Tuesday, December 5, 2023

Интиқоли Зубайдуллоҳ Розиқови 76-сола ба ШИЗО

Зубайдуллоҳ Розиқов, маҳбуси сиёсии 76-соларо боз ба ШИЗО интиқол додаанд. Гуфта мешавад, мақомот ӯро ба таълими ғайриқонунии динӣ дар маҳбас гунаҳкор карданд. Аммо пайвандонаш мегӯянд, “ин гап ҳақиқат надорад, чун дар зиндон имкони таълим додан нест.”

Радиои Озодӣ аз қавли манбааш дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат менависад, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ба ҷурми “вайрон кардани низоми маҳбас” 15 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ бурда шуд.

Ин корманди зиндон, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, “бо вуҷуди даъватҳои батакрор, Зубайдуллоҳи Розиқ бо истифода аз китобҳои мазҳабӣ ба таълими динии ҷавон идома дод.”

“Ба домулло эҳтиром дорем. Гуфтем, марҳамат, намоз хонед, дуо кунед, лекин дар маҳбас таълими динӣ ғайриқонунӣ аст. Боз мешунавем, ки кори худро идома додааст. Дафъаи гузашта ҳам гуфта будем, риоя нашуд,” – гуфт масъули зиндони Ваҳдат ба Радиои Озодӣ.

Ҳисомиддини Зубайдулло, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, сабаби ба “ШИЗО” бурдани падарашро дар саҳифаи фейсбукаш чунин шарҳ медиҳад:

“Сабабаш аз ҷои хоби муйсафеди 80 сола пайдо кардани китоби Қуръон ва адабиётҳои исломӣ будааст.”

“Падарам рӯҳонӣ аст. Вақте суҳбати одӣ ҳам кунад, ҳатман аз адабиёти исломӣ мисол меорад. Ин ба маънои таълими махсуси мазҳабӣ нест. Мо бештар нигарони саломатияш ҳастем. Ду моҳ пеш, вақте ба утоқи ҷаримавӣ бурда буданд, саломатияш бад шуд,” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ин фарзанди зиндонии сиёсӣ бар ин бовар аст, ки мақомот падарашро барои навиштани нома ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди аз сари нав баррасӣ кардани парвандааш чап гирифта, ӯро пайваста шиканҷа мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки маҳбусони сиёсиро кормандони зиндон ба утоқи ҷаримавӣ интиқол медиҳанд. Қаблан Зубайдулло Розиқовро бо чаҳор тани дигар, Ҳикматулло Сайфуллозода, Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад барои навиштани нома ва додхоҳияшон аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз сӯи мақомоти кишвар танбеҳ ва ба утоқи ҷаримавӣ ҷойгир карда шудаанд.

Инчунин, моҳи июли соли ҷорӣ Зубайдулло Розиқовро ба ҷурми вайрон кардани низоми маҳбас гунаҳқор ҳисобида ба муддадти 15 шабонарӯз ба“ШИЗО” интиқол дода буданд ва пас аз як ҳафта Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нишасти матбуотии рӯзи 1-уми август гуфт, рӯзи 31-уми июл Зубайдуллоҳи Розиқро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ бароварда ӯро ба утоқи муқаррарӣ баргардонданд.

Зубайдулло Розиқов ҳамроҳи дагар аз аъзоёни ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 боздошт гардида, соли 2016 пас аз ҳукми суд ӯро бо иттиҳомҳои сохта ба 25 сол зиндон маҳкум карданд.

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights