Tuesday, January 31, 2023

Барномаи «Саволу ҷавоб»: Андозбандии блогерон

  1. Кадом шахс блогер ҳисобида мешавад ва дар асоси кадом меъёрҳо?
  2. Блогер худро чӣ гуна бояд дар мақомоти андоз ба қайд гирад? Ба сифати кӣ, соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ?
  3. Кадом намуди андозҳоро блогер месупорад?
  4. Ҳангоме, ки аккаунти блогер дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта шуда бошад ва андозҳо аз даромадро дар он кишвар ситонанд, пас дар Тоҷикистон бояд андози иловагӣ супорад? Кадом намуди андоз ва дар кадом асос?
  5. Андоз аз даромади фаъолияти блогерӣ чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
  6. Барои нишон додани хароҷоти фаъолияти блогерӣ блогер чӣ ҳуҷҷатҳоро метавонад ба мақомоти андоз пешниҳод кунад?
  7. Шаҳрванди Тоҷикистон аз фаъолияти блогерии дар хориҷа (Руссия, Аврупо) гузаронида андоз мусупорад ё не, ҳангоме, ки дар Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ дорад?

Вобаста ба саволи 1.

Зимнан қайд қардан ба маврид аст, қи мафҳуми блогер дар муқаррароти қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷиқистон мушаххас пешбинӣ карда нашудааст. Тибқи мафҳумҳои байналмилалӣ шахсоне, қи дар сомонаҳои интернет ва шабақаҳои иҷтимоӣ видеонаворҳои дорои мазмуни муайян бо дарҷи маълумотҳои мушххас, аз ҷумла пешбарии рӯзномаҳои интернетии шахсӣ ва ё хабарӣ сабт намударо пайваста нашр менамояд, ҳамчун блогер дониста мешавад. Бояд қайд намуд, қи дар қонунгузорӣ барои фаъолияти блогерӣ тартиби алоҳидаи андозбандӣ пешбинӣ нагардида, андозбандии онҳо тибқи тартиби муқарраргардида андозбандӣ мегардад.

Вобаста ба саволи 2,3 ва 4.

Тибқи талаботи моддаи 184 Қодеқси андози Ҷумҳурии Тоҷиқистон ҳамаи намуди даромадҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои шахсони воқеие,қи дар шақли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ ба он пардохт мешаванд, ба даромади умумии чунин шаҳсони воқеӣ мансубанд ва мавриди андозбандӣ қарор дода мешаванд.

Вобаста ба ин, тибқи муқаррароти дар боло қайдшуда ҳангоми гирифтани даромад новобаста аз мавҷудияти нуқтаи фаъолияти доимӣ аз даромади бадастоварда аз ҳисоби пешбурди рӯзномаи интернетӣ ва сабти видеоҳои дорои ҳаргуна маълумотҳо дар шабақаҳои интернетӣ чунин шахсе уҳдадор мебошад, қи доир ба даромади ба дастовардаи худ дар яқ сол яқ маротиба на дертар то санаи 1-уми апрели соли баъди ҳисоботӣ ба мақомоти андоз эъломияи андози худро пешниҳод намоянд.

Дар мавриди мунтазам иҷро намудан, чунин фаъолият ҳамчун фаъолияти соҳибқорӣ дар соҳаи блогерӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин шахсони воқеӣ уҳдадор мебошанд, қи худро ба сифати андозсупоранда дар мақомоти андоз ба қайд гузошта, вобаста ба даромади гирифта андозҳоро ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.

Тартиби бақайдгирӣ ва андозбандии соҳибкор тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.05.2009, №508 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони хуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №151 “Дар бораи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” ба танзим дароварда мешавад.
Бинобар ин, ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ тавасути шабакаи Интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ чунин шахсе тибқи талаботи моддаи 34 Кодекси андоз уҳдадор мебошанд, ки худро ба сифати соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва ё шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта, оид ба ҳаҷми муомилот ва даромадҳои тавассути шабакаи Интернет гирифтааш ба мақомоти андоз эъломия ва ҳисоботи андозиро пешниҳод намуда, пардохти андозҳоро ба буҷет таъмин менамояд.
Ҳангоми фаъолият намудан дар низоми содакардашудаи андозбандӣ супорандаи андозҳои зерин, аз ҷумла андози низоми содакардашуда аз ҳисоби даромади умумӣ ва ё даромад тарҳи хароҷот, андоз аз даромади шахсони воқеӣ (кормандони кироя) ва андози иҷтимоӣ буда, дар ҳолати дар давоми 12 моҳи тақвимӣ даромади умумии андозсупоранда зиёда аз 1 милион сомониро ташкил намояд бояд ба низоми умумии андозбандӣ гузариш намуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоиро хисоб ва ба буҷет пардохт намояд.
Мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 181 Кодекси андоз объекти андозбандии андоз аз даромади андозсупоранда-резидент даромадҳое мебошанд, ки аз ҳамаи манбаъҳои даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 36 давлати хориҷӣ созишнома оид ба канораҷӯӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андозҳо ба имзо расонида шуда, тибқи муқаррароти чунин созишнома резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда ҳуқуқ дорад дар мавриди пардохти андоз дар як давлати аҳдкунанда дар давлати дигари аҳдкунанда андозҳои пардохтнамударо дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниходгардида ба ҳисоб гиранд ва чунин андозҳо танҳо дар қисмати андозҳои мустақиме, қи созишномаҳои зикргардида дар бар мегиранд ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Вобаста ба саволҳои 5 ва 6.

Ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз даромади ба даст овардаи шасоне, ки аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст овардаанд тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ аз даромади умумӣ 6 фоизро ташкил менамояд ва ҳангоми ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фарқияти даромад ва хароҷот соҳибкори инфиродӣ ва ё шахси ҳуқуқӣ дар низоми содакардашуда фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад танхо хароҷотҳои бо ҳуҷҷатҳои асоснок тасдиқшударо ба инобат гирифта, бо меъёри 18 фоиз аз фарқияти боқимонда ҳисоб ва ба буҷет пардохт намояд.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 190 Кодекси андоз аз даромади умумӣ тамоми хароҷоти тасдиқшудаи воқеан анҷомдодаи марбут ба давраи ҳисоботии бо гирифтани чунин даромад алоқаманд, ки дар Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ба Кодекси мазкур мухолифат намекунад, тарҳ карда мешаванд, аз ҷумла:
-хароҷоти бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи уҳдадориҳои андозӣ бо назардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи зербанди н) қисми 8 моддаи 192 Кодекси андоз;

  • хароҷоти бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи музди меҳнат, хароҷоти сафарҳои хизматии кормандон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда ва ба андозае, ки хароҷоти сафари хизматии зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда мутобиқи моддаи 186 Кодекси андоз ба даромади корманд дохил карда мешавад;
  • хароҷоти тасдиқшудаи барои ашёи хом, мавод, хароҷоти реклама, энергияи воқеан дар давраи андоз истифодашуда, ба истиснои хароҷоти вобаста ба сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва васлсозии онҳо (аз ҷумла хароҷоти фардияти манфии қурби асъор, ҷаримаҳо ва фоизҳои қарз, ки ҳангоми сохтмон ва насб ба арзиши воситаҳои асосӣ мансуб дониста мешаванд), инчунин хароҷоти дигаре, ки мутобиқи моддаи 214 Кодекси андоз хусусияти асосӣ (капиталӣ) доранд ва хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 192 Кодекси андоз ва муқаррароти дигари ҳамин боб бояд тарҳ нашаванд;
  • даромад аз фурӯш, супоридан ё хориҷкунии дороиҳои дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи андозсупоранда, ки мутобиқи моддаи 213 Кодекси андоз муайян карда шудааст;
  • фарқияти қурби асъор, ки андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи моддаи 212 Кодекси андоз гирифтааст.

Вобаста ба саволи 7.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда ба даст овардани даромад аз манбаъҳои воқеъ дар давлатҳои аҳдкунандаи созишнома оид ба канораҷӯӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андозҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давалати хориҷӣ ба имзо расонидааст пас маҳалли пардохти андоз тибқи муқаррароти чунин созишнома муайян карда мешавад.
Дар дигар мавридҳо ҳангоми ба даст овардани даромад аз давлатҳои хориҷӣ муқаррароти қонунгузории андози маҳаллии давлате татбиқ карда мешавад, ки аз манбаъҳои воқеъ дар он ҷой даромад ба даст оварда шудааст.

Ба суолҳои зерин, ки вобаста ба андозбандии блогерон аз тарафи Бунёди “Бузургмеҳр” ба Кумитаи андоз пешниҳод шуда буд, ба онҳо Шуъбаи иттилоотии Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон расаман ҷавоб гардонида аст.

Шакли видеоиро инҷо бубинед:

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights