Monday, January 30, 2023

Гапи Озод: Чаро мақомот журналистонро ҳадаф гирифтаанд?

Боздошти хабарнигорон ва блогерҳо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар ду моҳи гузашта ва бозпурсии чанд хабарнигори дигар чӣ ҳадаф ва оқибат дорад?

Тарсонидани хабарнигорону таҳти назорати комил гирифтани матбуоти мустақил дар Тоҷикистон? Чаро мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон хомӯш ҳастанд ва намегӯянд, ки сабаби боздошти хабарнигорону блогерон чист? Дар барномаи Гапи озод ин дафъа ҳамин мавзуъро дар миён гузоштем ва бо Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Ҷамшед Ёров вакили мудофеъ ва раиси Бунёди Бузургмеҳр дар хориҷи кишвар.

Ҷамшед Ёров ҳуқуқшинос ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, ки “Дар миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афроди тасодуфӣ зиёд ҳастанд ва онҳо ба хотири нишон додани садоқати худ ба роҳбаронашон чунин амалҳои ғайриқонунӣ анҷом медиҳанд ва ба қонунҳои кишвар аҳамият намедиҳанд.”

Барномаи пурраро метавонед дар инҷо бубинед:

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights