўҳлати амали он қатъ мегардад.

Моддаи 50. Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ

1. Ташкилотҳое шахси ҳуқуқӣ буда метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор додаанд (ташкилотҳои тиҷоратӣ) ё чунин мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунанд (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ таъсис дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 22.07.2013 № 976).

3. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошанд, метавонанд дар шакли кооперативҳои ғайритиҷоратӣ, кооператсияи матлубот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ, муассисаҳои аз ҷониби молик маблағгузоришаванда, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин дар дигар шаклҳои пешбининамудаи қонун таъсис дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 247, аз 22.07.2013 № 976,  .

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд, ки барои мақсадҳои оинномавии онҳо зарур аст.

4. Таъсиси иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дар шакли ассотсиатсияҳо ё иттифоқҳо ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 51. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640)

1. Шахси ҳуқуқӣ бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Асосҳои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешаванд. Рад кардани бақайдгирӣ бо далели мувофиқи мақсад набудани таъсиси шахси ҳуқуқӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Дар сурати рад кардани бақайдгирии давлатӣ, инчунин саркашӣ кардан аз он ба суд шикоят намудан мумкин аст.

2. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида дониста мешавад.

3. Шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун аз нав ба қайд гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

Моддаи 52. Муассисони шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқиро як ё якчанд муассис таъсис дода метавонанд.

2. Соҳибмулк ё ин ки мақомоти ваколатдори он ё шахсон ва дар ҳолатҳои махсус пешбининамудаи қонунгузорӣ дигар шахсони ҳуқуқӣ муассиси шахси ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Дар айни замон шахси ҳуқуқие, ки дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ мебошанд, бо ризоияти молик ё мақоми ваколатдори он метавонад муассисони шахси ҳуқуқии дигар бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 53. Ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ё шартномаи таъсис ва оиннома ва ё танҳо шартномаи таъсис амал мекунад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ намебошад, дар асоси низомномаи умумии ин намуди ташкилот амал карда метавонад.

Шартномаи таъсиси шахси ҳуқуқиро муассисони (иштирокчиёни) он баста, оинномаро тасдиқ менамоянд.

Шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс аз ҷониби як муассис таъсис ёфтааст, дар асоси оинномаи тасдиқнамудаи ин муассис амал мекунад.

2. Дар оиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари таъсисии шахси ҳуқуқӣ бояд номи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавии он, тартиби идораи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ муайян карда шаванд, инчунин маълумоти дигари пешбининамудаи қонун дар бораи намуди дахлдори шахси ҳуқуқӣ нишон дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва корхонаҳои воҳид, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бошад, инчунин ташкилотҳои тиҷоратии дигар бояд марому мақсади фаъолияти шахси ҳуқуқӣ муайян карда шавад. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ мумкин аст марому мақсади муайяни фаъолияти онҳо пешбинӣ карда шавад.

Дар шартномаи таъсис тарафҳо (муассисон) ҷиҳати таъсиси шахси ҳуқуқӣ ўҳдадорӣ қабул намуда, тартиби фаъолияти муштарак дар мавриди таъсиси он, шартҳои ба он додани амволи худ ва иштирок дар фаъолияти онро муайян менамоянд. Дар шартнома инчунин шарту тартиби тақсими фоидаю зиён миёни иштирокчиён, идора кардани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, аз ҳайати он баромадани муассисон (иштирокчиён) муайян карда мешавад. Бо мувофиқаи муассисон ба шартномаи таъсис мумкин аст шартҳои дигар низ дохил карда шаванд.

3. Тағйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин ташкилотҳои динӣ воридкардашуда пас аз бақайдгирии давлатӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд. Тағйироти маълумотҳо дар ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии дигар пас аз ворид намудани онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640, аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 54. Мақомоти шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқӣ ба воситаи мақомоташ, ки дар асоси қонунҳои амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ҳуқуқи гражданӣ ба даст овардааст, иҷрои ўҳдадориҳои гражданиро ба зимма мегирад. Тартиби таъин ё интихоби мақомоти шахси хуқуқӣ тибқи қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсис муайян карда мешавад.

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахси ҳуқуқӣ метавонад ба воситаи иштирокчиёнаш ҳуқуқи гражданӣ ба даст оварда, иҷрои ўҳдадориҳои гражданиро ба зимма гирад.

3. Шахсе, ки мутобиқи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шахси ҳуқуқӣ аз номи он баромад мекунад, бояд ба манфиати шахси ҳуқуқии намояндагӣ мекардааш софдилона ва оқилона амал кунад. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ў вазифадор аст, ки бо талаби муассисони (иштирокчиёни, аъзои) шахси ҳуқуқӣ зиёнеро, ки ў ба шахси ҳуқуқӣ расонидааст, ҷуброн намояд.

Моддаи 55. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳои воҳид ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошта бошад.

Ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба реквизитҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат иҷозат дода мешавад.

2. Маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, агар мутобиқи қонун дар ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ маҳалли дигаре муқаррар нашуда бошад, маҳалли бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад.

3. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он нишон дода мешавад.

4. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад.

Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно дорад.

Тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамоянд.

Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.

Моддаи 56. Намояндагӣ ва филиалҳо

1. Намояндагӣ воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ менамояд, аз номи он аҳдҳо ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Филиал воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, тамоми ё як қисми вазифаҳои он, аз ҷумла вазифаи намояндагиро иҷро мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Намояндагию филиалҳо шахси ҳуқуқӣ набуда, бо қарори мақоми дахлдори шахси ҳуқуқӣ, ки онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ муайян намудаанд, таъсис дода мешаванд. 0нҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқии онҳоро таъсиснамуда бо молу мулк таъмин карда, дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи он амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Роҳбарони намояндагию филиалҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ таъин гардида, дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.

Намояндагию филиалҳо бояд дар оинномаи шахси ҳуқуқие, ки онҳоро таъсис додааст, нишон дода шаванд.

Моддаи 57. Масъулияти шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқӣ ғайр аз муассисаҳое, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд, аз рўи ўҳдадориҳои худ бо тамоми амволашон масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Корхонаи давлатӣ ва муассисаи аз ҷониби молик маблағгузоришаванда аз рўи ўҳдадориҳои худ мувофиқи тартиб ва дар асоси шартҳои пешбининамудаи қисми 8 моддаи 125, моддаҳои 126 ва 127 ҳамин Кодекс масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Муассиси (иштирокчии) шахси ҳуқуқӣ ё молики он, ба истиснои ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинигардида аз рўи ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ бошад, аз рўи ўҳдадориҳои муассис (иштирокчӣ) ё молик масъулият надорад.

Агар сабабгори муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ муассисон (иштирокчиён), молики амволи шахси ҳуқуқӣ ё шахси дигаре бошанд, ки ҳуқуқи додани дастурҳои ҳатмиро ба шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани амалҳои онро доранд, ба зиммаи чунин ашхос дар сурати нарасидани амволи шахси ҳуқуқӣ мумкин аст аз рўи ўҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ гузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 58. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) метавонад бо қарори муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсис дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварда шавад.

2. Бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар қонун мумкин аст ҳолатҳо ва тартиби маҷбуран азнавташкилдиҳии ташкилотҳои тиҷоратӣ дар асоси қарори суд пешбинӣ карда шавад.

Агар муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ, мақоми ваколатдори онҳо ё мақоми шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсис барои азнавташкилдиҳии он ваколатдор аст, азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро дар мўҳлати муқаррарнамудаи қарори суд ба амал набароранд, суд аз ҷумлаи шахси ғайр мудири шахси ҳуқуқиро таъин намуда, ба ў супориш медиҳад, ки азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро ба амал барорад. Аз лаҳзаи таъин гардидани мудири ғайр ваколати идора намудани корҳои шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи ў мегузарад. Мудири ғайр аз номи шахси ҳуқуқӣ дар суд баромад мекунад ва баланси тақсимотро тартиб дода, онро якҷоя бо ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ бавуҷудоянда ҷиҳати тасдиқ ба суд месупорад. Аз ҷониби суд тасдиқ гардидани ҳуҷҷатҳои мазкур барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳид, ҳамроҳ кардан ё тағйир додан танҳо бо ризояти мақомоти давлатии ваколатдор ба амал бароварда мешавад.

4. Шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ҳолатҳои азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳкунӣ, аз лаҳзаи бақайдгирии шахси ҳуқуқии навтаъсис азнавташкилшуда дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар сурати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ба он ҳамроҳшавии шахси ҳуқуқии дигар, шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфироди ариза пешниҳод менамоянд. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ ёфтани фаъолияти шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфироди ворид карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқи ба итмомрасида дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

5. Азнавташкилдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории бонкӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 5).

Моддаи 59. Ворисии ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Ҳангоми муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҳар яки онҳо мутобиқи санади супурдан ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

2. Дар сурати ҳамроҳкунии шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда мутобиқи санади супурдан ба ихтиёри шахси ҳуқуқии дигар мегузарад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

3. Дар сурати ҷудо кардани шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу ўҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Ҳангоми аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ ҷудо кардани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ мутобиқи баланси тақсимот ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҳар яки онҳо мегузарад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Ҳангоми аз як намуди шахси ҳуқуқӣ ба намуди дигар табдил додани шахси ҳуқуқӣ (тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мутобиқи акти супурдан гузаронида мешаванд.

Моддаи 60. Акти супурдан ва баланси тақсимот

1. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои молу мулкии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ҳангоми муттаҳид ва ҳамроҳ кардан мутобиқи санади супурдан ва ҳангоми тақсим ва ҷудо кардан мутобиқи баланси тақсимот ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузарад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул намудааст, тасдиқ гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии навтаъсис ва барои ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқии азнавташкилшуда пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

Якҷоя бо ҳуҷҷатҳои таъсис пешниҳод накардани мутобиқан санади супурдан ва баланси тақсимот, муқаррарот оиди гузаштани ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда боиси рад кардани бақайдгирии давлатии навтаъсис мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

Моддаи 61. Кафолати ҳуқуқии кредиторони шахси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он

1. Муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоме, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст, бояд кредиторони шахси ҳуқуқии азнавташкилшавандаро дар ин бора хаттӣ огоҳ созанд.

2. Кредитори шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда ҳуқуқ дорад қатъ ё иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадориро, ки аз рўи он ҳамин шахси ҳуқуқӣ қарздор мебошад, инчунин ҷуброни зиёнро талаб намояд.

3. Агар баланси тақсимот барои муайян намудани  андозаи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ворисони ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда имконият надиҳад, шахси ҳуқуқии навтаъсис аз рўи ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда дар назди кредиторони ў масъулияти муштарак доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 62. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ

1. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ боиси қатъ гардидани он бидуни ба шахси дигар ба тариқи вориси ҳуқуқ гузаштани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:

– бо қарори муассисон (иштирокчиён) ё мақомоти шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси чунин ваколатро дорад, аз ҷумла бо сабаби гузаштани мўҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шуда буд ё ноил шудан ба мақсади таъсисдодашуда;

– бо ҳалномаи суд ҳангоми таъсиси он роҳ додан ба дағалона вайронкунии қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад ё бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё фаъолияти манъ намудаи қонун, ё амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии якчандмаротиба ва дағалонаи дигари қонунгузорӣ ё аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ намудани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф мебошад, ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиётҳои дар иҷозатнома пешбинишуда намуди ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунҳо (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

 3. Талаби барҳам додани шахси ҳуқуқиро тибқи асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида  мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки мувофиқи қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ дорад, ба суд пешниҳод карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Бо қарори суд дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба барҳамдиҳии он ваколатдошта гузошта шавад.

4. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, ё чун кооперативи ғайритиҷоратӣ ва ё фонди ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, бо сабаби муфлис эътироф шуданаш инчунин мутобиқи моддаи 66 ҳамин Кодекс барҳам дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 22.07.2013 № 976).

Агар арзиши амволи чунин шахси ҳуқуқӣ барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, онро танҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 67 ҳамин Кодекс барҳам додан мумкин аст.

Муқаррароти бо сабаби муфлисӣ барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба муассисаҳо дахл надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Агар ба қонунгузории бонкӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барҳамдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 5).

Моддаи 63. Вазифаи шахсе, ки дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст

1. Муассисон (иштирокчиён) – и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда вазифадоранд, ки бетаъхир аз ин хусус мақоми бақайдгирандаи шахси ҳуқуқиро хаттӣ огоҳ созанд ва он ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид месозад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640)).

2. Муассисон (иштирокчиён) – и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабулкарда комиссияи барҳамдиҳи (барҳамдиҳанда) – ро таъин намуда, мутобиқи ҳамин Кодекс тартиб ва мўҳлати барҳамдиҳиро муқаррар менамоянд.

3. Комиссияи барҳамдиҳӣ аз лаҳзаи таъин гардиданаш барои назорат кардани амали мақомоти шахси ҳуқуқӣ дар мавриди ихтиёрдории амволаш ваколат ба даст меорад. Аз ҷумла тамоми амалиёти мақомоти шахси ҳуқуқӣ, ки ба бегона кардани амволи он ё пардохти қарз равона гардидаанд, танҳо бо ризояти комиссияи барҳамдиҳӣ метавонад ба амал бароварда шавад.

Моддаи 64. Тартиби барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар рўзномае, ки маълумоти бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро нашр менамояд, дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқукӣ ва тартибу мўҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторони он эълонро чоп мекунад. Ин мўҳлат набояд аз ду моҳи пас аз лаҳзаи нашри эълон дар бораи барҳамдиҳӣ камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Комиссияи барҳамдиҳӣ ҷиҳати маълум сохтани кредиторон ва гирифтани қарзи дебиторӣ тамоми чораҳои имконпазирро андешида, инчунин кредиторонро дар хусуси барҳам додани шахси ҳуқуқӣ хаттӣ огоҳ месозад.

2. Пас аз тамом шудани мўҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳии фосилавӣ тартиб медиҳад, ки дар он маълумот дар бораи таркиби амволи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, номгўи талаботи пешкашнамудаи кредиторон, инчунин маълумот дар хусуси натиҷаи баррасии онҳо зикр меёбад.

Баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Агар маблағи мавҷудаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (ғайр аз муассисаҳо) барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи барҳамдиҳӣ мувофиқи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида амволи шахси ҳуқуқиро аз тариқи савдои оммавӣ ба фурўш мерасонад.

4. Пардохти маблағҳои пулӣ ба кредиторони шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ аз рўи навбати дар моддаи 65 ҳамин Кодекс муқарраргардида, ба истиснои кредиторони навбати чорум, ки маблағи пулӣ ба онҳо пас аз як моҳи баъди санаи тасдиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ пардохта мешавад, мутобиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз рўзи тасдиқи он сар карда, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

5. Пас аз пардохти пулии кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳиро тартиб медиҳад, ки онро муассисон (иштирокчиен) – и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд.

6. Дар сурати нокифоя будани маблағи муассисаи барҳамдодашаванда барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон, онҳо ҳуқуқ доранд, ки барои аз ҳисоби молики амволи ин муассиса қонеъ гардонидани қисми боқимондаи талаботашон ба суд муроҷиат намоянд.

7. Амволи пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи шахси ҳуқуқӣ, агар дар қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба муассисони (иштирокчиёни) он, ки дорои ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк ё ҳуқуқи ўҳдадорӣ нисбати ин шахси ҳуқуқӣ мебошанд, супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

8. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баъди дар ин хусус ворид намудани сабт ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ бошад барҳамдодашуда эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

Моддаи 64(1). Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

1. Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) ҷудо карда мешаванд ва барои фурўш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.

2. Кредитори таъминшуда ўҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурўши мавзўи таъминот тавре чораҳо андешад, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.

3. Маблағҳои аз фурўш ба дастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурўхташаванда таъмин гардиданд, равона мегарданд, маблағҳои аз фурўш боқимонда бошад, ба комиссияи барҳамдиҳӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур равона мегарданд.

4. Агар маблағҳои аз фурўш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурўхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 65. Қонеъ гардонидани талаботи кредиторон

1. Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он бо навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:

– дар навбати аввал – талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши молу мулки ба сифати таъминот пешниҳодшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;

– дар навбати дуюм – пардохти кўмакпулии аз кор рафтан ва музди меҳнати шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз рўи шартномаҳои муаллифӣ;

– дар навбати сеюм – пардохти қарз аз рўи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

– дар навбати чорум – ҳисобу китоби кредиторони дигар тибқи қонун.

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, талаботи кредиторон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Талаби ҳар навбат пас аз пурра қонеъ гардонидани талаби навбати пешина қонеъ гардонида мешавад.

3. Дар сурати нокифоя будани амволи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ин молу мулк дар байни кредиторон мувофиқи қонунҳои амалкунанда, тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Агар комиссияи барҳамдиҳӣ қонеъ гардонидани талаботи кредиторро рад кунад ё аз баррасии он саркашӣ намояд, кредитор ҳуқуқ дорад, ки то тасдиқ гардидани баланси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ нисбати амали комиссияи барҳамдиҳӣ ба суд даъво намояд.

Бо қарори суд талаби кредитор мумкин аст аз ҳисоби амволи боқимондаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда қонеъ гардонида шавад.

5. Талаби кредитор, ки пас аз гузаштани мўҳлати барои пешниҳоди он муқаррарнамудаи комиссияи барҳамдиҳӣ пешниҳод гардидааст, аз ҳисоби амволи шахси қарздор, ки пас аз қонеъ гардонидани талаби сари вақт пешкашнамудаи кредиторон боқӣ мондааст, қонеъ гардонида мешавад.

6. Талаби кредиторон, ки бо сабаби нокифоя будани амволи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда қонеъ гардонида нашудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс, пардохташуда дониста мешавад. Талаби кредитороне, ки комиссияи барҳамдиҳӣ онҳоро эътироф накардааст, агар кредитор ба суд бо даъво муроҷиат накарда бошад, инчунин талабе, ки қонеъ гардонидани он бо қарори суд ба кредитор рад шудааст, ҳамчунин пардохташуда дониста мешаванд.

Моддаи 66. Муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқие, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул мебошад, ба истиснои корхонаҳои махсуси (казонии) давлатӣ, агар қобилияти қонеъ гардонидани талаботи кредиторонро бо сабаби нокифоягии дороиҳои бозоргир надошта бошад, он гоҳ мумкин аст муфлис эътироф карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247). 

2. Шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби суд муфлис эътироф карда мешавад.

Шахси ҳуқуқӣ инчунин метавонад якҷоя бо кредиторон дар хусуси эълони муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳам дода шуданаш қарор қабул намояд.

3. Асосҳои аз ҷониби суд муфлис эътироф гардидани шахси ҳуқуқӣ ё дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани он, инчунин тартиби барҳамдиҳии чунин шахси хуқуқӣ тибқи қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар карда мешавад. Талаби кредиторон аз рўи навбати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 65 ҳамин Кодекс қонеъ гардонида мешавад.

Моддаи 67. 0қибати муфлис донистани шахси ҳуқуқӣ

1. Аз ҷониби суд муфлис эътироф шудани шахси ҳуқуқӣ инчунин тибқи қарори муштарак бо кредиторон дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани шахси ҳуқуқӣ боиси барҳам додани ин шахси ҳуқуқӣ мегардад.

2. Аз лаҳзаи муфлис дониста шудани шахси ҳуқуқӣ:

а) мўҳлати пардохти тамоми ўҳдадориҳои қарзии ин шахси ҳуқуқӣ, агар он пештар фаро нарасида бошад, фарорасида ҳисоб меёбад;

б) зам кардани ҷаримаи ахдшиканӣ ва фоизи тамоми қарзҳои ин шахси ҳуқуқӣ қатъ мегардад;

в) тамоми маҳдудиятҳои дар қонун пешбинигардида дар мавриди рўёнидани маблағ аз амволи шахси ҳуқуқӣ аз миён бардошта мешаванд;

г) баҳсҳои молу мулкӣ бо иштироки ин шахси ҳуқуқӣ ба сифати ҷавобгар, ба истиснои баҳсҳое, ки аз рўи онҳо қарорҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, қатъ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

д) ҳама талабҳои молу мулкӣ ба нисбати ин шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар сурати тибқи қарори муштарак бо кредиторон дар хусуси муфлисшавии худ эълон кардани шахси ҳуқуқӣ, агар дар созишнома бо кредиторон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои қисми 2 ҳамин модда истифода мешаванд.

Моддаи 68. Рўёнидани маблағ аз амволи шахси ҳуқуқӣ пас аз барҳам додани он

Агар баъди барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ исбот шавад, ки он бо мақсади халос хўрдан аз масъулияти назди кредиторони худ ақаллан як қисми амволашро ба шахси дигар додааст ё ба тариқи дигар қасдан пинҳон кардааст, кредитороне, ки талаботҳояшон дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пурра қонеъ нагардидааст, ҳуқуқ доранд қисми пардохта нашудаи қарзашонро аз ҳисоби ин молу мулк рўёнанд. Дар ин ҳолат мутобиқан қоидаҳои моддаи 324 ҳамин Кодекс истифода мешаванд. Шахсе, ки ин молу мулкро гирифтааст, агар нияти шахси ҳуқуқиро дар мавриди аз кредиторон пинҳон кардани ин молу мулк медонист ё мебоист донад, шахси бевиҷдон дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

§2. ШИРКАТУ ҶАМЪИЯТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ
1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 69. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ

1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Амволи аз ҳисоби пасандозҳои муассисон (иштирокчиён) ҳосилшуда, инчунин аз ҷониби ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ дар ҷараёни фаъолияти он истеҳсол ё харидашуда моликияти ҳаққонии он аст.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷамъияти хоҷагидорӣ мумкин аст аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ва ў иштирокчии ягонаи он мегардад.

2. Ширкатҳои хоҷагидорӣ мумкин аст дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шаванд.

3. Ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ метавонанд дар шакли ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё иловагӣ таъсис дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва шарикони комили ҷамъиятҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.

Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳҳомони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта бошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта буданро надоранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Муассисаҳое, ки онҳоро моликонашон маблағгузорӣ менамоянд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, бо иҷозати молик метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳо бошанд.

Иштироки гурўҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, мумкин аст тибқи қонун манъ ё маҳдуд карда шавад.

5. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар метавонанд муассисони (иштирокчиёни) ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидории дигар бошанд.

6. Пул, коғазҳои қиматнок, дигар ашё ё ҳуқуқи молу мулкӣ ё ҳуқуқи дигари дорои арзиши пулӣ метавонад ҳисса ё амволи ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ бошад.

Арзиши пулии саҳми иштирокчии ҷамъияти хоҷагидорӣ бо мувофиқаи муассисон (иштирокчиён) – и ҷамъият муайян карда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавонад аз тафтиши мустақилонаи экспертӣ гузаронида шавад.

7. Ширкатҳои хоҷагидорӣ, инчунин ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ барои баровардани саҳмия ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 70. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ

1. Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ доранд, ки:

– ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 89 ҳамин Кодекс ва қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ пешбинигардида дар идораи корҳои ширкат ё ҷамъият иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис дар бораи фаъолияти ширкат ё ҷамъият маълумот гирифта, бо дафтарҳои муҳосибавию санади дигари он шинос шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

– дар тақсимоти фоида иштирок намоянд;

– дар сурати барҳам додани ширкат ё ҷамъият қисми амволи пас аз ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон боқимонда ё арзиши онро гиранд.

Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, инчунин метавонанд дигар ҳуқуқҳои дар ҳамин Кодекс, қонунҳо дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ширкат ё ҷамъият пешбинигардидаро дошта бошанд.

2. Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ вазифадоранд, ки:

– мувофиқи тартиб, андоза, усул ва дар мўҳлатҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис саҳм гузоранд;

– маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти ширкат ё ҷамъият фош накунанд.

Иштирокчиёни ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ метавонанд ўҳдадориҳои дигари дар ҳуҷҷатҳои таъсиси он пешбинигардидаро дошта бошанд.

Моддаи 71. Табдил додани ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ

1. Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидории як навъ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонанд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиён ба навъи дигари ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё кооперативҳои тиҷоратӣ табдил дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

2. Дар сурати ба ҷамъият табдил додани ширкат ҳар шарики комиле, ки иштирокчии (саҳмдори) ҷамъият мегардад, дар давоми ду сол аз рўи ўҳдадориҳои аз ширкат ба ҷамъият гузашта бо тамоми амволи худ масъулияти иловагӣ ба зимма мегирад. Аз ҷониби шарики собиқа бегона кардани ҳиссааш (саҳмаш) ба ў тааллуқдошта ўро аз чунин масъулият озод намекунад. Қоидаҳои дар ҳамин банд баёнгардида мутобиқан ҳангоми ба кооперативи тиҷоратӣ табдил додани ширкат истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 247, аз 22.07.2013 № 976).

2. Ширкати комил 
Моддаи 72. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати комил

1. Ширкате комил дониста мешавад, ки иштирокчиёни он (шарикони комил) мутобиқи шартномаи байнашон имзошуда аз номи ширкат бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, аз рўи ўҳдадориҳои он нисбати тамоми амволи ба онҳо тааллуқдошта масъулият бар дўш доранд.

2. Шахс иштирокчии танҳо як ширкати комил буда метавонад.

3. Номи фирмавии ширкати комил бояд инҳоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) ҳамаи иштирокчиёни он, инчунин калимаҳои “ширкати комил” ё номи (унвони) як ё якчанд иштирокчӣ бо илова кардани калимаҳои “ва компания” инчунин калимаҳои “ширкати комил”.

Моддаи 73. Шартномаи таъсиси ширкати комил

1. Ширкати комил дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, амал мекунад ва ин шартнома вазифаи оинномаи ширкати комилро низ анҷом медиҳад. Шартномаи таъсисиро ҳамаи иштирокчиёни он имзо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шартномаи таъсиси ширкати комил ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби сармояи шариконаи ширкат; дар бораи андоза ва тартиби тағйир додани ҳиссаи ҳар иштирокчӣ дар фонди оинномавӣ; дар бораи андоза, таркиб, мўҳлат ва тартиби саҳмгузории он; дар бораи масъулияти иштирокчиён барои вайрон кардани ўҳдадориҳои саҳмгузории онро дар бар гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 74. Идоракунӣ дар ширкати комил

1. Идоракунии фаъолияти ширкати комил бо мувофиқаи тамоми иштирокчиён сурат мегирад. Дар шартномаи таъсис мумкин аст ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки қарор бо аксарияти овози иштирокчиён қабул мегардад.

2. Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиён пешбинӣ нагардида бошад, ҳар иштирокчии ширкати комил як овоз дорад.

3. Ҳар иштирокчии ширкат, сарфи назар аз он ки барои пешбурди корҳои умумӣ ваколатдор аст ё не, ҳақ дорад шахсан бо тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба пешбурди кори ширкат шинос шавад. Рад кардани чунин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз ҷумла дар асоси созишномаи иштирокчиёни ширкат, эътибор надорад.

Моддаи 75. Идораи кори ширкати комил

1. Ҳар иштирокчии ширкати комил ҳуқуқ дорад, ки аз номи ширкат амал кунад, агар дар шартномаи таъсис муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни ширкат идораи корро якҷоя анҷом медиҳанд ё пешбурди кор ба иштирокчиёни алоҳида супурда шудааст. Дар сурати идораи муштараки корҳои ширкат аз ҷониби иштирокчиёни он, барои анҷоми ҳар аҳд ризоияти ҳамаи иштирокчиёни ширкат зарур аст.

Агар пешбурди кори ширкатро иштирокчиёни он ба зиммаи як ё баъзе иштирокчӣ гузошта бошанд, иштирокчиёни боқимонда барои аз номи ширкат анҷом додани аҳдҳо бояд ваколатномаи иштирокчи (иштирокчиён)-ро дошта бошанд, ки пешбурди корҳои ширкат ба зиммааш гузошта шудааст.

Дар муносибат бо шахсони сеюм ширкат ҳуқуқ надорад ба он ҳавола намояд, ҳолатҳои шартномаи таъсис ваколатҳои иштирокчиёни ширкатро маҳдуд мекунад, ба истиснои ҳолатҳои аз тарафи ширкат исботшаванда, ки шахси сеюм дар лаҳзаи анҷоми аҳдҳо медонист ё баръало мебоист донад, ки иштирокчии ширкат ҳуқуқи аз номи ширкат амалкарданро надошт.

2. Ваколати пешбурдани кори ширкат, ки ба як ё якчанд иштирокчиён дода шудааст, мумкин аст аз тарафи суд бо талаби як ё якчанд иштирокчиёни дигари ширкат, дар мавриди ҷой доштани асосҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар ҳолати аз тарафи шахси (шахсони) ваколатдор дағалона вайрон кардани ўҳдадориҳои он (онҳо) ё ба идора намудани кор қобилият надоштани он (онҳо) қатъ гардонида шавад. Дар асоси қарори суд ба шартномаи таъсиси ширкат тағйироти зарурӣ ворид карда мешавад.

Моддаи 76. Ўҳдадориҳои иштирокчии ширкати комил

1. Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки мутобиқи шартҳои шартномаи таъсис дар фаъолияти он иштирок намояд.

2. Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии ширкат сад фоизи саҳми худро ба сармояи шарикона ширкат гузаронад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640, аз 18.03.2015 № 1178).

3. Иштирокчии ширкати комил бе ризоияти иштирокчиёни боқимонда аз ном ва ба манфиати худ ё ба манфиати шахси сеюм барои анҷоми аҳдҳое, ки мушобеҳи аҳдҳои моҳияти фаъолияти ширкатро ташкилкунанда, ҳуқуқ надорад.

Дар сурати вайрон кардани ин қоида ширкат ҳақ дорад, ки бо хости худ аз чунин иштирокчӣ ҷуброни зиёни ба ширкат расонида ё ба ширкат супурдани тамоми фоидаи аз чунин аҳдҳо бадастовардаашро талаб намояд.

Моддаи 77. Тақсими фоида ва зиёни ширкати комил

1. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи дигари иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоида ва зиёни ширкати комил байни иштирокчиёнаш мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармоя шарикона тақсим карда мешавад. Созиши аз фоида ё зиён бенасибгардондани ҳар кадоме аз иштирокчиёни ширкат, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

2. Агар дар натиҷаи расидани зиён ба ширкат арзиши дороиҳои софи он аз андозаи сармояи шариконааш камтар шавад, фоидаи бадастовардаи он то замоне, ки арзиши дороиҳои нақд аз андозаи фонди оинномавӣ зиёдтар нашавад, байни иштирокчиён тақсим карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640, аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 78. Масъулияти иштирокчиёни ширкати комил аз рўи ўҳдадориҳо

1. Иштирокчиёни ширкати комил байни худ муштаракона аз рўи ўҳдадориҳои ширкат бо тамоми амволи худ масъулияти иловагӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Иштирокчии ширкати комил, ки муассиси он намебошад, дар қатори дигар иштирокчиён аз рўи ўҳдадориҳои ба миён омада то ба ширкат дохил шуданаш баробари иштирокчиёни дигар масъулият дорад.

3. Иштирокчии аз ширкат хориҷшуда аз рўи ўҳдадориҳои ширкат, ки то хориҷшавии ў ба миён омадаанд, аз санаи тасдиқи ҳисобот дар бораи фаъолияти ширкат дар соли аз ширкат хориҷ шуданаш баробари иштирокчиёни боқимонда дар мўҳлати се сол масъулият дорад.

4. Созишномаи иштирокчиёни ширкат дар бораи маҳдуд ё бартараф намудани масъулияти дар ҳамин модда пешбинигардида эътибор надорад.

Моддаи 79. Супурдани саҳми иштирокчӣ дар амволи ширкати комил

1. Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад бо ризояти иштирокчиёни боқимондаи он саҳми худро дар амволи ширкат, ки ба саҳми ў дар сармояи шарикона мутобиқ аст, ё як қисми онро ба иштирокчии дигари ширкат ва ё шахси сеюм супорад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

2. Агар ҳисса (қисми ҳисса) ба шахси дигар супурда шавад, ба ин шахс пурра ё як қисми дахлдори ҳуқуқи ба иштирокчии ҳиссаро (як қисми ҳиссаро) супурда тааллуқдошта мегузарад. Шахсе, ки ҳисса (қисми ҳисса) ба ў супурда шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 78 ҳамин Кодекс аз рўи ўҳдадориҳои ширкат масъулият дорад.

3. Агар иштирокчии ширкат саҳми худро ба шахси дигар супорад, иштироки ў дар ширкат қатъ гардида, ин барои ў боиси оқибатҳое мегардад, ки дар қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс муқаррар шудаанд.

Моддаи 80. Рўёнидани маблағ аз ҳиссаи иштирокчии амволи ширкати комил

Рўёнидани маблағ аз ҳиссаи иштирокчии амволи ширкати комил аз рўи қарзе, ки бо иштироки ў дар ширкати алоқаманд набуда (қарзи шахсӣ) танҳо дар сурате роҳ дода мешавад, ки агар амволи дигари ин иштирокчӣ барои пардохти қарзаш нокифоя бошад. Кредиторони чунин иштирокчӣ ҳақ доранд аз ширкати комил пардохти арзиши амволи ширкат , ки ба саҳми қарздор дар сармояи шарикона мувофиқ аст ё ҷудо кардани ин молу мулкро бо мақсади аз он рўёнидани маблағ талаб намоянд. Қисми амволи ширкат, ки бояд ҷудо карда шавад ё арзиши он мувофиқи баланси дар лаҳзаи аз ҷониби кредиторон пешкаш гардидани талаб тартибдодашуда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Дар сурати рўёнидани маблағ аз тамоми ҳиссаи иштирокчӣ аз амволи ширкати комил иштироки ў дар ширкат қатъ гардида, он боиси оқибатҳои дар қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс пешбинишуда мегардад.

Моддаи 81. Аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ

1. Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад, ки дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкат арз намуда, аз ҳайати он барояд.

Иштирокчӣ дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкати комиле, ки бе ишораи мўҳлат таъсис гардидааст, бояд на камтар аз шаш моҳи то воқеан аз ҳайати ширкат баромаданаш арз намояд. Пеш аз мўҳлат даст кашидан аз иштирок дар ширкати комили барои мўҳлати муайян таъсисгардида танҳо бо сабаби узрнок иҷозат дода мешавад.

2. Созишномаи иштирокчиёни ширкат дар хусуси рад кардани ҳуқуқи аз ҳайати ширкат баромадан эътибор надорад.

Моддаи 82. Аз ҳайати ширкати комил хориҷ кардани иштирокчӣ

1. Дар сурати бедарак ғоиб, ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардидани яке аз иштирокчиёни ширкати комил ў метавонад бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад. Шахси хуқуқие, ки иштирокчии ширкат буда, нисбати он бо қарори суд иҷрои расму қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ оғоз гардидаанд, метавонад ба ҳамин тартиб аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад.

2. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, аз ҷумла дағалона вайрон кардани ўҳдадориҳо ё надоштани қобилияти ошкоргардидаи пешбурди оқилонаи кор иштирокчиёни ширкати комил ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби судӣ аз ҳайати ширкат хориҷ кардани яке аз иштирокчиёнро бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда талаб намоянд.

3. Аз ҳайати ширкат хориҷ гардидани иштирокчӣ иштироки ўро дар ширкат қатъ намуда, боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс мегардад.

Моддаи 83. Оқибати аз ҳайати ширкати комил баромадани иштирокчӣ

1. Агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба иштирокчии аз ҳайати ширкати комил баромада арзиши қисми амволи ширкат, ки ба ҳиссаи ў дар сармояи шарикона мувофиқ аст, пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии аз ширкат баромада ва иштирокчиёни боқимонда пардохти арзиши молу мулк мумкин аст бо додани молу мулк дар шакли асл (натура) иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

Қисми амволи ширкат, ки бояд ба иштирокчии аз ҳайати ширкат баромада дода шавад ё арзиши он, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 80 ҳамин Кодекс пешбинигардида, аз рўи баланси дар лаҳзаи баромадаи ў тартибдодашаванда муайян карда мешавад.

2. Аз ҳайати ширкат баромадани иштирокчӣ иштироки ўро дар ширкат қатъ намуда, боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс мегардад.

Моддаи 84. Ворисии ҳуқуқӣ дар ширкати комил

1. Дар сурати вафоти иштирокчии ширкати комил вориси ў танҳо бо розигии ҳамаи иштирокчиёни дигар метавонад ба ширкати комил шомил гардад.

2. Шахси ҳуқуқие, ки вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшудаи дар ширкати комил иштирокдошта мебошад, агар дар шартномаи таъсиси ширкат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни ширкат ҳуқуқ дорад ба ширкат шомил гардад.

3. Меросхўри (вориси ҳуқуқии) иштирокчии ширкати комили шомили ширкат нагардида аз рўи ўҳдадориҳои ширкат дар назди шахси сеюм, ки иштирокчии хориҷгардида мутобиқи қисми 3 моддаи 78 ҳамин Кодекс масъулият медошт, дар доираи амволи ба ў меросмондаи иштирокчии хориҷгардидаи ҷамъият масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 85. Барҳам додани ширкати комил

1. Ширкати комил бо сабабҳои дар моддаи 62 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дар сурати боқӣ мондани танҳо як иштирокчӣ дар ширкат барҳам дода мешавад. Ин иштирокчӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давоми шаш моҳи пас аз иштирокчии ягонаи ширкат шуданаш чунин ширкатро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил диҳад.

2. Дар ҳолатҳои аз ҳайати ширкат баромадан ё вафот кардани ягон иштирокчии ширкати комил, аз ширкат хориҷ кардани яке аз онҳо, барҳам додани шахси ҳуқуқии дар ширкат иштироккунанда ё аз ҷониби кредиторони яке аз иштирокчиён рўёнидани маблағ аз қисми молу мулке, ки ба ҳиссаи ў дар сармояи шарикона мувофиқ аст, агар ин дар шартномаи таъсиси ширкат ё созишномаи иштирокчиёни боқимонда пешбинӣ гардида бошад, ширкат метавонад ба фаъолияти худ идома диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 86. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ширкати комил баромадани иштирокчӣ

1. Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ширкати комил баромадааст ё аз он хориҷ карда шудааст, агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, арзиши қисми амволи ширкат мутобиқи ҳиссаи ин иштирокчӣ дар сармояи шарикона пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии баромада ва иштирокчиёни боқимонда пардохти арзиши молу мулкро бо додани молу мулк дар шакли асл (натура) иваз кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқии дар ширкат иштироккунанда, ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори барҳамдиҳӣ анҷом дода мешавад.

Ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 80 ҳамин Кодекс қисми амволи ширкате, ки бояд ба иштирокчии хориҷшуда дода шавад ё арзиши он аз рўи баланси дар лаҳзаи хориҷшавии ў тартибдодашуда муайян карда мешавад.

2. Ҳисобу китоб бо меросхўри шомили ширкат нагардидаи иштирокчии ширкати комил ва вориси шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии ширкат буд, мутобиқи қисми 1 ҳамин модда анҷом дода мешавад.

3. Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати аз ширкат хориҷ шудани яке аз иштирокчиён, ҳиссаи иштирокчиёни боқимонда дар сармояи шариконаи ширкат мутаносибан зиёд мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

3. Ширкати ба боварӣ асосёфта
Моддаи 87. Муқаррароти асосӣ дар бораи ширкати ба боварӣ асосёфта

1. Ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) он ширкате дониста мешавад, ки дар он дар баробари иштирокчиёне, ки аз номи ширкат фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда, аз рўи ўҳдадориҳои ширкат бо амволи худ масъулият доранд (шарикони комил), як ё якчанд иштирокчии саҳмгузоре (коммандистон) ҳастанд, ки таваккали зиёни марбут ба фаъолияти ширкатро дар доираи маблағи саҳмгузориашон бар ўҳда дошта, дар татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ширкат иштирок намекунанд.

2. Мавқеи шарикони комиле, ки дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирок доранд ва масъулияти онҳо аз рўи ўҳдадориҳои ширкат мувофиқи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси иштирокчиёни ширкати комил муайян карда мешавад.

3. Шахс танҳо дар як ширкати ба боварӣ асосёфта шарики комил буда метавонад.

Иштирокчии ширкати комил шарики комили ширкати ба боварӣ асосёфта буда наметавонад.

Шарики комил дар ширкати ба боварӣ асосёфта иштирокчии ширкати комил буда наметавонад.

4. Номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта бояд аз номи (номгўи) ҳамаи шарикони комил ва калимаҳои “ширкати ба боварӣ асосёфта” ё “ширкати коммандитӣ” ва ё аз номи (номгўи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи калимаҳои ” … ва шариконаш” ва калимаҳои “ширкати ба боварӣ асосёфта” ё “ширкати коммандитӣ” иборат бошад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

 5. Нисбати ширкати ба боварӣ асосёфта қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи ширкати комил ба ҳамон андозае истифода мешаванд, ки он хилофи қоидаҳои Кодекси мазкур дар хусуси ширкати ба боварӣ асосёфта набошад.

Моддаи 88. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта

1. Ширкати ба боварӣ асосёфта дар асоси шартномаи таъсис бунёд гардида, фаъолият мекунад. Шартномаи таъсис аз ҷониби ҳамаи шарикони комил ба имзо расонида мешавад.

2. Шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза ва таркиби сармояи шариконаи ширкат; дар бораи андоза ва тартиби тағйир додани ҳиссаи ҳар яке аз шарикони комил дар сармояи шарикона; дар бораи андоза, таркиб, мўҳлат ва тартиби саҳм гузоштаи онҳо, масъулияти онҳо барои вайрон кардани ўҳдадориҳои саҳмгузорӣ; дар бораи андозаи умумии саҳми гузоштаи саҳмгузоронро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 89. Идораи ширкати ба боварӣ асосёфта ва пешбурди корҳои он

1. Фаъолияти ширкати ба боварӣ асосёфтаро шарикони комил идора мекунанд. Онҳо тартиби идора ва пешбурди кори чунин ширкатро аз ҷониби шарикони комили он тибқи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар хусуси ширкати комил муқаррар менамоянд.

2. Саҳмгузорон ҳуқуқи иштирок карданро дар идора ва пешбурди корҳои ширкати ба боварӣ асосёфта надоранд ва аз номи он танҳо дар асоси ваколатнома амал карда метавонанд. Онҳо барои мавриди баҳс қарор додани амалҳои шарикони комил дар бобати идора ва пешбурди кори ширкат ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 90. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта

1. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта вазифадор аст, ки ба сармояи шарикона саҳм гузорад. Гузоштани саҳмро шаҳодатномаи иштироки аз ҷониби ширкат ба саҳмгузор додашуда тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

2. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта ҳуқуқ дорад, ки:

а) мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис қисми фоидаи ширкатро барои ҳиссааш дар сармояи муштарак гирад;

б) бо ҳисоботу баланси ширкат шинос шавад;

в) баъди анҷоми соли молиявӣ аз ҳайати ширкат баромада, мувофиқи тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсис саҳми худро гирад;

г) ҳиссаи худро дар сармояи муштарак ё як қисми онро ба саҳмгузори дигар ё шахси сеюм диҳад.

Мувофиқи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи 100 ҳамин Кодекс саҳмгузорон нисбат ба шахси сеюм дар харидани ҳисса (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Дар сурати тамоми ҳиссаи худро ба шахси дигар додани саҳмгузор иштироки ў дар ширкат қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта мумкин аст ба саҳмгузор ҳуқуқҳои дигаре пешбинӣ карда шавад.

Моддаи 91. Барҳам додани ширкати ба боварӣ асосёфта

1. Ширкати ба боварӣ асосёфта дар сурати хориҷ гардидани ҳамаи саҳмгузорони дар он иштирокдошта барҳам дода мешавад. Вале шарикони комил ҳуқуқ доранд, ки ширкати ба боварӣ асосёфтаро барҳам надода, онро ба ширкати комил табдил диҳанд.

Ширкати ба боварӣ асосёфта инчунин тибқи асосҳои барҳамдиҳии ширкати комил (моддаи 85) барҳам дода мешавад. Вале, агар дар ҳайати он ақаллан як шарики комил ва як саҳмгузор монад, ширкати ба боварӣ асосёфта нигоҳ дошта мешавад.

2. Ҳангоми барҳамдиҳӣ, аз ҷумла муфлисшавии ширкати ба боварӣ асосёфта саҳмгузорон барои гирифтани саҳм аз амволи пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи ширкат нисбат ба шарикони комил ҳуқуқи афзалиятнок доранд

Агар дар шартномаи таъсис ё созишномаи шарикони комилу саҳмгузорон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, амволи пас аз ин боқимондаи ширкат дар байни шарикони комил ва саҳмгузорон мутобиқи ҳиссаи онҳо дар сармояи шариконаи ширкат тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

4. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 92. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 93. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

5. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
Моддаи 94. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд

1. Ҷамъияти аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсисгардидае ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рўи ўҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиени таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон бар дўш доранд.

Иштирокчиёни пурра саҳм нагузоштаи ҷамъият, аз рўи ўҳдадориҳои он дар доираи арзиши қисми пардохтанашудаи саҳми ҳар иштирокчӣ масъулияти муштарак доранд.

2. Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бояд номи ҷамъият ва ибораи “дорои масъулияти маҳдуд”-ро дошта бошад.

3. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни он бо ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 95. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд набояд аз сӣ нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол, агар шумораи иштирокчиёни он то ҳадди муқарраргардида кам карда нашавад, он бояд дар давоми сол ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёбад ва баъди гузаштани ин мўҳлат бошад, бо тартиби судӣ бояд барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъияти хоҷагидории дигарро, ки аз як шахс иборат аст, ба сифати иштирокчии ягона дошта наметавонад.

Моддаи 96. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд шартномаи таъсиси аз ҷониби муассисони он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар ҷамъиятро як шахс таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсиси он оиннома мебошад.

2. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андоза, таркиб, мўҳлат ва тартиби саҳмгузории иштирокчиён, масъулияти онҳо барои вайрон кардани ўҳдадориҳо дар мавриди саҳмгузорӣ; дар бораи андозаи сармояи оинномавии ҷамъият; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рўи онҳо қарорҳо бо як овоз ё бо аксарияти мутлақи овозҳо қабул карда мешаванд, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи қонунро дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 97. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз арзиши саҳмҳои иштирокчиёни он иборат аст.

Сармояи оинномавӣ андозаи ҳадди ақалли амволи ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳанд. Андозаи сармояи оинномавӣ аз маблағи муайяннамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд камтар буда наметавонад.

2. Озод кардани иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз ўҳдадории саҳмгузорӣ ба сармояи оинномавии ҷамъият, аз ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талабот ба ҷамъият роҳ дода намешавад.

3. Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии ҷамъият аз ҷониби иштирокчиёни он бояд пурра пардохта шавад. Дар сурати вайрон кардани ин ўҳдадорӣ ҷамъият бояд оид ба кам намудани сармояи оинномавии худ то андозаи воқеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул кунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

4. Агар баъди анҷоми соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои нақди ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд нисбат ба сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ эълон дошта, дар ин бора тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд.  Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорӣ ё камтар шудани арзиши дороиҳои ҷамъият аз андозаи ҳадди ақали дар қонун муайяншудаи сармояи оинномавӣ, ҷамъият бояд барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640). 

5. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро танҳо пас аз огоҳ сохтани тамоми кредиторони он иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат кредиторон ҳуқуқ доранд, ки қатъ ё иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зиёнашонро талаб намоянд.

6. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият пас аз саҳмгузории пурраи тамоми иштирокчиёни он иҷозат дода мешавад.

7. Бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи тамоми иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, мумкин аст ўҳдадории онҳо дар мавриди мутаносибан ба ҳиссаҳояшон дар сармояи оинномавии ҷамъият дохил намудани саҳми иловагӣ муқаррар карда шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 98. Идораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Мақоми олии идораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.

Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мақоми иҷроия (дастҷамъӣ ё инфиродӣ) таъсис дода мешавад, ки роҳбарии ҷориро ба фаъолияти он анҷом дода, ба маҷлиси умумии иштирокчиёни он ҳисобот медиҳад. Мақоми идораи инфиродии ҷамъият метавонад инчунин на аз ҷумлаи иштирокчиёни он низ интихоб гардад.

2. Салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият, инчунин тартиби қарор қабул намудан ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.

3. Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд инҳо дохил мешаванд:

а) тағйир додани оинномаи ҷамъият ва андозаи сармояи оинномавии он;

б) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

в) тасдиқ кардани ҳисоботи солона ва баланси муҳосибавии ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зиёни он;

г) қабул кардани қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият;

д) интихоб намудани комиссияи тафтишотии ҷамъият.

Тибқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ мумкин аст инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста шавад.

Ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мансубро вай ба мақоми иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.

4. Ҷиҳати тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи молиявии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар сол аудитори касбии бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиати молу мулкӣ надошта (аудитори беруна) – ро ҷалб намояд. Ҳисоботи солонаи молиявӣ инчунин метавонад бо талаботи ҳар яке аз иштирокчиёни он тафтиши аудиторӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Тартиби тафтиши аудитории фаъолияти ҷамъият тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.

5. Аз ҷониби ҷамъият ба табъ расонидани маълумот дар бораи натиҷаи идораи корҳои он (ҳисоботи кушод) ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд зарур нест.

Моддаи 99. Азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба таври ихтиёрӣ бо қарори якдилонаи иштирокчиёнаш аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.

Асосҳои дигари азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият, инчунин тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии он бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян карда мешаванд.

2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба ҷамъияти саҳомӣ ё кооперативи тиҷоратӣ табдил ёбад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 100. Ба шахси дигар гузаронидани ҳиссаи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ дорад, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҷамъият ё як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият фурўшад ё ба тариқи дигар диҳад.

2. Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, иштирокчии ҷамъият метавонад ҳиссаи худро (қисми онро) ба шахси сеюм фурўшад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба андозаи ҳиссаи худ барои харидани ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни он тартиби дигари татбиқи ин ҳуқуқ пешбинӣ нагардида бошад. Агар иштирокчиёни ҷамъият дар давоми як моҳи огоҳӣ ёфтанашон ё дар мўҳлати дигари дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни он пешбинигардида аз ҳуқуқи афзалиятноки худ истифода нанамоянд, ҳиссаи иштирокчӣ мумкин аст ба шахси сеюм фурўхта шавад.

3. Агар мутобиқи оинномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ба шахси сеюм фурўхтани ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) имконнопазир буда, иштирокчиёни дигари ҷамъият аз харидани он даст кашанд, ҷамъият вазифадор аст, ки ба иштирокчӣ арзиши воқеии онро бо пул ё молу мулк дар шакли асл (натура) пардозад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. То пурра пардохтани маблағи ҳиссаи иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд танҳо ҳамон қисмаш метавонад фурухта шавад, ки маблағи он қаблан пардохта шудааст.

5. Агар ҳиссаи иштирокчӣ (қисми он) аз ҷониби худи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд харида шавад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар мўҳлат ва бо тартиби пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият онро ба иштирокчиёни дигар ё шахси сеюм фурўшад ё мутобиқи қисмҳои 4 ва 5 моддаи 97 ҳамин Кодекс сармояи оинномавии худро кам кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

6. Ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ба шарте ба ихтиёри меросхўрони шаҳрвандон ва ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии иштирокчиёни узви ҷамъият мегузарад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият танҳо бо розигии иштирокчиёни боқимондаи ҷамъият имконпазир будани чунин гузариш пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ба гузаронидани ҳисса розӣ нашудани онҳо ҷамъиятро ўҳдадор месозад, ки мувофиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонуни ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият ба меросхўрони (ворисони ҳуқуқии) иштирокчӣ арзиши онро пардозад ё муносиби ҳамин арзиш моли асл (натура) диҳад.

Моддаи 101. Аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадани иштирокчӣ

Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни дигари ҷамъият, ҳуқуқи ҳар вақт аз ҳайати ҷамъият баромаданро дорад.

Моддаи 102. Рўёнидани маблағ аз ҳисоби ҳиссаи иштирокчии амволи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

1. Рўёнидани маблағ барои пардохти қарзи шахсии иштирокчӣ аз ҳисоби ҳиссаи ў дар амволи ҷамъият танҳо дар ҳолате роҳ дода мешавад, ки амволи дигари ин иштирокчӣ барои пўшонидани қарз нокифоя бошад. Кредиторони чунин иштирокчӣ ҳақ доранд аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мутобиқи саҳми қарздор дар сармояи оинномавӣ пардохтани арзиши қисми амволи ҷамъият ё ҷудо кардани ин қисми молу мулкро бо мақсади рўёнидани маблағ аз ҳисоби он талаб намоянд. Қисми амволи ҷамъият, ки бояд ҷудо карда шавад, ё арзиши он аз рўи баланс, ё ки дар лаҳзаи пешниҳоди талаб аз ҷониби кредиторон тартиб додаанд, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247,  аз 18.03.2015 № 1178)).

2. Рўёнидани маблағ аз ҳисоби тамоми ҳиссаи иштирокчии дар амволи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд иштироки ўро дар ҷамъият қатъ месозад.

Моддаи 103. Аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ кардани иштирокчӣ

Агар иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд оинномаи ҷамъиятро дағалона вайрон карда, бо ҳамин ба манфиати он зиён оварда бошад, метавонад бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёнаш қабул шудааст, аз ҷамъият хориҷ карда шавад.

Нисбати қарори маҷлиси умумӣ дар бораи аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 104. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хориҷ гардидани иштирокчӣ

1. Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба иштирокчие, ки аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадааст, мутобиқи ҳиссаи ў дар фонди оинномавӣ арзиши қисми амволи ҷамъият пардохта мешавад.

Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромадааст ё хориҷ карда шудааст, мутобиқи ҳиссаи ў дар сармояи оинномавии ҷамъият бо усул ва дар мўҳлати пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ё оинномаи ҷамъият арзиши қисми молу мулки ҷамъият пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ба истиснои ҳолати дар моддаи 102 ҳамин Кодекс пешбинигардида қисми амволи ҷамъият, ки бояд ба иштирокчии хориҷшаванда дода шавад, ё арзиши он аз рўи баланс, ки дар лаҳзаи хориҷшавии ў тартиб дода шудааст, муайян карда мешавад.

2. Агар ба сифати саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқи истифодаи молу мулк пешниҳод шуда бошад, ин молу мулк ба иштирокчии аз ҷамъият хориҷшаванда баргардонида мешавад. Дар ин сурат пастшавии арзиши чунин молу мулк бо сабаби истифодаи мўътадили он ҷуброн карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

3. Ҳисоб бо меросхўри дар ҳайати ҷамъият набудаи иштирокчии ҷамъият ё вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии он аст, мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда ба амал бароварда мешавад.

6. Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ
Моддаи 105. Муқаррароти умумӣ дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти иловагӣ

1. Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки аз ҷониби як ё чанд шахс таъсис гардида, сармояи оинномавиаш мувофиқи андозаҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсис муайянгардида ба ҳиссаҳо тақсим мешавад; иштирокчиёни чунин ҷамъият аз рўи ўҳдадориҳои он бо амволи худ ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият муайянгардидаи барои ҳамаашон баробари арзиши саҳми гузоштаашон масъулияти муштараки иловагӣ доранд. Агар дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ҷамъият тартиби дигари тақсимоти масъулият пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати муфлисшавии яке аз иштирокчиён масъулияти ў аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъият байни иштирокчиёни боқимонда мутаносибан ба саҳмҳояшон тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

2. Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ бояд номи ҷамъият, инчунин ибораи “дорои масъулияти иловагӣ” – ро дар бар гирад.

3. Нисбати ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд истифода мешаванд, зеро дар ҳамин модда қоидаҳои дигаре пешбинӣ нагардидаанд.

7. Ҷамъиятҳои саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 106. Муқаррароти асосӣ дар бораи ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҷамъияти саҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст; иштирокчиёни ҷамъияти саҳомӣ (саҳмдорон) аз рўи ўҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут аз фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зимма мегиранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

Саҳмдороне, ки арзиши саҳмияҳоро пурра напардохтаанд, аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ дар доираи қисми пардохтанашудаи арзиши саҳмияҳояшон масъулияти муштарак доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Номи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ бояд номи он ва ишораи саҳомӣ будани ҷамъиятро дар бар гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Мавқеи ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи ҳамин Кодекс ва  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ” муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Хусусиятҳои мавқеи ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки бо роҳи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд, инчунин бо қонуни хусусигардонии ин корхонаҳо муайян карда мешаванд.

Моддаи 107. Ҷамъияти саҳҳомии кушода

1. Ҷамъияти саҳҳомие, ки иштирокчиёнаш саҳмияҳои худро бе ризояти саҳмдорони дигар бегона карда метавонад, ҷамъияти саҳҳомии кушода эътироф мегардад. Чунин ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи шартҳои муқаррарнамудаи қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва фурўши озоди онҳоро амалӣ гардонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҷамъияти саҳҳомии кушода ҳар сол ҳисоботи солона, баланси муҳосибавӣ ва ҳисоби фоидаю зиёнро барои маълумоти умум нашр мекунад.

Моддаи 108. Ҷамъияти саҳҳомии пўшида

1. Ҷамъияти саҳҳомие, ки саҳмияҳои он танҳо байни муассисонаш ё доираи шахси дигари пешакӣ муайян тақсим мешаванд, ҷамъияти саҳҳомии пўшида дониста мешавад. Чунин ҷамъият барои обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва ё ба тариқи дигар ба доираи номаҳдуди ашхос ҷиҳати харид пешниҳод кардани онҳо ҳуқуқ надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии пўшида дар харидани саҳмияҳои аз ҷониби саҳмдорони дигари ин ҷамъият фурўхташаванда ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

2. Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомии пўшида набояд аз шумораи муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ бештар бошад, дар акси ҳол он бояд дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода шавад ва агар пас аз гузаштани ин мўҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамудаи қонун кам нашавад, бояд аз тариқи суд барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни ҷамъиятҳои саҳомӣ ҷамъияти саҳҳомии пўшида метавонад барои ба маълумоти умум ба табъ расонидани ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида вазифадор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 109. Таъсиси ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Муассисони ҷамъияти саҳомӣ байни худ шартномае мебанданд, ки тартиби фаъолияти якҷояро оид ба таъсиси ҷамъият анҷом додани онҳо, андозаи сармояи оинномавии ҷамъият, навъҳои саҳмияҳои баровардамешуда ва тартиби паҳн кардани онҳо, инчунин шартҳои дигари пешбининамудаи қонунро дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Шартномаи таъсиси ҷамъияти саҳомӣ ба таври хаттӣ баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Муассисони ҷамъияти саҳомӣ аз рўи ўҳдадориҳои то бақайдгирии ҷамъият бамиёномада масъулияти муштарак доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҷамъият аз рўи ўҳдадориҳои муассисон, ки бо таъсиси он алоқаманданд, танҳо дар сурате масъулият бар дўш дорад, ки амали онҳо минбаъд аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон маъқул дониста шавад.

3. Ҳуҷҷати таъсиси ҷамъияти саҳомӣ оинномаи аз ҷониби муассисон тасдиқгардидаи он мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи навъҳои саҳмияҳои мебаровардаи ҷамъият, арзиши номиналӣ ва миқдори онҳо; дар бораи андозаи сармояи оинномавии ҷамъият; ҳуқуқи саҳмдорон; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъият ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рўи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул мешавад, дар бар гирифта бошад. Дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ инчунин бояд маълумоти дигари пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ дарҷ гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Тартиби анҷом додани амалҳои дигар дар мавриди таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, аз ҷумла салоҳияти маҷлиси муассисон бо қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Дар сурати тамоми саҳмияҳоро харидани як саҳмдор, ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад аз ҷониби як шахс таъсис дода шавад ё аз як шахс иборат бошад. Маълумот дар ин бора бояд дар оинномаи ҷамъият ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дарҷ гардида, барои ба иттилои умум расонидан нашр гардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 110. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ аз арзиши номиналии саҳмияҳои аз ҷониби саҳмдорон харидашудаи ҷамъият мураттаб мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Сармояи оинномавии ҷамъият андозаи ҳадди ақалли амволи ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад. Он аз андозаи пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ камтар буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Аз вазифаи пардохти арзиши саҳмияҳои ҷамъият озод кардани саҳмдорон, инчунин бо роҳи баҳисобгирии талабот ба ҷамъият аз ин вазифа озод кардани ў роҳ дода намешавад.

3. Обунаи озод ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ то лаҳзаи пардохти пурраи сармояи оинномавии он роҳ дода намешавад. Ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳомӣ тамоми саҳмияҳои он бояд байни муассисон тақсим карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин бора тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро нагардидани ўҳдадориҳои мазкур ва ё агар арзиши дороиҳои софи ҷамъият аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайянгардидаи сармояи оинномавӣ камтар гардад, ҷамъият бояд барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

5. Дар қонун ё оинномаи ҷамъият мумкин аст маҳдудиятҳои миқдор, арзиши номиналии умумии саҳмияҳо ё миқдори ҳадди аксари овозҳои як саҳмдор муқаррар карда шаванд.

Моддаи 111. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон сармояи оинномавиро бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ пас аз пардохти пурраи арзиши он иҷозат дода мешавад. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият барои пўшонидани зиёни ба он расонидашуда роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ, дар оинномаи ҷамъият мумкин аст ҳуқуқи афзалиятноки саҳмдорони саҳмияҳои оддӣ (муқаррарӣ) ё саҳмияҳои дигари овоздиҳанда дар мавриди харидани саҳмияҳои иловагие, ки ҷамъият мебарорад, муқаррар гардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 112 Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё харидани як қисми саҳмияҳо бо мақсади ихтисори миқдори умумии онҳо сармояи оинномавиро кам кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Кам кардани сармояи оинномавӣ баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ огоҳ кардани ҳамаи кредиторони он роҳ дода мешавад. Дар айни замон кредиторони ҷамъият ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҷамъият ўҳдадориҳои дахлдори онро пеш аз мўҳлат қатъ ё иҷро карда, маблағи зиёнро ба онҳо ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи харидан ва пўшонидани қисми саҳмияҳо ба шарте роҳ дода мешавад, ки чунин имконият дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар натиҷаи сармояи оинномавиро аз андозаи ҳадди ақалли дар қонун муайяншуда (қисми 1 моддаи 110) камтар кардани ҷамъияти саҳомӣ он барҳам мехўрад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247,  аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 113. Маҳдудиятҳо дар мавриди баровардани коғазҳои қиматнок ва пардохти дивидендҳои ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҳиссаи саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми умумии сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ набояд аз 25 фоиз зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҷамъияти саҳомӣ пас аз пардохти пурраи сармояи оинномавӣ барои баровардани вомбарг ба маблағи на бештар аз андозаи сармояи оинномавӣ ё андозаи таъминоти бо ин мақсад ба ҷамъият пешниҳодкардаи шахси сеюм баъди пурра додани маблағи сармояи оинномавӣ ҳуқуқ дорад. Дар сурати набудани таъминот баровардани вомбарг танҳо пас аз се соли фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ ва ба шарти то ин вақт дуруст тасдиқ кардани ду баланси солонаи ҷамъият мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи эълон кардану пардохтани дивидендро надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247):

– то пардохти пурраи тамоми сармояи оинномавӣ;

– агар арзиши дороиҳои ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ ва фонди эҳтиётии он камтар бошад ё дар натиҷаи пардохти дивидендҳо аз андозаи онҳо камтар гардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

Моддаи 114. Идоракунӣ дар ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳомӣ маҷлиси умумии саҳмдорони он мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии саҳмдорон инҳо дохил мешаванд:

а) тағйир додани оинномаи ҷамъият, аз ҷумла тағйир додани андозаи сармояи оинномавии он;

б) интихоб намудани аъзои шўрои директорон (шўрои нозирон) ва комиссияи тафтишотӣ (ревизорӣ)-и ҷамъият ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати онҳо;

в) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати онҳо, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъият ҳалли ин масъалаҳо ба салоҳияти шўрои директорон (шўрои нозирон) мансуб дониста нашуда бошад;

г) тасдиқ намудани ҳисоботи солона, балансҳои муҳосибавӣ, ҳисоби фоидаю зиёни ҷамъият ва тақсими фоидаю зиёни он:

д) қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият.

Тибқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон инчунин мумкин аст ҳалли масъалаҳои дигар мансуб дониста шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳалли масъалаҳои тибқи қонун ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб донисташударо он ба мақомоти иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.

2. Дар ҷамъияте, ки шумораи саҳмдоронаш аз панҷоҳ нафар бештар аст, шўрои директорон (шўрои нозирон) таъсис дода мешавад.

Мутобиқи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ, дар сурати таъсиси шўрои директорон (шўрои нозирон) дар оинномаи ҷамъият бояд салоҳияти мустаснои он муайян карда шавад. Ҳалли масъалаҳоеро, ки тибқи оиннома ба салоҳияти мустаснои шўрои директорон (шўрои нозирон) мансуб дониста шудаанд, он ба мақомоти иҷроияи ҷамъият супорида наметавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Мақоми иҷроияи ҷамъият метавонад дастҷамъӣ (раёсат, маъмурият) ё инфиродӣ (директор, директори генералӣ) бошад. Вай ба фаъолияти ҷории ҷамъият роҳбарӣ карда, ба шўрои директорон (шўрои нозирон) ва маҷлиси умумии ҷамъият ҳисобот медиҳад.

Ҳалли тамоми масъалаҳое, ки салоҳияти тибқи қонун ё оинномаи ҷамъият муайянгардидаи дигар мақомоти идораи ҷамъиятро ташкил намекунанд, ба салоҳияти мақоми иҷроияи ҷамъият мансуб аст.

Бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ваколатҳои мақоми иҷроияи ҷамъият мумкин аст тибқи шартнома ба дигар ташкилоти тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ (мудир) супурда шаванд.

4. Салоҳияти мақомоти идораи ҷамъияти саҳомӣ, инчунин тартиби қабул кардани қарор ва аз номи ҷамъият амал кардани онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Ҷамъияти саҳҳомие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба нашри ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи 107 ҳамин Кодекс зикргардида барои маълумоти умум вазифадор аст, бояд барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботи солонаи молиявӣ ҳар сол аудитори касбиеро ҷалб намояд, ки бо ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиатҳои моддӣ надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомие, ки барои нашри ҳуҷҷатҳои зикргардида ба маълумоти умум вазифадор нест, бо талаби саҳмдороне, ки ҳиссаи умумиашон дар сармояи оинномавӣ даҳ фоиз ё зиёда аз онро ташкил медиҳад, бояд ҳар вақт тафтиши аудиторӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Тартиби гузаронидани тафтиши аудитории ҷамъияти саҳомӣ тибқи қонун ва оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 115. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҷамъияти саҳомӣ бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Асосу тартиби дигари азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайянкарда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҷамъияти саҳомӣ метавонад ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 22.07.2013 № 976).

8. Ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобаста
Моддаи 116. Ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ

1. Агар дигар ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ (асосӣ) бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи байни онҳо ва ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин ҷамъият қабулшавандаро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории фаръӣ дониста мешавад.

2. Ҷамъияти фаръӣ барои қарзҳои ҷамъият (ширкат)-и асосӣ масъулият надорад.

Ҷамъият (ширкат) -и асосие, ки ҳуқуқи ба ҷамъияти фаръӣ, аз ҷумла тибқи шартнома ба он додани дастурҳои барояш ҳатмиро дорад, аз рўи аҳдҳое, ки ҷамъияти фаръӣ бо мақсади иҷрои чунин дастурҳо анҷом медиҳад, ба ин ҷамъият масъулияти муштарак дорад.

Дар сурати бо гуноҳи ҷамъият (ширкат)-и асосӣ муфлис шудани ҷамъияти фарьӣ, ҷамъият (ширкат)-и асосӣ аз рўи қарзҳои он масъулияти иловагӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Агар дар қонуни дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, иштирокчиён (саҳомдорон)-и ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ҷамъият (ширкат)-и асосӣ ҷуброни зиёни бо гуноҳи он ба ҷамъияти фаръӣ расидаро талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 117. Ҷамъияти хоҷагидории вобаста

1.Агар ҷамъияти дигар (бартаридошта, иштироккунанда) бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъияти саҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории вобаста эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҷамъияти хоҷагидорие, ки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъияти саҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро харидааст, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳо бояд дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар ин хусус бетаъхир маълумот нашр намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҳадди иштироки мутақобилаи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ дар сармояи оинномавии якдигар ва миқдори овозҳое, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо дар маҷлиси умумии иштирокчиён ё саҳмдорони ҷамъияти дигар истифода карда метавонад, бо қонун муайян карда мешавад.

§3. КООПЕРАТИВҲОИ ТИҶОРАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

Моддаи 118. Мафҳуми кооперативи тиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Кооператив – иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади қонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кўшиши шахсони мазкур тавассути муттаҳидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмӣ) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократӣ идорашавандаи молу мулки якҷоя таъсис дода мешавад.

Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооперативҳо” ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

2. Аъзои кооперативи тиҷоратӣ аз рўи ўҳдадориҳои кооператив ба андоза ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооперативҳо” ва оинномаи кооператив масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 22.07.2013 № 976).

3. Номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калимаҳои “кооперативи тиҷоратӣ”-ро дар бар гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

4. Мавқеи ҳуқуқии кооперативҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзои онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооперативҳо” муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 119. Таъсиси кооперативҳои тиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Ҳуҷҷати таъсиси кооперативи тиҷоратӣ оинномаи тасдиқнамудаи маҷлиси умумии аъзои он мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

2. Оинномаи кооператив ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс пешбинигардида бояд инчунин шартҳои зеринро дар бар гирифта бошад: дар бораи андозаи саҳмпулии аъзои кооператив; дар бораи ҳайат ва тартиби саҳмпулиро супурдани аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои риоя накардани ўҳдадорӣ дар мавриди супурдани саҳмпулӣ; дар бораи тартиби тақсим намудани фоида ва зиёни кооператив; дар бораи андоза ва шартҳои масъулияти субсидиарии аъзои он барои қарзҳои кооператив; дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани он, аз ҷумла оид ба масъалаҳое, ки доир ба онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

3. Шумораи аъзои кооператив набояд камтар аз се нафар бошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 120. Молу мулки кооперативи тиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Молу мулке, ки моликияти кооперативи тиҷоратӣ аст, мутобиқи оинномаи кооператив ба саҳмҳои аъзои он тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Тибқи оинномаи кооператив мумкин аст муқаррар карда шавад, ки қисми муайяни амволи ба кооператив тааллуқдошта фондҳои тақсимнашаванда буда, онҳо барои мақсадҳои муайяннамудаи оиннома истифода мешаванд.

Қарори таъсис намудани фондҳои тақсимнашавандаро, агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аъзои кооператив якдилона қабул мекунанд.

2. Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

3. Кооператив барои баровардани саҳмияҳо ҳуқуқ надорад.

4. Фоидаи кооператив дар байни аъзояш мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооперативҳо” ва оинномаи кооператив тақсим карда мешавад. Молу мулке, ки пас аз барҳам додани кооператив ва қонеъ гардонидани талаботи кредиторони он боқӣ мемонад, дар байни аъзои он мутаносибан бо саҳмашон тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 121. Идоракунӣ дар кооперативи тиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Мақоми олии идораи кооператив маҷлиси умумии аъзои он мебошад.

Дар кооперативи дорои шумораи зиёда аз сад аъзо Шўрои нозирони кооператив таъсис дода мешавад, ки он фаъолияти раёсати кооперативро назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Раёсати кооператив ба фаъолияти ҳамарўзаи кооператив роҳбарӣ карда, ба шўрои нозирон ва маҷлиси умумии аъзои кооператив ҳисоботдиҳанда мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Аъзои шўрои нозирон ва раёсати кооператив танҳо аъзои кооператив буда метавонанд. Узви кооператив дар як вақт узви шўрои нозирон ва узви раёсати кооператив буда наметавонад  (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

2. Салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо тибқи қонун ва оинномаи кооператив муайян карда мешаванд.

3. Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии аъзои кооператив инҳо дохил мешаванд:

а) қабул ва тағйир додани оинномаи кооператив;

б) таъсис додани шўрои нозирон ва қатъ гардонидани ваколати аъзои он, инчунин таъсис додан ва қатъ намудани ваколати мақомоти иҷроияи кооператив, ба шарте ки ин ҳуқуқ мутобиқи оинномаи кооператив ба шўрои нозирони он дода нашуда бошад;

в) қабул ва хориҷ кардани аъзои кооператив;

г) тасдиқ намудани ҳисоботи солонаю балансҳои бухгалтерии кооператив ва тақсим кардани фоидаю зиёни он;

д) қабул кардани қарори азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооперативҳо” ва оинномаи кооператив ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ мумкин аст инчунин ҳалли масъалаҳои дигар низ мансуб дониста шавад  (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ ё шўрои нозирони кооперативро онҳо ба мақомоти иҷроияи кооператив супурда наметавонанд.

4. Узви кооператив ҳангоми қарор қабул кардани маҷлиси умумӣ як овоз дорад.

Моддаи 122. Қатъ гардидани узвият дар кооперативи тиҷоратӣ ва гузоштани аъзоҳаққӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Узви кооператив ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ аз ҳайати кооператив барояд. Дар ин сурат ба ў бояд арзиши саҳм пардохта ё мутобиқи саҳми ў молу мулк дода шавад, инчунин маблағҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида пардохта шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Саҳм ва амволи дигари узви кооперативи хориҷшаванда пас аз анҷоми соли молиявӣ ва тасдиқи баланси муҳосибавии кооператив дода мешавад.

2. Дар сурати ўҳдадориҳои тибқи оиннома ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани узви кооператив, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ва оинномаи кооператив, бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда мешавад.

Узви кооперативи тиҷоратӣ бо сабаби узви кооперативи шабеҳ буданаш метавонад бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда шавад(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Узви кооперативи аз ҳайати он хориҷшуда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ба гирифтани саҳм, пардохтҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида ҳуқуқ дорад.

3. Узви кооператив, узви собиқ ё вориси узви фавтидаи кооператив метавонанд саҳми худро танҳо ба узви амалкунанда ё ояндаи кооператив гузашт кунанд, ба шарте ки чунин гузашткунӣ ба фоидаи кооператив бошад. Тартиби гузашт кардани саҳм тибқи оинномаи кооператив муқаррар мегардад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

4. Агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати вафот ёфтани узви кооперативи тиҷоратӣ ворисони ў метавонанд ба узвияти кооператив қабул карда шаванд. Дар акси ҳол кооператив ба ворисон арзиши саҳми узви фавтидаи кооперативро медиҳад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

5. Рўёнидани маблағ аз ҳисоби саҳми узви кооперативи тиҷоратӣ аз рўи қарзи шахсии ў мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва оинномаи кооператив, танҳо дар сурати нокифоя будани амволи дигари ў барои пардохти чунин қарз роҳ дода мешавад.

6. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 123. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооперативҳои тиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Кооперативи тиҷоратӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии аъзои он ихтиёран аз нав ташкил ё барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Асосҳои дигар ва тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив бо ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муайян карда мешаванд.

2. Кооперативи тиҷоратӣ бо қарори якдилонаи аъзояш метавонад ба ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил дода шавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

4. КОРХОНАҲОИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 124. Муқаррароти асосӣ дар бораи корхонаҳои давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Корхонаҳои давлатӣ дар намудҳои корхонаи воҳиди давлатӣ бо ҳуқуқи пешбурди ҳоҷагӣ ва корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вуҷуд дошта метавонанд.

2. Молу мулки корхонаи давлатӣ тақсимнашаванда буда, ба саҳмҳо (ҳиссаҳо), аз ҷумла байни кормандони корхона тақсим карда намешаванд.

3. Номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд ишора ба соҳибмулки онро дошта бошад.

4. Мақомоти корхонаи давлатӣ инҳо мебошанд:

– мақоми болоӣ – муассис;

– мақоми идоракунӣ – шўрои нозирони корхонаи давлатӣ;

– мақоми иҷроия – роҳбари корхонаи давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1656).

5. Корхонаи давлатӣ бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

6. Ҳолати ҳуқуқии корхонаи давлатӣ бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ” муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 125. Корхонаи воҳиди давлатии ба ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ асосёфта

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Корхонаи воҳиди давлатӣ ташкилоти тиҷоратиест, ки ҳуқуқи ба молумулки вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Корхонаи воҳид бо қарори мақомоти давлатии ваколатдор таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҳуҷҷати таъсиси корхонаи воҳид оинномаи аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор тасдиқгардидаи он мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳид набояд аз маблағи муайяннамудаи қонун камтар бошад.

5. Фонди оинномавии корхонаи воҳид бояд аз ҷониби молик дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии он пурра пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

6. Агар баъди анҷоми соли молиявӣ арзиши дороиҳои софи корхонаи воҳид аз андозаи фонди оинномавии дар оинномаи корхона пешбинигардида камтар шавад, мақомоте, ки ваколати таъсис додани чунин корхонаҳоро дорад, вазифадор аст, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида фонди оинномавиро кам кунад. Агар арзиши дороиҳои соф аз андозаи дар қонун муайянгардида (қисми 3 ҳамин модда) камтар гардад, корхона метавонад бо қарори суд барҳам дода шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 29.12.2010 № 640).

7. Дар сурати қабул намудани қарори кам кардани фонди оинномавӣ корхона вазифадор аст, ки дар ин хусус кредиторони худро хаттӣ огоҳ созад.

Кредитори корхона метавонад қатъ ё иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадориҳоеро, ки ин корхона аз рўи онҳо қарздор мебошад, инчунин ҷуброни зиёнро талаб намояд.

8. Корхонаи воҳиди давлатӣ аз рўи ўҳдадориҳояш ба тамоми молу мулкаш ҷавобгар буда, аз рўи ўхдадориҳои молумулкии моликаш ҷавобгар намебошад. Соҳибмулк аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи воҳиди давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 51 Кодекси мазкур ва дигар санади қонунгузорӣ ҷавобгар намебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 126. Корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад бо розигии соҳиби амвол ба сифати шахси ҳуқуқӣ корхонаи дигари воҳид (корхонаи фаръӣ)-ро бо тартиби муқаррарнамуда бо роҳи ба ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ ба он додани молу мулки худ таъсис диҳад.

2. Муассис оинномаи корхонаи фаръиро тасдиқ ва роҳбари онро таъин менамояд.

3. Корхонаи воҳиди давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи 51 ҳамин Кодекс пешбинишуда аз рўи ўҳдадориҳои корҳонаи фаръӣ масъулият надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 127. Корхонаи махсуси (казонии) давлатие, ки ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асос ёфтааст

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҳамон корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ мебошад, ки амволи давлатиро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар ихтиёр дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҳуҷҷати таъсиси корхона оинномаи он мебошад, ки аз ҷониби муассис тасдиқ мегардад.

4. Номи фирмавии корхонаи ба ҳуқуқи идораи оперативӣ асосёфта бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхона давлатӣ аст.

5. Фаъолияти хоҷагии корхонаи давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои дар оиннома сабтгардида муайян карда мешавад.

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳиди марзию маъмурӣ аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ масъулияти иловагӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

§5. ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ
Моддаи 128. Кооперативи ғайритиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Кооперативи ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи оинномаи кооператив асосан ба аъзои худ хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи ғайритиҷоратӣ, ки дар натиҷаи хизматрасониҳо ба шахсони сеюм ба даст оварда шудааст, дар байни аъзои он тақсим карда намешавад ва ин даромад ҷиҳати рушди минбаъдаи он сарф карда мешавад. Дар сурати асосан ба шахсони сеюм хизмат расондани кооперативи ғайритиҷоратӣ, он бояд ба кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

2. Оинномаи кооперативи ғайритиҷоратӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин бояд шартҳоро дар бораи андозаи аъзоҳаққии аъзои кооператив; дар бораи таркиб ва тартиби супурдани аъзоҳаққӣ аз ҷониби аъзои кооператив ва масъулияти онҳо барои вайрон кардани ўҳдадорӣ дар мавриди супурдани аъзоҳаққӣ; дар бораи ҳайату салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рўи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад; дар бораи тартиби ҷуброни зиёни ба кооператив расонидашуда аз ҷониби аъзои кооператив, дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

3. Номи кооперативи ғайритиҷоратӣ бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он, инчунин калимаи “кооператив” – ро дар бар гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

4. Вазъи ҳуқуқии кооперативҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзои онҳо бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооперативҳо” ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

5. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

6. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 128(1). Кооператсияи матлубот

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976)

1. Иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддии саҳмдорон бо роҳи муттаҳид сохтани аъзоҳаққии онҳо кооператсияи матлубот эътироф карда мешавад.

2. Асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолият, вазъи ҳуқуқӣ и кооператсияи матлубот ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 129. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178)

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ташкилотҳое эътироф карда мешаванд, ки дар онҳо шаҳрвандон мувофиқи тартиботи муқарраргардида дар асоси умумияти манфиатҳояшон барои қонеъ гардонидани талаботҳои маънавӣ ё дигари ғайримоддӣ ихтиёран муттаҳид гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Онҳо танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳое, ки баҳри онҳо таъсис гардидаанд, ҳуқуқ доранд ба фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти дигари соҳибкории ба ин мақсадҳо мувофиқро анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

2. Иштирокчиёни (аъзои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳуқуқашонро ба молу мулке, ки ба моликияти ин иттиҳодияҳо, ташкилотҳо гузаронидаанд, инчунин ба аъзоҳаққӣ нигоҳ намедоранд. Онҳо аз рўи ўҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои диние, ки дар онҳо ба сифати узвият иштирок менамоянд, масъулият надоранд, иттиҳодияҳои, ташкилотҳои мазкур бошанд, аз рўи ўҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247 аз 18.03.2015 № 1178).

3. Хусусиятҳои мавқеи ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳои бо ҳамин Кодекс танзимшаванда тибқи қонун муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Моддаи 130. Фондҳои ҷамъиятӣ

1. Фонди ҷамъиятӣ ташкилоти ғайритиҷоратии узвиятнадоштае эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси пардохтҳои ихтиёрии амволи таъсисгардида, мақсадҳои хайрия, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ё мақсадҳои дигари умумии муфидро пеш гирифтааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Молу мулке, ки муассисони фонд ба он супурдаанд, моликияти фонд мебошад. Муассисон аз рўи ўҳдадориҳои фонди таъсисдодаашон масъулият надоранд, фонд бошад,аз рўи ўҳдадориҳои муассисони худ масъул нест (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Фонди ҷамъиятӣ молу мулкро барои мақсадҳое, ки дар оинномааш муайян гардидаанд, истифода менамояд. Фонд ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои умумии муфиде, ки фонд барои он таъсис гардидааст, ба фаъолияти соҳибкории ба ин мақсадҳо муносиб машғул шавад. Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ фондҳо ҳуқуқ доранд, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Фонд вазифадор аст, ки ҳар сол дар хусуси истифодаи амволаш ҳисоботро ба табъ расонад.

3. Тартиби идораи фонди ҷамъиятӣ ва тартиби ташкили мақомоти он тибқи оинномаи аз ҷониби муассисон тасдиқгардида муайян карда мешавад.

1. Дар оинномаи фонди ҷамъиятӣ ғайр аз маълумоти дар қисми 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида бояд маълумоти зерин дарҷ гардида бошад: номи фонд, ки калимаи “фонд”-ро дар бар гирифтааст; маълумот дар бораи мақсади фонд; маълумот дар бораи мақомоти фонд, аз ҷумла дар бораи шўрои парасторон, ки ба фаъолияти фонд назорат мекунанд; тартиби таъин намудани мансабдорони фонд ва аз вазифа озод кардани онҳо; маҳалли ҷойгиршавии фонд; тақдири амволи фонд дар сурати барҳам дода шудани он .

Моддаи 131. Тағйир додани оиннома ва барҳам додани фонди ҷамъиятӣ

1. Оинномаи фонди ҷамъиятӣ метавонад аз ҷониби мақомоти фонд тағйир дода шавад, ба шарте ки дар оиннома бо ҳамин тартиб тағйир додани он пешбинӣ гардида бошад.

Агар бетағйир мондани оиннома боиси оқибатҳое гардад, ки ҳангоми таъсиси фонд онҳоро пешбинӣ намудан ғайриимкон буда, имконияти тағйир додани он дар оиннома пешбинӣ нашуда бошад ё шахси ваколатдор онро тағйир надиҳанд, суд ҳуқуқ дорад, ки тибқи аризаи мақомоти фонд, шўрои парасторон ё мақоми дигари дорои ваколати назорати фаъолияти фонд ба он тағйирот ворид намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Қарори барҳам додани фонди ҷамъиятиро танҳо суд дар асоси аризаи шахси манфиатдор қабул карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Фонд дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:

– агар амволи фонд барои татбиқи ҳадафҳояш нокифоя буда, имконияти ба даст овардани амволи зарурӣ татбиқношуданӣ бошад;

– агар ноил шудан ба мақсадҳои фонд номумкин ва тағйир додани мақсадҳои фонд ғайриимкон бошад;

– дар сурати аз мақсади дар оиннома пешбинигардида дур шудани фаъолияти фонд;

– дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун.

3. Дар сурати барҳам додан фонди ҷамъиятӣ амволи пас аз қонеъгардонии талаботи кредиторон боқимондаи он ба шахси дар оинномаи фонд зикргардида дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 132. Муассисаҳо

1. Ташкилоте, ки молик барои амалӣ гардонидани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ё вазифаҳои дигари дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ таъсис дода, онро пурра ё қисман маблағгузорӣ мекунад, муассиса дониста мешавад.

Ҳуқуқи муассиса ба амволи ба вай вобасташуда ва харидаи он мутобиқи моддаҳои 313 ва 315 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Муассиса аз рўи ўҳдадориҳои худ бо маблағи пулии дар ихтиёраш буда масъулият дорад. Дар сурати нокифоя будани ин маблағ молики амволи дахлдор аз рўи ўҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Хусусиятҳои мавқеи ҳуқуқии намудҳои алоҳидаи муассисаҳои давлатӣ ё муассисаҳои дигар тибқи қонун муайян карда мешаванд.

Моддаи 133. Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо)

1. Ташкилотҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкориашон, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молу мулкӣ метавонанд тибқи шартномаи байни худ иттиҳодияҳоро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар бо қарори иштирокчиён ба зимаи ассотсиатсия (иттифоқ) фаъолияти соҳибкорӣ гузошта шавад, чунин ассотсиатсия (иттифоқ) бояд бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) ҳуқуқ доранд, ки ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.

2. Иттиҳодияҳоии ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёран дар ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

Ассотсиатсияи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад.

3. Ассотсиатсия шахси ҳуқуқӣ мебошад.

Аъзои ассотсиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.

4. Ассотсиатсия аз рўи ўҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.

Аъзои ассотсиатсия аз рўи ўҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия пешбинигардида масъулияти иловагӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Номи ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои “ассотсиатсия” ё “иттифоқ” дар бар гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 134. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия (иттифоқ)

1. Ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия (иттифоқ) шартномаи таъсиси аз ҷониби аъзоёни он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо мебошанд.

2. Дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия ғайр аз маълумоти дар қисми 2 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикргардида бояд шартҳои зерин дарҷ гардида бошанд: дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ассотсиатсия ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки қарор аз рўи онҳо якдилона ё бо аксарияти кулли овози аъзои ассотсиатсия қабул карда мешавад ва дар бораи тақсими молу мулке, ки пас аз барҳам додани ассотсиатсия боқӣ мондааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 135. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзои ассотсиатсия (иттифоқ)

1.Аъзои ассотсиатсия (иттифоқ) ҳуқуқ доранд, ки аз хизматҳои он ба таври ройгон истифода намоянд, ба шарте ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз хусусияти хизматрасонӣ барнаояд.

2. Узви ассотсиатсия (иттифоқ) ҳақ дорад, ки пас аз хотимаи соли молиявӣ бо салоҳдиди хеш аз ҳайати ассотсиатсия барояд. Дар ин сурат ў аз рўи ўҳдадориҳои ассотсиатсия дар давоми ду соли пас аз хориҷ шуданаш мутаносибан ба аъзоҳаққии худ масъулияти иловагӣ бар дўш дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Узви ассотсиатсия дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия муқарраргардида мумкин аст бо қарори иштирокчиёни боқимонда аз он хориҷ карда шавад. Дар мавриди аъзоҳаққии молу мулкӣ ва масъулияти узви хориҷшудаи ассотсиатсия қоидаҳои марбут ба баромадан аз ҳайати ассотсиатсия истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Бо ризоияти узви ассотсиатсия ба он метавонад узви нав шомил шавад. Ба ассотсиатсия (иттифоқ) шомил шудани иштирокчии нав мумкин аст вобаста ба масъулияти субсидиарии доштаи он оид ба ўҳдадориҳои ассотсиатсия (иттифоқ), ки то шомилшавии ў ба миён омадааст, сурат гирад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

БОБИ 5 ИШТИРОКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ТАНЗИМШАВАНДАИ ГРАЖДАНӢ

Моддаи 136. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштирокчиёни дигари ин муносибатҳо дар асоси баробар иштирок менамояд.

2.  Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ки бо санади қонунӣ, низомномаҳо ва ё санади дигари муайянкунандаи  ҳолати ҳуқуқии ин мақомот муқаррар гардидааст, метавонанд аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амволи худ дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, татбиқ намоянд ва дар суд баромад кунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун бо супориши махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи он дигар мақомоти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон амал карда метавонанд.

3. Баҳсҳои  ҳуқуқии гражданӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 137. Иштироки воҳиди марзию маъмурӣ дар муносибатҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ

1. Воҳиди марзию маъмурӣ дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштирокчиёни ин муносибатҳо баробар иштирок менамояд.

2.  Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ, ки бо санади қонунӣ, низомномаҳо ё санади дигари муайянкунандаи ҳолати ҳуқуқӣ ин мақомот муқаррар гардидаанд, метавонанд аз номи воҳидҳои марзию маъмурӣ бо амали худ дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, дар суд баромад кунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун мақомоти давлатии маҳаллӣ, шахси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон метавонанд бо супориши махсус аз номи воҳиди марзию маъмурӣ амал кунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонун воҳидҳои марзию маъмурӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ метавонанд аз номи давлат амал намоянд.

4. Агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, муқаррароти ҳамин Кодекс дар хусуси иштироки мутақобилаи давлат ва мақомоти он дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда ба воҳиди марзию маъмурӣ ва мақомоти он дахл доранд.

5. Баҳсҳои  ҳуқуқии гражданӣ бо иштироки воҳиди марзию маъмурӣ аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247.

Моддаи 138. Масъулият аз рўи ўҳдадориҳои давлат, воҳиди марзию маъмурӣ

1. Давлат ё воҳиди марзию маъмурӣ аз рўи ўҳдадориҳои худ бо амволи дар асоси ҳуқуқи моликияти ба онҳо тааллуқдошта, ғайр аз молу мулке, ки ба шахси ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ ё идораи оперативӣ вобаста карда шудааст,  масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шахси ҳуқуқие, ки аз ҷониби давлат ё воҳиди марзию маъмурӣ таъсис дода шудааст, аз рўи ўҳдадориҳои онҳо масъулият надорад.

3. Давлат, воҳиди марзию маъмурӣ, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, аз рўи ўҳдадориҳои шахси ҳуқуқии аз ҷониби онҳо таъсисгардида масъулият надоранд.

4. Давлат аз рўи ўҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ масъулият надорад.

5. Воҳидҳои марзию маъмурӣ аз рўи ўҳдадориҳои якдигар, инчунин аз рўи ўҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.

6. Қоидаҳои қисмҳои 2-5 ҳамин модда ба ҳолатҳое, ки давлат дар асоси шартномаи имзокардааш аз рўи ўҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ ё шахси ҳуқуқӣ замонат (кафолат) додааст ё субъектҳои мазкур аз рўи ўҳдадориҳои давлат замонат (кафолат) додаанд, дахл надоранд.

Моддаи 139. Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ

Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ мутобиқи қонун дар бораи масунияти (иммунитети) давлат ва моликияти он муайян карда мешаванд.

БОБИ VI ОБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ

§1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 140. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ

1. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ метавонанд неъматҳо ва ҳуқуқи молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ бошанд.

2. Ба неъмату ҳуқуқи молу мулкӣ (амвол) инҳо дохил мешаванд: чизу чора, пул, аз ҷумла асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок, кору хизматҳо, иттилоот, амал, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, номи фирма, тамғаи мол ва воситаҳои дигари фардикунонии маҳсулот, ҳуқуқи молу мулкӣ ва амволи дигар (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ба неъмату ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ инҳо дохил мешаванд: ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шўҳрати касбӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ваоилавӣ, ҳуқуқи доштани ном, хуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва неъмату ҳуқуқҳои дигари ғайримоддӣ.

Моддаи 141. Қобилияти гардиши объектҳои ҳуқуқи гражданӣ

1. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, агар онҳо аз аҳдҳо бароварда нашуда бошанд ё муомилоташон маҳдуд нашуда бошад, метавонанд бо тартиби универсалии воросати ҳуқуқ ё ба тариқи дигар бегона карда шаванд ё аз як шахс ба шахси дигар гузаранд.

2. Намудҳои амволи ҳуқуқи граждание, ки дар муомилот будани онҳо роҳ дода намешавад (объектҳои аз муомилот баромада), бояд бевосита дар қонун ишора карда шаванд.

Намудҳои объектҳои ҳуқуқи граждание, ки танҳо ба иштирокчиёни муайяни муомилот тааллуқ дошта метавонанд ё дар муомилот қарор доштани онҳо танҳо бо иҷозати махсус имконпазир аст (объектҳое, ки қобилияти муомилоташон маҳдуд аст), мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян карда мешаванд.

3. Неъмат ва ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкиро бегона намудан ва бо тарзҳои дигар додан мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ муқаррар намудааст   (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. АШЁ
Моддаи 142. Ашёи ғайриманқул ва манқул

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ба ашёи ғайриманқул (амволи ғайриманқул) инҳо дохил мешаванд:  бино (истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ), иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом ниҳолҳои бисёрсола ва амволи дигаре, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ба молу мулки ғайриманқул инчунин киштиҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ, киштиҳои дар дохили кишвар шинокунанда, объектҳои кайҳон, ки мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ ашёи дигарро низ ба ҷумлаи амволи ғайриманқул нисбат додан мумкин аст, дохил мешаванд, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ашёе, ки ба амволи ғайриманқул дохил намешавад, аз ҷумла пул ва коғазҳои қиматнок, манқула дониста мешавад. Бақайдгирии ҳуқуқ ба чизу чораи манқул ғайр аз ҳолатҳои дар қонун зикргардида зарур нест (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 143. Ба қайдгирии давлатии ашёи ғайриманқул

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҳуқуқи моликияту ҳуқуқи дигари молу мулкӣ ва ашёи дигари ғайриманкул, маҳдуд кардани ин ҳуқуқ, ба миён омадан, гузаштан ва қатъ гардидани онҳо бояд аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, дар феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳуқуқҳои зерин бояд ба қайд гирифта шаванд: ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ, ҳуқуқи идораи оперативӣ, ҳуқуқи соҳибияти якумраи меросӣ, ҳуқуқи истифодаи доимӣ, байъи ҷоиз (ипотека), сервитутҳо, инчунин ҳуқуқҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 11.03.2010 № 601).

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, дар баробари ба қайдгирии давлатӣ мумкин аст намудҳои алоҳидаи ашёи ғайриманқул махсус ба қайд ё ба ҳисоб гирифта шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Мақоме, ки ҳуқуқи ашёи ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба онро ба қайди давлатӣ мегирад, вазифадор аст бо дархости шахси ҳуқуқдор бо роҳи додани ҳуҷҷат дар бораи ҳуқуқ ё аҳдҳои ба қайд гирифташуда ё имзо гузоштан дар ҳуҷҷате, ки ҷиҳати ба қайдгирӣ пешкаш гардидааст, амали ба қайдгириро тасдиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4.Мақоме, ки ҳуқуқ ба молу мулки  ғайриманқул ё аҳдҳоро ба амал баровардааст, вазифадор аст, ки ба ҳар шахс дар бораи ба қайдгирӣ ва ҳуқуқи ба қайд гирифташуда маълумот диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Маълумот, сарфи назар аз маҳалли ба қайдгирӣ, дар ҳар мақоми ба қайдгирандаи молу мулки  ғайриманқул дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Дар сурати ба қайди давлатӣ нагирифтани ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ё аҳдҳо бо он ё аз ба қайдгирӣ саркашӣ кардани мақоми марбута ба суд шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

6. Тартиби ба қайдгирии давлатӣ ва асосҳои рад кардани он мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонун дар бораи ба қайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо ба он муқаррар карда мешавад.

Моддаи 144. Корхона

1. Корхона ҳамчун объекти ҳуқуқ комплекси амволие эътироф карда мешавад, ки барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ истифода мегардад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Корхона дар маҷмўъ ё як қисми он метавонад объекти хариду фурўш, гарав, иҷора ва аҳдҳои дигари марбут ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ кардани ҳуқуқи молу мулкӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ба ҳайати корхона ҳамчун комплекси молу мулкӣ, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тамоми намудҳои амволи барои фаъолияти он пешбинигардида, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом, ашёи хом, маҳсулот, ҳуқуқи талаб, қарз, инчунин ҳуқуқ ба аломатҳои фардикунанда, маҳсулоти он, кору хизмат (номи фирмавӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ) ва ҳуқуқи мустаснои дигар дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 145. Ашёи тақсимшаванда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ашё метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад. Ашёи тақсимшаванда амволест, ки қисмҳои он дар натиҷаи тақсимкунӣ таъиноти (функцияи) худро аз даст намедиҳанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 146. Ашёи тақсимнашаванда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Ашёе, ки тақсимоти он одатан бидуни тағйир додани таъиноташ имконнопазир аст, тақсимнашаванда дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Хусусиятҳои ҷудо кардани ҳисса дар ҳуқуқи моликият ба ашёи тақсимнашаванда тибқи қонун муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 147. Ашёи мураккаб

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Агар ашёи ҳархела чизи томи ба мақсади умумӣ истифодашавандаро ташкил намоянд, онҳо ҳамчун як чиз (чизу чораи мураккаб) арзёбӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, амали аҳдҳо дар мавриди ашёи мураккаб ба ҳамаи қисмҳои таркибии он дахл дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 148. Ашёи асосӣ ва мансубият

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тақдири ашёе, ки барои хизматрасонии ашёи дигар (асосӣ) пешбинӣ гардида, бо он аз рўи таъиноти (мансубияти) умумӣ алоқаманд мебошад, ба қисмати ашёи асосӣ вобаста аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 149. Самара, маҳсулот ва даромад

Воридоти дар натиҷаи истифодаи молу мулк бадастомада (самара, маҳсулот, даромад), агар дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шартномаи истифодаи ин молу мулк тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба шахсе тааллуқ дорад, ки аз ин молу мулк дар асоси қонунӣ истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 150. Ҳайвонот

Нисбати ҳайвонот қоидаҳои умумӣ дар хусуси молу мулк истифода мешаванд, зеро дар қонун ё санади  дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нагардидааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 151. Ашёи хоса ва чизу чораи бо нишонаи навъ муайяншаванда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ашёе хоса дониста мешавад, ки аз чизу чораи дигар бо аломатҳои танҳо хосаи худ фарқ мекунад. Чизу чораи хоса ивазнашаванда мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ашёи бо аломатҳои навъ муайяншаванда он ашёе дониста мешавад, ки нишонаҳои хоси ҳамаи ашёи ҳамин навъро дошта бо миқдор, вазн ва андоза муайян карда мешаванд. Ашёи бо нишонаҳои навъ муайяншаванда ивазшаванда мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 152. Натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии ҳифзшаванда

Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар, ҳуқуқи мустаснои шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ба натиҷаҳои ба таври объективӣ зоҳиргардидаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои ба он баробари фардикунонии шахси ҳуқуқӣ, маҳсулоти шахси воқеӣ ё хуқуқӣ, корҳои иҷрокарда ё хизматҳои расонидаи онҳо (номи фирмавӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва ғайра) эътироф карда мешавад.

Натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунониро, ки ҳадафи ҳуқуқи мустасно мебошанд, шахси сеюм танҳо бо ризояти дорандаи ин ҳуқуқ истифода карда метавонад.

Моддаи 153. Сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ

Қонунҳои гражданӣ маълумотеро, ки дорои сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ мебошанд, ҳифз менамояд, ба шарте ки маълумот бо сабаби ба шахси сеюм маълум набуданаш арзиши воқеӣ ё имконпазири (потенциалии) тиҷоратӣ дошта, дар асоси қонун барои истифодаи озодона дастрас набошад, дорандаи маълумот ҷиҳати махфӣ нигоҳ доштани он тадбирҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ашхосе, ки бо усулҳои ғайриқонунӣ чунин маълумотро ба даст овардаанд, инчунин хизматчиёне, ки хилофи шартнома (қарордод) – и меҳнатӣ ё аҳли шартнома, ки хилофи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ сирри хизматӣ ё тиҷоратиро фош кардаанд, бояд зиёни воқеии расонидашударо ҷуброн намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

§3. АМАЛ (беамалӣ)
Моддаи 154. Амал (беамалӣ)

Амал (беамалӣ) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун метавонад объекти мустақили ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ бошад.

4. ПУЛ ВА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
1. Муқаррароти умумӣ дар бораи қоғазҳои қиматнок
Моддаи 155. Пул (асъор)

1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми пулии мамлакатро муайян мекунад ва пули миллии Тоҷикистон воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад, ки қабули он аз рўи арзиши эътибории худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

2. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт бо роҳи ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 640).

3. Ҳолатҳо, тартиб ва шартҳои истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун муайян карда мешавад.

Моддаи 156. Арзишҳои асъорӣ

Намудҳои молу мулке, ки арзишҳои асъорӣ эътироф карда мешаванд ва тартиби бо онҳо анҷом додани аҳдҳо тибқи қонун дар бораи танзими асъор ва назорати асъор муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳуқуқи моликият ба арзишҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи асосҳои умумӣ муҳофизат мешавад.

Моддаи 157. Коғази қиматнок

1. Коғази қиматнок ҳуҷҷате мебошад, ки бо риояи шакли муқарраргардида ва реквизитҳои ҳатмӣ ҳуқуқи амволиеро тасдиқ менамояд, ки татбиқ ё гузашт кардани онҳо танҳо дар сурати нишон додани он имконпазир аст.

Бо додани қоғази қиматнок дар маҷмўъ тамоми ҳуқуқҳои тасдиқнамудаи он мегузарад.

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои татбиқ ё гузашт кардани ҳуқуқи дар қоғази қиматнок тасдиқгардида далелҳои дар феҳрасти махсуси (муқаррарӣ ё компютерии) шахсе, ки қоғази қиматнокро аз номи худ бароварда, аз рўи ўҳдадории дар он сабтшуда масъулият дорад, кифоя мебошад.

Моддаи 158. Намудҳои коғазҳои қиматнок

1. Ба коғазҳои қиматнок инҳо дохил мешаванд: вомбарг, вексел, чек, сертификати бонкӣ, коносамент, саҳмия ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мутобиқи санади қонунгузорӣ дар бораи қоғазҳои қиматнок ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи онҳо ба ҷумлаи коғазҳои қиматнок мансуб дониста шудаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Коғазҳои қиматнок метавонанд манзурӣ, ордерӣ ва номӣ бошанд.

Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки номӣ ба шахси дар он зикршуда тааллуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки манзурӣ ба шахси манзуркунандаи қоғази қиматнок тааллуқ дорад.

Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки ордерӣ ба шахси дар он номбаршуда ва дар сурати мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми 3, моддаи 160 ҳамин Кодекс ин ҳуқуқро гузашт кардани ў ба шахси ваколатдор тааллуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Мутобиқи санади қонунгузорӣ мумкин аст барои баровардани навъи муайяни коғазҳои қиматнок ба сифати номӣ ё ба сифати ордерӣ ва ё ба сифати манзурӣ имконият дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар санади қонунгузорӣ инчунин мумкин аст имконияти баровардани коғазҳои қиматноки дорои нишонаи хелҳои гуногуни коғазҳои қиматнок пешбинӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 159. Талабот нисбати коғазҳои қиматнок

1. Намудҳои ҳуқуқи дар коғазҳои қиматнок тасдиқшаванда, реквизитҳои ҳатмии коғазҳои қиматнок, талабот нисбати шакли қоғази қиматнок ва талаботи дигари зарурӣ тибқи қонун ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи он муайян карда мешаванд.

2. Дар сурати набудани реквизитҳои ҳатмии коғази қиматнок ё ба шакли барои чунин коғазҳо муқарраргардида мутобиқат накардан он боиси беэътиборшавии он мегардад.

Моддаи 160. Гузашт кардани ҳуқуқ аз рўи қоғази қиматнок

1. Барои ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки манзурӣ ба дасти ин шахс супурдани коғази қиматнок кифоя аст.

2. Ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматноки номӣ мувофиқи тартиби барои гузашткунии талабот (сессия)-и муқарраргардида гузашт карда мешавад. Мутобиқи моддаи 419 ҳамин Кодекс шахсе, ки ҳуқуқашро аз рўи коғази қиматнок гузашт мекунад, на барои иҷро нашудани талаботи дахлдор, балки барои беэътибор будани он масъулият дорад.

3. Ҳуқуқ аз рўи коғази қиматноки ордери бо роҳи дар ин коғаз сабт кардани навиштаҷоти интиқолии индоссамент гузашт карда мешавад. Индоссант на танҳо барои мавҷудияти ҳуқуқ, балки инчунин барои татбиқи он низ масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Индоссаменти дар коғази қиматнок ба амал баровардашуда ҳамаи ҳуқуқи тасдиқнамудаи коғази қиматнокро ба шахсе медиҳад, ки ба ў ё фармони ў ҳуқуқ аз рўи коғази қиматнок гузашт карда шудааст – ба индоссат. Индоссамент бланкавӣ (бидуни зикри шахсе, ки талаботи ў бояд иҷро шавад) ё ордерӣ (бо зикри шахсе, ки талабот ё фармони ў бояд иҷро гардад) буда метавонад.

Индоссамент метавонад танҳо бо супориши татбиқи ҳуқуқи дар коғази қиматнок тасдиқшуда бидуни гузашт кардани ин ҳуқуқ ба индоссат (индоссаменти супоришӣ) маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат индоссат ба сифати намоянда амал мекунад.

Моддаи 161. Иҷрои ўҳдадорӣ аз коғази қиматнок

1. Шахсе, ки коғази қиматнокро додааст ва тамоми ашхосе, ки онро индоссатсия кардаанд, дар назди соҳиби қонуниаш масъулияти муштарак доранд. Дар сурати талаботи соҳиби қонунии коғази қиматнокро дар мавриди иҷрои ўҳдадориҳои дар он тасдиқгардида як ё якчанд шахс аз ҷумлаи ашхосе, ки аз рўи коғази қиматнок то ў масъулият гирифта буданд , қонеъ гардонанд, онҳо нисбати шахси боқимондае, ки аз рўи коғази қиматнок ўҳдадорӣ қабул кардаанд, ҳуқуқи пешниҳод кардани талаботи бозпас (регресс) – ро соҳиб мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Саркашӣ аз иҷрои ўҳдадории тасдиқнамудаи коғази қиматнок бо истинод ба асос надоштани ўҳдадорӣ ё беэътибор будани он роҳ дода намешавад.

Дорандаи коғази қиматнок, ки иваз ё сохтакории коғази қиматнокро ошкор намудааст, ҳақ дорад аз шахси коғазро ба ў супурда ба таври дахлдор иҷрои ўҳдадориҳои тасдиқнамудаи коғази қиматнок ва ҷуброни зиёнро талаб намояд.

3. Ҳуқуқ аз рўи коғази қиматноке, ки дар дасти соҳиби ғайриқонунӣ аст, татбиқ карда намешавад.

Моддаи 162. Барқарор намудани коғази қиматнок

Ҳуқуқ аз рўи коғазҳои қиматноки манзурӣ ва коғазҳои қиматноки ордерии гумшударо суд, бо тартиби дар қонунҳои мурофиавӣ пешбинигардида барқарор менамояд.

Моддаи 163. Коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат

1. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонун ё мувофиқи тартиби муқарраркардаи он ташкилот – депозитарие, ки иҷозатнома (литсензия) – и махсус гирифтааст, мутобиқи шартнома бо эмитент (шартномаи депозитарӣ) ҳуқуқи бо коғази қиматноки номӣ ё ордерӣ додашавандаро, аз ҷумла бе ҳуҷҷат (бо ёрии воситаҳои техникаи ҳисоббарори электронӣ ва ғайра) сабт карда метавонад.

Нисбати чунин шакли сабти ҳуқуқ, агар аз хусусиятҳои сабт тартиби дигаре барнаояд, қоидаҳое истифода мешаванд, ки дар ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар барои коғазҳои қиматнок муқаррар гардидаанд.

Сабти ҳуқуқ бо дархости эмитент ё шахси ба сифати дорандаи ҳуқуқи дахлдор бақайд гирифташуда ба коғази қиматнок баробар карда мешавад ва барои татбиқу гузашти ҳуқуқ аз рўи коғази қиматнок кифоя мебошад. Бо талаби соҳиби ҳуқуқ депозитарий вазифадор аст, ки ба ў ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабти ҳуқуқро диҳад.

Ҳуқуқи бо роҳи сабт дар назди депозитарий тасдиқшаванда, тартиби фаъолияти депозитарийҳои коғазҳои қиматнок ва ба онҳо додани иҷозатнома (литсензия) барои анҷоми аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва тартиби сабти расмии ҳуқуқ ва ҳуқуқдор аз ҷониби депозитарий ва тартиби анҷоми аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат мутобиқи қонун ё бо тартиби муқаррарнамудаи он муайян карда мешаванд.

2. Аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки беҳуҷҷат танҳо дар сурати муроҷиат ба депозитарии расман сабткунандаи ҳуқуқ метавонад анҷом дода шавад. Татбиқ, гузашт кардан ва маҳдуд кардани ҳуқуқ бояд аз ҷониби депозитарий расман сабт карда шавад. Депозитарий барои маҳфузи сабти расмӣ, таъмини махфӣ доштани он, додани маълумоти дуруст дар бораи чунин сабтҳо ва барои сабти расмии аҳдҳои анҷомдода масъул мебошад.

2. Намудҳои алоҳидаи қоғазҳои қиматнок
Моддаи 164. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 165.  Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 166. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

 Моддаи 167. Саҳмия

1. Коғази қиматноке саҳмия эътироф карда мешавад, ки ҳуқуқи дорандаи онро (саҳмдорро) барои дар шакли дивиденд гирифтани як қисми фоидаи ҷамъияти саҳомӣ, барои иштирок дар идораи корҳои ҷамъияти саҳомӣ, инчунин ба қисми амволи баъди барҳам додани он боқимонда тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Саҳмияҳо метавонанд манзурӣ ё номӣ, озодона муомилотшаванда ё дорои доираи маҳдуди муомилот бошанд.

2. Ҷамъияти саҳомӣ метавонад дар доираи муқаррарнамудаи қонун саҳмияҳои имтиёзноке барорад, ки ба дорандагони онҳо, сарфи назар аз натиҷаи фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ, чун қоида бо сабти фоизи арзиши номиналии саҳмия гирифтани дивидендро кафолат медиҳад, инчунин ба онҳо ҳуқуқи нисбат ба саҳмдорони дигар афзалиятноки гирифтани қисми амволи пас аз барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ боқимонда ва ҳуқуқҳои дигари дар шартҳои баровардани чунин саҳмияҳо пешбинигардидаро медиҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, саҳмияҳои афзалиятнок ба дорандагонашон барои иштирок дар идораи корҳои ҷамъият ҳуқуқ намедиҳанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 168. Коносамент

Коносамент ҳуҷҷати идоракунии мол мебошад, ки ҳуқуқи дорандаи қонунии онро дар мавриди идора кардани бори дар коносамент зикргардида ва гирифтани бор пас аз ҳамлу нақли он тасдиқ менамояд.

Коносамент метавонад манзурӣ, ордерӣ ё номӣ бошад.

Агар коносамент якчанд нусхаи аслӣ тартиб дода шуда бошад, баъди додани бор аз рўи коносаменти аввал нусхаҳои боқимонда беэътибор мешаванд.

Моддаи 169. Сертификати бонкӣ

Сертификати бонкӣ шаҳодатномаи хаттии бонк дар бораи пасандози маблағ мебошад, ки ҳуқуқи амонатгузорро баъди гузаштани мўҳлати муқарраршуда барои аз ҳар муассисаи ҳамин бонк гирифтани маблағи пасандоз ва фоизи онро тасдиқ менамояд.

Сертификатҳои бонкӣ метавонанд манзурӣ ё номӣ бошанд.

5. НЕЪМАТҲОИ ҒАЙРИМОДДӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО
Моддаи 170. Неъматҳои ғайримоддӣ

1. Ҳаёт ва саломатӣ, эътибори шахсӣ, шаъну шараф, масунияти шахсӣ, номусу номи нек, эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқи ҷойивазкунӣ ва интихоби озоди истиқомату маҳалли зист, ҳуқуқи доштани номдорӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, дигар ҳуқуқҳои шахсии ғайримоддӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддӣ, ки ба шаҳрванд аз рўзи таваллуд ё бо ҳукми қонун тааллуқ доранд, бегона карда ё ба тариқи дигар гузашт карда намешаванд. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддии шахси фавтидаро шахси дигар, аз ҷумла ворисони соҳибҳуқуқ татбиқ ва ҳифз карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Неъматҳои ғайримоддӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи онҳо, инчунин дар ҳолатҳо ва ба он андозае муҳофизат карда мешаванд, ки истифодаи усулҳои муҳофизати ҳуқуқи гражданӣ (моддаи 12) аз моҳияти ҳуқуқи ғайримоддии вайронгардида ва хусусияти оқибатҳои ин вайронкунӣ бармеояд.

Моддаи 171. Ҷуброни зиёни маънавӣ

Агар ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқи шахсии ғайримоддии ў ё ба неъматҳои дигари ғайримоддии шаҳрванд таҳдидкунанда зиёни маънавӣ (азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ё рўҳӣ) расонида шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун суд метавонад шахси ҳуқуқвайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро ҷуброн намояд.

Ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷўҳро ба назар мегирад. Суд ҳамчунин бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рўҳии марбут ба хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирад.

Моддаи 172. Ҳифзи ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ

1. Шахсе, ки ҳуқуқи шахсии ғайриамволиаш вайрон шудааст, ба ғайр аз тартиби дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида мувофиқи қоидаҳои ҳамин Кодекс инчунин ба ҷуброни зиёни маънавӣ ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ муҳофизат менамояд.

3. Ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкӣ сарфи назар аз гуноҳи шахси вайроннамудаи ҳуқуқ ҳифз карда мешавад. Шахсе, ки ҳифзи ҳуқуқро талаб кардааст, бояд далели вайрон гардидани ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиашро исбот кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Шахсе, ки ҳуқуқи ғайри молу мулкиаш вайрон гардидааст, метавонад бо хости худ рафъи оқибати онро аз шахси гунаҳкор талаб намояд ё аз ҳисоби гунаҳкор мустақилона амалҳои заруриро анҷом диҳад ва ё иҷрои онҳоро ба шахси сеюм супорад.

Моддаи 173. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкие, ки ба ҳуқуқи молу мулкӣ алоқаманданд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Дар сурати ҳамзамон вайрон гардидани ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкӣ ва молу мулкӣ, андозаи ҷуброни зиёни молу мулкӣ бо дарназардошти ҷубронпулие, ки бояд ба ҷабрдида барои халалдор кардани ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиаш пардохта шавад, зиёд мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ

1. Агар шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад, шаҳрванд ҳақ дорад аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.

Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори умум паҳн гардида бошанд, онҳо бояд дар ҳамон воситаҳои ахбори умум бемузд рад карда шаванд.

Агар маълумоти мазкур дар ҳуҷҷати ташкилот дарҷ гардида бошад, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозхонда шавад.

Тартиби раддияро дар ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.

3. Шаҳрванде, ки воситаҳои ахбори умум дар хусуси ў маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаашро нашр кардаанд, ҳақ дорад дар ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад.

4. Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад.

5. Агар қарори суд иҷро нашуда бошад, суд ҳақ дорад гунаҳкорро ҷарима бандад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнида мешавад. Пардохти ҷарима гунаҳкорро аз ўхдадории иҷрои амали дар қарори суд пешбинигардида озод намекунад.

6. Шаҳрванде, ки дар хусуси ў маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд.

7. Агар муайян намудани шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат намояд.

8. Қоидаҳои ҳамин модда дар хусуси ҳифзи эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд.

Моддаи 174(1). Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тўҳмат ё таҳқир

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 928)

Шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тўҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурўғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171 ва 174 Кодекси мазкур ҳифз карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 928).

Моддаи 175. Ҳуқуқи ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ

1. Шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рўзномаҳо, қайдҳо, руқъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ, адвокатӣ ва сирри пасандозҳо ҳуқуқ дорад.

Фош кардани сирри ҳаёти шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санади қонунӣ мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Нашри рўзномаҳо, руқъаҳо, қайдҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар танҳо бо ризоияти муаллифи онҳо, нашри мактубҳо бошад, бо ризоияти муаллиф ва унвонӣ (адресат) роҳ дода мешавад. Дар сурати вафот кардани яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкурро бо ризоияти ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ва фарзандони марҳум нашр кардан мумкин аст.

Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ

1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе ризоияти ў, дар сурати вафоти ў бошад, бе ризоияти ворисонаш истифода намояд.

2. Нашр намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофильм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ў иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад, чунин ризоият талаб карда намешавад.

Моддаи 177. Ҳуқуқи дахлнопазирии манзил

Шаҳрванд ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро доро аст, яъне ў ҳуқуқ дорад, ки ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, кўшишҳои бидуни хоҳиши ў зўран ба манзилаш ворид шудани касро пешгирӣ намояд.

ЗЕРФАСЛИ 3 АҲДҲО. НАМОЯНДАГӢ

БОБИ 7 АҲДҲО

1. МАФҲУМ, НАВЪҲО ВА ШАКЛИ АҲД
Моддаи 178. Мафҳуми аҳд

Амали шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ, ки ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ равона гардидааст, аҳд дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 179. Навъҳои аҳд

1. Аҳд метавонад яктарафа, дутарафа ё бисёртарафа (шартномаҳо) бошанд.

2. Аҳде яктарафа дониста мешавад, ки барои анҷоми он мутобиқи қонун ё созишномаи тарафҳо ифодаи иродаи як тараф зарур ё кифоя мебошад.

3. Барои бастани шартнома ифодаи иродаи мувофиқашудаи ду тараф (аҳди дутарафа) ё се тараф ва ё бештар аз он (аҳди бисёртарафа) зарур аст.

Моддаи 180. Ўҳдадорӣ аз рўи аҳди яктарафа

Аҳди яктарафа барои шахси анҷомдодаи аҳдҳо ўҳдадориҳоро ба миён меорад. Он ўҳдадориҳоро барои шахси дигар танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ё созишномаи ин ашхос ба миён оварда метавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 181. Танзими ҳуқуқии аҳди яктарафа

Нисбати аҳди яктарафа мутобиқан муқаррароти умумӣ дар бораи ўҳдадориҳо ва шартномаҳо (фасли III) истифода мешаванд, зеро ин хилофи қонун, табиат ва моҳияти аҳд нест.

Моддаи 182. Аҳди бо шарту шароит басташуда

1. Агар тарафҳо ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориро аз шарте вобаста донанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, аҳд бо шарти батаъхир анҷомдодашуда эътироф карда мешавад.

2. Агар тарафҳо қатъи ҳуқуқу ўҳдадориро ба шарте вобаста карда бошанд, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест, аҳд бо шарти бекоркунӣ анҷомёфта эътироф карда мешавад.

3. Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона монеъ шуда бошад, ки фаро расидани он ба манфиаташ нест, шарт фарорасида эътироф карда мешавад.

Агар ба фаро расидани шарт тарафе бевиҷдонона мусоидат карда бошад, ки фаро расидани он ба манфиаташ аст, шарт фаро нарасида эътироф карда мешавад.

Моддаи 183. Шакли аҳд

1. Аҳд шифоҳӣ (даҳонӣ) ё хаттӣ (оддӣ ё нотариалӣ) баста мешавад.

2. Аҳде, ки мумкин аст шифоҳӣ баста шавад, дар он сурат низ анҷомёфта дониста мешавад, ки рафтори шахс ба азму хоҳиши бастани аҳд шаҳодат медиҳад.

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо сукут ифодаи иродаи бастани аҳд дониста мешавад.

4. Агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, аҳде, ки бо додани жетон, чипта (билет) ё аломати дигари одатан қабулшуда тасдиқ гардидааст, анҷомдодашуда эътироф карда мешавад.

Моддаи 184. Аҳди шифоҳӣ

1. Аҳде, ки дар қонун ё созишномаи тарафҳо барои он шакли хаттӣ (оддӣ ё нотариалӣ) муқаррар нагардидааст, метавонад шифоҳӣ баста шавад.

2. Агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳамаи аҳдҳои ҳангоми бастан иҷрошаванда, ба истиснои аҳдҳое, ки барои онҳо шакли нотариалӣ муқаррар шудааст ва аҳдҳое, ки бинобар риоя накардани шакли оддии хаттиашон беэътибор мегарданд, метавонанд ба таври шифоҳӣ баста шаванд.

3. Аҳд бо мақсади иҷрои шартномаи дар шакли хаттӣ басташуда бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст шифоҳӣ баста шавад, ба шарте ки ин хилофи қонун ё шартнома набошад.

Моддаи 185. Шакли хаттии аҳд

1. Аҳди хаттӣ бояд бо тартиб додани ҳуҷҷате баста шавад, ки мавзўи онро ифода карда, аз ҷониби як ё ҷамъи каси аҳдбаста ё шахси ба тариқи дахлдор ваколатдори онҳо имзо шудааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар қонунҳо ва созишномаи тарафҳо мумкин аст талаботи иловагие, ки шакли аҳд бояд ба он мутобиқат намояд (дар бланкаи дорои шакли муайян ба имзо расондан, мўҳр гузоштан ва ғайра) муқаррар гардида, оқибати риоя накардани ин талабот пешбинӣ карда шавад. Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо чунин оқибат пешбинӣ нагардида бошад, пас оқибати риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ истифода мешавад.

2. Ҳангоми бастани аҳд истифодаи акси айнии имзо бо ёрии воситаҳои нусхабардории механикӣ ё воситаи дигар, имзои электронию рақамӣ ё шакли дигари имзои шахсӣ дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун ё созишномаи тарафҳо роҳ дода мешавад.

3. Агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, мубодилаи мактуб, барқия (телеграмма), телефонограмма, телетайпограмма, факс ва ҳуҷҷатҳои дигари муайянкунандаи субъектҳо ва мавзўи ифодаи иродаашон ба шакли хаттии анҷоми аҳдбандӣ баробар карда мешавад.

4. Агар шаҳрванд бо сабаби иллати ҷисмонӣ, беморӣ ё бесаводӣ шахсан имзо гузошта натавонад, бо хоҳиши ў аҳдро шаҳрванди дигар имзо карда метавонад.

Имзои ин шаҳрванд бояд аз ҷониби нотариус ё мансабдори дигари барои анҷоми чунин амали нотариалӣ ҳақдошта бо зикри сабабҳое, ки аҳдкунанда бо дасти худ имзо карда натавонистааст, тасдиқ карда шавад.

Вале ҳангоми бастани аҳди дар қисми 4, моддаи 210 ҳамин Кодекс зикргардида ва додани ваколатнома барои бастани онҳо имзои шахсе, ки ахдро имзо мекунад, инчунин мумкин аст аз ҷониби ташкилоте, ки дар он шаҳрванди бо дасти худ имзо карда наметавониста кор мекунад ё аз ҷониби маъмурияти муассисаи табобатии статсионарие, ки ў дар он табобат меёбад, тасдиқ карда шавад.

Моддаи 186. Аҳде, ки дар шакли хаттии оддӣ анҷом дода мешаванд

1. Аҳдҳои зерин ба истиснои аҳде, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, бояд дар шакли оддии хаттӣ баста шаванд:

а) аҳди шахси ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

б) аҳди байни шаҳрвандон ба маблағе, ки аз андозаи бо қонун муқарраргардидаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо на камтар аз бист маротиба бештар аст ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, – сарфи назар аз маблағи аҳд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 850).

2. Барои аҳде, ки мутобиқи моддаи 184 ҳамин Кодекс метавонад ба таври шифоҳӣ баста шавад, риояи шакли оддии хаттӣ талаб карда намешавад.

Моддаи 187. Оқибати риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ

1. Риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ тарафҳоро аз ҳуқуқи дар мавриди баҳс ҷиҳати тасдиқи аҳд ва шартҳои он аз истинод ба баёноти шоҳидон маҳрум месозад, вале онҳоро аз ҳуқуқи овардани далелҳои хаттӣ ва далелҳои дигар маҳрум намесозад.

2. Дар ҳолатҳои бевосита дар қонун ё созишномаи тарафҳо зикргардида риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ он беэътибор мегардад.

3. Риоя накардани шакли оддии аҳди хаттии робитаи иқтисодии хориҷӣ онро беэътибор мегардонад.

Моддаи 188. Аҳди дар нотариус тасдиқшуда

1. Аҳдҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида бо роҳи дар ҳуҷҷати ба талаботи моддаи 185 ҳамин Кодекс мутобиқаткунанда аз ҷониби нотариус ё мансабдори барои анҷоми чунин амали нотариалӣ ҳуқуқдошта сабт кардани навиштаҷоти тасдиқкунанда анҷом дода мешаванд.

2. Тасдиқи нотариалии ахд дар ҳолати зайл ҳатмист:

а) дар ҳолатҳое, ки дар қонун зикр гардидааст;

б) бо талаби ҳар яке аз тарафҳо.

Моддаи 189. Бақайдгирии давлатии аҳдҳо

1. Аҳдҳо бо амволи ғайриманқул (бегона кардан, ипотека, иҷораи дарозмуддат, мерос гирифтан ва ғайра) бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Тартиби бақайдгирии аҳдҳо бо амволи ғайриманқул ва тартиб додани феҳрасти дахлдор бо қонун муайян карда мешавад.

2. Дар қонунҳо мумкин аст бақайдгирии давлатии аҳдҳои вобаста бо намудҳои муайяни амволи манқула муқаррар карда шавад.

Моддаи 190. Оқибати риоя накардани шакли нотариалии аҳд ва талаботи бақайдгирии он

1. Риоя накардани шакли нотариалӣ ё талаботи бақайдгирии давлатии аҳд боиси беэътибории он мегардад. Чунин аҳд беэътибор дониста мешавад.

2. Агар яке аз тарафҳо аҳдеро, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, пурра ё қисман иҷро карда, тарафи дигар аз баррасмиятдарории аҳд саркашӣ намояд, суд ҳақ дорад, ки бо талаби тарафи иҷронамудаи аҳд чунин аҳдро боэътибор донад. Дар ин ҳолат барасмиятдарории минбаъдаи аҳд зарур нест (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Агар аҳде, ки бақайдгирии давлатиро талаб мекунад, дар шакли дахлдор баста шуда бошад, вале яке аз тарафҳо аз бақайдгирии он саркашӣ намояд, суд ҳақ дорад бо талаби тарафи дигар дар хусуси ба қайд гирифтани он қарор қабул кунад. Дар ин ҳолат аҳд мутобиқи қарори суд ба қайд гирифта мешавад.

4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тарафе, ки беасос аз тасдиқи нотариалӣ ё ба қайдгирии давлатии аҳд саркашӣ менамояд, бояд ба тарафи дигар зиёни аз таъхири бастани аҳд ва ба қайдгирӣ расидаро ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. АҲДҲОИ БЕЭЪТИБОР ВА ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО
Моддаи 191. Аҳдҳои баҳснок ва беэътибор

1. Аҳд аз рўи асосҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо сабаби онро беэътибор донистани суд (аҳди мавриди баҳс) ё сарфи назар аз чунин эътироф (аҳди беэътибор) беэътибор дониста мешавад.

2. Талаби беэътибор донистани аҳди баҳснок метавонад ба шахси дар ҳамин Кодекс зикргардида пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Истифодаи оқибати аҳди беэътиборро ҳар шахси манфиатдор талаб карда метавонад. Суд ҳақ дорад, ки чунин оқибатро бо ташаббуси худ истифода намояд.

Моддаи 192. Муқаррароти умумӣ дар бораи оқибати беэътибории аҳд

1. Аҳди беэътибор, ба истиснои оқибате, ки бо беэътибории он алоқаманд аст, боиси оқибати ҳуқуқӣ намегардад ва аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад.

2. Дар сурати беэътибории аҳд, агар дар қонун оқибати дигари беэътиборӣ пешбинӣ нагардида бошанд, ҳар тараф вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми амволи аз рўи аҳд гирифтаашро баргардонад ва агар дар шакли асл ( натура) баргардонидани амволи гирифташуда имконнопазир бошад (аз ҷумла дар ҳолате ки ашёи гирифта дар истифодаи амвол, кори иҷрошуда ё хизматрасонӣ ифода гардида бошад), арзиши онро бо пул ҷуброн намояд.

3. Агар аз мазмуни аҳди баҳснок маълум гардад, ки он минбаъд метавонад қатъ карда шавад, суд аҳдро беэътибор дониста, амали онро барои давраи оянда қатъ менамояд.

Моддаи 193. Беэътибории аҳди хилофи қонун

Аҳде, ки хилофи талаботи қонун аст, эътибор надорад ба шарте ки қонун баҳснок будани чунин аҳдро муқаррар нанамояд ё дар он оқибати дигари қонуншиканӣ пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 194. Беэътибории аҳди бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ басташуда

Аҳде, ки ошкоро бар хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ё ахлоқ баста шудааст, эътибор надорад.

Дар сурати нияти ғаразнок доштани ҳар ду тарафи чунин аҳд, агар аҳдро ҳар ду тараф иҷро карда бошанд, тамоми даромади аз ин аҳд бадастовардаи онҳо ба ҳисоби даромади давлат рўёнида мешавад ва агар аҳдро як тараф иҷро карда бошад, аз тарафи дигар тамоми даромад ва амволи гирифтааш ва тамоми молу мулке, ки он мебоист бар ивази даромад ва амволи гирифташуда ба тарафи аввал диҳад, ба фоидаи давлат рўёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар сурати нияти ғаразнок доштани танҳо як тарафи чунин аҳд, он бояд тамоми даромади аз рўи аҳд гирифтаашро ба тарафи дигар баргардонад, аммо даромаде, ки тарафи ғаразнок амал карда гирифтааст ё бояд мувофиқи аҳди иҷрошуда мегирифт, ба он дода шавад, ба фоидаи давлат рўёнида мешавад.

Моддаи 195. Беэътибории аҳдҳои рўякӣ ва қалбакӣ басташуда

1. Аҳди рўякӣ, яъне аҳде, ки танҳо рўякӣ, бидуни нияти барои он буньёд намудани оқибати дахлдори ҳуқуқӣ баста шудааст, эътибор надорад.

2. Аҳди қалбакӣ, яъне ахде, ки бо мақсади рўйпўш намудани аҳди дигар баста шудааст, эътибор надорад. Нисбати аҳде, ки тарафҳо воқеан дар назар дошта буданд, бо назардошти хусусияти аҳд, қоидаҳои ба он дахлдор истифода мешаванд.

Моддаи 196. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардида бастааст

1. Аҳде, ки шаҳрванди дар натиҷаи бемории рўҳӣ ғайри қобили амал эътирофгардида бастааст, эътибор надорад.

Ҳар яке аз тарафҳои чунин аҳд вазифадор аст, ки ба тарафи дигар тамоми амволи гирифтаашро дар шакли асл (натура) баргардонад ва дар сурати имконнопазирии дар шакли натура баргардонидани амволи гирифташуда арзиши онро бо пул ҷуброн намояд.

Агар тарафи қобили амал ғайри қобили амал будани тарафи дигарро дониста бошад ё мебоист донад, тарафи қобили амал ғайр аз ин вазифадор аст, ки ба тарафи дигар зиёни воқеии ба он расонидашударо ҷуброн намояд.

2. Ба манфиати шаҳрванде, ки бо сабаби бемории рўҳӣ ғайри қобили амал эътироф гардидааст, аҳди бастаи ў бо талаби васиаш аз тарафи суд боэътибор эътироф карда мешавад, агар чунин аҳд ба фоидаи он баста шуда бошад.

Моддаи 197. Беэътибории аҳде, ки ноболиғи то чордаҳсола бастааст

1. Аҳде, ки ноболиғ (хурдсол)-и то чордаҳсола нарасида бастааст, эътибор надорад. Нисбати чунин аҳд қоидаҳои дар сарсатрҳои дуюм ва сеюми қисми 1, моддаи 196 ҳамин Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.

2. Агар аҳди бастаи хурдсол ба манфиаташ бошад, суд метавонад бо талаби волидайн, фарзандхондагон ё васии ў аҳди бастаашро, ки ба манфиати ў аст, боэътибор эътироф намояд.

3. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои хурди маишӣ ва аҳдҳои дигари хурдсолон, ки онҳо мутобиқи моддаи 29 ҳамин Кодекс ба мустақилона бастани онҳо ҳақ доранд, дахл надорад.

Моддаи 198. Беэътибории аҳди шахси ҳуқуқӣ, ки берун аз қобилияти ҳуқуқдориаш баста аст

Аҳдеро, ки шахси ҳуқуқӣ хилофи мақсади фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он аниқ маҳдудгардида ё шахси ҳуқуқие бастааст, ки барои машғул шудан ба фаъолияти дахлдор иҷозатнома (литсензия) надорад, агар исбот шуда бошад, ки тарафи дигари аҳд ғайриқонунӣ будани онро медонист ё баръало мебоист донад, бо даъвои ин шахси ҳуқуқӣ, муассис (иштирокчӣ) он ё мақоми давлатии ба фаъолияти шахси ҳуқуқӣ назораткунанда суд метавонад беэътибор эътироф намояд.

Моддаи 199. Оқибати маҳдуд кардани ваколат барои бастани аҳд

Агар ваколати шахс барои бастани аҳд бо шартнома ё ваколати мақоми шахси ҳуқуқӣ бо ҳуҷҷатҳои таъсиси он дар муқоиса бо ваколатҳои дар ваколатнома ё қонун муайяншуда маҳдуд гардида бошад ё вобаста ба шароити бастани аҳдҳо тибқи қонун яқин донистани он мумкин бошад ва чунин шахс ё мақом аз доираи ин маҳдудиятҳо барояд, суд бо даъвои шахсе, ки маҳдудиятхо ба манфиати ў муқаррар гардидаанд, танҳо дар ҳолате метавонад аҳдро беэътибор эътироф намояд, ки тарафи дигари аҳд дар хусуси маҳдудиятҳои мазкур бараъло медонист ё мебоист донад.

Моддаи 200. Беэътибории аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола бастааст

1. Аҳде, ки ноболиғи аз чордаҳ то хаждаҳсола бидуни ризои волидайн, фарзандхондагон ё парасторони худ бастааст, агар чунин ризоят мутобиқи моддаи 27 ҳамин Кодекс зарур бошад, мумкин аст бо даъвои волидайн, фарзандхондагон ё парасторон аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад. Агар чунин аҳд беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои дар сарсатрҳои дуюм ва сеюми қисми 1, моддаи 196 ҳамин Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.

2. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои ноболиғоне, ки дорои қобилияти пурраи амал гардидаанд (қисми 2 моддаи 22, моддаи 28 ҳамин Кодекс), дахл надоранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 201. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванди қобилияти амалаш аз ҷониби суд маҳдудгардида бастааст

1. Аҳди ихтиёрдории молу мулкро, ки шаҳрванди қобилияти амалаш дар натиҷаи сўиистеъмоли машрубот ё маводи нашъаовар аз ҷониби суд маҳдудгардида бидуни ризоии парастораш бастааст, суд метавонад бо даъвои парастор беэътибор эътироф намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247 аз 18.03.2015 № 1178).

Агар чунин аҳд беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои дар қисми 1, моддаи 200 ҳамин Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.

2. Қоидаҳои ҳамин модда ба аҳдҳои хурди маишие, ки шаҳрванди қобилияти амалаш маҳдудкардашуда мутобиқи моддаи 31 ҳамин Кодекс ҳақ дорад, мустақилона бандад, дахл надоранд.

Моддаи 202. Беэътибории аҳде, ки шаҳрванд барои дарки аҳамияти амали худ ё идора кардани он қобилиат надошта бастааст

1. Суд метавонад аҳди шаҳрвандеро, ки қобили амал бошад ҳам, вале дар лаҳзаи бастани он дар ҳолате қарор дошт, ки амалҳои худро дарк намекард ё ба идораи онҳо қобилият надошт, бо даъвои ин шаҳрванд ё шахси дигаре, ки ҳуқуқ ё манфиати қонунан ҳифзшавандаашон дар натиҷаи бастани он халалдор гардидаанд, беэътибор донад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар исбот гардад, ки дар лаҳзаи бастани аҳд шаҳрванд барои дарки аҳамияти амали худ ё идораи он қодир набуд, суд метавонад аҳди бастаи шаҳрвандеро, ки баъдан ғайри қобили амал эътироф гардидааст, бо даъвои васии ў беэътибор донад.

3. Агар аҳд дар асоси ҳамин модда беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои  бандҳои яқум ва дуюми қисми 1 моддаи 196 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 203. Беэътибории аҳде, ки дар натиҷаи гумроҳӣ баста шудааст

1. Суд метавонад аҳди дар натиҷаи гумроҳӣ бастаро, ки аҳамияти муҳим дорад, бо даъвои тарафе, ки дар асари гумроҳӣ амал кардааст, беэътибор эътироф намояд.

Гумроҳӣ доир ба табиати аҳд, шабоҳат ё чунин сифатҳои мавзўи он дорои аҳамияти муҳим мебошанд, ки имкониятҳои аз рўи таъинот истифода намудани онро хеле кам мекунанд. Гумроҳӣ доир ба сабабҳои аҳд дорои аҳамияти муҳим намебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Агар аҳд ҳамчун аҳди бар асари гумроҳӣ басташуда беэътибор дониста шавад, мутобиқан қоидаҳои дар қисми 2, моддаи 192 ҳамин Кодекс пешбинигардида татбиқ мешаванд.

Ғайр аз ин, тарафе, ки бо даъвои он аҳд беэътибор дониста шудааст, агар исбот кунад, ки гумроҳӣ бо гуноҳи тарафи дигар рўй додааст, ҳақ дорад аз тарафи дигар ҷуброни зиёни воқеиро талаб намояд. Агар ин исбот нашуда бошад, тарафе, ки бо даъвои он аҳд беэътибор дониста шудааст, ҳатто агар гумроҳӣ бар асари вазъияте рух дода бошад, ки ба тарафи гумроҳшуда вобаста нест, вазифадор аст, бо талаби тарафи дигар зиёни воқеии ба он расидаро ҷуброн намояд.

Моддаи 204. Беэътибории аҳде, ки бо фиреб, зўроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин баста шудааст

1. Суд метавонад аҳдеро, ки бо фиреб, зўроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар баста шудааст, инчунин аҳдеро, ки шахс бо сабаби шароити вазнин бо шартҳои барояш тамоман бефоида, маҷбуран бастааст ва тарафи дигар аз он истифода намудааст (аҳди асоратовар), бо даъвои ҷабрдида беэътибор донад.

2. Агар аҳд бо яке аз асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида беэътибор дониста шавад, тарафи дигар ба ҷабрдида тамоми амволи аз рўи аҳд гирифтаашро бармегардонад ва агар баргардонидани молу мулк имконнопазир бошад, арзиши онро бо пул ҷуброн менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Молу мулке, ки ҷабрдида аз рўи аҳд аз тарафи дигар гирифтааст, инчунин амволи ба тарафи дигар додаи он, ки бояд ба он ҷуброн карда шавад, ба фоидаи давлат рўёнида мешавад. Дар сурати имконнопазирии дар шакли асл (натура) ба фоидаи давлат додани молу мулк арзиши он бо пул рўёнида мешавад. Ғайр аз ин тарафи дигар ба ҷабрдида зиёни воқеии ба он расонидашударо ҷуброн менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 205. Оқибати беэътибории як қисми аҳд

Агар тахмин кардан мумкин бошад, ки аҳд бидуни дохил кардани қисми беэътибори он ҳам метавонист баста шавад, аз ин қисмҳои дигари аҳд беэътибор намегардад.

Моддаи 206. Мўҳлати даъво аз рўи аҳдҳои беэътибор

1. Даъво дар мавриди истифодаи оқибати беэътибории аҳди беэътибор метавонад дар давоми се соли пас аз оғози иҷрои он пешниҳод карда шавад.

2. Даъво дар мавриди беэътибор донистани аҳди баҳснок ва истифодаи оқибати беэътибории он дар давоми се соли пас аз қатъ гардидани зўроварӣ ё таҳдиде, ки аҳд таҳти таъсири он баста шуда буд (қисми 1, моддаи 204) ва ё аз рўзе, ки даъвогар дар хусуси шароити дигаре, ки асоси беэътибор донистани аҳд мебошад, хабар ёфтааст ё мебоист хабар ёбад, пешниҳод карда шуданаш мумкин аст.

БОБИ 8 НАМОЯНДАГӢ. ВАКОЛАТНОМА

Моддаи 207. Намояндагӣ

1. Аҳде, ки як шахс (намоянда) аз номи шахси дигар (вакилкунанда) дар асоси ваколати бо ваколатнома, нишондоди қонун ё санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ асосёфта баста шудааст, ҳуқуқу ўҳдадориҳои граждании вакилкунандаро бевосита ба вуҷуд меорад, тағйир медиҳад ё қатъ мегардонад.

Ваколат инчунин метавонад вобаста ба вазъе зоҳир гардад, ки намоянда дар он амал мекунад (фурўшанда дар савдои чакана, хазинадор (кассир) ва ғайра).

2. Ашхосе, ки гарчанд ба манфиати дигарон аст, вале аз номи худ амал мекунанд (миёнаравони тиҷоратӣ, мудирони озмун (тендер) ҳангоми муфлисӣ, васиён ҳангоми меросгирӣ ва ғайра), инчунин ашхосе, ки барои анҷоми гуфтушунид дар мавриди аҳдҳои дар оянда имкондошта ваколатдор шудаанд, намоянда намебошанд (Қонуни аз 23.07.2016 № 1334).

3. Намоянда аз номи ваколатдиҳанда ба манфиати худ аҳд баста наметавонад. Ў чунин аҳдҳоро ба манфиати шахси дигаре, ки ҳамзамон намояндаи ў низ мебошад, ба истиснои ҳолатҳои намояндагии тиҷоратӣ баста наметавонад.

4. Ба воситаи намоянда бастани аҳде, ки бо хусусияти худ метавонад танҳо шахсан баста шавад, инчунин аҳдҳои дигари дар қонун зикргардида роҳ дода намешавад.

Моддаи 208. Аҳд бастани шахси ваколат надошта

1. Дар сурати набудани ваколати амал кардан аз номи шахси дигар ё баромадан аз доираи чунин ваколат, агар шахси дигар (ваколатдиҳанда) минбаъд чунин аҳдро бевосита маъқул донад, аҳд аз номи шахси анҷомдодаи он ва ба манфиати ў суратгирифта эътироф карда мешавад.

2. Аз ҷониби шахси намояндагикунанда минбаъд маъқул дониста шудани аҳд барои ў ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданиро аз рўи ин аҳд аз лаҳзаи анҷом дода шуданаш ба вуҷуд меорад, тағйир медиҳад ва қатъ менамояд.

Моддаи 209. Намояндагии тиҷоратӣ

1. Шахсе намояндаи тиҷоратӣ мебошад, ки мунтазам ва мустақилона аз номи соҳибкорон ҳангоми бастани шартнома дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ намояндагӣ мекунад.

2. Намояндагии тиҷоратии тарафҳои мухталифи аҳд ҳамзамон бо ризояти ин тарафҳо ва дар ҳолатҳои дигари дар қонун пешбинигардида роҳ дода мешавад. Зимнан намояндаи тиҷоратӣ вазифадор аст, ки супориши гирифтаашро чун соҳибкори муқаррарӣ ғамхорона иҷро кунад.

Намояндаи тиҷоратӣ ҳақ дорад, ки аз тарафҳои шартнома ба ҳиссаҳои баробар пардохтани мукофотпулии шартшуда ва ҷуброни маблағи ҳангоми иҷрои супориш харҷкардаашро, агар дар созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, талаб намояд.

3. Намояндагии тиҷоратӣ дар асоси шартномае, ки дар шакли хаттӣ баста шуда, нишондодҳоро ба ваколати намоянда дар бар мегирад ва дар сурати набудани чунин нишондодҳо, инчунин дар асоси ваколатнома ба амал бароварда мешавад.

Намояндаи тиҷоратӣ вазифадор аст, ки маълумоти барояш маълумгардидаи аҳдҳои тиҷоратиро пас аз иҷрои супориши гирифтааш низ махфӣ нигоҳ дорад.

4. Хусусиятҳои намояндагии тиҷоратӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ бо қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 210. Ваколатнома

1. Ваколатнома аз ҷониби як шахс ба шахси дигар додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дониста мешавад. Ваколатдиҳанда метавонад ваколатномаро барои аҳд бастани намоянда бевосита ба шахси сеюми дахлдор диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ваколатнома барои бастани аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.

3. Ба ваколатномаҳои тасдиқкардаи нотариус ваколатномаҳои зайл баробар карда мешаванд:

а) ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шахси дигари дар госпиталҳо, санаторияҳо ва муассисаҳои дигари ҳарбии табобати муолиҷашаванда, ки аз ҷониби сардори чунин муассиса, муовини ў оид ба қисми тиббӣ, сардухтур ё духтури навбатдор тасдиқ шудааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

б) ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар маҳалҳои ҷойгиршавии қисмҳо, ҷузъу томҳо, муассисаҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳои ҳарбӣ, ки идораҳои нотариалӣ ва мақомоти дигари анҷомдиҳандаи амалҳои нотариалӣ надоранд, инчунин ваколатномаи коргарону хизматчиён, аъзои оилаҳои онҳо ва аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз ҷониби командири (сардори)-и ин қисм, ҷузъу том, муассиса ё таълимгоҳ тасдиқ шудаанд;

в) ваколатномаи шахси дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон қарордошта, ки аз ҷониби сардори маҳбасхонаи дахлдор тасдиқ кардааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

г) ваколатномаи шаҳрвандони болиғи қобили амали дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарордоштае, ки аз ҷониби маъмурияти ин муассиса ё роҳбари (муовини ў) мақоми дахлдори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардидааст.

4. Ваколатнома барои гирифтани музди меҳнат ва пардохтҳои дигари марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, барои гирифтани мукофотпулии муаллифону ихтироъкорон, нафақаю ёрдампулӣ ва стипендияҳо, пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ва барои гирифтани муросилот, аз ҷумла муросилоти пулӣ ва молу мулкӣ аз ҷониби ташкилоте, ки ваколатдиҳанда дар он кор ё таҳсил мекунад, ташкилоти истифодаи манзилгоҳи маҳали зисти ў ва маъмурияти беморхонае, ки дар он ў муолиҷа мегардад, тасдиқ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ваколатномае, ки бо телеграф ва ҳамчунин аз тариқи намудҳои дигари алоқа ирсол мегардад, ба шарте, ки ҳуҷҷатҳоро кормандони алоқа фиристанд, аз тарафи мақомоти алоқа тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигари тибқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ба ин кор ваколатдори он ва гузоштани мўҳри ин ташкилот дода мешавад.

Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқии ба моликияти давлатӣ асосёфта барои гирифтан ё додани пул ва неъматҳои дигари молу мулкӣ инчунин бояд аз ҷониби сармуҳосиби (муҳосиби калон) ин ташкилот имзо карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 211. Мўҳлати ваколатнома

1. Мўҳлати амали ваколатнома зиёда аз се сол буда наметавонад. Агар дар ваколатнома мўҳлат нишон дода нашуда бошад, он эътибори худро дар давоми як соли пас аз санаи дода шуданаш нигоҳ медорад.

Ваколатномае, ки санаи дода шуданаш зикр наёфтааст, эътибор надорад.

2. Ваколатномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудае, ки барои анҷоми амалҳо дар хориҷа пешбинӣ гардида, дар хусуси мўҳлати эътибори он ишорае надорад, то аз ҷониби шахси ваколатномаро дода бекор карда шуданаш эътибор дорад.

Моддаи 212. Ба шахси дигар вогузоштани ваколат

1. Шахсе, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, амалҳоеро, ки барои иҷрояшон ваколатдор шудааст, бояд шахсан анҷом диҳад. Агар дар ваколатнома чунин ваколат дода шуда бошад ё шахс барои ҳифзи манфиати шахси ваколатномаро дода ба ин кор маҷбур бошад, ў метавонад иҷрои ин амалҳоро ба шахси дигар вогузор намояд.

2. Шахсе, ки ваколаташро ба шахси дигар вогузоштааст, бояд дар ин хусус шахси ваколатнома додаро огоҳ сохта, дар бораи шахсе, ки ба ў ваколаташро вогузоштааст, маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорӣ шахси ваколаташро вогузоркарда барои амалҳои шахсе, ки соҳиби ваколат шудааст, ҳамчун амалҳои худ масъулият бар дўш мегирад.

3. Ваколатномае, ки мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4, моддаи 210 ҳамин Кодекс пешбинигардида бояд дар идораи нотариус тасдиқ карда шавад.

4. Мўҳлати амали ваколатномаи мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат додашуда набояд аз мўҳлати амали ваколатномае, ки дар асоси он дода шудааст, зиёдтар бошад.

Моддаи 213. Қатъи ваколатнома

1. Амали ваколатнома дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

а) иҷрои амалҳое, ки дар ваколатнома пешбинӣ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

б) гузаштани мўҳлати ваколатнома;

в) ваколатномаро бекор кардани шахсе, ки онро додааст;

г) даст кашидани шахсе, ки ба ў ваколатнома дода шудааст;

д) қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки аз номи он ваколатнома дода шудааст;

е) қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки ба он ваколатнома дода шудааст;

ж) вафот кардани шаҳрванде, ки ваколатнома додааст, ғайри қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак эътироф гардидани ў;

з) вафот кардани шаҳрванде, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, ғайри қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак эътироф гардидани ў.

2. Шахсе, ки ваколатнома додааст, метавонад ҳар вақт ваколатнома ё ба шахси дигар вогузор намудани ваколатро бекор кунад ва шахсе, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, метавонад аз он даст кашад. Созишнома дар бораи даст кашидан аз ин ҳуқуқ эътибор надорад.

3. Бо қатъи ваколатнома ба шахси дигар вогузор намудани ваколат низ беэътибор мегардад.

Моддаи 214. Оқибати қатъи ваколатнома

1. Шахсе, ки ваколатнома дода, минбаъд онро бекор кардааст, вазифадор аст дар хусуси бекор кардани он ба шахсе, ки ваколатнома дода шудааст, инчунин ба шахси сеюми ба ў маълуме, ки ваколатнома барои намояндагӣ дар наздашон дода шудааст, маълум созад. Дар сурати бо сабабҳои дар зербандҳои д) ва ж) қисми 1 моддаи 213 ҳамин Кодекс зикргардида қатъ гардидани ваколатнома, чунин ўҳдадорӣ ба зиммаи ворисони ҳуқуқии шахсе гузошта мешавад, ки ваколатномаро додааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳуқуқу ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи амали шахси ваколатнома гирифта ба миён омадааст, то лаҳзае ки ин шахс дар хусуси қатъ гардидани он огоҳӣ ёфтааст ё мебоист огоҳӣ ёбад, барои шахси ваколатнома додагӣ ва ворисони ҳуқуқии ў нисбати шахси сеюм эътибор доранд. Агар шахси сеюм беэътибор будани ваколатномаро дониста бошад ё бояд медонист, ин қоидаҳо истифода намешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Пас аз беэътибор шудани ваколатнома шахсе, ки онро гирифтаст ё ворисони ҳуқуқии ў, вазифадоранд, ваколатномаро фавран баргардонанд.

ЗЕРФАСЛИ 4 МЎҲЛАТ. ҲИСОБ КАРДАНИ МЎҲЛАТ. МЎҲЛАТИ ДАЪВО

БОБИ 9 МАФҲУМ, НАВЪҲО ВА ҲИСОБ КАРДАНИ МЎҲЛАТ

Моддаи 215. Муайян намудани мўҳлат

Мўҳлати дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё аҳд муқарраргардида ё аз ҷониби суд таъингардида бо санаи тақвим ё гузаштани давраи вақте муайян мегардад, ки бо сол, моҳ, ҳафта, рўз ё соат ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Мўҳлат мумкин аст бо ишора ба ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад, низ муайян карда мешавад.

Моддаи 216. Оғози мўҳлати бо давраи вақт муайянгардида

Ҷараёни мўҳлати бо давраи вақт муайянгардида дар рўзи дигари пас аз санаи тақвимӣ ё фаро расидани ҳодисае оғоз меёбад, ки бо он муайян шудаааст.

Моддаи 217. Хатми мўҳлати бо давраи вақт муайянгардида

1. Мўҳлате, ки бо солҳо ҳисоб карда мешавад, дар моҳу санаи дахлдори соли охири мўҳлат хотима меёбад.

Нисбати мўҳлате, ки ним сол муайян шудааст, қоидаҳои барои мўҳлати бо моҳҳо ҳисобшаванда истифода мешаванд.

2. Ба мўҳлате, ки бо семоҳаҳои сол ҳисоб карда мешавад, қоидаҳо барои мўҳлати бо моҳҳо ҳисобшаванда истифода бурда мешаванд. Дар айни замон ҳисоби семоҳа аз аввали сол шурўъ мешавад.

3. Мўҳлате, ки бо моҳҳо ҳисоб карда мешавад, дар санаи дахлдори моҳи охири мўҳлат хатм меёбад.

Мўҳлате, ки ним моҳ муайян шудааст, ҳамчун мўҳлати бо рўз ҳисобкардашаванда шуморида шуда, баробар ба понздаҳ рўз дониста мешавад.

Агар хатми мўҳлати бо моҳ ҳисобшаванда ба моҳе рост ояд, ки санаи дахлдор надорад, пас мўҳлат дар рўзи охирини ҳамин моҳ хотима меёбад.

4. Мўҳлате, ки бо ҳафта ҳисоб карда мешавад, дар рўзи дахлдори ҳафтаи охирини мўҳлат хотима меёбад.

Моддаи 218. Хатми мўҳлат дар рўзи ғайрикорӣ

Агар рўзи охирини мўҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, рўзи хатми мўҳлат рўзи наздиктарини кории баъди он фаро расида ба ҳисоб меравад.

Моддаи 219. Тартиби иҷрои амал дар рўзи охирини мўҳлат

1. Агар барои иҷрои ягон амал мўҳлат муайян шуда бошад, онро то соати бисту чори рўзи охирини мўҳлат анҷом додан мумкин аст.

Вале агар ин амал дар ягон ташкилот бояд анҷом дода шавад, пас мўҳлат дар ҳамон соате ба охир мерасад, ки иҷрои амали дахлдор дар ин ташкилот мутобиқи тартиби муқарраргардида катъ карда мешавад .

2. Аризаҳои хаттӣ ва огоҳиномаҳое, ки ба ташкилотҳои алоқа то соати бисту чори рўзи охирини мўҳлат супорида шудаанд, дар мўҳлати муайян супоридашуда ба ҳисоб мераванд.

БОБИ 10 МЎҲЛАТИ ДАЪВО

Моддаи 220. Мафҳуми мўҳлати даъво

1. Мўҳлати даъво мўҳлатест, ки дар давоми он талаби даъвои аз сабаби вайрон кардани ҳуқуқи шахс ё манфиати қонунан ҳифзшудааш ба миён омадааст, қонеъ карда шуданаш мумкин аст.

2. Мўҳлати даъво ва тартиби ҳисоби он тибқи қонун пешбинӣ гардида, онро бо шартномаи байни тарафҳо тағйир додан мумкин нест.

3. Асоси боздошт ё танаффуси мўҳлати даъворо ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муқаррар мекунанд.

Моддаи 221. Мўҳлати умумии даъво

Мўҳлати умумии даъво се сол муқаррар карда мешавад.

Моддаи 222. Мўҳлати махсуси даъво

1. Барои навъҳои алоҳидаи даъво қонун метавонад мўҳлатҳои махсуси даъвои нисбат ба мўҳлати умумӣ камтар ё бештарро муқаррар намояд.

2. Қоидаҳои моддаҳои 220, 223 – 230 ҳамин Кодекс агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин ба мўҳлатҳои махсус низ татбиқ мегардад.

Моддаи 223. Татбиқи мўҳлати даъво

1. Дархостро оиди ҳифзи ҳуқуқи вайронгардида сарфи назар аз гузашти мўҳлати даъво суд ҷиҳати баррасӣ қабул мекунад.

2. Мўҳлати даъворо суд танҳо тибқи аризаи тарафи иштирокчии баҳс, ки то қабул гардидани қарори суд арз шудааст, татбиқ менамояд.

Гузашти мўҳлати даъво, ки аз татбиқи он тарафи иштирокчии баҳс арз кардааст, барои радди даъво қарор қабул кардани суд асос шуда метавонад.

Бо гузашти мўҳлати даъво оид ба талаби асосӣ инчунин мўҳлати даъво оид ба талаби иловагӣ (дар бораи талаб карда гирифтани ноустуворона, оид ба масъулияти кафил ва ғайра) низ хотима меёбад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 224. Баҳисобгирӣ ва оғози ҷараёни мўҳлати даъво

1. Тартиби баҳисобгирии мўҳлати даъво мутобиқи қоидаҳои умумии баҳисобгирии мўҳлати даъво, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.

2. Ҷараёни мўҳлати даъво аз рўзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад. Истиснои ин қоидаро ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муқаррар мекунанд.

3. Мутобиқи ўҳдадориҳои дорои мўҳлати иҷро ҷараёни мўҳлати иҷрои даъво баъди хатми мўҳлати иҷро оғоз меёбад.

Мутобиқи ўҳдадориҳое, ки мўҳлати иҷрои онҳо муайян нашудааст ё бо лаҳзаи пасталабкунӣ муайян гардидааст, ҷараёни мўҳлати даъво аз лаҳзае оғоз меёбад, ки қарздиҳанда ҳуқуқи пешниҳоди талаботи иҷрои ўҳдадориро пайдо мекунад ва агар ба қарздор барои иҷрои чунин талаб мўҳлати имтиёзнок дода шавад, баҳисобгирии мўҳлати даъво пас аз хатми иҷрои мўҳлати мазкур оғоз меёбад.

4. Дар мавриди ўҳдадориҳои акс (регрессивӣ) ҷараёни мўҳлати даъво аз лаҳзаи иҷрои ўҳдадориҳои асосӣ оғоз меёбад.

Моддаи 225. Мўҳлати даъво ҳангоми иваз шудани шахс дар ўҳдадорӣ

Иваз шудани шахс дар ўҳдадорӣ боиси тағйир ёфтани мўҳлати даъво ва тартиби баҳисобгирии он шуда наметавонад.

Моддаи 226. Боздошти ҷараёни мўҳлати даъво

1. Ҷараёни мўҳлати даъво дар ҳолатҳои зайл боздошта мешаванд:

а) агар барои арзи даъво дар шароити мавҷуда ҳолатҳои фақулодда ё ногувор (нерўи бартараф карда нашаванда) халал расонида бошад;

б) агар даъвогар ё ҷавобгар дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда бошад, ки ба ҳолати низомӣ (ҳарбӣ) гузаронида шудааст;

в) дар ҳолати дар асоси қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани ба таъхир гузоштани мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ (мораторий);

г) ҳангоми боздошти амали қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои дахлдорро танзим менамояд;

д) агар шахси ғайри қобили амал намояндаи қонунӣ надошта бошад;

е) дар дигар ҳолатҳо, агар он бо қонунҳои махсус пешбинӣ гардида бошанд.

2. Ҷараёни мўҳлати даъво ба шарте боздошта мешавад, ки агар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда дар шаш моҳи охири мўҳлати даъво ба миён омадаанд ё идома доштанд ва агар ин мўҳлат ба шаш моҳ баробар ё аз шаш моҳ камтар бошад, дар ҷараёни мўҳлати даъво боздошта мешавад.

3. Аз рўзи хотима ёфтани ҳолате, ки барои боздошти мўҳлати даъво сабаб гардидааст, ҷараёни мўҳлати он идома меёбад. Қисми боқимондаи мўҳлат то шаш моҳ дароз карда мешавад ва агар мўҳлати даъво баробари шаш моҳ ё аз ин камтар бошад, он гоҳ то мўҳлати даъво дароз карда мешавад.

Моддаи 227. Канда шудани ҷараёни мўҳлати даъво

Ҷараёни мўҳлати даъво ҳангоми тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани даъво, инчунин ҳангоми аз ҷониби шахси ўҳдадор анҷом додани амале, ки оид ба эътирофи қарз ё дигар ўҳдадориҳо далолат мекунад, канда мешавад.

Пас аз канда шудани мўҳлати даъво ҷараёни он аз нав оғоз меёбад; вақте, ки то канда шудани мўҳлат гузаштааст, ба мўҳлати нав ҳисоб карда намешавад.

Моддаи 228. Ҷараёни мўҳлати даъво дар мавриди баррасӣ қарор надодани даъво

Агар суд даъворо бе муҳокима монда бошад, пас ҷараёни мўҳлати даъво, ки то арзи даъво оғоз ёфта буд, тибқи тартиби умумӣ идома меёбад.

Агар суд даъворо, ки ба парвандаи ҷиноятӣ арз шудааст, бидуни муҳокима монда бошад, пас ҷараёни мўҳлати даъво, ки то арзи даъво оғоз шуда буд, то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, ки мутобиқи он даъво мавриди муҳокима қарор нагирифтааст, боздошта мешавад; вақте, ки дар давоми он мўҳлати даъво боздошта шуда буд, ба мўҳлати даъво ҳисоб карда намешавад. Дар айни замон агар қисми боқимондаи мўҳлат камтар аз шаш моҳ бошад, он то шаш моҳ дароз карда мешавад.

Моддаи 229. Барқарор намудани мўҳлати даъво

1. Дар ҳолатҳое ки суд сабаби гузаронидани мўҳлати даъворо вобаста ба шахсияти даъвогар (бемории вазнин, ҳолати оҷизона, бесаводӣ ва ғайра) узрнок эътироф кунад, ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз гардад. Сабабҳои гузаронидани мўҳлати даъворо ҳангоме узрнок эътироф кардан мумкин аст, ки агар онҳо дар шаш моҳи охири мўҳлати даъво ҷой доштанд ва агар ин мўҳлат баробар ба шаш моҳ ё аз шаш моҳ камтар бошад, дар ҷараёни мўҳлати даъво.

2. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 230. Иҷрои ўҳдадорӣ пас аз гузашти мўҳлати даъво

Қарздор ё дигар шахси ўҳдадор, ки ўҳдадориашро баъди хатми мўҳлати даъво иҷро кардааст, ҳақ надорад ўҳдадории иҷрокардаашро пас талаб намояд, ҳарчанд дар лаҳзаи иҷро шахси мазкур аз гузашти мўҳлати даъво огоҳ набошад.

Моддаи 231. Талаботе, ки ба онҳо мўҳлати даъво татбиқ намегардад

Ба талаботи зерин мўҳлати даъво татбиқ намегардад:

а) талабот оид ба ҳимояи ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

б) талаботи амонатгузарон ба бонк оиди пардохти амонат;

в) талабот дар мавриди товони зиёне, ки ба ҳаёт ё саломатии шаҳрванд расонида шудааст. Аммо талаботе, ки бо гузашти се сол аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқ ба товони чунин зиён арз шудааст, барои мўҳлати гузашта, вале на бештар аз се соли аз рўзи арзи даъво қонеъ карда мешавад;

г) талаботи молик ё дигар соҳиби молу мулк оид ба рафъи ҳама гуна вайронкунии ҳуқуқи ў, ҳарчанд ин вайронкуниҳо бо маҳрум кардан аз соҳибият алоқаманд намебошанд (моддаи 325);

д) талаботи молик ё дигар ашхос дар бораи беэътибор донистани санади мақомоти идораи давлатӣ ва ҳокимиятӣ маҳаллӣ, ки ҳуқуқи шахси зикршударо ба соҳибият истифода ва ихтиёрдории амволи марбути онҳо вайрон мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

е) дигар талабот дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.

ФАСЛИ II ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ. ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ МОЛУ МУЛКӢ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

БОБИ 11 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 232. Мафҳум ва мазмуни ҳуқуқи моликият

1. Ҳуқуқи моликият ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба тибқи салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш мебошад.

2. Молик ҳуқуқ дорад молу мулки худро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд. Ҳуқуқи соҳибият аз имконияти ҳуқуқии таъминшударо ҳақиқатан татбиқ гардидани моликияти ҳуқуқи молу мулк иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳуқуқи истифодаи молу мулк имконияти қонунан аз молу мулк ба даст овардани хосиятҳои табиии фоиданоки он ва ҳамчунин аз он фоида гирифтан аст. Фоида метавонад ба тариқи даромад, афзоиши самар, насл ё шаклҳои дигар ба даст ояд.

Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ – ин имконияти аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таъминшудаи муайян намудани такдири ҳуқуқии молу мулк иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Молик ҳақ дорад мутобиқи салоҳдиди худ нисбати амволаш ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро ба дигар ашхос фурўшад, худ молик монаду ҳуқуқҳояшро дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк ба онҳо вогузорад, молу мулкро ба иҷора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Аз ҷониби молик татбиқ намудани ҳуқуқҳояш набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи дигар ашхосро вайрон кунад. Вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи молик метавонад ҳамзамон бо дигар шаклҳо дар сўиистифода аз вазъияти инҳисорӣ ва бартаридоштаи молик инъикос гардад.

Молик вазифадор аст барои пешгирии зиёни воқеие, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳояш ба саломатии шаҳрвандон ва муҳити атроф расида метавонад, тадбирҳо андешад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Ҳуқуқи моликият бемўҳлат мебошад. Ҳуқуқи моликияти молу мулк танҳо дар асоси пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҷбуран қатъ шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

6. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва ҳадди пешбининамудаи санади қонунӣ молик вазифадор аст ба дигар ашхос ихтиёран истифодаи маҳдуди амволи худро вогузорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 233. Масъулияти нигоҳдошти молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Молик, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, масъулияти нигоҳдошти молу мулки худро ба ўҳда дорад ва наметавонад якҷониба ин масъулиятро ба зимаи шахси сеюм вогузорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар молу мулк ҳақконӣ дар назди шахси сеюм қарор дошта бошад, пас хароҷоти онҳо барои нигоҳдошти молу мулки ғайр бояд аз ҷониби молик пардохта шавад, ба шарте ки дар шартнома ё қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ба шахсе, ки молу мулкро бевиҷдонона ё ғайриқонунӣ соҳибӣ кардааст, хароҷоти нигоҳдошти он пардохта намешавад (моддаи 324 ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 234. Таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба зимаи молик гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Таваккали тасодуфан нобудшавии тасодуфӣ ё ногаҳон вайрон шудани молу мулки бегона карда шуда, агар дар санади қонунӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳамзамон бо ҳуқуқдории моликият шудан ба харидор мегузарад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Агар шахси аз тасарруф бароваранда гунаҳкорона мўҳлати додани молу мулкро гузаронида бошад ё бадастоваранда гунаҳкорона мўҳлати қабули онро гузаронида бошад, таваккали тасодуфан нобуд ё вайрон шудани молу мулк ба зимаи тарафе гузошта мешавад, ки мўҳлатро гузаронидааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 235. Субъектҳои ҳуқуқи моликият

1. Субъекти ҳуқуқи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва коллективҳо, воҳидҳои марзию маъмурӣ, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар шахси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии молу мулк ва имконоти татбиқи ҳуқуқи моликияти ҳар як моликро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Қонун навъҳои амволеро, ки танҳо дар моликияти давлатӣ буда метавонанд, муайян менамояд.

Моддаи 236. Шаклҳои моликият

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) мавҷуд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, ба шарте, ки дар қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди шаклҳои мухталифи моликият шароити зарурии баробар фароҳам меоварад ва ҳимояи онҳоро таъмин мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 237. Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусӣ

1. Моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моликияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ, шакли махсуси моликияти хусусӣ аст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1178).

2. Ба моликияти хусусӣ метавонад ҳама гуна амвол, ба ғайр аз шаклҳои алоҳидаи амвол, ки мутобиқи санади қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Теъдод ва арзиши молу мулке, ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 238. Ҳуқуқи моликияти давлатӣ

1. Моликияти давлатӣ дар шакли моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ баромад мекунад.

2.Моликияти ҷумҳуриявӣ аз хазинаи ҷумҳуриявӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба шахси ҳуқуқии давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста карда шудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ, захираи тиллоию асъор ва хазинаи алмос, объектҳои моликияти истиснои (мутлақ)-и давлатӣ ва дигар амволи давлатӣ, ки ба шахси ҳуқуқии давлатӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Моликияти коммуналӣ аз хазинаи маҳаллӣ ва молу мулке, ки мутобиқи санади қонунӣ ба шахси ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда шудаанд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Маблағҳои амволи буҷети маҳаллӣ ва дигар амволи коммуналӣ, ки ба шахси ҳуқуқии коммуналӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи маҳаллиро ташкил медиҳанд.

4. Амволеро, ки таҳти моликияти давлат қарор дорад, ба шахси ҳуқуқии давлатӣ дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ вобаста кардан мумкин аст.

Моддаи 239. Моликияти истиснои давлатӣ

1. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот, дигар боигарии табиӣ моликияти истиснои давлатӣ мебошанд.

2. Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ба замин ва дигар захираҳои табииро ҳамин Кодекс, қонуни замин ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд.

Моддаи 240. Ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба манзил

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Хусусияти татбиқи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволиро ба манзил Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

Моддаи 241. Ҳуқуқи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуқи моликият инҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247):

а) ҳуқуқи истифодаи замин;

б) ҳуқуқи хоҷагидорӣ;

в) ҳуқуқи идораи оперативӣ;

г) дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳуқуқи истифодаи замин имконияти қонунии шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, яъне истифодабарандаи замин ҷиҳати истифодаи хосиятҳои фоидабахши он вобаста ба мақсади таъиноти он мебошад. Истифодабарандаи замин инчунин ба молики қитъаи замин, ки таҳти истифодааш мебошад, ҳуқуқ дорад.

Асос ва тартиби ҳуқуқдор шудан, тағйир ё қатъ ёфтани ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуқуқу ўҳдадориҳои истифодабарандагони замин, аз ҷумла ба шахси дигар вогузор кардани ҳуқуқи истифодаи заминро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

БОБИ 12 БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

Моддаи 242. Асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият

1. Ҳуқуқи моликиятро ба моли наве, ки шахс барои худ, бо риояи қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ тайёр кардааст ё сохтааст, аз ҷониби ҳамин шахс ба даст оварда мешавад.

Ҳуқуқи моликият ба самара, маҳсулот, даромадеро, ки аз истифодаи молу мулк ба даст омадааст, дар асоси моддаи 149 ҳамин Кодекс соҳиб шудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳуқуқи соҳибӣ ба амволеро, ки молик дорад, шахси дигар дар асоси шартномаи хариду фурўш, иваз, тўҳфа кардан ё дигар аҳдҳои аз ихтиёрдорӣ баровардани молу мулк ба даст оварданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар сурати фавти шаҳрванд ҳуқуқи моликият ба амволи ў тибқи васиятнома ё қонун чун мерос ба дигар ашхос мегузарад.

Дар сурати азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи моликият ба амволаш ба шахси ҳуқуқии он – ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда мегузарад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Бидуни ихтиёри молик таҳти ихтиёрдории дигар шахс қарор додани молу мулки ў ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс манъ аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

 Ҳуқуқи моликият ба молу мулке, ки ихтиёран (бо созиш) ё маҷбурӣ нисбати он рўёниш татбиқ шудааст, бо риояи талаботи қонун ба даст оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1657).

3. Шахс тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад ба молу мулке, ки соҳиб надорад, ба молу мулке, ки соҳибаш номаълум аст ё ба молу мулке, ки соҳибаш аз он даст кашидааст ё бо дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ҳуқуқи моликиятро аз даст додааст, ҳуқуқ пайдо кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Аъзои кооперативи манзил, сохтмону манзил, бўстонсаро, гараж ё дигар кооперативи ғайритиҷоратии дигар ашхосе, ки ба саҳмгузорӣ ҳақ дошта, саҳми худро барои манзил, бўстонсаро, гараж ё дигар бинои аз тарафи ҳамин кооператив ба онҳо ҷудокарда пурра пардохтаанд, ба амволи зикргардида ҳуқуқ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 243. Ба миён омадани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқули аз нав таъсисдодашаванда

Ҳуқуқи моликият ба бино, иншоот ва дигар амволи ғайриманқули аз нав таъсисёбанда, ки бояд аз қайди давлатӣ гузарад, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ ба миён меояд.

Моддаи 244. Коркард

1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи моликият ба амволи нави манқул, ки шахс бо роҳи коркард аз масолеҳи бегонабуда тайёр кардааст, аз тарафи соҳиби масолеҳ ба даст оварда мешавад.

Вале дар сурати аз арзиши масолеҳ хеле баланд будани арзиши коркард ҳуқуқи моликии ўро ба амволи нав шахсе пайдо мекунад, ки софдилона амал карда, коркардро ба манфиати худ анҷом додааст.

2. Агар дар созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, соҳиби масолеҳ, ки ба маҳсулоти аз он тайёркардашуда ҳуқуқи моликият пайдо кардааст, вазифадор аст арзиши коркардро ба шахси ин амалро анҷомдода пардозад, дар ҳолати ҳуқуқдор шудани шахс ба моли нав бошад, шахси коркардро анҷомдода вазифадор аст ба соҳиби масолеҳ арзиши онро пардозад.

3. Молики масолеҳ, ки дар натиҷаи амали бевиҷдононаи шахси коркардро анҷомдода аз он маҳрум шудааст, ҳақ дорад масолеҳи нав ва ҷуброни зиёни расидаро талаб намояд.

Моддаи 245. Соҳибӣ кардани моле, ки ҷамъоварии он дастраси умум мебошад

Дар ҳолатҳое ки мутобиқи қонун, бо иҷозати умумие, ки молик додааст ё мутобиқи анъанаҳои маҳаллӣ дар ҷангалзор, обанбор ё дигар минтақа ҷамъоварии ҳосили меваҷот, сайди моҳӣ, сайди ҳайвонот, ҷамъоварии дигар чизҳо дастраси умум ва дигар амал иҷозат дода шудааст, ҳуқуқи моликиятро ба моли дахлдор шахсе пайдо мекунад, ки онро ҷамъоварӣ ё шикор кардааст.

Моддаи 246. Сохтмони худсарона

1. Сохтмони худсарона – сохтмони хонаи истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар амволи ғайриманқуле мебошад, ки дар қитъаи замини мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бидуни гирифтани иҷозати зарурӣ ё ба таври назаррас вайрон кардани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд шудааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 22.07.2013 № 976).

2. Шахсе, ки сохтмони худсаронаро анҷом додааст, ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо намекунад. Ў ҳуқуқ надорад чунин биноро ихтиёрдорӣ кунад, тўҳфа намояд, ба иҷора супорад ва дигар аҳдҳоро анҷом диҳад.

Иморат бояд аз тарафи шахси онро сохта ё аз ҳисоби ў ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур, вайрон карда мешавад.

3. Ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷом дода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад.

Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии иншооти дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ҳуқуқи моликии ин шахс эътироф карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

Моддаи 247. Лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқи соҳибмулкии бадастоваранда тибқи шартнома

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҳуқуқи соҳибмулкии ашёи тибқи шартнома бадастовардашуда аз лаҳзаи додани он пайдо мешавад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

2. Агар шартнома оид ба бегона кардани молу мулкро ба қайди давлатӣ гирифтан даркор бошад, ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба бадастоварандаи он аз лаҳзаи бақайдгирии он ба вуҷуд меояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

 Моддаи 248. Супоридани ашёҳо

1. Супоридан, яъне ба бадастдароваранда додани ашёҳо, ҳамчунин ба боркашонанда супоридани ашёҳо барои фиристонидан ё ба ташкилоти алоқа барои бадастдароваранда ирсол додан, фиристонидани ашёҳои дур карда шуда бидуни ўҳдадории бурдарасонӣ эътироф карда мешавад.

Ашё аз лаҳзаи ҳақиқатан ворид шудан ба ихтиёри бадастдароваранда ё шахси таъин кардаи ў ба бадастдароваранда супурдашуда ҳисоб мегардад.

2. Агар дар лаҳзаи бастани шартнома оиди дур кардани ашёҳо он дар ихтиёри бадастдароваранда қарор дошта бошад, аз ҳамин лаҳза ашё ба ў супоридашуда эътироф мегардад.

3. Додани коносамент ё дигар ҳуҷҷати ихтиёрдорӣ намудани мол бо супоридани ашё баробар дониста мешавад.

Моддаи 249. Ашёи бесоҳиб

1. Ашёе, ки соҳиб надорад ё соҳибаш номаълум аст ё ашёе, ки соҳибаш аз моликии он даст кашидааст, бесоҳиб дониста мешавад.

2. Агар он мутобиқи қоидаҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба ашёе, ки аз он молик даст кашидааст (моддаи 250), дар бораи ёфтан (моддаҳои 251-252), дар бораи ҳайвоноти беназорат (моддаҳои 254-255) ва ганҷина (257) мустасно набошад, ҳуқуқи моликият ба амволи бесоҳиби манқул мумкин аст мутобиқи эътибор (амр)-и давомнокии мўҳлати ба даст овардани ашё (моддаи 258) пайдо карда шавад.

3. Ашёи ғайриманқули бесоҳиб аз ҷониби мақоме, ки амволи ғайриманқулро ба қайди давлатӣ мегирад, тибқи аризаи мақоми дахлдори давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Пас аз гузаштани ду сол аз рўзи ба ҳисоб гирифтани ашёи ғайриманқули бесоҳиб, мақоми ваколатдори идораи амволи давлатӣ метавонад ба суд бо талабот дар мавриди ба моликияти давлатӣ дохилшуда эътироф кардани ин ашё муроҷиат кунад.

Ашёи ғайриманқули бесоҳиб, ки бо қарори суд ба моликияти давлатӣ қабулгардида эътироф нашудааст, метавонад аз тарафи молики онро гузошта аз нав барои соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ қабул гардад ва ё тибқи эътибори давомнокии мўҳлати ба даст овардани ашё (моддаи 258) соҳибӣ карда шавад.

Моддаи 250. Ашёи манқуле, ки молик аз онҳо даст кашидааст

1. Ашёи манқуле, ки молик партофтааст ё ба тарзи дигар бо мақсади даст кашидан аз ҳуқуқи моликӣ ба онҳо вогузоштааст (ашёи партофташуда), шахси дигар метавонад мутобиқи тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур моликияти худ гардонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шахсе, ки молик ва истифодабарандаи қитъаи замин, обанбор ё дигар объект мебошад ва дар он ашёи партофташудаи дорои арзиши на камтар аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ин ки партовҳои партофташудаи металл, маҳсулоти нуқсондор, боқимондаҳои хўла, хоктўдаҳои кон ё партове, ки ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок ба вуҷуд омадаанд, партови истеҳсолот ё дигар партовҳо мавҷуд аст, ҳуқуқ дорад соҳибмулки ашё бошад, ба истифодаи он шурўъ намояд ё дигар амалро анҷом диҳад, ки аз табдилёбии ашё ба моликияти шахсӣ гувоҳӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 03.07.2012 № 850).

Агар мутобиқи аризаи шахс дигар ашёи партофташуда аз ҷониби суд бесоҳиб эътироф шуда бошад, он моликияти шахсии ашёро соҳибӣ карда мегардад.

Моддаи 251. Бозёфт

1. Шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст, вазифадор аст, шахси гумкардаи ашё ё дигар шахси ба ў шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани молро доранд, огоҳ созад ва ба ин шахс ашёро баргардонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар ашё дар бино ё нақлиёт ёфт шуда бошад, он бояд ба намояндаи соҳиби ин бино ё воситаи нақлиёт супурда шавад. Шахсе, ки ба ў ашёи ёфтшуда супурда шудааст, ҳуқуқ ва ўҳдадории шахси ашёёфтаро пайдо мекунад.

2. Агар шахсе, ки дорои ҳуқуқи талаб кардани ашёи ёфташударо дорад, номаълум ё маҳалли буду бошаш аниқ набошад, шахси ашёёфта вазифадор аст, ба милитсия ё мақоми дахлдори давлат хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Шахси ашёёфта ҳақ дорад, онро худаш нигоҳ дорад, барои нигоҳдошт ба милитсия ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё шахси муайяннамудаи онҳо супорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ашёи зуд вайроншаванда ё ашёеро, ки хароҷоти нигоҳдошташ нисбат ба арзиши он хеле гаронтар аст, шахси ашёёфта метавонад фурўшад ва оид ба маблағи фурўш далели хаттии тасдиқкунанда гирад. Маблағе, ки аз фурўши ашёи ёфташуда ба даст омадааст, бояд ба шахсе, ки ба гирифтани он ҳақ дорад, баргардонида шавад.

4. Шахси ашёёфта барои гум кардан ё иллатнок кардани ашё танҳо дар ҳолатҳои ғаразнок ё беэҳтиётии дағал ва ба андозаи арзиши ашё масъулият дорад.

Моддаи 252. Пайдо кардани ҳуқуқи моликӣ ба ашёи ёфташуда

1. Агар дар тўли шаш моҳи арз кардан ба милитсия ё мақоми дахлдори давлатӣ (қисми 2, моддаи 251) оиди ёфтани ашё шахси ба гирифтани ашё ҳақдошта муайян нагардад ва аз ҳуқуқи худ ба ашё ба шахси ашёро ёфта ё милитса ё мақоми дахлдор арз накунад, шахси ашёёфта ба он ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар шахси ашёёфта онро соҳибӣ кардан нахоҳад, он ба моликияти давлат мегузарад.

Моддаи 253. Ҷуброни хароҷоти бозёфт ва подоши ёбандаи ашё

1. Шахсе, ки ашёро ёфта ба шахси ба гирифтани он ваколатдор супоридааст, барои аз ў ва дар ҳолати ба моликияти давлат гузаштани ашё аз мақоми дахлдори давлатӣ ба ҷуброни хароҷоти зарурии вобаста ба нигоҳдошт, баргардонидан ё фурўши ашё, ҳамчунин ҷуброни хароҷоти ёфтани шахси ба гирифтани мол ваколатдор ҳақ дорад.

2. Шахси ашё ёфта ҳақ дорад аз шахсе, ки ба гирифтани ашё ваколатдор шудааст, барои бозёфт то андозаи бист фоизи арзиши ашё подош талаб кунад.

Агар ҳуҷҷат ё ашёи дигари ёфташуда танҳо барои шахси ба гирифтани он ваколатдор дорои арзиш бошад, андозаи подош тибқи созишномаи байни онҳо, дар ҳолати ба созиш наомадан – аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Агар шахси ба талаб карда гирифтани ашё ваколатдоршуда ба таври оммавӣ барои баргардонидани ашёи гумшуда мукофот эълон карда бошад, подош мутобиқи шарти ба таври оммавӣ эълоншуда пардохта мешавад.

Шахси ашёро ёфта ҳақ дорад, то лаҳзаи пардохти подош ба ғайр аз ҳуҷҷате, ки танҳо аз ҷониби шахси ба талаб карда гирифтани он ваколатдор истифода шуданаш мумкин аст, ашёи ёфтаашро нигоҳ дорад (моддаи 388).

Агар шахси ашёро ёфта аз бозьёфти он иттилоъ надода бошад ё барои пинҳон доштанаш кўшиш карда бошад, масъалаи ҳуқуқ ба подош ба миён намеояд.

Моддаи 254. Ҳайвоноти беназорат

1. Шахсе, ки ҳайвоноти беназорат ё бесоҳиб ё дигар ҳайвоноти хонагии бесоҳибро боздоштааст, вазифадор аст онҳоро ба соҳибаш баргардонад ва агар ҳайвонот соҳиб надошта бошад ё ҷои буду боши ў маълум набошад, дар давоми на дертар аз се рўзи боздошти онҳо ба милитсия ё мақоми дахлдори давлатӣ, ки барои кофтукови соҳибаш тадбирҳо меандешанд, иттилоъ диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Дар тўли кофтукови соҳиби ҳайвонот онро шахси боздоранда метавонад худаш нигоҳбонӣ кунад ва истифода барад ё барои нигоҳбонӣ ба дигар шахсе, ки барои ин шароити мусоид дорад, супорад. Мувофиқи хоҳиши шахсе, ки ҳайвоноти беназоратро боздоштааст, ҷустуҷўи шахси барои нигоҳдошти он шароити зарурӣ доштаро ва ба ў супоридани ҳайвонотро милитсия ё дигар мақоми дахлдори давлатӣ ҷустуҷў мекунад ва месупорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Шахсе, ки ҳайвоноти беназоратро боздоштааст ва шахсе, ки ба ў ин ҳайвонот барои нигоҳбонӣ ва истифода супорида шудааст, вазифадоранд онҳоро дуруст нигоҳбонӣ кунанд ва ҳангоми бо гуноҳи онҳо мурдан ва иллатнок шудани ҳайвонот арзиши онро ҳайвонотро медиҳанд.

Моддаи 255. Ба даст овардани ҳуқуқи моликӣ ба ҳайвоноти беназорат

1. Агар дар давоми шаш моҳи аз арз кардан аз боздошти ҳайвоноти беназорати хонагӣ соҳиби он пайдо нашавад ва аз ҳуқуқи худ ба онҳо арз накунад, ҳуқуқи молики ин ҳайвонот ба шахсе мегузарад, ки он таҳти нигоҳбонӣ ва истифодааш қарор дорад.

Дар сурати аз соҳибӣ даст кашидани шахсе, ки ҳайвонот таҳти нигоҳбониаш қарор дорад, он ба моликияти давлат мегузарад ва тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми дахлдори давлатӣ истифода мешавад.

2. Дар сурати баъди ба моликияти шахси дигар гузаштани ҳайвонот ҳозир шудани соҳиби аввалини онҳо молик ҳақ дорад, ҳангоми эҳсоси меҳри ҳайвонот нисбат ба ў ё огоҳ шудан аз муносибати бераҳмона ва бевиҷдононаи молики нав ба ҳайвонот дар асоси шартҳои дар созишномаи бо молики нав басташуда баргардонидани ҳайвонот ва агар ба мувофиқа нарасанд, аз тариқи суд баргардонидани онҳоро талаб кунад.

Моддаи 256. Ҷуброни хароҷоти нигоҳбонии ҳайвоноти беназорат ва подош барои онҳо

1. Дар сурати баргардонидани ҳайвоноти беназорати хонагӣ ба молик, шахсе, ки ҳайвонотро боздоштааст ва шахсе, ки ҳайвонот таҳти нигоҳбонӣ ва истифодааш қарор дошт, бо назардошти фоидаи аз истифодаи ҳайвонот ба дастоварда вобаста ба нигоҳбонии ҳайвонот ба ҷуброни хароҷоти зарурӣ аз ҷониби молик ҳақ доранд.

2. Шахсе, ки ҳайвоноти хонагии беназоратро боздоштааст, ҳақ дорад, мутобиқи муқаррароти қисми 2, моддаи 253 ҳамин Кодекс аз молики онҳо подош талаб намояд.

Моддаи 257. Ганҷина

1. Ганҷ яъне пул, ё чизу чораи қиматноке, ки ба замин гўр ё ба шакли дигар пинҳон карда шудаанд, ҳисоб карда мешавад. Дар сурати пайдо кардани он ё ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ аз тарафи истифодабарандаи қитъаи замин, соҳиби иморат ва ғайра, ки ба ў марбутанд ва инчунин ашхосе, ки ганҷ ва ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ёфтаанд, ўҳдадоранд ба давлат супоранд.

Дар айни замон истифодабарандаи қитъаи замин ё соҳибмулки молу мулке дигар, ки дар он ганҷина пинҳон карда шудааст ва шахсе, ки онро ёфтааст, ба гирифтани подош ба андозаи панҷоҳ фоизи арзиши он ҳуқуқ дорад. Подош байни онҳо мутобиқи созишномаи тарафҳо ва дар сурати ба мувофиқа наомаданашон аз тарафи суд тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шахсе, ки ганҷинаи ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ алоқамандро ёфтааст, ҳуқуқ дорад то пардохти подош ин молу мулкро нигоҳ дорад (моддаи 388) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 258. Давомнокии мўҳлати ба даст овардан

1. Шахс – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ, ки молики ашё намебошад, вале софдилона, кушоду озод ва ба таври давомдор ба мисли амволи худ амволи ғайриманқулро дар тўли понздаҳ сол соҳибӣ кардааст ё дигар молу мулкро дар тўли панҷ сол нигоҳ доштааст, ба ин ашё ҳуқуқи моликӣ пайдо мекунад. (Давомнокии мўҳлати ба даст овардан) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳуқуқи моликӣ ба ашёи ғайриманқул ё дигар ашёе, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи чунин бақайдгузорӣ аз ҷониби шахсе, ки ин молу мулкро ба ҳукми давомнокии ба даст овардан соҳиб шудааст, ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. То пайдо кардани ҳуқуқи моликӣ ба амволи бо ҳукми давомнокии мўҳлат бадастовардашуда шахсе, ки молу мулкро чун моликияти шахсӣ дар ихтиёр дошт, ҳуқуқ дорад, моликияти марбутаашро аз шахси сеюм, ки соҳиби молу мулк намебошанд, инчунин ба ин молу мулк ба ҳукми дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома ҳуқуқ надоранд, ҳифз намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Шахсе, ки бо мурури соҳибиаш ҳавола мекунад, метавонад ба мўҳлати соҳиби худ тамоми мўҳлати тасарруфи шахсеро, ки ў вориси ҳуқуқии он мебошад, низ ҳамроҳ кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Ҷараёни мўҳлати давомнокии ба даст овардан нисбат ба молу мулки дар назди шахси қарордошта, ки мутобиқи моддаҳои 322 ва 326 ҳамин Кодекс онҳоро аз соҳиби ў талаб карда гирифтанашон мумкин буд, аз лаҳзаи на барвақттар аз гузашти мўҳлати даъво мутобиқи талаботи дахлдор оғоз меёбад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

БОБИ 13 ҚАТЪИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

Моддаи 259. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи моликият

1. Ҳуқуқи моликият ҳангоми аз ҷониби  соҳибмулк ба шахси дигар додани молу мулк, рад кардани ҳуқуқи моликият аз ҷониби молик, нобуд ё вайрон шудани молу мулк ва аз даст додани ҳуқуқи моликият ба молу мулк ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санади қонунӣ қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Маҷбуран гирифтани амволи молик ба ғайр аз ҳолатҳои зайл манъ аст:

а) аз ҳисоби молу мулк ситонидани пардохт мутобиқи ўҳдадориҳои молик (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

б)  маҷбуран гирифтаии молу мулке, ки дар асоси санади қонунгузорӣ ба шахси мазкур тааллуқ надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

в) реквизитсия;

г) мусодира;

д) гирифтани амволи ғайриманқул вобаста ба кашида гирифтани қитъаи замин;

е) харидории сарватҳои фарҳангӣ ё таърихии бесарусомон нигоҳдошташаванда;

ж) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс.

3. Тибқи ҳолатҳо, шарт ва тартиби пешбининамудаи санади қонунӣ оид ба хусусигардонӣ, молу мулке, ки таҳти моликияти давлатӣ мебошанд, ба моликияти хусусии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Дар ҳолати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба моликияти давлатӣ гардонидани амволи хусусии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ (милликунонӣ) зиёни расида мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 260. Даст кашидан аз ҳуқуқи моликият

Шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ аз ҳуқуқи соҳибӣ намудани амволи худ бо эълон кардани ин ё бо амали дигар, ки аз ошкоро барканор гардидани ў аз соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк бидуни нияти нигоҳ доштани ягон ҳуқуқ ба молу мулк гувоҳӣ медиҳад, метавонад даст кашад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Даст кашидан аз моликӣ то лаҳзаи ба ин молу мулк ҳуқуқдор гаштани шахси дахлдор боиси қатъи ҳуқуқу ўҳдадориҳои молик нисбат ба амволи дахлдор намегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 261. Аз ҳисоби молу мулк ситонидани қарзи молик

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Қарзи молик, агар дар қонун ва шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар асоси қарори суд аз амволи ў рўёнида мешавад.

2. Ҳуқуқи молике, ки қарзаш аз амволи ў рўёнида мешавад, аз лаҳзаи ба ин молу мулк ҳуқуқдор гаштани шахси дигар, барҳам мехўрад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 262. Қатъи ҳуқуқи моликии шахс ба молу мулке, ки аз они ў буда наметавонад

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Агар дар асосҳои иҷозатдодаи қонун шахс соҳиби молу мулке шуда бошад, ки аз рўи қонун аз они ў буда наметавонад, ин молу мулк дар давоми як соли ҳуқуқдор гаштани ў ба молу мулк, агар қонун мўҳлати дигареро муқаррар накарда бошад,  бояд аз он даст кашад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар молик дар мўҳлати муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда аз молу мулк даст кашад, он бо назардошти хусусият ва таъиноташ бо қарори суд, ки мутобиқи аризаи дахлдори мақоми давлатӣ бароварда шудааст, бояд ба таври маҷбурӣ фурўхта, маблағи он ба молик дода шавад ё молу мулк ба моликияти давлат гузаронида арзиши муайяннамудаи суд ба молики аввал пардохта шавад. Дар ин сурат хароҷоти вобаста ба гирифтани молу мулк рўёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Агар таҳти моликияти шаҳрванд ё шахси юридикӣ дар асоси иҷозати қонун молу мулке қарор гирад, ки барои хариданаш иҷозати махсус зарур аст, вале барои додани он ба молик рад шудааст, ин молу мулк  мутобиқи тартиби барои молу мулк муқарраршуда, ки наметавонад ба молики мазкур тааллуқ дошта бошад, аз ў гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 263. Қатъи ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул бинобар гирифтани замин ва дигар захираҳои табиӣ

1. Ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул вобаста ба қарори мақоми давлатӣ, ки максади бевосита гирифтани молу мулкро аз молик надорад, аз ҷумла қарори гирифтани замин, ки дар он хонаи молик, дигар иморату иншоот ва дарахтзор воқеъ аст, танҳо тибқи ҳолати тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ қатъ гардида, ба молик амволи баробарарзиш дода, дигар хароҷоти ў ҷуброн карда ё тамоми зиёне ки вобаста ба қатъи ҳуқуқи моликиаш ба ў расидааст пурра баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳангоми норозӣ будани молик аз қароре, ки боиси қатъи ҳуқуқи моликиаш мегардад, он то замони бо тартиби судӣ яктарафа шудани бахс татбиқ карда намешавад. Ҳангоми баррасии баҳс инчунин ҳамаи масъалаҳои пардохтани товони зиёни расонидашуда ба молик ҳаллу фасл мегарданд.

3. Қоидаҳои моддаи мазкур мувофиқан ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул вобаста баҳалу фасли қарори мақоми давлатӣ дар мавриди гирифтани қитъаи кўҳӣ, қитъаҳои акваторӣ ва дигар қитъаҳо, ки дар он молу мулк воқеъ аст, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 264. Харидории сарватҳои фарҳангии бенизом нигоҳбонишуда

Агар молики сарватҳои фарҳангие, ки мутобиқи қонунҳо ба ҷумлаи сарватҳои хеле пурарзиш ва аз тарафи қонун ҳифзшуда дохил гардидаанд ин сарватҳоро бенизом нигоҳбонӣ кунад ва аз ин ба онҳо ҳавфи беаҳамият шудан таҳдид намояд, чунин сарватҳоро давлат тибқи қарори суд метавонад аз ў харида гирад ё дар савдои оммавӣ ба фурўш монад.

Ҳангоми харида гирифтани сарватҳои фарҳангӣ ба молик арзиши он ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ва дар сурати баҳс ба андозаи муайяннамудаи суд пардохта мешавад. Ҳангоми фурўш аз тариқи савдои оммавӣ ба фурўш рафтани онҳо ба молик ба ҷуз хароҷоти савдои оммавӣ тамоми маблағи боқимонда пардохта мешавад.

Моддаи 265. Нархгузории молу мулк ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Ҳангоми қатъи ҳуқуқи моликӣ молу мулк бо назардошти арзиши бозории он нархгузорӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 266. Реквизитсия

1. Дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, касалиҳои сироятӣ (эпидемия), муромурии ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои мустасно фавқулода молу мулк тибқи қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад аз молик мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонун ба манфиати ҷомеа реквизитсия карда ба ў арзиши молу мулк пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Оиди нархе, ки мутобиқи он ба молик арзиши амволи реквизитсияшуда пардохта мешавад, ба суд эътироз кардан мумкин аст.

3. Шахсе, ки амволи ў реквизитсия шудааст, ҳақ дорад, баъди қатъи ҳолат, ки вобаста ба он амволаш реквизитсия анҷом дода шуда буд, баргардонидани амволи осеб надидаашро талаб намояд ва дар ҳолати радди он ба суд муроҷиат кунад.

Моддаи 267. Мусодира

1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун амволи моликро мутобиқи қарори суд ҳамчун чораи ҷазо барои содир намудани гуноҳ ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мусодира кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, мусодираро тибқи тартиби маъмурӣ анҷом додан мумкин аст. Оид ба қарор дар мавриди мусодира, ки тибқи тартиби маъмурӣ қабул шудааст, ба суд эътироз кардан мумкин аст.

Моддаи 268. Милликунонӣ

Бо роҳи милликунонӣ аз моликии шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба моликияти давлат даровардани молу мулк танҳо дар асоси қонунҳои мутобиқи Конститутсия қабулгардида оид ба милликунонии ин молу мулк ва пардохти арзиши молу мулк ва ҷуброни дигар зиёне, ки вобаста ба миллӣ кунондан ба молик ворид гардидааст, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 269. Қатъи ҳуқуқи амвол, ки ба молик тааллуқ надорад

Ҳуқуқи молу мулкӣ, ки ба молик тааллуқ надоранд, мутобиқи тартиби муайяннамудаи қисмҳои 1, 2 моддаи 259 ҳамин Кодекс, инчунин бо қарори молик ва бо тартиби муқаррарнамудаи санади қонунӣ, оинномаи шахси ҳуқуқӣ ё шартномаи молик бо соҳиби молу мулк қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

БОБИ 14 Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 270.  Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 271.  Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 272.  Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 273.  Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

БОБИ 15 Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 274. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 275. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 276. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 277. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 278. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 279. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 280. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 281. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 282. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 283. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

БОБИ 16 Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 284. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 285. Хориҷ карда шуд   

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 286. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 287. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 288. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 289. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

2. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 290. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Моддаи 291. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

БОБИ 17 МОЛИКИЯТИ УМУМӢ ВА НАВЪҲОИ ОН

Моддаи 292. Мафҳум ва асосҳои пайдоиши моликияти умумӣ

1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ду ё якчанд шахс қарор дорад, ҳуқуқи моликияти умумии онҳо мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Молу мулк  метавонад бо муайян намудани саҳми ҳар яке аз молик ба ҳуқуқи моликият (моликияти ҳиссагӣ) ё бидуни муайян намудани чунин саҳм (моликияти якҷоя) таҳти моликияти умумӣ қарор гирад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Моликияти умумӣ ба молу мулк ҳиссагӣ мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун ба ин молу мулк ташкил намудани моликияти умумиро иҷозат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Молу мулк дар сурати моликияти ду ё чанд шахс шудани он бидуни тағйир додани таъинот тақсим кардани он имконнопазир аст (чизи тақсимнашаванда) ё аз рўи қонун онро тақсим кардан мумкин намебошад, умумӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Амволи тақсимшаванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома моликияти умумӣ мешавад.

5. Мутобиқи созишномаи иштирокчиёни моликияти якҷоя, дар сурати ба мувофиқа нарасидан бошад, бо қарори суд доир ба амволи умумӣ моликияти ҳиссагӣ доштани ин шахсан муқаррар кардан мумкин аст.

Моддаи 293. Муайян намудани ҳисса дар ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ

1. Агар андозаи ҳиссаи иштирокчиёни моликияти саҳмӣ дар асоси қонун муқаррар ва бо созишномаи ҳамаи иштирокчиёни он муайян нашуда бошад, ҳисса баробар ҳисобида мешавад.

2. Бо созишномаи байни ҳамаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ тартиби муқаррар кардан ва тағйир додани ҳиссаи ҳар кадоми онҳо дар ташкил, харидорӣ ва афзун гардонидани амволи умумӣ муайян кардан мумкин аст.

3. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ, ки аз ҳисоби худ, бо риояи тартиби муқарраргардидаи истифодаи моликияти умумӣ онро ба таври ҷудонашаванда беҳбуд бахшидааст, ба андозаи дахлдор зиёд кардани ҳиссаи худ ҳақ дорад.

Беҳбуди ҷудошавандаи амволи умумӣ, агар дар созишномаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба моликияти иштирокчие мегузарад, ки ин беҳбудиро анҷом додааст.

Моддаи 294. Ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ихтиёрдории амволи таҳти моликияти ҳиссагӣ қарордошта мутобиқи шартномаи байни ҳамаи иштирокчиёни он ба амал бароварда мешавад.

2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, мутобиқи салоҳдиди худ ҳиссаи худро фурўшад, тўҳфа намояд, васият кунад, ҳиссаи худро ба гарав монад ё бо риояи коидаҳои бамузд, ки моддаи 298 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, бегона кунад, ё бо тарзи дигар муносибат намояд.

Моддаи 295. Соҳибӣ ва истифода кардани молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад, тибқи созиши ҳамаи иштирокчиён ва дар сурати муяссар нагардидани созиш бо тартиби муайяннамудаи суд соҳибӣ ва истифода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, аз қисми амволи умумӣ ба андозаи ҳиссааш барои соҳибӣ ва истифода ба ихтиёраш вогузошта шудан ва дар ҳолати имконнопазирии он аз дигар иштирокчиён, ки ҳиссаи марбутаашро соҳибӣ ва истифода мебаранд, ҷубронпулии дахлдорро талаб намояд.

Моддаи 296. Самара, маҳсулот ва даромади истифодаи амволи моликияти ҳиссагии бадастомада

Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи амволи моликияти ҳиссагӣ ба таркиби амволи умумӣ дохил мешаванд. Тақсимоти баъдии самара, маҳсулот ва даромад байни иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ, агар созишномаи байни онҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, баробар ба андозаи саҳм сурат мегирад.

Моддаи 297. Хароҷоти нигаҳдошти амволи таҳти моликияти ҳиссагӣ қарордошта

1. Ҳар як иштирокчии моликияти ҳиссагӣ вазифадор аст ба андозаи ҳиссаи худ дар пардохти андоз, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳо оид ба амволи умумӣ, инчунин оид ба хароҷоти нигаҳдошт ва муҳофизати онҳо, агар дар қонун ё шартномаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иштирок намояд.

2. Хароҷоте, ки зарурӣ намебошанд ва аз ҷониби яке аз иштирокчиён бидуни ризоияти дигарон масраф шудааст, ба ҳисоби худи ў вогузошта мешавад. Баҳсҳое, ки зимни он ба миён меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 298. Ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳисса дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ

1. Ҳангоми фурўши ҳиссагӣ дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба шахси ғайр иштирокчиёни боқимондаи моликияти ҳиссагӣ барои харидани ҳиссаи фурўш мутобиқи нархе, ки он фурўхта мешавад ва дигар шартҳои баробар, ба ғайр аз фурўш дар савдои оммавӣ, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Савдои оммавӣ барои фурўши ҳисса дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ, ҳангоми розӣ набудани ҳамаи иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ метавонад дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2, моддаи 303 ҳамин Кодекс ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун доир карда шавад.

2. Фурўшандаи ҳисса вазифадор аст, дигар иштирокчиёни моликияти ҳиссагиро аз нияти худ, ки ҳиссаашро ба шахси ғайр фурўхтанист, хатти огоҳ сохта, нарх ва дигар шартҳои фурўшро ишора намояд. Агар дигар иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ аз харидорӣ даст кашанд ё ҳиссаи фурўхташавандаро дар доираи моликият ба амволи ғайриманқул дар давоми як моҳ ва дар муносибат бо дигар молу мулк дар давоми даҳ рўз аз лаҳзаи огоҳӣ ба даст наоранд, фурўшанда ҳақ дорад, ҳиссаи худро ба ҳар кадом шахсе фурўшад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҳангоми фурўши ҳисса бо вайрон кардани ҳуқуқи афзалиятнок ҳар кадом иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад, дар давоми се моҳ ба суд дар мавриди ба ў гузаронидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои харидор талабот арз намояд.

4. Қоидаҳои моддаи мазкур, инчунин ҳангоми ба каси дигар додани ҳисса аз рўи шартномаи мубодила низ татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 299. Лаҳзаи гузаштани ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба шахсе, ки онро тибқи шартнома харидааст

Агар дар шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ тибқи шартнома аз лаҳзаи бастани шартнома ба харидор мегузарад.

Лаҳзаи гузариши ҳиссаи ҳуқуқи моликияти умумӣ тибқи шартнома, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, мутобиқи қисми 2, моддаи 247 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

Моддаи 300. Тақсими амволи моликияти ҳиссагӣ ва аз он ҷудо намудани ҳисса

1. Молу мулке, ки таҳти моликияти ҳиссагӣ қарор дорад, мутобиқи шартнома байни иштирокчиёни он тақсим шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ҳақ дорад аз амволи умумӣ ҷудо кардани ҳиссаи худро талаб намояд.

3. Ҳангоми ба мувофиқа наомадани иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ оид ба усул ва шартҳои тақсими амволи умумӣ ё ҷудо кардани ҳиссаи яке аз онҳо иштирокчии амволи ҳиссагӣ ҳақ дорад дар шакли асл (натура) ҷудо кардани ҳиссаи худро аз тариқи суд талаб намояд.

Агар дар шакли асл (натура) ҷудо кардани ҳиссаро қонун иҷозат надиҳад ё аз сабаби расидани зиёни воқеии беандоза ба молу мулк имконнопазир бошад, молики ҷудошаванда ҳақ дорад, ки арзиши ҳиссаи ў аз ҷониби дигар иштирокчиёни моликияти ҳиссагӣ пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Фарқи арзиши молу мулке, ки дар шакли асл (натура) дар асоси ҳамин модда ба иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ба ивази ҳиссаи ў дар доираи ҳуқуқи моликияти ҳиссагӣ дода мешавад, бояд бо маблағи муайян пушонида ё бо роҳи дигар ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҷубронпулӣ ба иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ба ивази ҷудо кардани ҳисса дар шакли асл (натура) аз ҷониби дигар моликон бо додани розигии ў дода мешавад. Дар ҳолате ки ҳиссаи молик ночиз буда, онро ба таври воқеӣ дар асл ҷудо кардан имконнопазир аст, барои истифодаи амволи умумӣ дорои манфиати назаррас намебошад, суд метавонад бидуни розигии ин молик низ дигар иштирокчиёни моликияти ҳиссагиро вазифадор намояд, ки ҳаққи ўро ҷуброн кунанд.

5. Молик баъди гирифтани ҷубронпулӣ мутобиқи ҳамин модда ҳуқуқи худро ба ҳиссаи моликияти умумӣ гум мекунад.

Моддаи 301. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти моликияти якҷоя қарор дорад

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Иштирокчиёни моликияти якҷоя, агар дар шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, молу мулки умумиро аҳлона соҳибӣ ва истифода мекунанд.

2. Амволи таҳти моликияти якҷоя қарордошта бо розигии ҳамаи иштирокчиён, сарфи назар аз он ки кадоме аз иштирокчиён оиди ихтиёрдории молу мулк аҳдҳо анҷом додааст, ихтиёрдорӣ карда мешавад.

3. Ҳар як иштирокчии молу мулки якҷоя ҳақ дорад оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ, агар дар шартномаи ҳамаи иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аҳдҳоро анҷом диҳад. Аҳди ихтиёрдорӣ кардани молу мулки умумӣ, ки яке аз иштирокчиёни моликияти якҷоя анҷом додааст, метавонад бо талаби иштирокчиёни дигар бинобар ваколати зарурӣ надоштани иштирокчие, ки аҳдҳоро анҷом додааст, танҳо дар сурати исбот гардидани он, ки тарафи дигари аҳд медонист ё бояд пешакӣ аз ин огоҳ мебуд, ғайриқонунӣ ҳисобида шавад(моддаи 199).

4. Қисмҳои 1-3 ҳамин модда ҳангоме татбиқ мегарданд, ки агар Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо барои навъҳои алоҳидаи моликияти якҷоя тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд.

Моддаи 302. Тақсими амволи моликияти якҷоя ва аз он ҷудо намудани ҳисса

1. Молу мулки умумиро байни иштирокчиёни моликияти якҷоя тақсим кардан, инчунин аз он ҷудо кардани ҳиссаи яке аз онҳо бо шарте мумкин аст, ки пешакӣ ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ дар ҳуқуқ ба молу мулки умумӣ муайян карда шавад.

2. Ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ ва аз он ҷудо кардани ҳисса, агар бо қонун ё шартномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад.

3. Асос ва тартиби тақсими молу мулки умумӣ ва аз он ҷудо кардани ҳисса мутобиқи қоидаҳои муайяннамудаи моддаи 300 ҳамин Кодекс муқаррар мегардад, зеро барои намудҳои алоҳидаи моликияти умумӣ Кодекси мазкур, дигар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ накардаанд ва он аз моҳияти муносибати иштирокчиёни моликияти умумӣ барнамеояд.

Моддаи 303. Аз ҳиссаи саҳм дар молу мулки умумӣ нигаронидани рўёниш

1. Кредитори иштирокчии моликияти ҳиссагӣ ё умумӣ ҳангоми нокифоя будани дигар молу мулки он ҳақ дорад оиди ҷудо кардани ҳиссаи қарздор аз молу мулки умумӣ барои нигаронидани рўёниш аз он, талабот пешниҳод кунад.

2. Агар дар чунин ҳолатҳо ҷудо кардани ҳисса дар шакли асл (натура) ғайриимкон бошад ё аъзоёни дигари моликияти ҳиссагӣ ё умумӣ ба он эътироз кунанд, кредитор ҳақ дорад аз қарздор талаб намояд, ки ҳиссаи худро ба дигар иштирокчиёни моликияти умумӣ бо нархи баробар ба арзиши бозории ин саҳм фурўшад ва маблағи аз фурўш бадастомадаро барои адои қарз супорад.

Дар сурати аз харидани саҳми қарздор рад намудани аъзоёни дигари моликияти умумӣ кредитор ҳақ дорад тибқи тартиби судӣ талаб намояд, ки ба саҳми кредитор дар моликияти умумӣ рўёниш нигаронида шавад.

Моддаи 304. Моликияти умумии якҷояи зану шавҳар (ҳамсарон)

1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давоми ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, агар қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигари низоми ин молу мулкро муайян накарда бошад, моликияти умумии якҷояи онҳо ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Молу мулке, ки қабл аз никоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки яке аз онҳо ҳангоми никоҳ чун тўҳфа ё чун мерос гирифтааст, моликияти шахсии ў ба шумор меравад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Амволи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба ғайр аз ҷавоҳирот ва дигар асбобу анҷоми зебу зинат, ҳарчанд дар давраи заношўӣ аз ҳисоби маблағи умумии онҳо харидорӣ шудаанд, моликияти он ҳамсаре ба ҳисоб меравад, ки онро истифода бурдааст.

Молу мулки ҳар як ҳамсар, агар муайян карда шавад, ки дар давоми ҳамсарӣ аз ҳисоби молу мулки умумии онҳо ё молу мулки шахсии ҳамсари дигар маблағгузорӣ шудааст, ки арзиши онро хеле баланд кардааст (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва ғайра), моликияти умумии якҷояи онҳо эътироф карда шавад. Агар дар шартномаи байни зану шавҳар тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, ин қоида татбиқ намегардад.

3. Мутобиқи ўҳдадориҳои яке аз ҳамсарон ба молу мулке, ки дар моликияти ў мебошад, инчунин ба саҳми ў дар молу мулки умумии зану шавҳар, ки ҳангоми тақсим аз они ў шуданаш мумкин аст, рўёниш нигаронида мешавад.

4. Тартиби муайян намудани саҳми ҳамсарон дар молу мулки умумӣ ҳангоми тақсими он ва тартиби чунин тақсимотро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо муқаррар менамоянд.

Моддаи 305. Моликияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

1. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар доираи ҳуқуқи моликияти якҷояи аъзоёни он мебошад, агар тибқи қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

2. Ниҳолзори қитъаи замин, иморатҳои хоҷагӣ ва дигар иморат, иншоотҳои мелиоративӣ ва дигар иншоотҳо, ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, ки аз маблағи умумии аъзоёни он ба даст оварда шудааст, таҳти моликияти якҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба ҳисоб мераванд.

3. Самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба даст омадааст, молу мулки умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) буда, мутобиқи созишномаи байни онҳо истифода мегардад.

Моддаи 306. Тақсими молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

1. Ҳангоми қатъи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба хориҷ шудани ҳама аъзоёни он ё бо асосҳои дигар молу мулки умумӣ бояд тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 300 ва 302 ҳамин Кодекс тақсим карда шавад.

2. Воситаҳои истеҳсолот, ки марбути хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аст, ҳангоми аз хоҷагӣ хориҷ шудани яке аз узви он тақсим карда намешавад.

Шахсе, ки аз хоҷагӣ баромадааст, барои гирифтани ҷубронпулии баробар ба саҳми ў дар моликияти умумӣ ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад.

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар мутобиқи созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, саҳми аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳуқуқи моликияти якҷояи молу мулки чунин хоҷагӣ баробар ҳисобида мешавад.

Моддаи 307. Низоми ҳуқуқии молу мулк ҳангоми азнавташкилкунии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативӣ

1. Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонанд ширкати хоҷагидорӣ ё кооператив таъсис диҳанд. Чунин хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) азнавташкилшуда чун шахси ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки онро ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи қонун намебошанд, ба даст оварда шудааст, дар ҳуқуқи моликяти он мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 976).

2. Андозаи саҳми аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки иштирокчии ширкати хоҷагидорӣ ё узви кооператив мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 3 моддаи 306 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

БОБИ 18 ҲУҚУҚИ МАҲДУДИ МОЛУ МУЛК

1. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ
Моддаи 308. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ, ки ба он молу мулк ба ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад, ин молу мулкро дар доираи муайяннамудаи Кодекси мазкур соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 309. Объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ

Объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ, агар қонунҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ҳама гуна молу мулк буда метавонад.

Моддаи 310. Ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ

1. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулке, ки моликаш дар мавриди ба ихтиёри корхонаи қаблан таъсисёфтаи давлатӣ додани он қарор қабул кардааст, агар дар қонунҳо ё қарори молик тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби ин корхона, аз лаҳзаи ба баланси мустақимаш гузаронидани молу мулк пайдо мешавад.

2. Самара, махсулот ва даромад аз истифодаи молу мулк, ки корхона мутобиқи шартнома ё дар асосҳои дигар ба даст овардааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо барои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба хоҷагидории корхона дохил мешавад.

3. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулк бо асос ва тартиби пешбининамудаи қонунҳо барои қатъи ҳуқуқи моликият, инчунин дар ҳолати қонунан мусодира намудани молу мулкии корхона бо қарори молик қатъ мегардад.

Моддаи 311. Ҳуқуқи молик нисбати молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ қарор дошта

1. Молики молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ қарордошта, мутобиқи қонун масъалаҳои таъсиси корхона, муайян намудани мақсаду мароми фаъолияти он, азнавташкилкунӣ ва барҳам додани онро ҳал намуда, роҳбари корхонаро таъин менамояд, мутобиқи мақсад истифода ва ҳифз шудани молу мулки марбути корхонаро таҳти назорат мегирад.

2. Молик ба гирифтани як қисми фоида аз истифодаи амволи таҳти пешбурди хоҷагидории корхона қарордошта ҳуқуқ дорад.

Моддаи 312. Шартҳои амали гардонидани ҳуқуқҳои молу мулки корхонаи воҳиди давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Корхонаи воҳиди давлатӣ, ки дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ фаъолият мекунад, ҳақ надорад бидуни розигии молик ё мақоми давлатии аз ҷониби он ваколатдоршуда шаклҳои зерини фаъолияти соҳибкориро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247):

а) биною иншоот, таҷҳизот ва дигар фондҳои асосии корхонаро фурўшад ё ба ихтиёри дигар ашхос супорад, иваз намояд, ба иҷораи дарозмуддат (беш аз се сол), муваққатан ба истифодаи бепул диҳад;

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад рўйхати биною иншоот, таҷҳизот ва дигар фондҳои асосии корхонаҳои давлатиро, ки иҷораашон новобаста аз мўҳлати иҷора дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад, муайян намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 180);

б) филиалҳо ва корхонаҳои фаръӣ созад, якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак таъсис диҳад, сармояи истеҳсолӣ ва пулии худро дар онҳо гузорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

в) ба соҳибкорони хусусӣ қарз диҳад, ки фоизи он аз андозаи фоизи кредити тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон поинтар бошад.

2. Корхонаи воҳиди давлатӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, метавонад мустақилона молу мулки манқули дар асоси ҳуқуқи хоҷагидорӣ ба он вобаста шударо ихтиёрдорӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳуқуқи идораи оперативӣ
Моддаи 313. Ҳуқуқи идораи оперативӣ

1. Корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ, инчунин муассиса ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда дар доираи муайяннамудаи қонун, мутобиқи мақсади фаъолияти хеш супоришҳои молик ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи соҳибӣ истифода ва ихтиёрдориро доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Молики молу мулке, ки ба ихтиёри корхонаи давлатӣ ё муассиса дода шудааст, ҳақ дорад амволи зиёдатӣ, таҳти истифода қарор надошта ва ё мутобиқи мақсад истифоданашударо пас гирад ва мутобиқи салоҳдиди худ истифода барад.

Моддаи 314. Ихтиёрдории амволи корхонаи махсуси давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Корхонаи махсуси давлатӣ танҳо бо розигии молики ин молу мулк ҳақ дорад молу мулкро бегона кунад ё бо молу мулки марбутааш бо усули дигар муносибат кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Корхонаи махсуси давлатӣ маҳсулоти истеҳсолкардаашро, агар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошанд, мустақилона мефурўшад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Тартиби тақсими даромади корхонаи махсуси давлатро молики молу мулки он муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 315. Ихтиёрдории амволи муассиса

1. Муассиса ҳақ надорад амволи ба ихтиёраш гузошташуда ё аз ҳисоби маблағи мутобиқи харҷномаи (сметаи) барои хариданаш ҷудокардашударо, фурўшад, ё онро бо усули дигар соҳибӣ намояд.

2. Агар мутобиқи санади таъсисоти ба муассиса иҷозат дода шуда бошад, ки бо фаъолияти даромаднок машғул шавад, дар он сурат даромад ва амволи аз ин даромад бадастовардашуда пурра ба ихтиёри муассиса гузашта, дар баланси алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 316. Ба даст овардан ва қатъ намудани ҳуқуқи идораи оперативии молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ҳуқуқи идораи оператавии молу мулке, ки соҳибмулк онҳоро ба корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ ё муассиса вобаста намудааст, агар дар қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ё қарори соҳибмулк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз лаҳзаи ба ин корхона ё муассиса супоридани он ба миён меояд.

2. Самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи молу мулки таҳти идораи оперативӣ қарор дошта, инчунин молу мулке, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ ё муассиса мувофиқи шартнома ё дигар асосҳо ба даст овардааст, тибқи тартиби муайянкардаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба даст овардани моликият ба ҳуқуқи оперативии идоракунии корхона дохил мешавад.

3. Ҳуқуқи идораи оперативии молу мулк мутобиқи асос ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қатъ намудани ҳуқуқи моликият, инчунин дар ҳолатҳои бо қарори соҳибмулк ба таври қонунӣ пас гирифтани молу мулк аз корхонаи махсуси давлатӣ ё муассиса қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 317. Ҳуқуқи молик ба пас гирифтан ва азнавтақсимкунии молу мулке, ки ба идораи оперативӣ дода шудааст

Молике, ки молу мулки ба ихтиёри муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ додааст, ҳақ дорад онро пас гирад ё байни дигар шахси ҳуқуқии таъсисдодааш, агар дар санади қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо салоҳдиди худ аз нав тақсим кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 318. Ба молу мулки ба идораи оперативӣ додашуда нигаронидани рўёниш

1. Рўёниш аз молу мулке, ки таҳти идораи оперативии муассиса ё корхонаи махсуси давлатӣ қарор дорад, дар асоси тартиби умумӣ мутобиқи қонунҳо, агар ҳамин Кодекс ва санади қонунӣ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар муассиса аз фаъолияти хоҷагӣ даромад ба даст оварда бошад, рўёниш аз амволи вобастакардаи молик, ки таҳти идораи оперативӣ қарор дорад, пас аз ситонидани пардохт аз даромаде, ки аз фаъолияти хоҷагӣ гирифтааст ва молу мулке, ки аз ҳисоби даромад ба даст овардааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Муассиса ва корхонаи давлатӣ мутобиқи ўҳдадориҳояшон оиди маблағи дар ихтиёрашон қарордошта ҷавобгар мебошанд.

Дар сурати нокифоя будани маблағи муассиса ё корхонаи давлатӣ масъулияти ўҳдадориҳо ба зиммаи молики муассиса ё корхонаи давлатӣ гузошта мешавад.

Моддаи 319. Нигоҳ доштани ҳуқуқ ба молу мулк ҳангоми ба дигар молик гузаштани корхона ё муассиса

1. Ҳангоми чун комплекси молу мулкӣ гузоштани ҳуқуқи соҳибмулкии корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ ба соҳибмулкии дигари давлатӣ ё коммуналӣ, чунин корхона ҳуқуқи пешбурди хоҷагидориро ба молу мулки худ нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ҳангоми ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи моликият ба муассиса ин муассиса ҳуқуқи идораи оперативиро ба молу мулки худ нигоҳ медорад.

3. Ҳуқуқҳои дигари ашёӣ
Моддаи 320. Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ашё

Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ашё, инчунин дар натиҷаи ўҳдадориҳои шартномавӣ, ба монанди шартномаи кирои ашё, иҷора, қарз ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба миён меоянд.

БОБИ 19 ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ АШЁӢ

Моддаи 321. Эътирофи ҳуқуқи моликият

Молик ҳақ дорад эътирофи ҳуқуқи моликияташро талаб намояд.

Моддаи 322. Талаб карда гирифтани молу мулк аз ба дастоварандаи ғайриқонунӣ

Молик ҳуқуқ дорад аз ба дастоварандаи ғайриқонунӣ молу мулкашро талаб карда гирад.

Моддаи 323. Талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи бовиҷдон

1. Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва ба дастдароваранда аз ин огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист (бадастоварандаи бовиҷдон), ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ дода гум карда бошад ё аз яки онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар, бидуни ихтиёри онҳо аз тасарруфашон баромада бошад, молик ҳақ дорад онро аз бадастоваранда талаб карда гирад.

2. Агар молу мулк аз шахсе, ки ба бегона кардани он ҳуқуқ надошт, бе пул гирифта шуда бошад, молик дар ҳама ҳолат ба талаб карда гирифтани молу мулк ҳақ дорад.

3. Аз бадастдароварандаи бовиҷдон талаб карда гирифтани пул, инчунин қоғазҳои қиматноки манзурӣ мумкин нест.

Моддаи 324. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми баргардонидани молу мулк аз бадастдароварандаи ғайриқонунӣ

Ҳангоми талаб карда гирифтани молу мулк аз ба дастдароварандаи ғайриқонунии ғайр молик инчунин ҳақ дорад аз шахсе, ки медонист ё бояд медонист, ки соҳибии ў ғайриқонунӣ мебошад (ба дастдароварандаи бевиҷдон) баргардонидан ё ҷуброни ҳамаи даромадеро, ки ин шахс ба даст овардааст ё мебоист дар тамоми давраи соҳибиаш ба даст орад, талаб намояд; бадастдароварандаи бовиҷдон бошад, тамоми даромадеро, ки ў ба даст овардааст ё мебоист аз лаҳзае, ки ў огоҳ гардид ё мебоист аз соҳибияти ғайриқонуниаш ё дар мавриди даъвои молик дар мавриди баргардонидани молу мулк огоҳинома гирифта буд, талаб намояд.

Ба дастдароварандаи бовиҷдон дар навбати худ ҳақ дорад аз молик ҷуброни хароҷоти заруриашро нисбати молу мулк аз вақте, ки ба молик пардохтани даромад аз молу мулк ба ҳисоб рафтааст, талаб намояд.

Ба дастдароварандаи бовиҷдон инчунин ҳақ дорад беҳбудиҳои анҷомдодаашро, агар ҷудо карда гирифтан онҳо бидуни ворид намудани зиён ба молу мулк имконпазир бошад, дар ихтиёри худ нигоҳ дорад. Агар чунин тарзи ҷудо карда гирифтани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, соҳиби бовиҷдон ҳақ дорад ҷуброни хароҷоти барои беҳбудӣ масрафшударо, вале на бештар аз арзиши аз нархи зиёдкардашудаи молу мулк талаб намояд.

Моддаи 325. Ҳифзи ҳуқуқи молик аз вайронкуниҳое, ки ба маҳрум кардан аз соҳибӣ алоқаманд намебошанд

Молик метавонад рафъи ҳама гуна вайронкуниҳои ҳуқуқашро талаб намояд, ҳарчанд ин вайронкуниҳо ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи соҳибӣ алоқаманд намебошанд.

Моддаи 326. Ҳифзи ҳуқуқи соҳибе, ки молик намебошад

Ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 322-325 ҳамин Кодекс инчунин ба шахсе тааллуқ доранд, ки ҳарчанд молик набошад ҳам, дар асоси соҳибияти умрбоди меросӣ, пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативӣ ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома молу мулкро соҳибӣ мекунад.

Ин шахс ҳуқуқ дорад молу мулки дар ихтиёраш бударо аз молик низ ҳифз кунад.

Моддаи 327. Беэътибории санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи соҳибмулк ва дигар ҳуқуқҳои ашёиро вайрон мекунанд

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Агар дар натиҷаи аз ҷониби   мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё шахси мансабдор баровардани санади меъёрӣ ё инфиродӣ, ки ба қонунҳо мутобиқ нестанд ва ҳуқуқи молик ва дигар ашхосро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки марбутаашон вайрон мекунанд, чунин санад тибқи тартиби судӣ мутобиқи эътирози молик ё шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон шудааст, беэътибор дониста мешавад.

2. Товони зиёне, ки дар натиҷаи қабули чунин аснод ба молик расидааст, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бояд аз ҳисоби буҷети дахлдор пурра пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

ФАСЛИ III ҲУҚУҚИ ЎҲДАДОРӢ

ЗЕРФАСЛИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА ЎҲДАДОРИҲО

БОБИ 20 МАФҲУМ, АСОСҲОИ БА МИЁН ОМАДАНИ ЎҲДАДОРӢ ВА ТАРАФҲОИ ЎҲДАДОРӢ

Моддаи 328. Мафҳуми ўҳдадорӣ ва асосҳои ба миён омадани он

1. Аз рўи ўҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад. Масалан, амволашро ба ў диҳад, корро иҷро кунад, пул супорад ва ғайра ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд. Кредитор бошад, ҳақ дорад аз қарздор иҷрои ўҳдадориҳояшро талаб намояд.

2. Ўҳдадорӣ аз шартномаҳо, дар натиҷаи расонидани зарар ва дар асосҳои дигари дар санадҳои қонунӣ нишондодашуда, бармеояд.

Моддаи 329. Тарафҳои ўҳдадорӣ

1. Дар ўҳдадорӣ ба сифати ҳар кадом тарафи он – кредитор ё қарздорметавонанд як ё ҳамзамон якчанд шахс иштирок намоянд.

Талаботи кредитор ба яке аз ашхосе, ки дар ўҳдадорӣ аз ҷониби қарздор иштирок мекунад, ба монанди гузашти мўҳлати даъво мутобиқи талаб вобаста ба он шахс беэътибор аст, худ аз худ талаботи ў ба шахси дигар дахл надоранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар ҳар кадоме аз тарафҳо мутобиқи шартнома ба манфиати ҷониби дигар ўҳдадор бошанд, он тараф барояшон қарздори тарафи дигар ҳисобида шуда вазифадор аст ба манфиати тарафи дигар амале анҷом диҳад ва ҳамзамон кредитори он ҳисоб меёбад, ки ҳуқуқ дорад аз тарафи дигар талаб намояд.

3. Ўҳдадорӣ барои ашхосе, ки дар он ҳамчун тарафҳо иштирок надоранд (шахси сеюм) масъулияте ба вуҷуд намеоварад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ ё созишномаи тарафҳо ўҳдадорӣ метавонад барои шахси сеюм дар муносибат ба як ё ҳар ду тараф ҳуқуқи ўҳдадорӣ ба вуҷуд орад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Кредиторе, ки талаботи ў ба қарздор бо гарав, нигоҳ доштан ё дигар усулҳое, ки афзалиятро дар назди дигар кредиторон оид ба таъмини талаботи худ аз ҳисоби молу мулки муайяни қарздор ё шахсони сеюм медиҳад, таъмин шудааст, кредитори таъминшуда мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

БОБИ 21 ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО

Моддаи 330. Муқаррароти умумӣ

Ўҳдадориҳо бояд ба таври дахлдор мутобиқи шартҳои ўҳдадорӣ ва талаботи қонун, дигар санади ҳуқуқӣ иҷро карда шаванд ва ҳангоми набудани чунин шарт ва талабот мутобиқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи муқаррарии пешниҳодгардида анҷом дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 331. Номумкин будани радди яктарафаи иҷрои ўҳдадорӣ

Радди яктарафаи иҷрои ўҳдадорӣ ва яктарафа тағйир додани шартҳои он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома иҷозат дода намешавад. Радди яктарафаи иҷрои ўҳдадорӣ, ки ба ба амал баровардани фаъолияти соҳибкории тарафҳо алоқаманд аст, инчунин яктарафа тағйир додани шартҳои чунин ўҳдадорӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома, агар дар қонун ё моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода мешавад.

Моддаи 332. Иҷрои қисм ба қисми ўҳдадорӣ

Кредитор ҳақ дорад иҷрои қисм ба қисми ўҳдадориро қабул накунад, ба шарте ки дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ, шартҳои ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз анъанаҳои муомилоти корӣ ва ё аз моҳияти ўҳдадорӣ барнаояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 333. Иҷрои ўҳдадорӣ ба шахси матлуб

Агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ барнаояд, қарздор ҳангоми иҷрои ўҳдадорӣ ҳақ дорад дар мавриди он, ки ўҳдадориро маҳз кредитор ё шахси ваколатдори ў қабул мекунад, далел талаб намояд ва барои пешниҳод накардани чунин талабот таваккали оқибати онро ба ўҳда дорад.

Моддаи 334. Иҷрои ўҳдадорӣ аз ҷониби шахси сеюм

1. Агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шарти ўҳдадорӣ ё моҳияти он аз ҷониби қарздор вазифаи шахсан иҷро намудани ўҳдадорӣ барнаояд қарздор иҷрои ўҳдадориро ба зиммаи шахси сеюм вогузошта метавонад. Дар ин ҳолат кредитор иҷрои ўҳдадориро, ки ба ҷои қарздор шахси сеюм пешниҳод кардааст, бояд қабул кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шахси сеюм, таҳти хатари аз даст додани ҳуқуқи худ ба молу мулки қарздор (ҳуқуқи иҷора, гарав ва ғайра) бо сабаби талаб намудани рўёниш аз ҷониби кредитор аз ин молу мулк метавонад аз ҳисоби худ бидуни иҷозати қарздор талаби кредиторро қонеъ гардонад. Дар ин ҳолат мутобиқи моддаҳои 411-416 ҳамин Кодекс ҳуқуқи кредитор оид ба ўҳдадорӣ ба шахси сеюм мегузарад.

Моддаи 335. Мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ

1. Агар ўҳдадорӣ рўзи иҷро ё давраи мўҳлатеро, ки дар ҷараёни он ўҳдадорӣ бояд иҷро шавад, пешбинӣ намуда бошад ё имкон медиҳад, ки муайян карда шавад, ўҳдадорӣ бояд дар ҳамон рўз ё дар ҳар давраи ҳамон мўҳлат иҷро карда шавад.

2. Дар ҳолатҳое, ки ўҳдадорӣ мўҳлати иҷроро пешбинӣ накунад ва дар он шарти муайян кардани ин мўҳлат ғайриимкон бошад бояд дар мўҳлати оқилонаи баъди ба миён омадани ўҳдадорӣ, иҷро карда шавад.

Ўҳдадорие, ки дар мўҳлати муносиб иҷро карда нашудааст, ҳамчунин ўҳдадорие, ки мўҳлати иҷрои он бо лаҳзаи пасталабӣ муайян шудааст, агар дар мўҳлати дигар иҷро кардани ўҳдадорӣ аз қонун, санади ҳуқуқии дигар, шарти ўҳдадорӣ, анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ барнаояд, қарздор вазифадор аст дар давоми ҳафт рўз иҷрои ўҳдадориро талаб кардани кредитор иҷро намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 336. Талаби иҷрои мунтазам

Ўҳдадорие, ки иҷрояш дар мўҳлати тулонӣ пешбинӣ шудааст, агар дар қонунҳо ё шартҳои ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ барнаояд, бояд ба таври мунтазам, бо назардошти давраи барои иҷрои чунин ўҳдадорӣ мувофиқ (рўз, даҳа, моҳ, семоҳа ва ғайра) иҷро карда шаванд.

Моддаи 337. Иҷрои ўҳдадорӣ пеш аз мўҳлат

Агар дар қонун, санади дигари ҳуқуқӣ, ё шартҳои ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти он барнаояд, қарздор ҳақ дорад ўҳдадории худро то фаро расидани мўҳлат иҷро намояд. Вале иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадорӣ, ки бо фаъолияти соҳибкории тарафҳои он алоқаманд мебошад, танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки имконияти пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадориро қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шарти ўҳдадорӣ пешбинӣ намуда бошанд ё аз анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ бармеояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 338. Иттилоот оид ба ҷараёни иҷрои ўҳдадорӣ

Дар қонунҳо ё шартҳои ўҳдадорӣ вазифаи қарздор дар мавриди иҷрои ўҳдадорӣ ба кредитор ё шахси муайяннамудаи ў хабар додан мумкин аст, пешбинӣ карда шавад.

Моддаи 339. Ҷои иҷрои ўҳдадорӣ

1. Ўҳдадорӣ бояд дар ҷое, ки бо созишномаи тарафҳо муайян карда шудааст ё аз анъанаи муомилоти корӣ ё моҳияти ўҳдадорӣ бармеояд, иҷро карда шавад.

2. Агар ҷои иҷрои ўҳдадорӣ муайян нагардида бошад, он бояд ба тариқи зайл иҷро карда шавад:

а) аз рўи ўҳдадории додани амволи ғайриманқул – дар ҷои мавҷудияти амвол;

б) аз рўи ўҳдадории додани мол ё дигар молу мулке, ки интиқоли онро пешбинӣ мекунад – дар ҷои супоридани молу мулк ба боркашони якум ҷиҳати расонидани он ба кредитор (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

в) аз рўи дигар ўҳдадориҳои қарздор ҷиҳати додани мол ё дигар молу мулк – дар ҷои тайёр намудани он ё нигоҳдошти молу мулк, ба шарте, ки ин маҳал дар рўзи ўҳдадоршудан ба кредитор маълум бошад;

г) аз рўи ўҳдадории пулӣ – дар ҷои истиқомати кредитор ё агар кредитор шахси ҳуқуқӣ бошад, дар ҷои ҷойгиршавии он дар лаҳзаи ба миён омадани ўҳдадорӣ; агар кредитор то лаҳзаи иҷрои ўҳдадорӣ ҷои истиқомат ё буду бошашро иваз карда, қарздорро аз ин огоҳонида бошад, пас дар ҷои нави истиқомат ё буду боши кредитор ва аз ҳисоби кредитор баровардани ҳамаи хароҷоти вобаста ба ивази ҷои иҷро;

д) аз рўи ўҳдадориҳои дигар – дар ҷои зисти қарздор ва агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад – дар ҷои буду боши он.

Моддаи 340. Иҷрои ўҳдадориҳои пулӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Истифодаи асъори хориҷӣ, инчунин ҳуҷҷати пардохт бо асъори хориҷӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ўҳдадориҳо мувофиқи ҳолат, тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонун иҷозат дода мешавад.

2. Ўҳдадории пулӣ бояд бо пули миллӣ ифода ва пардохт карда шавад.

3. Дар ҳолати мавҷуд будани шубҳа оид ба маҳалли иҷрои ўҳдадории пулӣ, ўҳдадорӣ бояд дар маҳалли ҷойгиршавии кредитор (маҳали зисти шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ) ба иҷро расад.

4. Агар дар маҳал ё мамлакате, ки маблағ пардохта мешавад, кредитор суратҳисоби бонкӣ барои гузаронидани маблағ дошта бошад, қарздор ҳақ дорад дар мавриди эътироз надоштани кредитор ўҳдадории пулии худро бо роҳи ба ин суратҳисоб гузаронидани маблағ иҷро намояд.

5. Агар то фаро расидани мўҳлати пардохт арзиши (қурби) воҳидии пул боло рафта ё паст шуда ё ин ки асъор тағйир ёфта бошад, қарздор аз рўи нархе (қурбе) маблағро пардохт менамояд, ки ба мўҳлати ба вуҷуд омадани ўҳдадорӣ мувофиқ бошад, агар дар Кодекси мазкур ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ҳангоми дигар шудани асъор муносибатҳои мубодилавӣ бояд бо нархи (қурби) дар рўзи тағйирёбии асъор мавҷудбудаи воҳидҳои пулӣ анҷом дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 341. Зиёд кардани маблағе, ки барои таъминоти шаҳрванд пардохта мешавад

Маблағе, ки аз рўи ўҳдадории пулӣ бевосита барои таъмини шаҳрванд ҷиҳати ҷуброни зиёни ба ҳаёт ва саломатиаш расида пардохта мешавад, тибқи шартномаи таъминоти умрбод ва дигар ҳолатҳо бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳои муқаррарнамудаи қонун мутаносибан меафзояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 850).

Моддаи 342. Навбати пардохти талаб аз рўи ўҳдадории пулӣ

Маблағи пардохтшуда, ки барои иҷрои пурраи ўҳдадории пулӣ нокифоя мебошад, ҳангоми мавҷуд набудани созишномаи дигар, пеш аз ҳама барои пўшонидани хароҷоти кредитор оиди гирифтани иҷро, сипас барои пўшонидани маблағи асосии қарз, сипас – фоизи он равона карда мешавад.

Моддаи 343. Иҷрои ўҳдадории альтернативӣ

Қарздоре, ки вазифадор аст ба кредитор ин ё он молу мулкро  диҳад, аз ду ё якчанд амал якеро анҷом диҳад, агар аз қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шарти ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд, ҳуқуқи интихоб карданро дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 344. Иҷрои ўҳдадорие, ки дар он якчанд кредитор ё якчанд қарздор иштирок доранд

Агар дар ўҳдадорӣ якчанд кредитор ё якчанд қарздор иштирок намоянд, пас ҳар яке аз кредитор ҳақ дорад иҷрои ўҳдадориро талаб намояд ва ҳар кадоме аз қарздор вазифадор аст ўҳдадориро баробар ба саҳми дигарон ба андозае иҷро кунад, ки аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шарти ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 345. Ўҳдадориҳои муштарак

1. Ўҳдадории (ҷавобгарии) муштарак ё талаби муштарак ҳангоме ба миён меояд, ки агар ўҳдадории муштарак ё талаби муштарак дар созишнома ё дар қонун, аз ҷумла дар қисмати тақсимнопазирии мавзўи ўҳдадорӣ муқаррар шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

2. Ўҳдадории якчанд қарздор оид ба ўҳдадорие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд аст, ҳамчунин талаби якчанд кредиторон дар чунин ўҳдадорӣ, агар дар қонун, санади дигари меъёрӣ ё шартҳои ўҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ўҳдадории муштарак мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 346. Ҳуқуқи кредитор ҳангоми ўҳдадории муштарак

1. Ҳангоми ўҳдадории муштараки қарздорон кредитор ҳақ дорад иҷрои онро аз ҳамаи қарздорон дар якҷоягӣ ё аз ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ, аз ҷумла ба таври пурра ё оид ба як қисми қарз, талаб намояд.

2. Кредиторе, ки аз ҷониби яке аз қарздорони муштарак талаби худро пурра қонеъ накардааст, ҳақ дорад иҷрои қисми қонеънашударо аз дигар қарздорони муштарак талаб намояд. Қарздорони муштарак то лаҳзаи пурра иҷро намудани ўҳдадорӣ масъул боқӣ мемонанд.

Моддаи 347. Эътироз муқобили талаботи кредитор ҳангоми ўҳдадории муштарак

Дар ҳолати ўҳдадории муштарак қарздор ҳуқуқ надорад ба муқобили талаби кредитор, ки чунин муносибат байни дигар қарздорон бо кредитор асос ёфтааст ва қарздори мазкур дар он иштирок надорад, эътироз баён кунад.

Моддаи 348. Иҷрои ўҳдадории муштарак аз ҷониби яке аз қарздорон

1. Аз ҷониби яке аз қарздорон пурра иҷро намудани ўҳдадории муштарак қарздорони дигарро аз иҷрои ўҳдадорӣ дар назди кредитор озод мекунад.

2. Агар аз муносибати байни қарздорони муштарак тартиби дигаре барнаояд:

а) қарздоре, ки ўҳдадории муштаракро иҷро кардааст ҳақ дорад нисбат ба дигар қарздорон талаби пастдошт регрессӣ, бо ҳиссаи баробар, бо аз ҳисоб баровардани ҳиссаи худ, пешниҳод намояд.

б) қисми напардохтаи яке аз қарздорони муштарак ба қарздоре, ки ўҳдадории муштаракро иҷро кардааст, ба таври баробар ба зиммаи ҳамон қарздор ва қарздорони дигар гузошта мешавад.

3. Қоидаҳои ҳамин модда мутаносибан ҳангоми қатъи ўҳдадории муштарак бо баҳисобгирии даъвои мутақобилаи яке аз қарздорон татбиқ мегарданд.

Моддаи 349. Талаботи муштарак

1. Ҳангоми талаби муштарак ҳар кадоме аз кредиторони муштарак ҳақ дорад ба қарздор дар ҳаҷми пурра талаб пешниҳод кунад.

То пешниҳод гардидани талаб аз ҷониби яке аз кредиторони муштарак қарздор ҳақ дорад мутобиқи салоҳдиди худ ўҳдадории ҳар кадоме аз онҳоро иҷро кунад.

2. Қарздор ҳақ надорад ба муқобили талаби яке аз кредиторони муштарак, ки ба чунин муносибати қарздор бо дигар кредиторони муштарак асос ёфтааст ва дар он кредитори мазкур иштирок надорад, эътироз намояд.

3. Аз ҷониби қарздор пурра иҷро намудани ўҳдадории яке аз кредиторони муштарак ўро аз иҷрои ўҳдадории кредиторони боқимонда озод мекунад.

4. Кредитори муштарак, ки иҷрои ўҳдадории қарздорро қабул кардааст, вазифадор аст қарзи ба дигар кредиторон тааллуқдоштаро, агар аз муносибати байни онҳо тартиби дигаре барнаояд, ба андозаи баробар ҷуброн намояд.

Моддаи 350. Иҷрои ўҳдадориҳои иловагӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Мутобиқи санади қонунӣ ё шартҳои ўҳдадории байни кредитору қарздор пешбинӣ шуданаш мумкин аст, ки ҳангоми аз тарафи қарздори асосӣ қонеъ нанамудани талаби кредитор оид ба иҷрои ўҳдадорӣ, чунин талаби дар қисмати иҷронашуда ба қарздори дигар (қарздори иловагӣ) арз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 351. Тасдиқи иҷрои ўҳдадорӣ

1. Кредитор иҷрои ўҳдадориро қабул намуда, вазифадор аст бо талаби қарздор ба ў оид ба пурра ё қисман иҷро шудани ўҳдадори забонхат диҳад.

Агар қарздор ба кредитор барои тасдиқи ўҳдадорӣ ҳуҷҷати қарздориро дода бошад, пас кредитор иҷрои ўҳдадориро қабул намуда, бояд ҳуҷҷатро ба қарздор баргардонад. Ҳангоми имконнопазирии баргардонидани он кредитор вазифадор аст дар маврид дар забонхати додааш ба он ишора кунад.

Забонхатро бо сабт дар ҳуҷҷати қарздорӣ, ки ба қарздор баргардонида мешавад, иваз намудан мумкин аст.

2. Дар ихтиёри қарздор қарор доштани ҳуҷҷати қарздорӣ қатъи ўҳдадориро, то лаҳзаи исбот нагардидани тартиби дигар, тасдиқ мекунад.

3. Ҳангоми аз тарафи кредитор надодани забонхати иҷрои ўҳдадории анҷомдодашуда, баргардонидани ҳуҷҷат ё сабти имконнопазирии баргардонидани он дар забонхат қарздор ҳақ дорад иҷроро ба таъхир гузорад. Дар ин ҳолат кредитор мўҳлатро гузаронида ҳисобида мешавад.

Моддаи 352. Иҷрои ўҳдадорӣ бо усули ба депозит гузаронидани қарз

1. Қарздор ҳақ дорад пули қарз гирифтааш ё қоғазҳои қиматнокашро ба депозити нотариус ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи суд ба депозити суд гузаронад, ба шарте ки қарздор бо сабабҳои зайл ўҳдадориро иҷро карда натавонад:

а) агар дар маҳалле, ки ўҳдадорӣ иҷро мегардад, кредитор ё шахси ба қабули иҷрои ўҳдадорӣ ваколатдоршудаи он ҳузур надошта бошад;

б) ғайри қобили амал будани кредитор ва набудани намояндаи он;

в) баръало аён набудани он, ки кадом шахс оид ба ўҳдадорӣ кредитор мебошад, аз ҷумла вобаста ба баҳси байни кредитор ва дигар ашхос дар ҳамин маврид;

г) саркашӣ намудани кредитор аз қабули иҷрои ўҳдадорӣ ё ба тарзи дигар гузаронидани мўҳлат аз ҷониби он.

1. Ба депозити нотариус ё суд гузаронидани маблағ ё қоғазҳои қиматнок иҷрои ўҳдадорӣ ҳисобида мешавад.

Нотариус ё суде, ки ба депозиташон маблағи пулӣ ё қоғазҳои қиматнок гузаронида шудааст, дар ин ибора кредиторро огоҳ менамоянд.

Моддаи 353. Иҷрои мутақобилаи ўҳдадорӣ

1. Иҷрои мутақобила аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро намудани ўҳдадорие ба ҳисоб меравад, ки мутобиқи шартнома шарти иҷрои ўҳдадорӣ аз ҷониби тарафи дигар гузошта шудааст.

2. Дар ҳолати аз тарафи вазифадоршуда пешниҳод нагардидани иҷрои ўҳдадории шартшуда ё мавҷуд будани ўҳдадорие, ки ошкоро аз иҷро нашудани он дар мўҳлати муайян гувоҳӣ медиҳад, тарафи мутақобила иҷрои ўҳдадориро ба зимадошта ҳақ дорад иҷрои ўҳдадории худро боздорад ё аз иҷрои он даст кашад ва товони зиёнро талаб намояд.

Агар шарти иҷрои ўҳдадории дар шартнома зикршуда дар ҳаҷми пурра иҷро нашуда бошад, тарафи мутақобилаи иҷрои ўҳдадорӣ ба зимма дошта ҳақ дорад иҷрои ўҳдадориашро боздорад ё аз иҷрои қисми он рад кунад, ки баробар ба ҳаҷми иҷрои пешниҳоднашудаи он аст.

3. Агар иҷрои мутақобилаи ўҳдадорӣ ҷой дошта бошад, сарфи назар аз пешниҳод накардани шарти иҷрои ўҳдадории дар шартнома зикргардида аз тарафи дигар, тарафи дигар вазифадор аст чунин иҷрои ўҳдадориро пешниҳод кунад.

4. Агар дар шартнома ё қонун тартиби дигаре муайян нашуда бошад, қоидаҳои пешбининамудаи қисми 2 ва 3 ҳамин модда татбиқ карда мешавад.

БОБИ 22 ТАЪМИНИ ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 354. Усулҳои таъмини иҷрои ўҳдадорӣ

1. Иҷрои ўҳдадорӣ ба воситаи ноустуворона, гарав, нигоҳ доштани молу мулки қарздор, замонат, кафолати бонкӣ, байъона ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома таъмин карда шуданаш мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Беэътибории созишнома оид ба таъмини иҷрои ўҳдадорӣ боиси беэътибор гардидани ин ўҳдадорӣ (ўҳдадории асосӣ) шуда наметавонад.

3. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, беэътибори ўҳдадории асосӣ боиси беэътибор гардидани ўҳдадории таъминкунандаи он мегардад.

4. Дар ҳолати ба таъминот супоридани молу мулк аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуқуқро надошт, чунин таъминот нисбати ҳамин молу мулк:

а) қатъ мегардад, агар кредитор медонист ё мебоист донад, ки таъминот аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда пешниҳод шудааст. Дар баробари ин, кредитор пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба гирифтани чунин молу мулк ҳуқуқи талаб кардани иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадориҳо ва ё иваз кардани мавзўи таъминотро дорад;

б) то иҷрои ўҳдадории таъминшуда нигоҳ дошта мешавад, агар кредитор намедонист ё намебоист донад, ки молу мулк аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда (кредитори бовиҷдон) пешниҳод шудааст. Дар ин маврид молик дар назди кредитор танҳо бо молу мулки зикршуда ҷавоб медиҳад.

Дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси дигар ба молу мулк барои бовиҷдон эътироф кардани кредитор асос дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ додааст, гум карда бошад ё аз яке аз онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар бе ихтиёри онҳо аз соҳибиашон баромада бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2.НОУСТУВОРОНА

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247) 

Моддаи 355. Мафҳуми ноустуворона

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Ноустуворона (ҷарима, пеня) маблағе мебошад, ки тибқи қонун ё шартнома муайян гардидааст ва қарздор вазифадор аст ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ, аз ҷумла дар ҳолати гузаронидани мўҳлати иҷро, онро ба кредитор пардозад. Тибқи талаби пардохти ноустуворона кредитор ба исботи зиёни ба ў расонидашуда вазифадор намебошад.

2. Андозаи ноустуворона дар маблағи пули аниқ ё дар фоиз ба маблағи иҷрокарданашуда ё ин ки ба таври номатлуб иҷрокардашуда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 356. Шакли созишнома оид ба ноустуворона

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Созишнома оиди ба ноустуворон сарфи назар аз шакли ўҳдадории асосӣ, бояд ба тарзи хаттӣ баста шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Риоя накардани ин талаб боиси ғайриқонунӣ шудани созишнома оид ба ноустуворона мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 357. Ноустуворонаи қонунӣ

1. Кредитор ҳақ дорад пардохти ноустуворонаи муайяннамудаи қонун (ноустуворонаи қонунӣ) -ро сарфи назар аз он ки дар созишнома ўҳдадории пардохти он пешбинӣ шудааст ё на, талаб намояд.

2.Андозаи ноустуворонаи қонунӣ, агар қонун онро манъ накунад, бо созишномаи тарафҳо зиёд карда шуданаш мумкин аст.

Моддаи 358. Кам кардани ноустуворона

Агар ноустуворонаи пардохтшаванда ошкоро ба оқибати вайрон кардани ўҳдадорӣ баробар набошад, суд ҳақ дорад ноустуворонаро кам кунад.

Қоидаҳои ҳамин модда ба ҳуқуқи қарздор ҷиҳати кам кардани андозаи масъулияти ў дар асоси моддаи 435 ҳамин Кодекс ва ҳуқуқи кредитор барои рўёнидани товони зиён дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 424 ҳамин Кодекс дахл надоранд.

3. ГАРАВ
Моддаи 359. Мафҳум ва асосҳои ба миён омадани гарав

1. Гарав – усули таъмини иҷрои ўҳдадорӣ, ки тибқи он кредитор дар ўҳдадории бо гарав таъминшуда (гаравгир) ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро нашудани чунин ўҳдадорӣ, барои қонеъ намудани талаботаш, аз арзиши молу мулки ба гаравгузоштаи шахсе, ки ин молу мулк ба ў тааллуқ дорад (гаравдеҳ) нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнокро доро мебошад, ба истиснои ҳолатҳои дар қонун муқарраршуда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Ба гарав гузоштани  корхона, бино, иншоот, манзил (квартира ва дигар молу мулки ғайри манқул (ипотека) бо қонуни ипотека танзим карда мешавад. Қоидаҳои умумӣ оид ба гарав, ки дар ҳамин Кодекс зикр шудаанд, дар ҳолате татбиқ карда мешаванд, ки дар ҳамин Кодекс ё қонун дар бораи ипотека ва инчунин қоидаҳои дигаре муқаррар нагардида бошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Гарав дар асоси шартнома ба миён меояд. Гарав инчунин дар асоси қонун, ҳангоми фарорасидани ҳолатҳои муайяннамудаи он ба миён меояд, ба шарте ки агар дар қонун пешбинӣ гардида бошад, ки кадом молу мулк ва барои таъмини иҷрои кадом ўҳдадорӣ ба гарав монда шудани он пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Қоидаҳои ҳамин Кодекс оид ба гарав, ки дар асоси шартнома ба миён меоянд, мувофиқан нисбат ба гараве татбиқ мегардад, ки дар асоси қонун ба миён омадааст, ба шарте ки дар қонун тартиби дигаре муайян нашуда бошад.

Моддаи 360. Мавзўи гарав

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

1. Мавзўи гарав ҳама гуна молу мулк, аз ҷумла мол ва ҳуқуқи молу мулкӣ (талабот), ба истиснои молу мулке, ки аз муомилот барварда шудаанд (қисми 2 моддаи 141 ҳамин Кодекс) талаботе, ки бо шахсияти қарздор сахт алоқаманд аст, аз ҷумла талабот оид ба алимент, товони зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст ва дигар ҳуқуқҳое буда метавонад, ки гузашт кардани онҳо ба дигар ашхос тибқи санади қонунӣ манъ шудааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

2. Ҳуқуқи гаравро бо шартнома ба молу мулке, ки минбаъд ба моликияти гаравдеҳ ё хоҷагидории ў ворид мешавад, низ татбиқ кардан мумкин аст.

3. Гарави навъҳои алоҳидаи молу мулк, аз ҷумла молу мулки шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби он ситонидан иҷозат дода намешавад, тибқи санади қонунӣ манъ ё маҳдуд карда шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 85).

5. Гарави қоғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳомӣ, аз ҷумла бонкҳо, дигар субъектҳои хоҷагӣ бо назардошти санади қонунӣ оид ба қоғазҳои қиматнок дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 361. Талаботе, ки бо гарав таъмин карда мешавад

1. Агар дар шартнома ё санади қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, гарав талаботро танҳо дар ҳаҷме таъмин мекунад, ки он дар лаҳзаи воқеан қонеъ намудани он мавҷуд аст, аз ҷумла фоизҳо, ҷуброни зиёне, ки аз гузаронидани мўҳлат расидааст, ноустуворона (ҷарима, пеня), хароҷоти зарурӣ барои нигаҳдошти молу мулки ба гарав гузошта шуда, инчунин товони зиёне, ки ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Гарав нисбати талаботе, ки метавонад дар оянда пеш ояд муқаррар шуданаш мумкин аст, ба шарте, ки тарафҳо оиди андозаи ба гарав таъмин намудани чунин ўҳдадорӣ ба мувофиқа расанд.

Моддаи 362. Навъҳои гарав

1. Гарав мумкин аст дар навъҳои ипотека, гарави додашуда (заклад), гарави ҳуқуқ, гарави воситаҳои пулӣ ва гарави молу мулк дар гаравхона (ломбард) баромад намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Ипотека – навъи гаравест, ки молу мулки ба гарав гузошташуда тасарруфӣ ва истифодаи гаравдеҳ ё шахси сеюм боқӣ мемонад.

Мавзўи ипотека корхонаҳо, иморатҳо, бино, иншоот, манзил (квартира)-ҳои дар биноҳои бисёрҳўҷрагӣ,  объектҳои кайҳонӣ, ва дигар молу мулкие, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудааст, буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

Самараи ҷудошаванда танҳо дар ҳолатҳое мавзўи ипотека буда метавонад, ки он аз лаҳзаи ҷудо намудан объекти ҳуқуқии шахси сеюм нагардад. Ипотекаи корхона, иморат, бино, иншоот, манзил (квартира)-ҳои дар бинои бисёрҳўҷра, воситаҳои нақлиёт ва объектҳои кайҳонӣ бояд дар мақомоти дахлдор объектҳо ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

3. Гарави додашуда (заклад) – навъи гараве мебошад, ки ҳангоми он молу мулки ба гарав гузошташуда аз ҷониби гаравдеҳ ба соҳибии гаравгир дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Бо розигии гаравгир мавзўи гарав метавонад дар ихтиёри гаравдеҳ таҳти қулф ва мўҳри гаравгир вогузошта шавад. Мавзўи гаравро дар ихтиёри гаравдеҳ бо сабти аломате, ки таҳти гарав будани онро тасдиқ мекунад (гарави устувор) вогузоштан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

4. Ҳангоми гарави ҳуқуқ мавзўи гарав ҳуқуқи молу мулкие мебошад, ки метавонад аз соҳибӣ бароварда шавад, аз ҷумла ҳуқуқи иҷораи корхона, иморат, бино, иншоот, ҳуқуқи саҳм дар молу мулки ширкати хоҷагидорӣ, талаби қарзӣ, ҳуқуқҳои молу мулкии муаллифӣ, ихтироъкорӣ ва дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳуқуқи ба мўҳлат танҳо то лаҳзаи гузаштани мўҳлати амали он мавзўи гарав буда метавонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Агар ҳуқуқи ба гарав гузошташуда бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шавад, шартномаи гарав мумкин аст бо додани ҳуҷҷати муқарраркунандаи ҳуқуқ ба расмият дароварда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

5. Ҳангоми ба гарав гузоштани ҳуқуқи молу мулке, ки бо қоғази қиматнок тасдиқ карда шудааст, он ба гаравгир супурда мешавад ё агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба депозити бонк ё идораи нотариалӣ гузаронда мешавад.

6. Гарави маблағҳои пулӣ бо роҳи ба соҳибии гаравгир додани онҳо сурат мегирад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 363. Гарави молу мулке, ки таҳти моликияти умумӣ қарор дорад

Молу мулке, ки моликияти умумӣ мебошад, танҳо бо розигии ҳамаи моликон ба гарав гузошта шуданаш мумкин аст. Ҳуқуқ ба ҳисса дар молу мулки умумӣ метавонад мавзўи мустақили гарав бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 364. Гаравдеҳ

1. Гаравдеҳ метавонад ҳам худи қарздор ва ҳам шахси сеюм бошад.

2. Гаравдеҳи ашё молики он ё шахсе буда метавонанд, ки ҳуқуқи хоҷагидории ашёро дорад.

Шахсе, ки ашё тибқи ҳуқуқи хоҷагидорӣ ба ў тааллуқ дорад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 312 ҳамин Кодекс ҳақ дорад онро бидуни розигии молик ба гарав гузорад.

3. Ба гаравдеҳи ҳуқуқ шахсе буда метавонад, ки ҳуқуқи ба гарав гузоранда ба ў тааллуқ дорад.

Ба гарав гузоштани ҳуқуқи иҷора ё дигар ҳуқуқ ба молу мулки бегона бидуни иҷозати молики он ё шахсе, ки ҳуқуқи хоҷагидориро дорад, роҳ дода намешавад, агар дар қонун ё шартнома бегона кардани ин ҳуқуқ бе розигии ин ашхос манъ карда шуда бошад.

Моддаи 365. Гаравгир

Мутобиқи ҳамин Кодекс, ки муносибати гаравро танзим менамояд, ҳам шаҳрвандон ва ҳам шахси ҳуқуқӣ гаравгир буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 366. Суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташуда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Мутобиқи шартнома ё қонун вазифаи суғурта кардани молу мулки ба гарав гузошташударо ба зиммаи шахсони зерин вогузоштан мумкин аст:

– ба зиммаи гаравгир ба шарте, ки молу мулки ба гарав гузошташуда ба ихтиёраш дода шуда бошад;

– ба зиммаи гаравдеҳ ба шарте, ки молу мулки ба гарав гузошташуда таҳти истифодаи ў қарор дошта бошад.

2. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдеҳ вазифаи суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташударо вогузорад, гарав ба ҳама гуна ҳуқуқи гаравдеҳ аз рўи ҳамин суғуртанома паҳн мегардад ва нигоҳдорандаи гарав барои қонеъ гардонидани талаботи таъминшудааш аз ҳама гуна маблағи минбаъдаи руёнидани суғурта, новобаста ба суғуртакунанда ва бе розигии гаравдеҳ ҳуқуқи имтиёзнок дорад.

3. Ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғурта ҳуқуқи талабкунӣ аз рўи шартномаи суғуртаи молу мулки ба гаравгузоштаи гаравдеҳ танҳо дар сурати аз ҳуқуқи худ мутобиқи қисми 2 ҳамин модда даст кашидани гарвагир ба миён меояд.

Агар маблағи пардохти суғурта аз маблағи ўҳдадорие, ки бо гарав таъмин гардидааст, бештар бошад, нигоҳдорандаи гарав ўҳдадор аст дар давоми се рўзи бонкӣ аз лаҳзаи гирифтани он фарқияти маблағро ба ҳисоби гаравдеҳ гузаронад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 367. Гарави насупоридан ва супоридани молу мулк ба гаравгир

1. Молу мулки ба гарав гузошташуда, дар назди гаравдеҳ боқи мемонад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 85).

Молу мулке, ки таҳти ипотека қарор дорад, ба гаравгир дода намешавад.

2. Мавзўи ба гарав гузошташуда мумкин аст дар назди гаравдеҳ бояд зери қулф ва мўҳри гаравгир вогузошта шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Мавзўи ба гарав гузошташударо метавон дар назди гаравгир бо сабти нишона гузошт, ки ба гарав гузоштани молу мулк далолат мекунад (гарави қатъӣ) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

3. Мавзўи гарав, ки аз тарафи гаравдеҳ муваққатан барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм дода шудааст, дар назди гаравдеҳ қарордошта ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

4. Мавзўи гарав метавонад аз ҷониби гаравгир муваққатан барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм дода шавад. Дар ин маврид мавзўи гарав дар назди гаравгир қарордошта ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

5. Ҳангоми ба гарав гузоштани ҳуқуқи молу мулке, ки бо қоғази қиматнок собит шудааст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба гаравгир ё депозити нотариус дода мешавад.

Моддаи 368. Шартномаи гарав, шакл ва бақайдгирии он

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Дар шартномаи гарав бояд мавзўи гарав, моҳият, андоза ва мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, баён гардад. Дар он инчунин бояд ифода гардад, ки молу мулки ба гарав гузошташуда дар назди кадоме аз тарафҳо қарор дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Шартномаҳои омехтае, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 453 Кодекси мазкур баста шудаанд ва унсурҳои шартномаи гаравро дар бар гирифтаанд, бояд ба талаботи моддаи мазкур мувофиқат намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Шартнома оид ба ипотека, инчунин шартнома дар бораи гарави молу мулки манқул ё ҳуқуқ ба молу мулк ҷиҳати таъмини ўҳдадорӣ аз рўи шартнома, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ шуданаш зарур аст, бояд аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

3. Шартномаи ипотека бояд мутобиқи тартиби ба қайд гирифтани аҳдҳои барои молу мулки дахлдор муқарраргардида ба қайд гирифта шавад. Тартиби ба қайд гирифтани гарави молу мулки манқулро қонун муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Риоя накардани қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикршуда шартномаи гаравро беэътибор мегардонад.

Моддаи 369. Молу мулке, ки ба он ҳуқуқи гаравгир паҳн мегардад

1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи гаравгир (ҳуқуқи гарав) ба ашёе, ки мавзўи гарав қарор дорад, ба марбутияти он паҳн мегардад, агар дар шартнома тарзи дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Ҳуқуқи гарав ба самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст оварда шудааст, татбиқ мегардад, агар шартнома ҳолатҳои дигареро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Ҳангоми ипотекаи корхона ё дигар комплекси молу мулки дар маҷмўъ ҳуқуқи гарав ба тамоми амволи ба он дохилшаванда молу мулки манқул ва ғайриманқул, масалан ҳуқуқи талаб ва ҳуқуқи истисно, аз ҷумла ҳуқуқе, ки дар давраи ипотека ба даст оварда шудааст, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, паҳн мегардад.

3. Мутобиқи шартномаи гарав ва нисбат ба гараве, ки аз асоси қонун бармеояд, мумкин аст гарави ашё ва ҳуқуқи молу мулкиро, ки гаравдеҳ дар оянда ба даст меорад, дар қонун пешбинӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 370. Ба миён омадани ҳуқуқи гарав

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

1. Ҳуқуқи гарав ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин ба миён меояд:

– соҳиб будани гаравдеҳ ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба мавзўи гарав ва ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ;

– мавҷуд будани шартнома дар бораи гарав мутобиқи талаботи моддаи 368 Кодекси мазкур ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи гарав нисбат ба гарави молу мулке, ки бояд ба гаравгир супорида шавад, аз лаҳзаи супоридани ин молу мулк ба миён меояд.

3. Ҳуқуқи гарав ба молҳои дар муомилотбуда мутобиқи қоидаҳои қисми 2 моддаи 386 Кодекси мазкур ба миён меояд.

4. Ҳуқуқи гарав ба молу мулке, ки гаравдеҳ дар оянда ба даст меорад, аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқи дахлдор ё ворид шудани ашёи дахлдор ба моликияти гаравдеҳ ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 371. Гарави минбаъда ва муайян кардани навбати гаравгирон

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

1. Молу мулке, ки аз рўи шартномаи гарав ҷиҳати таъмини иҷрои як ўҳдадорӣ (гарави ибтидоӣ) ба гарав гузошта шудааст, метавонад барои таъмини иҷрои ўҳдадории дигар (гарави минбаъда) ба гарав гузошта шавад.

2. Гарави минбаъда, агар бо шартномаҳои ибтидоии гарави ҳамон молу мулк манъ нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад.

3. Навбати гаравгирон ба ҳамон як молу мулки мавзўи гарав аз рўи санаи дар Феҳристи ягонаи давлатии ўҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бақайдгирифташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун муқаррар карда мешавад.

4. Гаравгире, ки дар навбат бартарӣ дорад, кредитори таъминшудаи ибтидоӣ номида мешавад. Гаравгирони дигар кредиторони таъминшудаи минбаъда мебошанд.

5. Гаравдеҳ ўҳдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда оид ба ҳамаи гаравҳои молу мулки мазкур, ки дар қисми 1 моддаи 368 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад ва ў барои зиёне, ки ба гаравгирон бинобар иҷро накардани ин ўҳдадорӣ расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҷавобгар мебошад.

6. Талаботи гаравгири минбаъда аз арзиши мавзўи ба гарав гузошташуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторони таъминшудаи ибтидоӣ қонеъ карда мешавад.

7. Навбати қонеъ гардонидани талабот мумкин аст бо созишномаи хаттии кредиторони таъминшуда тағйир дода шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 372. Нигоҳубин ва эҳтиёти молу мулки ба гарав гузошташуда

1. Гаравдеҳ ё гаравгир вобаста ба он ки амволи гарав дар дасти кадоми аз онҳо қарор дорад (моддаи 367), агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, вазифадор аст:

а) молу мулки гаравро аз ҳисоби гаравдеҳ бо арзиши пуррааш аз хавфи гум шудан ё осеб дидан суғурта намояд ва агар арзиши пурраи молу мулк аз андозаи талаботи бо гарав таъмингардида зиёд шавад, ба маблағи на камтар аз андозаи талаб суғурта кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

б) барои эҳтиёт кардани молу мулк ки ба гарав гузоштаашро, аз ҷумла барои ҳимояи он аз сўиқасд ва талабҳои ҷониби шахси сеюм тадбирҳои зарурӣ андешад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247);

в) тарафи дигарро дар мавриди омадани хавфи гумшавӣ ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошта шуда фавран огоҳ созад.

2. Гаравгир ва гаравдеҳ ҳақ доранд тибқи ҳуҷҷат ва воқеан мавҷуд будани молу мулк, миқдор, вазъ ва шароити нигаҳдошти молу мулки ба гарав гузоштаашро, ки дар ихтиёри тарафи дигар аст, тафтиш кунанд.

3.Ҳангоми аз ҷониби гаравгир дағалона вайрон кардани ўҳдадориҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд ва ин ба молу мулки ба гарав гузошташуда хавфи гумшавӣ ё осеб таҳдид мекунад, гаравдеҳ ҳақ дорад қатъи пеш аз мўҳлати гаравро талаб намояд.

Моддаи 373. Оқибатҳои гум кардан ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташуда

1. Гаравдеҳ, агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таваккали ногаҳон нобуд гардидан ё ногаҳон осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташударо ба ўҳда дорад.

2. Агар гаравгир мутобиқи моддаи 432 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарӣ озод шуданашро исбот карда натавонад, барои пурра ё қисман гум шудан ё осеб дидани молу мулки ҳамчун мавзўи гарав ба ў супоридашуда, ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Гаравгир барои гум кардани молу мулки гарав ба андозаи арзиши воқеии он ва барои осеб расидан ба андозаи маблағе, ки арзиши он поин фаромадааст, сарфи назар аз он ки ҳангоми супоридани он ба гаравдеҳ чӣ қадар нархгузорӣ шуда буд, ҷавобгар мебошад.

Агар дар натиҷаи осеб мавзўи гарав он қадар тағйир ёфта бошад, ки мутобиқи таъиноти аслиаш истифода бурдани он имконнопазир аст, гаравдеҳ ҳақ дорад аз он даст кашад ва барои аз даст додани он товон талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Дар шартнома ўҳдадории гаравгир оид ба ҷуброни дигар зиёне, ки дар натиҷаи гум шудан ё осеб дидани молу мулки гарав ба гаравдеҳ ворид мегардад, пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Гаравдиҳанда, ки доир ба ўҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст қарздор мебошад, ҳақ дорад талаби гаравгирро оид ба пардохти товони зиёне, ки аз сабаби гум шудан ё осеб дидани предмети гарав расонида шудааст, ба ҳисоби ўҳдадории бо гарав таъминшуда ба ҳисоб гирад.

Моддаи 374. Иваз ва барқарор намудани мавзўи гарав

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

1. Иваз намудани мавзўи гарав, агар дар шартнома ё қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо розигии гаравгир иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Агар мавзўи гарав нобуд шуда ё осеб дида бошад ё ҳуқуқи моликият ба он ё ҳуқуқи пешбурди хоҷагидории он дар асоси пешбининамудаи қонун қатъ гардида бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад дар мўҳлати мусоид мавзўи гаравро барқарор кунад ё, онро бо амволи баробарарзиш иваз намояд, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 375. Истифода ва ихтиёрдории мавзўи гарав

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557)

1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти гарав барнаояд, гаравдеҳ ҳақ дорад мавзўи гаравро тибқи таъиноташ истифода барад, аз ҷумла аз самара ва даромади он баҳравар гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз моҳияти гарав барнаояд, гаравдеҳ танҳо бо розигии гаравгиранда ҳақ дорад мавзўи гаравро бегона кунад, онро ба иҷора диҳад ё ба дигар шахс ба истифодаи бемузд супорад ё онро бо усули дигар ихтиёрдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Шартномае, ки ҳуқуқи гаравдиҳандаро барои васият намудани молу мулки гарав гузошташудааш маҳдуд месозад, тамоман эътибор надорад.

3. Гаравгир ҳақ дорад танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома аз молу мулки ба гарав супурдашуда истифода барад ва мунтазам ба гаравдиҳанда оид ба истифодаи он ҳисобот диҳад. Мутобиқи шартнома гаравдеҳ мумкин аст вазифадор карда шавад, ки самара ва даромад аз молу мулки гарав гузошташударо ба мақсади иҷрои ўҳдадории асосӣ ё ба манфиати гаравдеҳ истифода намояд.

Моддаи 376. Аз ҷониби гаравгир ҳифз намудани ҳуқуқҳои худ оиди мавзўи гарав

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

1. Гаравгир, ки молу мулки ба гарав гузошташударо дар ихтиёр дорад ё мебоист дар ихтиёраш қарор дошта бошад, ба талаб карда гирифтани он аз соҳибии ғайриқонунии шахси бегона, аз ҷумла аз тасарруфи гаравдеҳ (моддаҳои 322, 323, 326), ҳуқуқ дорад.

2. Дар ҳолате, ки тибқи шартҳои шартнома ба гаравгир ҳуқуқ дода шудааст аз молу мулки ба гарав гузошташудаи дар ихтиёраш қарор дошта истифода барад, ў метавонад аз шахси дигар, аз ҷумла аз гаравдеҳ рафъи ҳама гуна вайрон кардани ҳуқуқҳояшро талаб намояд, ҳарчанд ин вайронкуниҳо бо маҳрум сохтан аз соҳибияти молу мулкӣ алоқаманд набошанд ҳам (моддаҳои 325, 326) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 377. Асоси рўёниш аз амволи ба гарав гузошташуда

1. Рўёниш аз амволи ба гарав гузошташуда ҷиҳати қонеъ намудани талаботи гаравгир (кредитор) дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадории бо гарав таъминшуда аз тарафи гаравдеҳ вобаста ба ҳолатҳое, ки барои онҳо ў ҷавобгар намебошад, ситонидан мумкин аст.

2. Агар роҳ додан ба вайронкунии ўҳдадории бо гарав таъминшудаи қарздор хеле ночиз бошад ва андозаи талаботи гаравгир дар натиҷаи он ба арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда тамоман номутаносиб гардад, талаби ситонидани молу мулки ба гарав гузошташуда метавонад рад карда шавад. Вайронкунии роҳдодаи қарздор хеле ночиз ва андозаи талаботи гаравгир ба арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда тамоман номутаносиб дониста мешавад, агар андозаи талаботи гаравгир на зиёда аз 10 фоизи ўҳдадориҳои бо гарав таъминшударо ташкил диҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1657).

Моддаи 378. Рўёнидан аз ҳисоби мавзўи гарав

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

Тартиб ва шартҳои рўёнидан аз ҳисоби мавзўи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 379. Фурўши молу мулки ба гарав гузошташуда

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

Тартиб ва шартҳои фурўши мавзўи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 380. Пеш аз мўҳлати иҷро намудани ўҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст ва рўёниш аз молу мулки ба гарав гузошташуда

1. Гаравгир дар ҳолатҳои зайл барои пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадории бо гарав таъминшуда ҳақ дорад:

а) агар мавзўи гарав аз ихтиёри гаравдеҳ баромада бошад, ки дар он ҷо монда шуда буд, хилофи шартҳои шартнома бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557);

б) аз ҷониби гаравдеҳ вайрон карда шудани қоидаҳои иваз намудани предмети гарав (моддаи 374);

в) гум кардани мавзўи гарав, мутобиқи ҳолатҳое, ки барои он гаравгир ҷавобгар намебошад, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбининамудаи қисми 2 моддаи 374 ҳамин Кодекс истифода набурда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557);

г) агар арзиши мавзўи гарав хеле паст шавад ва гаравдеҳ талаботи иваз намудани мавзўи гаравро, иҷро накунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557);

д) дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Гаравгир ҳақ дорад иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадории бо гарав таъминшударо талаб кунад ва агар талаби ў қонеъ карда нашавад, дар ҳолатҳои зайл рўёнишро аз мавзўи гарав истифода барад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557):

а) ҳангоми аз ҷониби гаравдеҳ иҷро нашудани вазифаҳои пешбининамудаи зербандҳои а) ва б) қисми 1 ва қисми 2 моддаи 372 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557);

б) дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ вайрон кардани қоидаҳои ихтиёрдории молу мулки ба гарав гузошташуда (қисми 2 моддаи 375) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 381. Қатъи гарав

1. Гарав дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

а) бо қатъи ўҳдадории бо гарав таъминшуда;

б) тибқи талаби гаравдеҳ, ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 372 ҳамин Кодекс;

в) дар сурати нобуд шудани ашёи ба гарав гузошташуда ё қатъи ҳуқуқи ба гарав, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 374 ҳамин Кодекс истифода набурда бошад;

г) ҳангоми фурўши молу мулки ба гарав гузошташуда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557);

д) бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Қатъи гарав бояд дар феҳрасте сабт гардад, ки дар он шартномаи гарав ба қайд гирифта шуда буд.

3. Ҳангоми қатъи гарав дар натиҷаи иҷро намудани ўҳдадории бо гарав таъминшуда ё мувофиқи талаби гаравдеҳ (қисми 3 моддаи 372) гаравгир, ки ашёи ба гарав гузошташуда дар ихтиёраш буд, бояд фавран онро ба гаравдеҳ баргардонад.

Моддаи 382. Нигоҳ доштани гарав ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда

1. Дар сурати гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда ё ҳуқуқи хоҷагидории он аз гаравдеҳ ба шахси дигар дар натиҷаи бо музд ё бемузд бегона кардани ин молу мулк, ё ин ки тибқи тартиби ворисии умумии (универсалии) ҳуқуқ, ҳуқуқи гарав қобили эътибор аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки кредитор барои гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда бе нигоҳ доштани гарав розӣ мебошад.

Ба ҳамаи молу мулке, ки гаравдеҳ дар натиҷаи бегона кардани молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст овардааст, ҳуқуқи гаравии гаравгир татбиқ мегардад, агар дар қонун ва шартнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар мавриди нигоҳ доштани гарав, вориси гаравдеҳ ҷои гаравдеҳро ишғол менамояд ва тамоми ўҳдадориҳои гаравдеҳро ба зимма мегирад, агар дар созишнома бо гаравгир тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Агар амволи гаравдеҳ, ки мавзўи гарав мебошад, тибқи тартиби вориси ҳуқуқи ба якчанд шахс гузашта бошад, ҳар як ворис (бадастоварандагони амвол) оқибатҳоеро, ки аз натиҷаи бо гарав таъмин намудани ўҳдадорӣ бармеоянд, ба андозаи баробар ба мисли амволи зикргардидаи ба онҳо гузашта, ба зимма доранд. Аммо ҳангоме, ки мавзўи гарав тақсимнашаванда аст ё бо асосҳои дигар таҳти моликияти умумии ворисони умумӣ мебошад, онҳо ба гаравдеҳони муштарак табдил меёбанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 383. Оқибати маҷбуран гирифтани молу мулки ба гарав гузошташуда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

Агар ҳуқуқи моликияти гаравдеҳ ба молу мулке, ки мавзўи гарав қарор дорад дар натиҷаи гирифтан (харида гирифтан) барои эҳтиёҷоти давлатӣ, реквизитсия ё милликунонӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонун қатъ гардад ва ба гаравдеҳ молу мулки дигар дода шавад ё ҷуброни дахлдор сурат гирад, ҳуқуқи гарав ба молу мулке, ки ба ивази он дода мешавад татбиқ гардида, мувофиқан гаравгир барои қонеъ намудани талаботи худ аз маблағи барои ҷуброни гаравдеҳ додашаванда ҳуқуқи афзалиятнок пайдо мекунад. Гаравгир инчунин ҳақ дорад иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадории бо гарав таъминшудааро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 384. Гузашт кардани ҳуқуқ оид ба шартномаи гарав

1.Гаравгир ҳақ дорад ҳуқуқи худро оид ба шартномаи гарав бо риояи қоидаҳои додани ҳуқуқи кредитор, бо роҳи гузашти талабот (моддаҳои 411-419) ба дигар шахс диҳад.

2.Аз ҷониби гаравгир гузашт кардани ҳуқуқи худ оид ба шартномаи гарав ба шахси дигар ҳангоме қобили эътибор аст, ки агар ба ҳамон шахс ҳуқуқи талабот ба қарздор оид ба ўҳдадории асосии бо гарав таъминшуда низ гузашт карда шуда бошад.

3.Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти ҳуқуқ оид ба шартнома дар мавриди ипотека инчунин маънои гузашти ҳуқуқ ба ўҳдадории бо ипотека таъминшударо дорад.

Моддаи 385. Гузаронидани қарзи ўҳдадорие, ки бо гарав таъмин шудааст

Бо гузаронидани қарзи ўҳдадории бо гарав таъминшуда ба шахси дигар, агар гаравдеҳ ба кредитор дар мавриди ба зимма гирифтани масъулияти қарздори нав розигӣ надода бошад, гарав қатъ мегардад.

Моддаи 386. Ба гарав гузоштани моли дар муомилот буда

1. Моли дар муомилотбудаи ба гарав гузошташуда моле эътироф карда мешавад, ки дар ихтиёри гаравдеҳ буда, ба ў ҳуқуқ дода шудааст таркиб ва шакли табии молу мулки ба гарав гузошташударо (захираҳои мол, ашё, мавод, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти тайёр ва ғайра) тағйир диҳад ба шарте, ки арзиши умумии онҳо аз арзиши дар шартнома муайяншудаи ин амволи гарав камтар нагардад.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, арзиши моли ба муомилот гузошташударо, баробари андозаи қисми ўҳдадории бо гарав таъминшуда кам кардан мумкин аст.

2. Моли дар муомилотбуда, ки аз ҷониби гаравдеҳ бегона карда шудааст, аз лаҳзаи ба соҳибмулкӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативии бадастоваранда гузаштанаш дигар мавзўи гарав шуда наметавонад. То рўзи пурра кардани мавзўи гарав, ки моли дар муомилотбуда аз ҷумлаи он аст, маблағи аз фурўши ин мол ба дастомада ба сифати мавзўи гарав ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

Моли дар муомилотбудае, ки гаравдеҳ онро аз рўи шартҳои шартномаи гарави моли дар муомилотбуда харидааст, аз лаҳзаи бо ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари ашёи ба ихтиёри гаравдеҳ гузаштанаш мавзўи гарав қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247, аз 2.01.2019 № 1557).

3. Гаравдеҳи моли дар муомилотбуда бояд дафтари сабти гаравҳоеро дошта бошад, ки дар он шарти ба гарав гузоштани мол, дигар амале, ки боиси тағйир додани таркиб ва ё шакли табиии моли ба гарав гузошташуда гардидаанд, аз ҷумла коркарди онро дар рўзи охирини амалиёт инъикос намояд.

4. Ҳангоми аз ҷониби гаравдеҳ вайрон карда шудани шарти ба гарав гузоштани моли дар муомилотбуда гаравгир ҳақ дорад ба рўи он нишонаву мўҳри худро гузошта, то бартараф намудани норасоиҳо, амалиётро бо ин молу мулк боздорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 387. Ба гарав гузоштани мол дар гаравхона (ломбард)

1. Аз шаҳрвандон ба гарав қабул кардани амволи манқуле, ки барои истеъмоли шахсӣ, кандани қарзи кўтоҳмуддат таъин шудаанд, ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ташкилотҳои махсусгардонидашудагаравхона (ломбард)-ҳо, ки ба ин фаъолият иҷозатнома (лицензия) доранд, анҷом дода шуданаш мумкин аст.

2. Шартномаи ба гарав гузоштани мол дар гаравхона (ломбард) бо додани чипта (билет) -и гарав аз тарафи гаравхона (ломбард) ба расмият дароварда мешавад.

3. Молҳои багаравгузошта ба гаравхона (ломбард) супорида мешаванд. Гаравхона (ломбард) вазифадор аст моли ба гарав гирифтаашро ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ, бо арзиши пуррааш мутобиқи нархи чунин мол ва чунин сифат, ки одатан дар муассисаҳои савдо ҳангоми ба гарав гирифтан муайян карда мешавад, суғурта намояд.

Гаравхона (ломбард) ҳақ надорад моли ба гарав гузошташударо истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.

4. Гаравхона (ломбард) барои гум ё осеб дидани моли ба гарав гузошташуда, агар исбот карда натавонад, ки гум ё осеб ёфтани мол ба қувваи рафънопазир вобаста аст, масъулият дорад.

5. Ҳангоми дар мўҳлати муайяншуда барнагардонидани қарзи моли ба гаравхона (ломбард) супурда, гарави он аст, ки гаравхона (ломбард) ҳақ дорад дар асоси иҷроварақаи нотариус бо гузаштани як моҳи имтиёзнок, ин молро бо тартиби барои фурўши амволи ба гарав гузошташуда (қисмҳои 3, 4, 6 ва 7 моддаи 379) муқарраргардида фурўшад. Пас аз ин талаботи гаравхона (ломбард) нисбати гаравдеҳ (қарздор), ҳарчанд маблағи фурўши моли ба гарав гузошташуда барои пурра қонеъ намудани талабот нокифоя бошад ҳам қонеъ гашта ҳисоб мешавад.

6. Қоидаҳои ба шаҳрвандон мувофиқи амволи ба гарав гузоштаашон қарздодани гаравхона (ломбард) -ро мутобиқи ҳамин Кодекс қонун муайян мекунанд.

7. Шартҳои шартномаи дар гаравхона (ломбард) гарав гузоштани мол, ки ҳуқуқи гаравдеҳро дар муқоиса ба ҳуқуқҳои додаи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо маҳдуд месозад, эътибор надоранд. Бар ивази чунин шартҳо муқаррароти дахлдори қонун татбиқ карда мешаванд.

§4. НИГОҲ ДОШТАН
Моддаи 388. Асосҳо барои нигоҳ доштан

1. Бо нигоҳ доштани мол ҳамчунин талаботе қонеъ гардонида мешавад, ки бо пардохти мол ё ҷуброни хароҷоти он ва зиёнҳои дигари аз ўҳдадорӣ барояндае, ки тарафҳои ин ўҳдадорӣ ҳамчун соҳибкор баромад мекунанд, алоқаманд нестанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Кредитор, сарфи назар аз он, ки баъди соҳиб шуданаш ба ин мол шахси сеюм ба он ҳуқуқ пайдо кардааст, молро нигоҳ дошта метавонад.

3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қоидаҳои моддаи мазкур татбиқ мегарданд.

Моддаи 389. Қонеъ намудани талабот аз ҳисоби ашёи нигоҳдошташуда

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557)

Талаботи кредиторе, ки бо нигоҳдории ашё таъмин шудааст, аз ҳисоби арзиши он бо бартарӣ аз тамоми талаботи боқимондае, ки иҷрои онҳо бо худи ҳамин ашё таъмин шудааст, қонеъ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

§5. ЗАМОНАТ
Моддаи 390. Шартномаи замонат

1. Тибқи шартномаи замонат зомин ўҳдадор мешавад, ки дар назди кредитори дигар шахс барои пурра ё қисман иҷро намудани ўҳдадориҳои он ҷавобгар бошад.

2. Шартномаи замонат инчунин ҷиҳати таъмини ўҳдадории минъбада, низ баста шуданаш мумкин аст.

Танҳо талаботи ҳақконӣ метавонад бо замонат таъмин карда шавад.

Моддаи 391. Шакли шартномаи замонат

Шартномаи замонат бояд хаттӣ тартиб дода шавад. Дар сурати ба тарзи хатти тартиб надодани он шартномаи замонат беэътибор мегардад.

Моддаи 392. Масъулияти зомин

1. Ҳангоми иҷро нанамудан ё иҷрои номатлуби бо замонат таъмин кардани ўҳдадорӣ зомин ва қарздор, агар қонун ва ё шартномаи замонат масъулияти субсидарии зоминро пешбинӣ накарда бошанд, дар назди кредитор муштарак ҷавобгар мебошанд.

2. Агар дар шартномаи замонат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, зомин дар назди кредитор баробари қарздор, аз ҷумла дар пардохти фоиз, ҷуброни хароҷоти судӣ оид ба руёнидани қарз ва дигар зиёни ба кредитор дар натиҷаи ўҳдадориро иҷро нанамудан ё номатлуб иҷро кардани қарздор расидааст, ҷавобгар мебошад.

3. Ашхосе, ки якҷоя замонат додаанд, агар дар шартномаи замонат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар назди кредитор якҷоя ҷавобгаранд.

4. Агар замонати аз ҷониби қарздор иҷро кардани ўҳдадориро бонк ё дигар муассисаи кредитӣ, шахси суғуртакунанда ё дигар шахсе, ки зоминиро ба сифати фаъолияти касбии соҳибкорӣ анҷом медиҳад, ба ўҳда гирифта, агар дар шартҳои шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, зомин дар назди кредитор дар доираи маблағи дар замонатнома зикршуда масъулият дорад.

Моддаи 393. Ҳуқуқи зомин ҷиҳати эътирози талаботи кредитор

1. Агар аз шартномаи замонат тартиби дигаре барнаояд, кафил ҳақ дорад ба кредитор оид ба талаботаш, ки нисбат ба он қарздор метавонист арз кунад, эътироз намояд.

Зомин ҳатто дар ҳолате, ки қарздор аз эътироз даст кашидааст ё қарзи худро эътироф кардааст, ҳуқуқи эътироз карданро нигоҳ медорад.

2. Зомин то қонеъ намудани талаботи кредитор ўҳдадор аст қарздорро аз ин огоҳ намояд ва агар нисбат ба зомин даъво пешниҳод шуда бошад, қарздорро ба муҳокимаи парванда ҷалб намояд.

3.Агар зомин ўҳдадориҳои дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашударо иҷро накарда бошад, қарздор ҳақ дорад ба муқобили талаботи акс (регресивӣ)-и зомин, ки ў ба муқобили кредитор дошт, эътироз намояд.

Моддаи 394. Ҳуқуқи зомине, ки ўҳдадориашро иҷро кардааст

1. Ба зомини ўҳдадориашро иҷронамуда ҳуқуқи кредитор оид ба ин ўҳдадорӣ ва ҳуқуқи марбути кредитор ҳамчун гаравгир, дар он ҳаҷме, ки зомин талаботи кредиторро қонеъ намудааст, мегузарад. Зомин ҳамчунин ҳақ дорад аз қарздор пардохти фоизи маблағи ба кредитор додашуда ва ҷуброни дигар зиёнеро талаб намояд, ки бинобар масъулияти назди қарздор расидааст.

2. Ҳангоми аз ҷониби зомин иҷро гардидани ўҳдадорӣ кредитор бояд ба қарздор аснодеро супорад, ки ин талаботро ба қарздор тасдиқ мекунад, инчунин ўро ҳуқуқдор созад, ки ин талаботро таъмин мекунад.

3. Агар дар қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шартномаи байни зомин ва қарздор тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз муносибати байни онҳо барнаояд, қоидаҳои муайяннамудаи моддаи мазкур, татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 395. Огоҳонидани зомин дар мавриди аз ҷониби қарздор иҷро шудани ўҳдадорӣ

Қарздоре, ки ўҳдадории бо замонат таъминшударо иҷро кардааст, вазифадор аст фавран зоминро аз ин огоҳ созад. Дар акси ҳол, зомине ки ўҳдадориҳояшро дар навбати худ иҷро кардааст, ҳақ дорад аз кредитор маблағи беасос гирифтаашро рўёнад ё ба қарздор талаботи акс (регресивӣ) арз намояд. Дар ҳолати ба қарздор арз намудани талаботи акс (регресивӣ) қарздор ҳақ дорад аз кредитор танҳо маблағи беасос гирифтаашро рўёнад.

Моддаи 396. Қатъи зоминат

1. Замонат бо қатъи ўҳдадории таъминнамудааш, инчунин дар ҳолати тағйир ёфтани ин ўҳдадорӣ, ки боиси афзудани масъулият ё бидуни розигии зомин ба ў дигар оқибатҳои номусоид меоранд, қатъ мегардад.

2. Агар зомин ба кредитор дар мавриди ҷавобгарӣ оид ба масъулияти қарздори нав розигӣ надода бошад, зоминат ҳангоми ба шахси дигар гузаронидани қарзи бо замонат таъминшудаи ўҳдадорӣ, қатъ мегардад.

3. Замонат ҳангоме, ки кредитор қабули иҷрои дурусти пешниҳоднамудаи қарздор ё зоминро рад мекунад, қатъ мегардад.

4. Замонат бо гузашти мўҳлати дар шартномаи замонат зикршуда, ки барои ҳамин мўҳлат дода шудааст, қатъ мегардад. Агар мўҳлат муайян нашуда бошад он ҳангоме қатъ мегардад, ки кредитор дар ҷараёни як сол аз рўзи фаро расидани иҷрои ўҳдадории бо замонат таъминшуда ба зомин арзи даъво накарда бошад. Ҳангоме, ки мўҳлати иҷрои ўҳдадории асосӣ муайян карда нашудааст ва муайян шуданаш ҳам номумкин аст ё бо лаҳзаи пасталабкунӣ муайян карда шуда бошад, агар кредитор ба зомин дар тўли ду сол аз рўзи бастани шартномаи замонат арзи даъво накарда бошад, замонат қатъ мегардад.

§6. КАФОЛАТ
Моддаи 397. Мафҳуми кафолат

1. Дар асоси кафолат бонк, дигар муассисаи кредитӣ ё ташкилоти суғурта (кафил) бо хоҳиши шахси дигар (принсипал) ба кредитори принсипал (бенефитсиар) мутобиқи шарти ўҳдадории бо кафолат таъминшуда, бо пешниҳоди талабномаи бенефитсиар оид ба пардохти маблағ ўҳдадории хаттӣ медиҳанд.

2. Шартнома дар бораи додани кафолат байни субъектҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд ва принсипал дар шакли хаттӣ баста мешавад. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи кафолат онро беъэтибор мегардонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар кафолатнома бояд шахсе, ки бо хоҳиши ў кафолат дода мешавад, маблағ ва мўҳлати кафолат, номи кредитор оид ба кафолат, ўҳдадорие, ки таъмин карда мешавад, шартҳои пешниҳоди талабот, мўҳлати иҷрои кафолат, масъулияти кафил ва дигар шартҳои зарурӣ зикр карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 398. Бо кафолат таъмин намудани ўҳдадории принсипал

1. Кафолат аз ҷониби принсипал иҷрои матлуби ўҳдадориашро нисбат ба бенефитсиар (ўҳдадории асосӣ) таъмин мекунад.

2. Принсипал ба кафил барои додани кафолат подош медиҳад. Андозаи подош бо мувофиқаи тарафҳои шартнома муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 399. Мустақилияти кафолат аз ўҳдадории асосӣ

Ўҳдадории пешбининамудаи кафолати кафил назди бенефитсиар дар муносибати байни онҳо ба ўҳдадории асосие вобаста намебошад, ки ҷиҳати иҷрои он дода шудааст, ҳатто агар дар кафолат нисбати ин ўҳдадорӣ ишора шуда бошад ҳам, вобаста намебошад.

Моддаи 400. Бебозхост будани кафолат

Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, он аз ҷониби кафил бозхост карда намешавад.

Моддаи 401. Гузаранда набудани ҳуқуқи кафолат

Бенефитсиар метавонад ҳуқуқҳои худро барои гирифтани пардохт аз кафил дар сурати қонеъ гардонидани талаботи бенефитсиар аз рўи кафолат гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи тибқи кафолат ба бенефитсиар марбути талабот ба кафил, ба дигар шахс вогузошта намешавад.

Моддаи 402. Эътибор пайдо кардани кафолат

Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кафолат аз рўзи додашуданаш эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 403. Пешниҳоди талабномаи кафолат

1. Талабномаи бенефитсиар дар мавриди пардохти маблағи кафолат бояд ба кафил, бо замимаи санади дар кафолат зикргардида пешниҳод карда шавад. Дар талабнома ё замимаи он бенефитсиар бояд зикр кунад, ки аз ҷониби принсипал риоя накардани ўҳдадории асосӣ, ки ҷиҳати таъмини он кафолат дода шудааст, аз чӣ иборат аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Талабномаи бенефитсиар ба кафил бояд то қатъи мўҳлати дар кафолат муайяншуда, ки барои ҳамон мўҳлат дода шудааст, пешниҳод гардад.

Моддаи 404. Ўҳдадории кафил ҳангоми баррасии талабномаи бенефитсиар

1. Ҳангоми гирифтани талабномаи бенефитсиар кафил вазифадор аст фавран аз ин принсипалро огоҳ намояд ва ба ў нусхаи талабномаро бо ҳамаи санади марбут ба он диҳад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Кафил бояд талабномаи бенефитсиарро бо ҳама санади замимагардида дар мўҳлати мувофиқ баррасӣ намуда, барои муайян кардани он, ки ин талабнома ва санади замимашуда ба шартҳои кафолат мутобиқанд, ғамхории оқилона зоҳир намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 405. Иҷрои талабномаи бенефитсиарро рад намудани кафил

1. Агар талабномаи бенефитсиар ё санади ба он замимашуда ба шарти кафолат мутобиқ набошанд ё ба кафил пас аз хотимаи мўҳлати дар кафолат муайяншуда пешниҳод гардида бошанд, кафил қонеъ намудани талабномаи бенефитсиарро рад мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Кафил бояд бенефитсиарро аз қонеъ накардани ин талабнома фавран огоҳ созад.

2. Агар то қонеъ намудани талабномаи бенефитсиар ба кафил маълум гардида бошад, ки ўҳдадории асосии бо кафолат таъминшуда пурра ё як қисми дахлдори он иҷро шудааст, аз рўи дигар асосҳо қатъ ёфтааст ё худ беэътибор мебошад, ў бояд аз ин бенефитсиар ва принсипалро фавран огоҳ созад.

Агар баъди чунин огоҳсозӣ кафил талабномаи такрории бенефитсиарро гирифта бошад, бояд онро қонеъ гардонад.

Моддаи 406. Ҳадди ўҳдадориҳои кафил

1. Ўҳдадории пешбининамудаи кафил дар назди бенефитсиар бо пардохти маблағе, ки ба он кафолат дода шудааст, маҳдуд карда мешавад.

2.Масъулияти кафил дар назди бенефитсиар барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадории бо кафолат таъминшуда аз ҷониби кафил, агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо маблағи кафолат додашуда маҳдуд карда намешавад.

Моддаи 407. Қатъи кафолат

1. Ўҳдадории кафил дар назди бенефитсиар оид ба кафолат дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

а) ба бенефитсиар пардохтани маблағе, ки ба он кафолат дода шудааст;

б) бо хотима мўҳлати дар кафолат муайяншуда, ки барои ҳамон мўҳлат дода шудааст;

в) дар натиҷаи даст кашидани бенефитсиар аз ҳуқуқи худ оид ба кафолат ва ба кафил баргардонидани ин ҳуқуқ;

г) дар натиҷаи аз ҳуқуқи оид ба кафолат бенефитсиар даст кашидан бо усули изҳороти хаттӣ дар мавриди аз ўҳдадорӣ озод кардани кафил.

Қатъи ўҳдадории кафил бошад асосҳои дар зербандҳои а), б) ва г) ҳамин қисм зикргардида ба он вобаста намебошад, ки оё кафолат ба ў баргардонида шудааст.

2. Кафиле, ки барояш қатъи кафолат маълум шудааст, бояд фавран аз ин принсипалро огоҳ созад.

Моддаи 408. Талаботи акси кафил ба принсипал

1. Ҳуқуқи кафил дар мавриди аз принсипал мутобиқи тартиби даъвои акс (регресивӣ) талаб кардани ҷуброни маблағе, ки ба бенефитсиар дар асоси кафолат дода шудааст, тибқи созишномаи кафил бо принсипал, ки ҷиҳати иҷрои он кафолат дода шуда буд, муайян мегардад.

2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кафил ҳақ надорад аз принсипал ҷуброни маблағеро, ки ба бенефитсиар бидуни риояи шарти кафолат ё бо вайрон кардани ўҳдадории кафил дар назди бенефитсиар пардохта шудааст, талаб намояд.

7. БАЙЪОНА
Моддаи 409. Мафҳуми байъона. Шакли шартномаи байъона

1. Байъона маблағе эътироф карда мешавад, ки як тарафи имзокунандаи шартнома мутобиқи маблағи тибқи шартнома пардохташаванда барои исботи бастани шартнома ва таъмини иҷрои он ба ҳисоби тарафи дигар мегузаронад.

2. Шартнома дар бораи байъона, сарфи назар аз маблағи байъ, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

3. Ҳангоми шубҳа кардан ба он, ки оё маблағи аз ҷониби дигар ба ҳисоби шартномаи пардохт гузаронидашуда байъона аст ё на, аз ҷумла дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои муайяннамудаи қисми 2 ҳамин модда, ин маблағ, агар тартиби дигаре исбот нашуда бошад, ба сифати пешпардохт эътироф карда мешавад.

Моддаи 410. Оқибати қатъ ёфтан ва иҷро накардани ўҳдадории бо байъона таъминшуда

1. Агар ўҳдадорӣ то оғози иҷрояш бо созишномаи тарафҳо ё дар натиҷаи имконнопазирии иҷро (моддаи 448) қатъ ёбад, байъона бояд баргардонида шавад.

2. Агар барои иҷро нашудани шартнома тарафе, ки байъона додааст масъулият дошта бошад, байъона дар ихтиёри тарафи дигар мемонад. Агар барои иҷро нашудани шартнома тарафе ҷавобгар бошад, ки байъона гирифтааст, он бояд ба тарафи дигар маблағи дукаратаи байъонаро супорад.

Бар замми ин тарафе, ки барои иҷро нашудани шартнома ҷавобгар аст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бояд ба тарафи дигар товони зиёнро бо баҳисобгирии маблағи байъона пардозад.

БОБИ 23 ИВАЗ ШУДАНИ ШАХС ДАР ЎҲДАДОРӢ

1. ГУЗАШТАНИ ҲУҚУҚИ КРЕДИТОР БА ШАХСИ ДИГАР
Моддаи 411. Асос ва тартиби гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар

1. Ҳуқуқе (талаботе), ки дар асоси ўҳдадорӣ ба кредитор тааллуқ дорад тибқи аҳд ба дигар шахс (гузашт кардани талабот) дода шуданаш мумкин аст ё дар асоси қонун метавонад ба дигар шахс гузарад.

Қоидаҳои гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар дар мавриди талаботи акс (регресивӣ) татбиқ карда намешаванд.

2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои гузаштани ҳуқуқи кредитор ба шахси дигар, розигии қарздор талаб карда намешавад.

Дар ҳолати гарав, гузашти ҳуқуқ (талабот) ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон, навбати қонеъгардонии талаботи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

3. Агар қарздор ба таври хаттӣ дар мавриди амали анҷомдодашудаи ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи кредитор огоҳ нашуда бошад, кредитори нав вобаста ба ин таваккали сар задани оқибати номусоидро ба ўҳда мегирад. Дар чунин ҳолат иҷрои ўҳдадории кредитори ибтидоӣ иҷрои ўҳдадории кредитори муносиб эътироф карда мешавад.

Моддаи 412. Ҳуқуқҳое, ки ба дигар шахс гузашта наметавонанд

Ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи кредитор, ки ба таври ногусастанӣ ба шахсияти ў алоқаманд мебошад, аз ҷумла талабот оид ба алимент ва ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расидааст, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 413. Андозаи ҳуқуқи кредитор, ки ба шахси дигар мегузарад

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи кредитори ибтидоӣ ба кредитори нав дар ҳаҷм ва мутобиқи шарте мегузарад, ки то лаҳзаи гузаштани ҳуқуқ мавҷуд буд. Аз ҷумла ба кредитори нав ҳуқуқе, ки иҷрои ўҳдадориро таъмин мекунад, ҳамчунин дигар ҳуқуқҳои вобаста ба талабот, аз ҷумла ҳуқуқ ба фоизҳои пардохтнашуда низ мегузарад.

Моддаи 414. Далелҳои ҳуқуқи кредитори нав

1. Қарздор ҳақ дорад то аз ҷониби кредитори нав пешниҳод кардани далелҳо оид ба гузаштани ҳуқуқи талабот ўҳдадориашро нисбати ин шахс иҷро накунад.

2. Кредитори талаботашро ба шахси дигар гузашткарда вазифадор аст ба ў санади тасдиқкунандаи ҳуқуқи талабашро диҳад ва маълумоти барои татбиқи ўҳдадорӣ муҳимро ба ў расонад.

Моддаи 415. Эътирози қарздор нисбати талаботи кредитори нав

Қарздор ҳақ дорад ба муқобили талаботи кредитори нав эътирозеро, ки ба ў нисбат ба кредитори ибтидоӣ то лаҳзаи гирифтани огоҳинома оид ба гузаштани ҳуқуқи ўҳдадорӣ ба кредитори нав дошт, арз намояд.

Моддаи 416. Дар асоси қонун ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи кредитор

Ҳуқуқи кредитор оид ба ўҳдадорӣ ба шахси дигар дар асоси қонун ва фаро расидани ҳолатҳои дар он нишондодашуда мегузарад:

а) дар натиҷаи гузаштани ҳуқуқҳои умумии вориси ҳуқуқи кредитор;

б) бо қарори суд дар мавриди ба дигар шахс гузаронидани ҳуқуқи кредитор, дар сурате ки имконияти чунин гузаронидан дар қонун пешбинӣ гардида бошад;

в) дар натиҷаи иҷро намудани ўҳдадории қарздор аз ҷониби зомин ё гаравдеҳ, ки аз рўи ин ўҳдадорӣ қарздор намебошанд;

г) ҳангоми суброгация кардани ҳуқуқи кредитор аз тарафи суғуртакунанда ба қарздоре, ки барои фаро расидани ходисаи суғурта масъулият дорад;

д) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.

Моддаи 417. Шарти гузашт кардани талабот

1. Ба дигар шахс гузашт кардани талабот аз ҷониби кредитор дар ҳолате, ки он хилофи қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шартнома набошад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Гузашт кардани талабот аз рўи ўҳдадорӣ, ҳангоме ки шахсияти кредитор барои қарздор дорои аҳамияти назаррас мебошад: бидуни розигии қарздор, иҷозат дода намешавад.

3. Бе розигии қарздор гузашт кардани талабот аз рўи ўҳдадории дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ўро аз иҷрои ин талабот, ки ба ин шахс гузашт карда шудааст, озод наменамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

Моддаи 418. Шакли гузашт кардани талабот

1. Талаботе, ки ба аҳди оддии хаттӣ ё нотариалӣ асос ёфтааст, бояд ба тарзи дахлдори хаттӣ гузашт карда шавад.

2. Агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад гузашт кардани талабот аз рўи аҳде, ки бақайдгирии давлатиро тақозо мекунад, бояд мутобиқи тартиби барои бақайдгирии чунин аҳд пешбинишуда, ба қайд гирифта шавад.

3. Талабот аз рўи коғази қиматноки ордерӣ бо роҳи индоссамент (навиштаҷоти таҳлилӣ)-и ин коғази қиматнок (қисми 3 моддаи 160) гузашт карда мешавад.

Моддаи 419. Масъулияти кредиторе, ки талабашро гузашт кардааст

Кредитори ибтидоӣ, ки талабашро гузашт кардааст, дар назди кредитори нав барои нодуруст будани талаботи ба ў додааш ҷавобгар буда, вале барои иҷро нагардидани ин талаб аз ҷониби қарздор, ба ғайр аз ҳолате, ки кредитори ибтидоӣ дар назди кредитори нав кафилии қарздорро ба ўҳда гирифтааст, ҷавобгар намебошад.

2. ГУЗАРОНИДАНИ ҚАРЗ
Моддаи 420. Шарт ва шакли гузаронидани қарз

1. Аз ҷониби қарздор ба дигар шахс гузаронидани қарз танҳо бо розигии кредитор иҷозат дода мешавад.

2. Ба шакли гузаронидани қарз мувофиқан қоидаҳои оид ба шакли гузашти талабот татбиқ мегарданд.

Моддаи 421. Эътирози қарздори нав ба муқобили талаби кредитор

Қарздори нав ҳақ дорад ба талаби кредитор, ки ба муносибати байни ў ва қарздори ибтидоӣ асос ёфтаанд, эътироз кунад.

БОБИ 24 МАСЪУЛИЯТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ЎҲДАДОРӢ

Моддаи 422. Мафҳуми вайрон кардани ўҳдадорӣ

1. Таҳти мафҳуми вайрон кардани ўҳдадорӣ иҷро накардан ё иҷрои номатлуб (сари вақт иҷро накардан, норасоиҳои мол ва корҳо, вайрон кардани дигар шартҳо ё ки аз моҳияти ўҳдадорӣ бармеояд) дар назар дошта шудааст (иҷрои номатлуб). Дар сурати пеш омадани ҳолати ғайриимкони иҷрои матлуб қарздор бояд фавран кредиторро огоҳ созад.

2. Ба ҷавобгарӣ кашидани қарздор барои вайрон кардани ўҳдадорӣ тибқи талаби кредитор анҷом дода мешавад.

Моддаи 423. Товони зиёне, ки дар натиҷаи вайрон кардани ўҳдадорӣ расонида шудааст

1. Қарздоре, ки ўҳдадориро вайрон кардааст, вазифадор аст ба кредитор товони зиёни дар натиҷаи вайрон кардани ўҳдадорӣ расидаро пардозад (моддаи 15 ҳамин Кодекс). Ҷуброни зиён оид ба ўҳдадориҳое, ки бо ноустуворона таъмин шудааст, мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 424 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Созишномаи то вайрон кардани ўҳдадорӣ қабулнамудаи тарафҳо дар мавриди озод кардани қарздор аз товони зиёни аз вайрон кардан расонидашаванда беэътибор буда, вале тарафҳо бо розигии ҳамдигар метавонанд танҳо руёнидани зиёни воқеии ба молу мулк расонидашударо пешбинӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми муайян кардани зиён нархҳои маҳалле, ки ўҳдадорӣ мебоист дар он ҷо ба иҷро расонда шавад, дар рўзи ихтиёран қонеъ намудани талаби кредитор аз ҷониби қарздор ба эътибор гирифта мешавад, вале агар талабот ихтиёран қонеъ карда нашуда бошад – нархҳои дар рўзи арз шудани даъво амалкунанда ба инобат гирифта мешаванд. Бо назардошти ҳолатҳо, суд метавонад талаби товони зиёнро бо ба инобат гирифтани нархҳое, ки дар рўзи баровардани қарор амал мекунанда ё дар рўзи пардохти воқеӣ ҷорӣ мебошанд, қонеъ намояд.

4. Ҳангоми муайян кардани андозаи даромади аздастрафта, тадбирҳои андешидаи кредитор барои гирифтани ин даромад ва барои ин мақсад омодагӣ дидани ў ба инобат гирифта мешавад.

5. Агар кредитор, исбот карда тавонад, ки ҳамагуна амали қарздор, бо мақсади саркашӣ аз масъулият барои вайрон кардани ўҳдадорӣ анҷом дода шудааст, оид ба беэътибор донистани ин амалҳо ҳақ дорад, талабот арз намояд.

Моддаи 424. Зиён ва ноустуворона

1. Агар барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ ноустуворона муқаррар гардида бошад, пас зиён дар қисми бо ноустуворона таъминнашуда рўёнида мешавад.

Қонунҳо ва ё шартнома ҳолатҳои зайлро пешбинӣ намуданашон мумкин аст: ҳангоме, ки танҳо рўёнидани ноустуворона иҷозат дода мешавад, вале на товони зиён; ҳангоме, ки товони зиён метавонад ба маблағи пурра бар замми ҷаримаи ахдшиканӣ руёнида шавад; ҳангоме, ки мутобиқи интихоби кредитор ё ҷаримаи ахдшиканӣ ё товони зиён руёнида мешавад.

2. Дар ҳолатҳое, ки барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ масъулияти маҳдуд муайян карда шудааст, товони зиёне, ки бояд дар қисми бо ноустуворона таъминнашуда ё бар замми он ё бар ивази он руёнида шаванд, то ҳадде бо чунин маҳдудсозӣ муқарраргардида, ҷуброн шуданашон мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 425. Ҷуброни зиёни маънавӣ, ки дар натиҷаи вайрон кардани ўҳдадорӣ расонида шудааст

Зиёни маънавӣ (азоби ҷисмонӣ ё рўҳӣ), ки ба шаҳрванд дар натиҷаи вайрон кардани ўҳдадорӣ расонида шудааст, бар замми товони зиёни пешбининамудаи моддаи 423 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 426. Масъулият барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр

1. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр дар натиҷаи иҷро накардани ўҳдадории пулӣ, ё гузаронидани мўҳлати пардохти он ё бидуни асос гирифтани он ё ба амонат гузоштан аз ҳисоби шахси дигар бояд ба андозаи ин маблағ фоиз пардохта шавад. Андозаи фоиз бо назардошти ставкаи миёнаи фоизи бонк, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи иҷрои ўҳдадории пулӣ ё қисми дахлдори ин ўҳдадорӣ муайян кардааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми аз тариқи суд руёнидани қарз суд метавонад талаботи кредиторро бо дарназардошти ставкаи миёнаи баҳисобгирии фоизи бонк дар рўзи пешниҳоди даъво ё дар рўзи баровардани қарор ё дар рўзи пардохти воқеӣ қонеъ намояд. Ин қоидаҳо, агар дар санади қонунӣ ё шартнома фоизи дигар муқаррар нашуда бошад, татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар дар қонунҳо ва ё шартнома барои ҳисоби фоиз мўҳлати нисбатан кўтоҳтар муайян нагардида бошад, фоизи истифодаи маблағи ғайр то рўзи пардохти ин маблағ ба кредитор руёнида мешавад.

3. Агар зиёни ба кредитор расонида шуда дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии маблағҳои пулии ў аз маблағи фоизи дар асоси қисми 1 ҳамин модда додашаванда бештар бошад, ў ҳақ дорад аз қарздор товони зиёнро ба ҳамон андозаи қисме, ки аз он маблағ бештар аст, талаб намояд.

4. Зам кардани фоиз ба фоиз, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун дохил кардани фоизи соли гузаштаро ба маблағи асосии қарз пешбинӣ намудааст, манъ мебошад.

5. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи пулии ғайр аз рўи ўҳдадории пулӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад, бар замми маблағи дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда ба андозаи панҷ фоизи маблағи солонае, ки мўҳлати пардохташ гузаштааст, агар дар шартнома фоизи нисбатан баландтари ҷарима муқаррар нагардида бошад, ҷарима руёнида мешавад.

Моддаи 427. Масъулият ва иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл (натура)

1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пардохти ноустуворона ва товони зиён дар сурати иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ қарздорро аз иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл (натура), озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар дар қонун ва ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, товони зиён дар ҳолати иҷро накардани ўҳдадорӣ ва пардохти ноустуворона барои иҷро накардани он, қарздорро аз иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл (натура) озод мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Аз ҷониби кредитор рад карда шудани қабули иҷрои ўҳдадорӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани мўҳлат барои ў аҳамияташро (қисми 2 моддаи 436) гум кардааст, инчунин пардохти ноустуворона, ки ба сифати ҳуқуқи даст кашидан (моддаи 441) муқаррар гардидааст, қарздорро аз иҷрои ўҳдадорӣ дар шакли асл (натура) озод мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 428. Иҷрои ўҳдадорӣ аз ҳисоби қарздор

Ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тайёр кардан ва ба моликияти хусусӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ё дигар идораи оперативӣ супоридан ё инки додани мол ба истифодаи кредитор, ё барои ў иҷро намудани кори муайян ё расонидани ҳизмат ба ў кредитор ҳақ дорад иҷрои ўҳдадориро дар мўҳлати мувофиқ, бо нархи муносиб ба шахси сеюм супорад ё онро бо қувваи худ иҷро кунад ва агар аз қонун, дигар санади ҳуқуқӣ, шартнома ё моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд, аз қарздор ҷуброни хароҷоти зарурии масрафшуда ва дигар зиёнро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 429. Оқибати иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба додани моли муайяни инфиродӣ

Дар сурати иҷро накардани ўҳдадорӣ оиди ба моликияти хусусӣ, пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативӣ ё истифодаи боподоши ба кредитор додани моли муайяни инфиродӣ, охирин ҳақ дорад дар асоси шартҳои пешбининамудаи ўҳдадорӣ аз қарздор кашида гирифтани ин мол ва ба кредитор додани онро талаб намояд. Агар мол қаблан ба шахси сеюме дода шуда бошад, ки ҳуқуқи моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ дорад, ин ҳуқуқ беэътибор аст. Агар мол ҳанўз ба кредитор дода нашуда бошад, он кредиторе дорои афзалият мебошад, ки ба манфиати ў ўҳдадорӣ пештар ба миён омадааст ва агар муайян намудани ин ғайриимкон бошад, оне ки барвақттар даъво арз кардааст, афзалият дорад.

Бар ивази талаби ба ў додани моле, ки мавзўи ўҳдадорӣ мебошад, кредитор ҳақ дорад, ҷуброни зиёнро талаб намояд.

Моддаи 430. Масъулияти иловагӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. То арзи талабот ба шахсе, ки мутобиқи қонун ё шарти ўҳдадорӣ иловатан ба масъулияти шахси дигар, ки қарздори асосӣ мебошад, масъулият дорад (масъулияти иловагӣ), кредитор бояд ба қарздори асосӣ талабот арз кунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар қарздори асосӣ талаботи кредиторро қонеъ нанамояд ё аз қонеъгардонии он саркашӣ кунад ин талаботро ба шахсе, ки масъулияти иловагиро (субсидариро) ба зимма дорад, арз кардан мумкин аст.

2. Агар талаботи кредитор бо роҳи баҳисобгирии даъвои акс ба қарздори асосӣ ё бидуни баҳс руёнидани маблағ аз ҳисоби қарздори асосӣ гардонида шавад, ў ҳақ надорад қонеъ намудани талаботи худро ба қарздори асосӣ аз шахсе талаб кунад, ки масъулияти иловагиро ба зимма дорад.

3. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахсе, ки масъулияти иловагиро ба зимма дорад, метавонад нисбат ба қарздори асосӣ талабот арз намояд.

4. Шахсе, ки масъулияти иловагиро ба зимма дорад, бояд то қонеъ намудани талаботи аз ҷониби кредитор гузошташуда дар маврид қарздори асосиро огоҳ созад ва агар ба чунин шахс даъво арз шуда бошад, қарздори асосиро барои иштирок дар парванда ҷалб намояд.

Дар акси ҳол қарздори асосӣ ҳақ дорад ба муқобили талаботи акс (регрес) – и шахси ба таври иловагӣ масъулиятдошта эътирозеро, ки ў нисбат ба кредитор дошт, арз намояд.

Моддаи 431. Маҳдуд сохтани андозаи масъулият оид ба ўҳдадорӣ

1. Аз рўи навъҳои алоҳидаи ўҳдадорӣ ва ўҳдадорие, ки ба шаклҳои муайяни фаъолият алоқаманд мебошанд, қонун ҳуқуқи ҷуброни пурраи зиёнро маҳдуд сохтанаш мумкин аст (масъулияти маҳдуд).

2. Созишномаи маҳдуд сохтани андозаи масъулияти қарздор оид ба шартномаи ҳамроҳшавӣ ё дигар шартномае, ки дар он шаҳрванди кредитор истеъмолкунанда мебошад, эътибор надорад, ба шарте ки андозаи масъулиятро барои ҳамин навъи ўҳдадорӣ ё ҳамин қонуншиканиро қонун муайян карда, созишнома то фаро расидани ҳолате, ки барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ боиси ҷавобгарӣ мегардад, баста шуда бошад.

Моддаи 432. Асосҳои масъулият барои вайрон кардани ўҳдадорӣ

1. Шахсе, ки ўҳдадориро иҷро накардааст ё онро номатлуб иҷро кардааст, ҳангоми мавҷуд будани гуноҳ (қасдан ё аз сабаби беэҳтиётӣ), ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун ё шартнома дигар асосҳои масъулиятро пешбинӣ намудаанд, ҷавобгар мебошад.

Шахс ҳангоме бегуноҳ дониста мешавад, ки агар бо вуҷуди ҳама гуна ғамхорӣ ва мулоҳизакорие, ки вобаста ба хусусиёти ўҳдадорӣ ва шарти аҳд аз ў талаб кардашуда буд, ҷиҳати иҷрои матлуби ўҳдадорӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида бошад.

2. Бе гуноҳии худро шахсе, ки ўҳдадориро вайрон кардааст, исбот мекунад.

3. Агар, ки дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахсе, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ўҳдадориро иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст, агар исбот накунад, ки иҷрои матлуби ўҳдадорӣ дар натиҷаи қувваи рафънопазир, яъне дар ҳамон шароит фавқулодда ва ногузир имконнопазир гаштааст, масъулият ба зимма дорад. Ба чунин ҳолатҳо, аз ҷумла вайрон кардани ўҳдадорӣ аз тарафи контрагентҳои қарздор, дар бозор мавҷуд набудани молҳои барои иҷро зарурӣ, маблағи зарурӣ надоштани қарздор дохил намешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Созишномаи қаблан басташуда дар мавриди бартараф намудан ё маҳдуд сохтани масъулияти қасдан вайрон кардани ўҳдадорӣ эътибор надорад.

Моддаи 433. Масъулияти қарздор барои кормандони худ

Амали кормандони қарздор ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳояш амали қарздорӣ эътироф карда мешавад. Агар ин амал боиси иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ гардида бошад, қарздор барои ин амал ҷавобгар аст.

Моддаи 434. Масъулияти қарздор оид ба амали шахси сеюм

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Қарздор инчунин дар ҳолатҳое, ки сабаби риоя накардани ўҳдадорӣ амал ё беамалии шахси сеюм оид ба ўҳдадориҳояшон дар назди қарздор гаштааст, дар назди кредитор масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Агар дар қонун муайян нашуда бошад, ки масъулият ба зиммаи иҷрокунандаи бевосита гузошта мешавад, қарздор инчунин барои амал ё беамалии шахси сеюм, ки ба онҳо қарздор иҷрои ўҳдадориашро дар назди кредитор вогузошта буд, дар назди кредитор ҷавобгар аст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Қарздор аз масъулияти вайрон кардани ўҳдадорӣ, ки аз амал ё беамалии шахси сеюм бармеояд, озод карда шуданаш мумкин аст, ба шарте ки бегуноҳии онҳоро исбот карда тавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ қарздор аз масъулияти вайрон кардани ўҳдадорӣ, ки аз амал ё беамалии шахси сеюм бармеояд, озод карда шуданаш мумкин аст, ба шарте ки он бо қувваи рафънопазир алоқаманд бошад (қисми 3 моддаи 432 ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Ҳангоми вайрон кардани ўҳдадорӣ, ки бо мушкил гардидани мавзўи ўҳдадорӣ бо ҳуқуқҳои шахси сеюм алоқаманд аст, қарздор танҳо дар сурате аз масъулият озод карда мешавад, ки агар чунин мушкилот то бастани шартнома бо кредитор пеш омада бошад ва кредитор ҳангоми бастани шартнома аз ин огоҳонида шуда буд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Қонунҳо ё шартнома шартҳои дигари ҷавобгарии қарздорро барои амали шахси сеюм пешбинӣ карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 435. Оқибатҳои вайрон кардани ўҳдадорӣ бо гуноҳи ҳар ду тараф

1. Агар иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ бо гуноҳи хар ду тараф содир шуда бошад, суд мувофиқан андозаи масъулияти қарздорро камтар мекунад. Агар касдан ё аз беэҳтиётӣ кредитор дар натиҷаи иҷро накардан ё иҷрои номатлуб ба зиёд шудани ҳаҷми зиён мусоидат карда бошад ё барои кам кардани ҳаҷми он тадбирҳои оқилона наандешида бошад, суд инчунин ҳақ дорад андозаи масъулияти қарздорро кам кунад.

2. Қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда мувофиқан инчунин дар ҳолатҳое низ татбиқ мегарданд, ки қарздор дар асоси қонун ё шартнома, сарфи назар аз гуноҳи худ, барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ масъулият дошта бошад.

Моддаи 436. Аз ҷониби қарздор гузаронидани мўҳлат

1. Дар мўҳлати муқаррарнамуда аз ҷониби қарздор иҷрр накардани ўҳдадорӣ мўҳлатгузаронии қарздор эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Қарздоре, ки мўҳлати иҷрои ўҳдадариро гузаронидааст, дар назди кредитор барои зиёни аз гузаронидани мўҳлат расида ва барои оқибати тасоддуфе ҷавобгар мебошад, ки аз гузаронидани мўҳлат фаро расидааст.

3. Агар дар натиҷаи гузаронидани мўҳлат аз ҷониби қарздор иҷрои ўҳдадорӣ барои кредитор манфиаташро гум карда бошад, ў метавонад қабули иҷрои ўҳдадориро рад кунад ва ҷуброни зиёнро талаб намояд.

4. То замоне, ки ўҳдадорӣ бо сабаби мўҳлатро гузаронидани кредитор иҷро нагардад қарздор мўҳлатро гузаронида ҳисоб намеёбад.

Моддаи 437. Аз ҷониби кредитор гузаронидани мўҳлат

1. Агар кредитор қабули иҷрои матлуби пешниҳоднамудаи қарздорро рад карда бошад ё амали дар қонунҳо ё созишнома пешбинишуда ё аз анъанаҳои аҳдҳои корӣ ё аз моҳияти ўҳдадорӣ бармеомадаро иҷро накарда бошад, ки то анҷом додани он қарздор наметавонист ўҳдадории худро иҷро кунад, ў мўҳлатро гузаронида ба ҳисоб меравад.

Кредитор инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 440 ҳамин Кодекс мўҳлатро гузаронида ба ҳисоб меравад.

2. Аз ҷониби кредитор гузаронидани мўҳлат, агар кредитор исбот карда натавонад, ки гузаронидани мўҳлат мутобиқи ҳолатҳое ба миён омадааст, ки барои он ҳолат на ў шахсан ва на дигар шахси ба зиммаашон бо амри қонун ё супориши кредитор қабули иҷрои ўҳдадорӣ вогузошташуда ҷавобгар намебошанд, ба қарздор ҳуқуқ медиҳад, ки зиёни аз сабаби гузаронидани мўҳлат расонидашударо талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Ба зиммаи кредиторе, ки ба гузаронидани мўҳлат роҳ додааст, ҳамаи оқибатҳои номусоиди дар давраи гузаронидани мўҳлат бамиёномадаи имконнопазирии ногаҳонии иҷрои ўҳдадорӣ гузошта мешавад.

3. Мутобиқи ўҳдадории пулӣ барои пардохти фоиз дар давраи гузаронидани мўҳлат аз тарафи кредитор қарздор масъул намебошад.

Моддаи 438. Таваккали соҳибкорӣ дар ўҳдадорӣ

Агар дар ўҳдадорӣ иҷрои ягон коре бо фармоиши соҳибкор пешбинӣ гардида бошад, таваккали имконнопазирӣ ё мувофиқи мақсад набудани истифодаи натиҷаи кор ба зиммаи соҳибкор гузошта мешавад. Шахсе, ки корро матлуб анҷом додааст, ҳақ дорад баробари дараҷаи иҷро ҳаққи корашро гирад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар шартнома тақсими дигари таваккали соҳибкорӣ пешбинӣ нагардида бошад.

БОБИ 25 ҚАТЪИ ЎҲДАДОРӢ

Моддаи 439. Асосҳо барои қатъи ўҳдадорӣ

1. Ўҳдадорӣ аз рўи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ва санади ҳуқуқӣ ё шартнома қисман ё пурра қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Қатъи ўҳдадорӣ бо талаби яке аз тарафҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома равост.

Моддаи 440. Қатъи ўҳдадорӣ бо иҷрои он

1. Иҷрои матлуб ўҳдадориро қатъ месозад.

2. Кредитор иҷрои ўҳдадориро қабул намуда, вазифадор аст бо талаби қарздор ба ў дар мавриди пурра ё қисми дахлдорро қабул кардани он забонхат диҳад.

Агар қарздор барои тасдиқи ўҳдадорӣ ба кредитор ҳуҷҷати қарзро супорида бошад, пас кредитор иҷроро қабул карда, бояд ин ҳуҷҷатро пас диҳад ва ҳангоми набудани имконияти баргардонидани он дар забонхат дар ин маврид сабт кунад. Забонхатро бо сабти рўзи дар ҳуҷҷати қарзи баргардонидашаванда иваз кардан мумкин аст. Дар дасти қарздор будани ҳуҷҷати қарз, агар далели дигаре исбот нашуда бошад, қатъи ўҳдадориро тасдиқ мекунад.

Ҳангоми забонхат надодан, ҳуҷҷати қарзро барнагардондани кредитор ё дар забонхат сабт намудани имконнопазирии баргардонидани он қарздор ҳақ дорад иҷрои ўҳдадориро боздорад. Дар ин ҳолат кредитор мўҳлатро гузаронида меҳисобад.

Моддаи 441. Ҳаққи дасткашӣ

Мутобиқи созишномаи байни тарафҳо ўҳдадорӣ бо додани ҳаққи дасткашӣ (пардохти пул, додани молу мулк ва ғайра) бар ивази иҷро метавонад қатъ гардад. Андоза, мўҳлат ва тартиби додани ҳаққи дасткашӣ аз ҷониби тарафҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 442. Қатъи ўҳдадорӣ бо баҳисобгирӣ

Ўҳдадорӣ бо баҳисобгирии талаботи якхелаи мутақобил, ки мўҳлаташ фаро расидааст ё мўҳлаташ муайян нашудааст ё бо лаҳзаи талабидан муқаррар карда шудааст, пурра ё қисман қатъ мегардад. Барои баҳисобгирӣ аризаи як тараф кифоя аст.

Моддаи 443. Ҳолатҳои номумкин будани баҳисобгирӣ

Дар ҳолатҳои зайл баҳисобгирӣ номумкин аст:

а) агар тибқи аризаи тарафи дигар ба талабот мўҳлати даъво истифода шуда ва ин мўҳлат гузашта бошад;

б) ҳангоми ҷуброни зиёни ба ҳаёт ё саломатӣ расонидашуда;

в) ҳангоми руёнидани алимент;

г) ҳангоми таъмини умрбод;

д) дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома.

Моддаи 444. Баҳисобгирӣ ҳангоми гузашт кардани талабот

1. Дар ҳолати гузашт кардани талабот қарздор ба муқобили талаботи кредитори нав ҳақ дорад талаботи мутақобили худро ба кредитори ибтидоӣ ба ҳисоб гирад.

2. Агар талабот ба қарздор тибқи асосҳои то гирифтани огоҳинома дар бораи гузашт карда шудани талабот зарур шуда, мўҳлати талабот то гирифтани он фаро расида бошад ё ин мўҳлат нишон дода нашуда бошад ё бо лаҳзаи дархост муайян гардида бошад, талаб ба ҳисоб гирифта мешавад.

Моддаи 445. Қатъи ўҳдадорӣ ҳангоми чун як шахс мувофиқ омадани қарздор ва кредитор

Агар қарздор ва кредитор чун як шахс мувофиқ оянд, ўҳдадорӣ қатъ мегардад.

Моддаи 446. Қатъи ўҳдадорӣ бо сабаби нав шудани он (новатсия)

1. Ўҳдадорӣ бо созишномаи байни тарафҳо дар мавриди ивази ўҳдадории ибтидоии байни онҳо мавҷудбуда бо дигар ўҳдадории дигари байни ҳамон ашхосе, ки мавзўи дигар ва усули дигари (новатсия) иҷрои ўҳдадориро талаб мекунад, қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1557).

2. Дар муносибат ба ўҳдадорӣ оид ба ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонидааст ва оид ба пардохти алимент навоварӣ (новатсия) иҷозат дода намешавад.

3. Навоварӣ (новатсия), агар дар созишномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ўҳдадории иловагиро, ки ба ўҳдадории ибтидоӣ алоқаманд аст, қатъ менамояд.

Моддаи 447. Бахшидани қарз

Ҳангоми аз ҷониби кредитор озод кардани қарздор аз ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда, агар ин ҳуқуқи дигар ашхосро дар муносибат ба амволи кредитор вайрон накунад, ўҳдадорӣ қатъ мегардад.

Моддаи 448. Қатъи ўҳдадорӣ ҳангоми имконнопазирии иҷро

1. Агар иҷрои ўхдадори бо ҳолатҳое имконнопазир бошад, ки барояш қарздор масъулият надорад, он қатъ мегардад. Амали қоидаҳои мазкур ба ўҳдадориҳои пулӣ татбиқ карда намешавад.

2. Дар сурати имконнопазир будани иҷро аз ҷониби тарафи ўҳдадорӣ, ки ба ҳолатҳо вобаста аст ва барои он ҳеҷ кадоме аз тарафҳо ҷавобгар нестанд, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ин тараф ҳақ надорад аз тарафи дигар иҷрои ўҳдадориро талаб кунад. Дар айни замон ҳар кадом тараф, ки ўҳдадориро иҷро кардааст ҳақ дорад баргардонидани иҷроро талаб намояд.

3. Агар қарздор ўҳдадориро бинобар амали гунаҳкоронаи кредитор иҷро карда натавонад, охирин ҳақ надорад баргардондани иҷрои ўҳдадориро талаб кунад.

Моддаи 449. Қатъи ўҳдадорӣ дар асоси санади мақомоти давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247)

1. Агар дар натиҷаи қабули санади мақомоти давлатӣ пурра ё қисман иҷро намудани ўҳдадорӣ имконнопазир гардад, ўҳдадорӣ пурра ё дар қисми дахлдори он қатъ мегардад. Тарафҳое, ки дар натиҷаи ин зиён дидаанд, ҳақ доранд мутобиқи моддаҳои 13 ва 16 ҳамин Кодекс ҷуброни онро талаб намоянд.

2. Агар санади мақомоти давлатӣ, ки дар асоси он ўҳдадорӣ қатъ гардидааст, тибқи тартиби муқарраршуда беэътибор дониста шавад, ўҳдадорӣ барқарор мегардад, ба шарте ки аз созишномаи тарафҳо ё моҳияти ўҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд ва иҷрои ўхдадорӣ барои кредитор манфиати худро гум накардабошад.

Моддаи 450. Қатъи ўҳдадорӣ аз сабаби фавти шаҳрванд

1. Агар иҷрои ўҳдадорӣ бидуни иштироки шахсии қарздор номумкин бошад ё ўҳдадорӣ ба тариқи дигар ба таври ногусастанӣ бо шахсияти қарздор алоқаманд бошад, ўҳдадорӣ ба фавти қарздор, қатъ мегардад.

2. Бо фавти кредитор, агар иҷрои ўҳдадорӣ маҳз барои кредитор таъин шуда бошад ё ўҳдадорӣ бо тариқи дигар ба таври ногусастанӣ бо шахсияти кредитор алоқаманд бошад ўҳдадорӣ қатъ мегардад.

Моддаи 451. Қатъи ўҳдадорӣ бо барҳам хурданӣ шахси ҳуқуқӣ

1. Ўҳдадорӣ бо барҳам хўрдани шахси ҳуқуқӣ (қарздор ё кредитор) қатъ мегардад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ иҷрои ўҳдадории шахси ҳуқуқии барҳамхўрдаро ба зиммаи шахси дигар гузоранд (оид ба талабот дар мавриди пардохти товони зиён, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст ва ғайра) (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

ЗЕРФАСЛИ 2 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА ШАРТНОМА

БОБИ 26 МАФҲУМ ВА МАЗМУНИ ШАРТНОМА

Моддаи 452. Мафҳуми шартнома

1. Шартнома созиши ду ё якчанд шахс барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва ўҳдадории гражданӣ мебошад.

2. Нисбат ба шартнома қоидаҳо оиди аҳди дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар боби 7 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, татбиқ мегарданд.

3. Агар дар қоидаҳои ҳамин боб ва қоидаҳо оиди навъҳои алоҳидаи шартномаҳо, ки дар ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, нисбати ўҳдадориҳое, ки аз шартнома бармеоянд, муқаррароти умумӣ оид ба ўҳдадориҳо (моддаҳои 328-451) татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

4. Нисбати шартномаҳое, ки бештар аз ду тараф мебанданд, муқаррароти умумӣ оид ба шартнома татбиқ мегардад, ба шарте, ки ин ба хусусияти бисёрҷонибаи чунин шартномаҳо мухолиф набошад.

Моддаи 453. Мустақилияти шартнома

1. Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар ҳамин Кодекс, қонун ё ўҳдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад.

2. Тарафҳо метавонанд тибқи тартиби пешбининамуда ё пешбининанамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ шартнома банданд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Тарафҳо метавонанд шартномае банданд, ки он ҷузъҳои шартномаҳои мухталифи пешбиникардаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ (шартномаи омехта)-ро дар бар гирифта бошад. Агар аз созишномаи тарафҳо ё моҳияти шартномаи омехта тартиби дигаре барнаояд, дар муносибати тарафҳо оид ба шартномаи омехта, дар қисматҳои дахлдор қоидаҳои шартномае, ки ҷузъҳои он дар шартномаи омехта мавҷуд аст, татбиқ мегарданд.

4. Шартҳои шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки мазмуни шарти дахлдор дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ зикр шудааст (моддаи 454), бо салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Дар ҳолатҳое, ки шарти шартнома мутобиқи меъёр истифода мешавад, зеро дар созишномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст (меъёри диспозитивӣ), тарафҳо метавонанд бо созишномаи худ истифодаи онро бекор кунанд ё шартеро ба миён гузоранд, ки аз шарти пешбинигардида фарқ дошта бошад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома шартҳои шартнома тибқи меъёри диспозитивӣ муайян карда мешаванд.

5. Агар шарти шартнома аз ҷониби тарафҳо ё меъёри диспозитивӣ муайян нашуда бошад, шартҳои дахлдор бо анъанаҳои аҳдҳои корӣ, ки нисбати тарафҳо татбиқ мегардад, муайян карда мешаванд.

Моддаи 454. Шартнома ва қонун

1. Шартнома бояд ба қоидаҳои барои тарафҳо ҳатмие, мутобиқат кунад, ки бо қонун ё дигар санади ҳуқуқии (меъёрҳои императивӣ) дар лаҳзаи бастани шартнома амалкунанда муқаррар карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар пас аз бастани шартнома қонуне қабул шуда бошад, ки барои тарафҳо нисбат ба қоидаҳои ҳангоми бастани шартнома амалкунанда қоидаҳои ҳатмии дигарро муқаррар менамояд, шартҳои шартномаи басташуда ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди он, ки амали он ба муносибатҳои аз шартномаи қаблан басташуда бамиёномада татбиқ мегардад, эътибори худро нигоҳ медорад.

Моддаи 455. Шартномаҳои музднок ва бемузд

1. Шартномае, ки мутобиқи он як тараф бояд музд ё барои иҷрои ўҳдадорияш пасбаргардонии дигари мутақобиларо гирад, ба музд ба ҳисоб меравад.

2. Шартномае, ки мутобиқи он як тараф ўҳдадор мешавад ба тарафи дигар бе музд ё пасбаргардонии чизе диҳад, шартномаи бемузд эътироф карда мешавад.

3. Агар аз қонун, санади дигари ҳуқуқӣ, мазмун ё моҳияти шартнома тартиби дигаре барнаояд, шартнома музднок ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 456. Нарх

1. Иҷрои шартнома мутобиқи нархи дар созишномаи байни тарафҳо муайянгардида пардохта мешавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун нарх (тарифҳо, нархгузорӣ, ставка ва ғайра)-ҳои муқаррар ё танзим намудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ истифода бурда мешаванд.

2. Тағйир додани нарх пас аз бастани шартнома танҳо дар ҳолатҳо ва тибқи шартҳои пешбининамудаи шартнома, иҷозат дода мешавад.

3. Агар дар шартномаи бамузд нарх пешбинӣ нагардида бошад ва бинобар шарти шартнома муайян шуда наметавонад, иҷрои шартнома бояд бо нархе пардохта шавад, ки дар чунин ҳолатҳо одатан барои ин гуна мол ва кору хизматрасонӣ гирифта мешавад.

Моддаи 457. Амали шартнома

1. Шартнома аз лаҳзаи баста шуданаш эътибор пайдо мекунад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад.

2. Тарафҳо ҳақ доранд муайян кунанд, ки шарти шартномаи бастаи онҳо ба муносибатҳои то бастани шартнома бамиёномада низ татбиқ мегардад.

3. Қонун ё шартнома муайян карда метавонанд, ки хотимаи мўҳлати амали шартнома боиси қатъи ўҳдадории тарафҳо оид ба шартнома мегардад.

Шартномае, ки дар он чунин шарт гузошта нашудааст то лаҳзаи иҷрои ўҳдадориро ба охир расондани тарафҳо муайян карда шудааст, боэътибор эътироф карда мешавад.

4. Қатъи мўҳлати амали шартнома тарафҳоро аз масъулияти риоя накардани он озод намекунад.

Моддаи 458. Шартномаи оммавӣ

1. Шартномаи оммавӣ шартномае мебошад, ки аз ҷониби ташкилоти тиҷоратӣ баста шуда, дар он ўҳдадории ташкилот дар мавриди фурўши маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки чунин ташкилот мувофиқи хусусиятҳои фаъолияташ бояд нисбати ҳар муроҷиаткунанда анҷом диҳад (савдои чакана, мусофиркашонӣ дар нақлиёти истифодаи умум, хизматрасонии алоқа, таъминоти барқ, хизматрасонии тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайра) муайян гардидааст.

Ташкилоти тиҷоратӣ дар бастани шартномаи оммавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ҳақ надорад як шахсро нисбат ба дигаре авлотар шуморад.

2. Нархи мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин дигар шартҳои шартномаи оммавӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун додани имтиёзҳоро барои категорияи алоҳидаи истеъмолкунандагон пешбинӣ менамояд, барои ҳамаи истеъмолкунандагон якхела мебошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Дар ҳолати мавҷуд будани имконияти бастани шартномаи оммавӣ ҷиҳати ба истеъмолкунандагон расонидани моли дахлдор, хизматрасонӣ ва барои онҳо анҷом додани кори дахлдор аз ҷониби ташкилоти тиҷоратӣ рад кардани бастани шартнома иҷозат дода намешавад.

Дар сурати беасос аз бастани шартномаи оммавӣ саркашӣ кардани ташкилоти тиҷоратӣ муқаррароти пешбининамудаи қисми 4 моддаи 477 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.

4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қоидаҳое барорад, ки барои тарафҳо ҳангоми бастан ва иҷрои шартномаҳои оммавӣ ҳатмӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

5. Шартҳои шартномаи оммавӣ, ки ба талаботи муқаррароти қисмҳои 2 ва 4 ҳамин модда мутобиқ нестанд, эътибор надоранд.

Моддаи 459. Шартҳои намунавии шартнома

1. Дар шартнома пешбинӣ гардиданаш мумкин аст, ки шартҳои алоҳидаи он бо шартҳои намунавии барои шартномаҳои дахлдор таҳия ва дар матбуот нашргардида муайян карда мешаванд.

2. Агар дар шартнома ба шартҳои намунавӣ ишора набошад, чунин шартҳои намунавӣ дар муносибати байни тарафҳо ба сифати анъанаҳои муомилоти корӣ истифода мегарданд, ба шарте ки онҳо ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 5 ва қисми 5 моддаи 453 ҳамин Кодекс мувофиқ бошанд.

3. Шартҳои намунавӣ дар шакли шартномаи намунавӣ ё дигар санаде, ки ин шартҳоро дар бар гирифтааст, инъикос ёфтанаш мумкин аст.

Моддаи 460. Шартномаи ҳамроҳшавӣ

1. Шартномаи ҳамроҳшавӣ шартномаест, ки шарти онро як тараф дар шакли тавсия (формуляр) ё дигар шакли стандартӣ пешниҳод намудааст ва онро тарафи дигар танҳо бо роҳи пурра ҳамроҳ шудан ба шартномаи пешниҳодгардида қабул мекунад.

2. Тарафи ба шартнома ҳамроҳгардида, ҳарчанд шартномаи ҳамроҳшавӣ хилофи қонунҳо набошад ҳам, вале ин тарафро аз ҳуқуқҳое маҳрум месозад, ки одатан мутобиқи чунин шакли шартномаҳо дода мешаванд, масъулияти тарафи дигарро дар ҳолати риоя накардани ўҳдадорӣ истисно ё маҳдуд мекунад ё шартҳои барои тарафи ҳамроҳшуда баръало вазнинро дар бар мегирад, ки онҳоро бо назардошти оқилонаи манфиати даркнамудаи худ, ҳангоми мавҷуд будани имконияти иштирок дар муайян кардани шарти шартнома қабул намекунад, ҳақ дорад бекор ё тағйир додани онро талаб намояд.

3. Агар тарафи ҳамроҳшуда медонист ё мебоист донад, ки бо кадом шартҳо шартнома мебандад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, талаби бекор ё иваз намудани шартнома, ки як тарафи ба шартнома ҳамроҳшуда бинобар анҷом додани фаъолияти соҳибкориаш пешниҳод кардааст, қонеъ гардонида намешавад.

Моддаи 461. Шартномаи пешакӣ

1. Мутобиқи шартномаи пешакӣ тарафҳо ўҳдадор мешаванд дар оянда дар мавриди додани амвол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ (шартномаи асосӣ) тибқи шартҳои пешбининамудаи шартномаи пешакӣ шартнома банданд.

2. Шартномаи пешакӣ мутобиқи шакли барои шартномаи асосӣ муқарраршуда баста мешавад ва агар шакли шартномаи асосӣ муайян нашуда бошад, он хаттӣ тартиб дода мешавад. Риоя накардани қоидаҳо дар мавриди шартномаи пешакӣ онро беэътибор мегардонад.

3. Шартномаи пешакӣ бояд шартҳоеро дар бар гирад, ки ба муайян намудани мавзўъ, инчунин дигар шартҳои шартномаи асосӣ имконият диҳад.

4. Дар шартномаи пешакӣ мўҳлате, ки тарафҳо ўҳдадор шудаанд шартномаи асосӣ банданд, нишон дода мешавад.

Агар чунин мўҳлат дар шартномаи пешакӣ муайян нагардида бошад, шартномаи асосӣ бояд дар давоми як сол аз лаҳзаи ба имзо расидани шартномаи пешакӣ баста шавад.

5. Агар то қатъи мўҳлате, ки тарафҳо бояд шартнома банданд, ба имзо нарасад ё яке аз тарафҳо ба тарафи дигар дар мавриди бастани шартнома пешниҳод ирсол накунад, ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи пешакӣ, қатъ мегардад.

6. Агар дар созишномаи оид ба ният (протокол оид ба ният ва ғайра) бевосита хоҳиши тарафҳо дар мавриди ба он додани ҳуқуқи шартномаи пешакӣ инъикос нагардида бошад, боиси оқибатҳои ҳуқуқии гражданӣ намегардад.

Моддаи 462. Шартнома ба манфиати шахси сеюм

1. Шартнома ба манфиати шахси сеюм шартномае мебошад,

ки дар он тарафҳо муқаррар намудаанд кредитор бояд ўҳдадор аст ба шахси сеюми дар шартнома зикршуда ё зикрнашударо, ки ҳуқуқ дорад аз қарздор иҷрои ўҳдадориро ба фоидаи худ талаб намояд, иҷро кунад.

2. Агар қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, тарафҳо аз лаҳзаи ба қарздор аз ҷониби шахси сеюм баён карда шудани нияти истифодаи ҳуқуқи худ оид ба шартнома, шартномаи басташударо бидуни розигии шахси сеюм бекор ё тағйир дода наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Қарздор ҳақ дорад дар шартнома ба талаботи шахси сеюм эътироз баён кунад, чунон ки метавонист ба муқобили кредитор шикоят намояд.

4. Дар сурати даст кашидани шахси сеюм аз ҳуқуқи мутобиқи шартнома ба ў додашуда, кредитор метавонад аз ин ҳуқуқ истифода барад, ба шарте ки он хилофи қонун, санади дигари ҳуқуқӣ ё шартнома набошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 463. Тафсири шартнома

1. Ҳангоми тафсири шартнома суд маънои аслии калима ва ибораҳои дар он сабт шударо ба инобат мегирад. Ҳангоми нофаҳмо будани он маънои аслии шартҳои шартнома бо роҳи муқоиса бо дигар шартҳо ва умуман мазмуни шартнома муқаррар карда мешавад.

2. Агар қоидаҳои дар қисми якуми ҳамин модда муқарраргардида барои муайян кардани мазмуни шартнома имконият надиҳанд, бояд нияти ҳақиқии умумии тарафҳо, бо назардошти мақсади шартнома дақиқ карда шавад. Дар айни замон ҳамаи ҳолатҳои дахлдор, аз ҷумла гуфтугузору мукотибот ва амалҳои то бастани шартнома сурат гирифта, ки дар муносибатҳои тарафҳо муқаррар шудааст, анъанаҳои муомилоти корӣ, рафтори минбаъдаи тарафҳо ба инобат гирифта мешаванд.

БОБИ 27 БАСТАНИ ШАРТНОМА

Моддаи 464. Муқаррароти умумӣ оиди бастани шартнома

1. Агар байни тарафҳо, мутобиқи шакли дар ҳолатҳои муайяни зарурӣ аз рўи ҳама шартҳои асосии шартнома созиш ба даст омада бошад, шартнома басташуда дониста мешавад.

Шартҳои оид ба мавзўи шартнома, шартҳое, ки дар қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ барои шартномаи шакли мазкур муҳим ва зарурӣ номбар шудаанд, инчунин ҳамаи он шартҳое, ки дар алоқамандӣ ба онҳо тибқи аризаи яке аз тарафҳо бояд созиш ба даст ояд, шартҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Шартнома бо фиристодани оферта (пешниҳод барои бастани шартнома) аз ҷониби як тараф ва аксепти он (қабули пешниҳод) аз ҷониби тарафи дигар баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

Моддаи 465. Лаҳзаи бастани шартнома

1. Шартнома аз лаҳзаи аз ҷониби шахси фиристодаи оферта гирифтани аксепти он баста шуда ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Агар барои бастани шартнома тибқи қонун, инчунин додани молу мулк зарур бошад, шартнома аз лаҳзаи додани амволи дахлдор (моддаи 248) баста шуда ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

3. Шартномае, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад ба шарте ки қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 466. Шакли шартнома

1. Шартномаро дар ҳама гуна шакле, ки барои анҷом додани аҳд пешбинӣ шудааст, бастан мумкин аст, ба шарте ки қонун барои шартномаи шакли зикршуда шакли муайян муқаррар накарда бошад.

Агар тарафҳо шакли муайяни бастани шартномаро маслиҳат карда бошанд, ҳарчанд тибқи қонун барои чунин навъи шартнома ин шакл номатлуб бошад ҳам, баъди дар шакли муайян пешниҳод карда шуданаш баста шуда ба ҳисоб меравад.

2. Шартнома дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як санади имзокардаи тарафҳо, инчунин бо роҳи мубодилаи аснод аз тариқи почта, телеграф, телетайп, телефон, алоқаи электронӣ ё дигар навъи алоқае, ки имконияти аз ҷониби тарафи шартнома фиристода шуданашро мўътамад тасдиқ менамояд, баста шуданаш мумкин аст.

3. Агар пешниҳоди хаттии тартиб додани шартнома тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 3 моддаи 470 ҳамин Кодекс қабул гардида бошад, расмияти шакли хаттии шартнома риоя гардида ҳисоб мешавад.

Моддаи 467. Оферта (пешниҳод)

1. Оферта пешниҳоди ба як шахс ё якчанд шахси муайян фиристодае мебошад, ки мақсади шахси пешниҳод кардаро аниқ ифода намуда шартномаро бо унвоне, ки пешниҳодро қабул кунад, имзо карда шуда ҳисоб мекунад. Оферта бояд шартҳои муҳими шартномаро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № № 247).

2. Оферта шахси фиристодаи онро аз лаҳзаи аз ҷониби унвонӣ гирифтани он алоқаманд месозад.

Агар огоҳинома дар мавриди талаб карда гирифтани оферта барвақттар аз оферта ё ҳамзамон бо он расида бошад, оферта дастраснашуда ҳисоб меёбад.

Моддаи 468. Бебозхо