Tuesday, January 31, 2023

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела

Имрӯз тамоми чаҳон Рӯзи байналмилалии Нелсон Манделаро қайд мекунад. Нафаре ки барои дифоъ аз ҳуқуқи аққалиятҳо, мубориза алайҳи табъйизи нажодӣ ва фақру бенавоӣ 27 соли умрашро пушти милаҳои зиндон гузарондааст.

Муборизаҳои тӯлонии Нелсон Мандела натиҷа дода, ӯ соли 1990 аз зиндон озод мешавад ва чаҳор сол баъ дар як интихоботи озод, ки бо иштироки ҳама қавмҳои Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд, бар унвони аввалин президенти сиёҳпӯсти ин кишвар интихоб шуд ва то соли 1999 дар ин мақом барои мардумаш хизмат кардааст.

Соли 1993 ба Нелсон Мандела барои дифоъ аз ҳуқуқи аққалиятҳо, мубориза алайҳи табъйизи нажодӣ ва фақру бенавоӣ, ҷоизаи сулҳи Нобел дода шуд.

НЕЛСОН МАНДЕЛА ЧУНИН МЕГУФТ:

Ҳеҷ вақт иҷоза надиҳед, ки роҳбаронатон шуморо машғули чизҳое бигардонанд, ки он масъалаҳо аслан ба салоҳи зиндагии шумо нест. Ҳукумат ва давлат ҳамаи кораш ин аст, ки шумо дар рифоҳу осоиш зиндагӣ кунед. Шумо бояд ба давлат бигӯед кадом корро анҷом диҳад кадомашро не. Давлете, ки ҳарфу пешниҳоди шуморо қабул накард он азони шумо ва барои шумо нест!

Гуфтанист бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз моҳи ноябри соли 2009, ҳамасола 18-уми июл ба унвони Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела ҷашн гирифта мешавад.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар паёмаш ба муносибати ин Рӯзи байналмилалӣ гуфт, ки “Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела барои мо имконест барои ёдоварӣ аз ҳаёт ва мероси қаҳрамони шинохтаи шаъну шараф, баробарӣ, адолат ва ҳуқуқи башар.”

Гуттериш дар идома таъкид мекунад, ки ҳар сол дар рӯзи зодрӯзи Нелсон Мандела “мо ба ин шахси фавқулода, ки ҳадафҳои олии Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми инсониятро таҷассум кардааст эҳтиром мегузорем”.

Бунёди “Бузургмеҳр” ёдовар мешавад, ки дар Тоҷикистони мо низ шахсоне ки барои баробарии иҷтимоӣ, адолат, ҳуқуқи башар ва идеалҳое, ки Нелсон Мандела барои онҳо мубориза бурдааст ҳастанд, аммо аз ҷониби мақомот боздошт ва барои муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Бунёди Бузургмеҳр ба ҳама зиндониёни сиёсӣ саломатӣ, сабру тоқат, истодагарӣ, таҳаммул ва озодиро таманно дорад.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights