Tuesday, January 31, 2023

Зодрӯзат муборак бошад Бузургмеҳр Ёров!

Имрӯз (9-уми июл) Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохтаи тоҷик, маҳбуси сиёсие, ки барои мавқеъи иҷтимоию сиёсӣ ва фаъолияти касбияш ғайриқонунӣ, беасос ва муғризона зиндонӣ шудааст, зодрӯз дорад.

Зодрӯзи Бузургмеҳр Ёров имсол ба иди саиди Қурбон рост омад. Бунёди “Бузургмеҳр” аз фурсат истифода бурда, пеш аз ҳама ӯ ва аъзои оилаашро бо фарорасии иди Азҳо, инчунин ба рӯзи милод табрик намуда барояшон саломатӣ, бурдборӣ, сабр ва ҳарчӣ зудтар озодӣ аз зиндонро таманно дорад.

Зодрӯзат муборак бошад, Бузургмеҳр Ёров!

Ҳамчунин тими “Бунёди Бузургмеҳр” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ба муносибати иди Қурбон табрик мекунад.

Бузургмеҳр кист?

Ёров Бузургмеҳр Равшанович 09.07.1971 сол дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Падараш Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, модараш Исҳокова Ҳуриниссо – хонашин.

Ӯ соли 1988 мактаби миёнаи №11 шаҳри Душанберо хатм намуда, аз соли 1988 то 1989 дар мактаби миёнаи №10 ш. Душанбе ба сифати сарпионервожатий фаъолият кардааст.

Соли 1997 бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм мекунад. Сипас дар шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиш кор кардааст. Дар барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ аз моҳи марти соли 1993 то декабри соли 1996 иштирок намудааст.

Аз соли 1996 то соли 1998 ба сифати муовини директори нашриёти адабиёти кӯдакона «Афсона» вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ кор карда аз 01.11.1998 то рӯзи боздошташ 28.09.2015 сол ба сифати ҳимоятгар, аввал дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 06.09.2007 сол ҳамчун Раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ва аз 15.05.2009 сол ба сифати Раиси Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипар» фаъолият мекард.

Инчунин солхои 1998-2007 дар шуъбаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ ба ҳамчун муаллими калони Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ аз фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, психологияи ҳуқуқӣ ва этикаи судӣ дарс додааст.

Вай дар баррасии парвандаҳои зиёде иштирок карда 12 маротиба ба Комитети СММ оид ба ҳуқуқи инсон, нисбати вайрон намудани ҳуқуқи шахсон аз тарафи Тоҷикистон муроҷиат намуда, 7 дархосташ қонеъ дониста, яктояш рад ва 4 дархости дигараш (аз 28.09.2017 сол) мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Ӯ чандин маротиба барои фаъолиятҳои касбияш ба хориҷи кишвар ба Эрон, Афғонистон, Русия, Украина, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Олмон, Чин ва Арабистони Саудӣ сафари хизматӣ кардааст.

Бузургмеҳр Ёров узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон буда, соли 2011 аъзои Шӯрои сиёсии ин ҳизб шуд. Аз соли 2013 ҳамчун сардори Шуъбаи ёрии иҷтимоӣ-ҳуқуқии аҳолии ҲСДТ фаъолият кардааст. Аз тарафи ҲСДТ дар интихоботи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда аст.

28 сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон беасос боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд, ки дар натиҷаи се мурофиаи судӣ ӯро ба таври муғризона ба 28 соли зиндон маҳкум ва аз озодӣ маҳрум карданд. Айни ҳол дар колонияи низомаш сангин дар Муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Зодрӯзат хуҷаста бошад!

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights