Tuesday, January 31, 2023

Гулбарг Сайфова: “Офарин ба модарону хоҳарон ва духтарони зиндониён ва фаъолони сиёсӣ”

Суханронии Гулбарг Сайфова, фаъоли иҷтимоӣ ва ҳамсари зиндонии сиёсӣ дар нишасти САҲА

Ҷанобон ва хонумон!

Мехоҳам дар мавриди табъиз алайҳи занон дар Тоҷикистон суҳбат кунам. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз назари шохисҳои баробарии ҷинсиятӣ дар сатҳи байналмилалӣ пасттарин аст. Дар соли 2020, Тоҷикистон дар феҳрасти ҷаҳонии табъизи ҷинсиятӣ дар рутбаи 137 аз 158 кишвар қарор гирифт.

Ҳоло биёед, ба масъалаи табъизи ҷинсиятӣ дар Тоҷикистон аз дигар зовия нигоҳ кунем. Илова бар инки Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии табъизи зан аз ҷумлаи 20 кишвари бадтарин маҳсуб мешавад, боз вазъи баъзе занон чандин маротиба ваҳимтар аст.

Аз ҷумла, табъизи ҷиддӣ алайҳи занону модарони зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мутаассифона, занону модарони зиндониёни сиёсӣ ҳамеша зери фишори мақомот қарор доранд.  

Ба таври мисол, духтари Раҳматуллои Раҷаб (зиндонии сиёсӣ аз ҲНИТ) ва хонумаш борҳо мавриди фишор ва шиканҷаи мақомот қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, зани Маҳмадалӣ Ҳаит (зиндонии сиёсӣ аз ҲНИТ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст) низ соли 2016 барои 2 рӯз нопадид шуда буд ва баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳи писараш Фирӯз, ки ҳоло дар ҳамин зал ҳаст, аз тарафи мақомоти амниятӣ боздошт шудаанд.

Ҳолатҳои хеле зиёд вуҷуд дорад, ки занону хонумон ва духтарони зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мавриди фишор, таъқиб ва ҳатто шиканҷа қарор гирифтаанд. 

Як масъали дигар, фишору таъқиб ва шиканҷа ва мамнуъул-хуруҷ будани хонумон ва модарони фаъолони сиёсӣ  аст. Ба таври мисол, мақомоти тоҷик модари Абдусаттор Бобоевро, ки ҳамин ҳоло дар ҳамин зал мавҷуд ҳаст, нагузоштанд, аз Тоҷикистон хориҷ шавад ва хеле мариз буд. 

Моҳи июни 2022, мақомоти амнятӣ модари Анора Саркорова, журналисти мустақил ва зодаи Бадахшонро аз хонааш боздошт карданд. Савол инҷост, ки модар ин журналист чӣ гуноҳ дорад, ки ӯро боздошт ва мавриди фишор қарор медиҳанд? 

Дуруст аст, ки модар, хоҳар, хонум ва дар умум зан будан ифтихор аст, вале дар Тоҷикистон модар ё хоҳар ё хонуми як фаъоли сиёсӣ будан кори осоне нест, зеро ҳамеша мавриди фишору таъқиб хоҳед буд ва бояд баҳои фаъолияти наздикатонро пардохт бикунед.

Дар охир ҳаминро мехоҳам эълон кунам: Офарин ба модарону хоҳарон ва духтарони зиндониён ва фаъолони сиёсӣ, ки ин қадар залму ситам ва фишору таъқибро таҳаммул мекунанд ва боз мегуянд: “Давом бидиҳед ва як тағйире дар кишвар биоред!”

Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон!

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights