Tuesday, December 5, 2023

Баёнияи Бунёди “Бузургмеҳр” дар мавриди интиқоли Зубайдуллои Розиқ ба “ШИЗО”

Бунёди “Бузургмеҳр” ба ҳуҷраи ҷаримавӣ ё “ШИЗО” интиқол додани маҳбуси сиёсии тоҷик, Зубайдуллои Розиқи 76 соларо амали ғайриинсонӣ ва шиканҷа меҳисобад.

Агарчи ба ҳуҷраи ҷаримавӣ интиқол додани маҳбусоне, ки низоми маҳбасро вайрон кардаанд, амали қонунӣ аст, вале дар ҳар ҳолат бояд синну сол ва вазъи саломатии маҳбус ба назар гирифта шавад.

Зубайдуллои Розиқ шахсест, ки синнаш қариб ба 80 расидааст ва маълум аст, ки саломатиаш ба он дараҷае нест, ки дар ҳуҷраи тангу торик, бидуни лавозимоти хоб муддати тулонӣ нигоҳ дошта шавад.

Тибқи маълумотҳои ба Бунёди “Бузургмеҳр” расида, шахсоне ки ба ҳуҷраи ҷаримавӣ интиқол дода мешаванд, дар рӯи фарши ҳуҷра бе истифодаи рахти хоб (матрас), болишт ва курпа нигоҳ дошта мешаванд.

Мақсади асосии ба ҳуҷраи ҷаримавӣ интиқол додани маҳбус – ҷазо додан барои вайрон кардани низоми дохилии маҳбас ҳисоб мешавад.

Дар ҳолати Зубайдуллои Розиқ, ин амали масъулини зиндони ЯС 3/1 –ро Бунёди “Бузургмеҳр” на ҷазо балки шиканҷа меҳисобад.

Мо боварии комил дорем, ки дигар роҳҳои таъсиррасонӣ ба маҳбусони низомвайронкунанда вуҷуд дорад, ки бидуни шиканҷа ва таҳқири шаъну шарафи инсон бошад.

Бунёди “Бузургмеҳр” бо изҳороти мазкур ба Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ба прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, талаби дахолати фаврии онҳоро дар қазияи мазкур мекунад.

Ба ҳаёт ва саломатии Зубайдулло Розиқ хатар таҳдид мекунад ва ӯ бояд фавран аз ҳуҷраи ҷаримавӣ озод карда шавад.

Бунёди “Бузургмеҳр”

27.07.2022

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights