Tuesday, December 5, 2023

Барномаи Саволу ҷавоб: “МОБИЛИЗАТСИЯ”

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21-уми сентябр дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш ё “мобилизатсия” хабар дод.

Путин дар ин муроҷиат гуфта буд, ки ба артиш онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Ва қабл аз фиристодан ба қисмҳо, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу низ гуфта буд, ки ба артиш ҳудуди 300 ҳазор нафар ҳайати захираҳои ҳарбӣ даъват мешаванд.

Пас аз содир шудани фармони Путин дар бораи “мобилизатсия” сафоратҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Федератсияи Русия ва Додситонии кулли Узбекистон ва Қазоқистон аз шаҳрвандонашон хоста буданд, ки дар ҷанг дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ширкат накунанд, чун иштирок дар он ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Дар пайи ин даъвати кишварҳо аз шаҳрвандонашон, Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия пешниҳод кард, ки барои зодагони Осиёи Марказӣ, ки то даҳ соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, хидмати ҳарбиро ҳатмӣ намуда, онҳое ки аз хидмат дар артиши Русия саркашӣ мекунанд, худашон ва пайвандонашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.

Дар барномаи навбатии “Саволу ҷавоб” ҳукуқшиноси тоҷик Ҷамшед Ёров, муассиси пойгоҳи интернетии “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин, узви ҲНИТ Муҳаммадсаид Ризоӣ ва чанд тан аз муҳoҷирони тоҷик ширкат намуда, дар робита ба фармони Путин ва ҷалби зодагони Тоҷикистон ба ҷанг дар Украина фикру назарҳо ва пешниҳодҳои худро гуфтанд.

Видеоро инҷо бубинед:

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights