Tuesday, January 31, 2023

Суханронии Ҷамшед Ёров дар САҲА 2022 (Видео)

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” зимни суханрониаш дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи “Адвокатура ҳамчун институти миллии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” баромад карда, ба адами ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид намуда аз саркуби вакилони дифоъ изҳори нигаронӣ кард.

Ёров гуфт, “яке аз аломатҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳар як давлат, худи давлати дорои низоми сиёсии демократӣ мебошад. Ин давлат бояд кафолати риояи озодиҳои инсон, аз қабили озодии сухан, ҷамъомад, иттиҳодия, ҳаракат, эътиқод, интихоби касб ва ғайраро дода тавонад.  Нишони дигари давлати демократӣ ин дахолат накардан ба ҳаёти шахсии шахрванд,  волоияти қонун, қобилияти назорат кардани мақомот ва ба ҷавобгарӣ кашидани давлат барои ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои содиршуда мебошад.” 

Ҷамшед Ёров изҳори таассуф кард, ки “ҳеҷ яке аз ин таърифҳо барои Тоҷикистони имрӯз мувофиқ нест. Дар Тоҷикистон ягон иттиҳодияи динӣ, касбӣ ва ҷамъиятие нест, ки зери назорати давлат набошад.

Адвокат, чун яке аз умдатарин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва пешгирӣ аз худсарии давлат, бояд дар ин маънӣ фаъолтарин бошад.

Аммо пас аз тасвиби Қонуни нав дар бораи адвокатура дар Тоҷикистон дар соли 2015 ин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеан аз фаъолият бозмонд. Албатта, он расман вуҷуд дорад ва ҳатто Иттифоқи адвокатҳо низ амал мекунад, аммо ба воқеият нигарем ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши худро дар ҷомеаи Тоҷикистон наметавонад иҷро кунад.” — шарҳ дод Ҷамшед Ёров.

Дар идомаи баромади худ раиси Бунёди “Бузургмеҳр” гуфт, адвокат дар Тоҷикистон на танҳо наметавонад ва намедонад, ки чӣ гуна муштариёни худро ҳимоя кунад, балки ҳуқуқи касбии худро низ ҳифз карда наметавонад. 

“Пас аз оғози саркӯбҳои шадиди давлатӣ алайҳи мухолифин аз соли 2015 ва бахусус аз моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз, ки мақомот норозигии шаҳрвандонро дар Помир дағалона, бераҳмона ва хунрезона саркӯб мекарданд, охирин зуҳуроти истиқлолияти адвокатура ниҳоят нобуд карда шуд.” —  гуфт Ёров.

Бино ба маълумоти ироакардаи Ёров дар Тоҷикистон ба адвокатҳо муошират бо намояндагони ВАО, суханронӣ ва муҳокимаи парвандаҳои зерҳимояи худ манъ аст.  Аз онҳо талаб карда мешавад, ки барои ифшо накардани маълумот дар бораи тафтишот ва мурофиаи судӣ забонхат диҳанд, мурофиаҳои судӣ паси дарҳои баста баргузор карда мешаванд, усулҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба айбдоршавандаҳо пиёда мешавад. Аммо агар яке аз вакилони мудофеъ дар бораи чунин қонуншиканиҳо ҳарф занад, на танҳо зери чархи саркӯби ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон меафтад, балки дар назди раҳбарияти Иттиҳодияи вакилони дифоъи Тоҷикистон мавриди сарзаниш қарор мегирад.

“Дар чунин муҳите, ки танҳо тарс аз ҳаёту саломатӣ, таҳдид ва ҳамла, ҳабсҳои беасос ва  тулонӣ, имконнопазирӣ ва беҳуда будани муроҷиати судӣ вуҷуд дорад, ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол буда наметавонад.” — таъкид кард Бузургмеҳр Ёров

Ӯ гуфт: “Ба назари мо, ягона шонси эҳёи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла адвокатураи тоҷик, талошҳои байналмилалии сиёсӣ, молӣ ва дипломатӣ мебошад. Ва дар ин ҷо нақши кишварҳои узви САҲА хеле муҳим аст.”

Дар ниҳояти суханронӣ бо пешниҳод ба САҲА Ёров изҳор намуд, ки “дар равобит бо Тоҷикистони расмӣ ҳамеша масъалаи коҳиши фишор болои расонаҳои мустақил, ниҳодҳои адвокатура, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои динӣ ва ҷамъиятӣ бояд матраҳ шавад. Вақти он расидааст, ки аз изҳор ба амал бояд гузашт.”

Видеоро инҷо бубинед:

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights