Tuesday, January 31, 2023

“Эълон” ба мақомот ва ватандӯстон

Муъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ имрӯз, 21-уми сентябри соли 2022 дар саҳифаи фейсбукаш бо нашри “Эълон ба мақомот ва ватандӯстон” гуфтааст, ки рӯзноманигорони боздоштшуда – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро озод кунед, то касбашонро идома диҳанд. Дар идома ӯ қайд кардааст, ки замоне рӯзноманиногорони зиндониро озод кардед “ба ватандӯстии шумо бовар хоҳем кард”.

Бунёди “Бузургмеҳр” ба муроҷиати рӯзноманигор Муъмин Аҳмадӣ пайваста, аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунад, ки парвандаи рӯзноманигорони боздоштшударо одилона ва беғараз баррасӣ кунанд.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0vPLsfsV6ZpLvjjE5gPKQe1GYV6Y1yDbkYojusijmcvMHjBRyBcDERDWLZq8iHe2Cl&id=100000932747970

“Эълон” ба мақомот ва ватандӯстон

👉 Агар шумо нафареро ҷустуҷӯ доред, ки бо забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ) матлаб менависад, бо шеваи муосир гузоришҳои видеоӣ таҳия мекунад, аз майлонҳои нави журналистӣ огоҳ ҳаст, пас зиёд саргардон нашавед. Он касро имрӯз метавонед дар додгоҳи Шоҳмансур пайдо кунед. Номаш Абдуллоҳи Ғурбатӣ аст. Филмаш дар ҷашнвораи Байконур сазовори ҷоиза шуда буд. Забон медонад ва барои расонаҳои маъруф хеле касбӣ гузориш менависад. Вазнаш 54 кило ҳаст, тавони мушт бардоштан надорад. Шумо худатон хуб медонед, ки то куҷо гуноҳе кардааст. Танҳо қулфи дари се моҳ бастаашро боз кунед, то дӯстдоштатарин касбашро идома диҳад. Он гаҳ мо ба ватандӯстии шумо бовар хоҳем кард.

👉 Агар шумо филмноманавис ва блогере меҷӯед, ки садҳо ҳазор бинандаву хонанда дорад ва имрӯз ба кораш ниёз доред, онро 500-800 метр дуртар аз Қасри президент пайдо мекунед. Дар боздоштгоҳ. Барояш на пул диҳед, на чизи дигар. Фақат занҷири дастонашро боз кунед. Маъюб аст. Замони ватандӯстӣ ва танқиди раиси Шоҳмансуру Бег Сабурро дар як паллаи тарозу гузоштан расидааст. Воқеият доштани айбашро шумо беҳтар аз мо медонед. Номаш ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ аст.

👉 Агар ба шумо нафаре лозим аст, ки ҷасурона ва касбӣ аз марз бо муосиртарин шева гузориш пахш кунад, видео гирад, акс гузорад, пушти боздоштгоҳ онро аз зане суроғ кунед, ки ҳар рӯз бо кӯдакони хурдсол хурок меорад. Он кас ҳамсари Завқибек Саидаминӣ аст. Гуноҳашро мо намедонем, зоҳиран шумо ҳам. Фақат саҳифаашро бинед, дар гузашта чӣ навиштаву чӣ гузошта.

👉 Агар ба ровии хушовоз ниёз доред, ба боздоштшудае, ки овозҳояш аз гуфтани инки гуноҳе надорад, гирифта аст, муроҷиат кунед. Он кас Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аст.

-Ин назари шахсии ман аст. Назари шумо чист?

PS: Чеҳраҳояшон пеш аз боздошт чунин буд

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights