Tuesday, December 5, 2023

“Қонуни Магнитский алайҳи мақомоти тоҷик татбиқ гардад”

Суханронии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандиии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)

Хонумон ва ҷанобон!

Ман аз Тоҷикистон ҳастам ва беш аз 200 ҳамкорам ҳамин алъон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ду нафари онҳо ҳукми абад доранд. Танҳо гуноҳи ин зиндониён ин аст, ки онҳо аъзои аҳзоби мухолифи Тоҷикистон будаанд. Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро дар соли 2015 ба иттиҳомоти сохтаву беасос ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард ва чанд тани онҳо бо сабабҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо кушта шуданд.

Соли 2020 ҳукумат эътироф кард, ки 113 нафарро ба иттиҳоми узвият дар “Ихвонул-муслимин” равонаи зиндон кард, вале далелҳое вуҷуд дорад, ки ба ин иттиҳом ҳудуди 500 нафарро боздошт, шиканҷа ва зиндонӣ кардааст.

Илова бар ин, моҳи май ва июни имсол беш аз 200 нафари дигар аз зодагони Бадахшонро боздошт, шиканҷа ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Хонумон ва ҷанобон!

Хулоса, зиндонҳои Тоҷикистон пур аз фаъолони сиёсӣ, журналистон ва рӯшанфинкрони озодандеш аст ва ҳудуди 30 сол аст, ки як нафар (Эмомалӣ Раҳмон) ва аъзои оилааш дар раъси қудрат қарор доранд.

Мутаассифона, бо вуҷуди ин қадар зиндониёни сиёсӣ ва худкомагии ин ҳукумати оилавӣ, бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо вай ҳамкории зич доранд ва на танҳо дар мулоқотҳову сӯҳбатҳояшон аз нақзи шадиди ҳуқуқи башар чизе намегӯянд, балки аз ин худкома гоҳе тамҷид ҳам мекунанд.

Барои ҳамин, ман пешниҳод мекунам:

1) Аз ҳукумати Амрико талаб менамоям, ки “Қонуни Магнитский” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act)-ро алайҳи мақомоти тоҷик, ки дар нақзи ҳуқуқи башар, шиканҷа ва фасод бевосита даст доранд, татбиқ намояд;

2) Аз САҲА, бахусус кишварҳои демократии узви ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, талаб менамоям, ки Механизми Маскав (Moscow mechanism)-ро дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон татбиқ намояд. Фикр мекунам, ки татбиқи Механизми Маскав хеле муассир хоҳад буд ва бархе кишварҳои ғарбӣ омодаи чунин иқдом ҳастанд;

3) Як дархости шахсӣ дорам. Шахсан ман аз режими Эмомалӣ Раҳмон хеле зарбаҳо хӯрдаам ва қурбони зулму ситами ин режим ҳастам. Вақте мебинам, ки як дипломати баландпояи ғарбӣ дар Тоҷикистон на танҳо аз нақзи ҳуқуқи башар чизе намегӯяд, балки аз бархе аъзои оилаи Раҳмон тавсифу тамҷид мекунад ва ӯро “ситора” мегӯяд, инро хеле сахт қабул мекунам. Як дархости шахсӣ аз ҳама ҳукуматҳои демократӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дорам: ба дипломотҳои худ бигӯянд, ки ҳадди ақал ин тамҷиду тавсиф аз худкомагонро расонаӣ накунанд.

Барои таваҷҷӯҳатон ташаккур!

29.09.2022

Варшава

Мақолаҳои марбут

Маводҳои охирин

Verified by MonsterInsights