Friday, April 19, 2024

Ҳукми ноодилонаи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

2- юми июни соли 2016, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукм нисбати 14 аъзои Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро содир намуд, ки муовинон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад ва дигарон аз 2 то 28 сол равонаи зиндон шуданд.

Мақомот ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ ба кудатои нофарҷоми собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) гунаҳкор кард. Ин иттиҳомро раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷ қарор дорад дар суҳбат бо расонаҳо ва зиндониёни сиёсии ин ҳизб дар мурофиаҳои додгоҳӣ рад карда, як нақшаи тарҳрезишуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон номида буданд.

Ҷараёни тафтиши парванда ба таври махфӣ сурат гирифта, мурофиаҳо ва эълони ҳукм аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон низ пушти дарҳои баста сурат гирифт.

То имрӯз даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ боздошти аъзои ин ҳизбро худсарона номида, аз мақомоти хостори озодии онҳо шудаанд. Аз ҷумла Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона ба хулосае расид, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти аъзои ҲНИТ ва вакили мудофеи онҳо (Бузургмеҳр Ёров) уҳдадориҳои худро дар масъалаи ҳуқуқи инсон поймол намуда, аз ҳукумат озодии бидуни қайду шарти онҳоро хоста буд. То ҳол мақомот хостаи созмонҳои ҷаҳониро иҷро накарда, вуҷуди зиндониёни сиёсиро дар Тоҷикистон рад мекунанд.

Ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро нисбати Ҳисайнов У.Ф., Ҳаитов М.Р, Сайфуллозода Ҳ., Ҷобир Р.Р., Давлятов А.А., Файзмуҳаммад М., Каримов С.С., Розиқов З., Авазов Қ.К, Рустамов С.Т., Хуҷаева З.Р., Қосидинов В., Набиев Ш.М., Ғайратов А.И., Сайфов Ҳ.Қ., Нарзуллоев Ҷ.И. ва Раҳматуллоев М.Т. дар зер бихонед ва худ қазоват кунед!

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights