Tuesday, April 16, 2024

Мусоҳибаи Ҷамшед Ёров бо Радиои Озодӣ

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, муҳокимаҳои кутоҳу ҳукмҳои сахти тазоҳургарон дар Бадахшон ва фаъолони мадании вилоят як талоше барои нобуд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.

Ҷамшед Ёров дар суҳбате бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ҳукумат аз зиндонӣ кардани фаъолони маданӣ дар кишвар тарсонидани ҷомеа ва фурӯ нишондани садои онҳоест, ки далерона барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ садо баланд мекунанд.

Ҳуқуқдони тоҷик, ки дар Лаҳистон паноҳанда аст ва барои ҳифзи ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон кор мекунад, рӯзи 8-уми август дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Иқтибосҳое аз суҳбат: “Онҳо фақат мегӯянд, ки фалонӣ, аъзои фалон гуруҳ аст, робита дорад бо Паймони миллии Тоҷикистон, бо Гуруҳи 24, намедонам, Ҳизби наҳзати исломӣ. Фақат гап аст, далел нест, робита на фақат фикри муфаттишу прокурор аст. Робита бояд бо далелҳо нишон дода шавад. Бояд муносибатҳои онҳо нишон дода шавад, аз тариқи смс, ё хат навиштаанд, ё телефонӣ суҳбат кардаанд. Ин далелҳо нест.”

Дар бораи сабаби муҳокимаҳои кутоҳ ва ҳукмҳои дарози фаъолони маданӣ дар Бадахшон:

“Як сабаби асосиашро дар он мебинам, ки системаи адлия, системаи ҷазои ҷиноятӣ, системаи ислоҳи маҳкумшудаҳо аз ҳамон роҳу равише, ки дар давлати демократӣ ҳаст, берун баромадааст ва ба як системаи репрессивӣ, ҷазодиҳӣ, фақат ҷазодиҳӣ мубаддал гаштааст. Дар асл мақсади асосии ба ҷавобгарӣ кашидан, ҷазо додани инсон, зиндонӣ кардани инсон, ислоҳи шахс мебошад. Вақте як касро 18 сол, 28 сол, 30 сол зиндонӣ мекунанд, ман боварии комил дорам, ки ҳеч гоҳ аз зиндон ин одам, агар барояд ҳам саломат, ҳеч гоҳ, ин одам ислоҳ намешавад. Як хусумат, як бадбинӣ ҳадди аққал ба кормандони мақомоти қудратӣ, суд, адлия, муфаттишон ба худ пайдо мекунад ва ин ҳис, як рӯз не як рӯз берун меояд ва мумкин аст, барои Тоҷикистон ҳодисаҳои нохуш биёрад.”

Мусоҳибаро инҷо бубинед:

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights